Ҷумъа, 19.04.2024, 04:32
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Июн » 1 » Оятулло Хоманаӣ: “Ҷинояти ахир нишон дод саҳюнизм чеҳраи ҷадид ва хашинтаре аз фашизм аст”
Оятулло Хоманаӣ: “Ҷинояти ахир нишон дод саҳюнизм чеҳраи ҷадид ва хашинтаре аз фашизм аст”
19:29

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раҳбари Эрон, Сайид Алии Хоманаӣ дар пайи ҳамлаи ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ ба корвони дарёии имдодрасонӣ ва башардӯстонаи озими Ғазза, паёме содир кард, ки матни комили ин паём ба шарҳи зер аст:

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Ҳамлаи ҷинояткорона ва қасоватомези режими саҳюнистӣ ба корвони дарёии имдодӣ ва башардӯстона, ҳалқаи дигаре аз занҷираи ҷиноятҳои бузургест, ки он ҳукумати ширрир ва хабис, ҳафтумин даҳаи ҳаёти нангини худро бо он анбошта аст. Ин намунаест аз рафтори густохона ва бераҳмонае, ки мусалмонон дар ин минтақа ва ба хусус дар сарзамини мазлуми Фаластин даҳҳо сол аст, ки бо он дасту панҷа нарм мекунанд.

Ин бор, ин корвон, исломӣ ё арабӣ набуд, балки афкори умумӣ ва виҷдонҳои башарӣ аз саросари ҷаҳонро намояндагӣ мекард. Ин ҳамлаи ҷиноятбор бояд барои ҳама мудаллал карда бошад, ки саҳюнизм чеҳраи ҷадид ва хашинтаре аз фашизм аст, ки ин бор аз сӯйи давлатҳои муддаии озодӣ ва ҳуқуқи башар ва беш аз ҳама давлати Иёлоти муттаҳидаи Амрико ҳимоят ва кӯмак мешавад.

Амрико ва Англис, Фаронса ва дигар давлатҳои аврупоӣ, ки аз ин ҷониёни билфитра ҳимояти сиёсӣ, расонаӣ, низомӣ ва иқтисодӣ карда ва ҳамвора пушти сари фоҷеаофаринии онон истодаанд, ҷиддан бояд посухгӯ бошанд.

Виҷдонҳои бедор дар саросари ҷаҳон бояд ҷиддан бияндешанд, ки башарияти имрӯз бо чӣ падидаи хатарноке дар минтақаи ҳассоси Ховари Миёна рӯбарӯ аст? Чӣ режими саффок ва густох ва девонае имрӯз бар кишвари ғасбшудаи Фаластин ва мардуми мазлум ва доғдидаи он таҳаккум мекунад! Се сол муҳосираи ғизоӣ, доруӣ ва ҳаётии якуним миллион зану марду кӯдак дар Ғазза, ба чӣ маъност? Куштору ҳабсу шиканҷаи рӯзонаи ҷавонон дар Ғазза ва Соҳили ғарбӣ чӣ гуна қобили фаҳм аст?

Фаластин, дигар на масъалаи арабӣ ва ҳатто на фақат масъалаи исломӣ, балки муҳимтарин масъалаи ҳуқуқи башарии ҷаҳони муосир аст.

Кори намодину дурахшони эъзоми корвони дарёӣ ба Ғазза, бояд дар даҳҳо шаклу шеваи дигар борҳо ва борҳо такрор шавад. Ҳукумати саффоки саҳюнизм ва ҳомиёни он ба вижа Амрико ва Англис бояд қудрати шикастнопазири азму бедории виҷдони умумии ҷаҳонро дар баробари худ бибинанд ва ҳисс кунанд.

Давлатҳои арабӣ дар маърази озмуни душвор қарор гирифтаанд.

Миллатҳои бедори араб аз онон иқдомоте қотеъ ва ҷозим мутолаба мекунанд. Конфронси исломӣ ва Иттиҳодияи араб набояд ба камтар аз бардоштани комили муҳосираи Ғазза ва таваққуфи комили дастандозӣ ба хонаҳо ва сарзаминҳои фаластинӣ дар Каронаи ғарбӣ ва муҳокимаи ҷинояткороне чун Натнаяху ва Яҳуд Борок қонеъ шаванд.

Миллати муҷоҳиди Фаластин ва мардум ва давлати мардумии Ғазза низ бидонанд, ки душмани хабиси онон акнун аз ҳамеша заифтар ва осебпазиртар аст. Ҷинояти дарёии рӯзи душанбе, на нишони қудрат, (балки) нишони дармондагӣ ва саросемагии режими ғосиб аст.

Суннати илоҳӣ бар ин ҷорӣ шуда, ки ситамгарон дар авохири даврони нанголуди худ, ба дасти хеш, сарнавишти маҳтуми фано ва заволи худро наздиктар кунанд. Ҳамла ба Лубнон ва сипас ҳамла ба Ғазза дар солҳои пеш, аз ҷумла ҳамин иқдомҳои девонавор буд, ки террористҳои ариканишини саҳюнизмро ба дарраи суқути ниҳоӣ наздиктар кард. Ҳамла ба корвони имдодии байналмилалӣ дар обҳои Медитрона (баҳри Миёназамин) низ иқдоми аблаҳонаи дигаре аз ҳамон қабил аст.

Барродарон ва хоҳарони фаластинӣ! Ба Худованди ҳакиму қадир эътимод кунед, қудрати худро бовар кунед ва бар он бияфзоед ва ба пирӯзии ниҳоӣ яқин дошта бошед, ва бидонед, ки: "Ва лаянсураннал-лоҳу ман янсуруҳу, иннал-лоҳа лақавийюн азиз” (Ҳамоно Худованд касеро, ки ӯро нусрат мекунад, ҳатман нусрат хоҳад намуд, зеро Худованд нерӯманду қавист).

Сайид Алии Хоманаӣ

11 Хурдоди 1389

http://kemyaesaadat.com/

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 670 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июн 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz