Панҷшанбе, 25.04.2024, 14:48
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Июл » 4 » Оятуллоҳ Фазлуллоҳ дори фониро тарк гуфт
Оятуллоҳ Фазлуллоҳ дори фониро тарк гуфт
19:38

Мо ҳама аз Худоёем ва ба сӯйи ӯ бозхоҳем гашт

Имрӯз якшанбе (04.07.2010) яке аз уламо ва донишмандони ҷаҳони ислом, аз барҷастатарин мунодиёни ваҳдат миёни мусалмонон, аз поягузорон ва падарони маънавии ҳаракатҳои исломии ҷаҳони муосир, марҷаи олиқадр Оятуллоҳи узмо Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ, даъвати Ҳақро лаббайк гуфт.

Оятуллоҳ Фазлуллоҳ ба сабаби ибтило ба хунрезии дохилӣ аз субҳи рӯзи ҷумъа дар бемористони Баҳмани Бейрут (пойтахти Лубнон) бистарӣ шуда буд ва субҳи имрӯз дар пайи таваққуфи комили фаъолияти кабид даргузашт.

Нигоҳе ба зиндагонии ин бузургвор

Сайид Муҳаммадҳусейн Фазлуллоҳ дар соли 1935 милодӣ (1354 ҳиҷрии қамарӣ) дар шаҳри Наҷафи Ироқ дар як хонаводаи руҳонӣ дида ба ҷаҳон кушод. Вай таҳти ишрофи падараш Сайид Абдуррауф Фазлуллоҳ (аз мароҷеи тақлид), мароҳили тарбияту таълимро ба шевае, ки дар он замон марсум буд гузаронид.

Сайид Муҳаммадҳусейн дуруси динӣ аз сарфу наҳв ва маониву баён то мантиқу усули фиқҳро назди падари худ фаро гирифт. Бо итмоми китоби "Кифоятул-усул”, ба дарси уламо ва мароҷеи давраи худ роҳ ёфт ва дар канори дарсҳои хориҷи усули фиқҳ ва аҳком (фиқҳ), бахше аз китоби "Ҳикмати Мутаолия” (маъруф ба "Асфори арбаъа”)-и Мулло Садрои Шерозиро назди Мулло Садрои Бодкубаӣ фаро гирифт ва муддати панҷ сол низ ин дарсро аз Сайид Муҳаммадбоқири Садр фаро гирифт.

Фазлуллоҳ дар соли 1952 милодӣ дар синни ҳафдаҳ солагӣ барои нахустин бор ба қасди диду боздиди хонаводагӣ ба Лубнон рафт ва дар ин сафар, ки ҳамзамон бо даргузашти яке аз донишмандони маъруф Сайид Мӯҳсини Амини Омилӣ буд, қасидае дар рисои ӯ суруд ва дар оини ёдбуди ӯ қироат кард. Вай дар ин қасида бисёре аз масоили сиёсии рӯз ва аз ҷумла масъалаи ваҳдат ва бедории исломиро матраҳ ва истеъмори Фаронсаро тақбеҳ кард.

Дар соли 1966 милодӣ ҷамъе аз муассисони Анҷумани мазҳабии "Усрат ут-таохӣ”-и минтақаи Набъа дар ҳошияи шарқии Бейрут аз Фазлуллоҳ даъват карданд то дар он минтақа раҳли иқомат гузинад.

Вай ин даъватро пазируфт ва дар ҳамин сол ба қасди иқомати доим ба ватани аслии хеш (яъне Лубнон) бозгашт.

Сайид Муҳаммадҳусейн Фазлуллоҳ аз солҳои нахусти навҷавонӣ, дар канори истимрори таҳсилоти ҳавзавӣ, мутолеот ва фаъолиятҳоеро пай гирифт, ки дар муҳити бастаи ҳавзаи илмияи Наҷаф чандон пазируфта набуд. Вай бо мутолеоти адабӣ ва қироати маҷаллоте чун "Маҷаллат ул-котиб Тоҳо Ҳусейн” андак-андак ба вуҷуди қариҳаи шеър дар ниҳоди хеш пай бурд ва шурӯъ ба сурудани шеър кард. Баъдҳо ин қариҳа чандон дар ӯ шукуфт, ки ҳосили он дар қолаби се девони шеър мунташир шуд.

Дар соли 1380 ҳиҷрии қамарӣ "Ҷамоат ул-уло”-и Наҷаф маҷаллаи фарҳангӣ-исломиро роҳандозӣ карданд, ки Сайид Муҳаммадҳусейн Фазлуллоҳ дар канори Сайид Муҳаммадбоқир Садр ва Шайх Муҳаммад Маҳдии Шамсуддин аз мудирони он буд ва сармақолаҳои соли дуюми ин маҷалларо бо унвони "Калиматуно” (Сухани мо) ба риштаи таҳрир даровард.

Фазлуллоҳ ба муддати 6 сол ба нигориши мақола ва таълифи китоб идома дод ва дар канори Сайид Муҳаммадбоқири Садр дар таъсиси ҷунбиши исломӣ дар Ироқ нақш ифо кард. Ҳосили ройзаниҳо ва ҳамфикриҳои Фазлуллоҳ ва Садр, пайдоиши нахустин ҷунбиши исломӣ дар Ироқ бо номи "Ҳизб уд-даъват ил-исломия” буд. Фазлуллоҳ китобҳои "Қазоёно ало завъ ил-ислом” ва "Услуб уд-даъва фил-Қуръон”-ро дар чунин марҳалае нигоштааст.

Вай пас аз бозгашт ба Лубнон дар соли 1966 милодӣ, фаъолиятҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии густардаеро дар Лубнон ба роҳ андохт, ки имрӯза пас аз 45 сол аз оғози ин фаъолиятҳо, корномаи пурборе аз он дар абъоди мухталиф машҳуд аст.

Вай бо баргузории ҷаласоти тафсир ва панди динӣ ва ахлоқӣ ва барномаҳои посух ба пурсишҳо, тавонист таҳаввули азиме дар чандин насл падид оварад ва чунон ки худ мегӯяд, ифтихори тарбияти ғолиби нерӯҳои мубориз ва фаъолони исломиро азони худ намояд.

Таъсиси ҳавзаи улуми динӣ ба номи "Ал-маъҳад уш-шаръӣ ал-исломӣ” ба ҳадафи парвариши туллоби улуми динӣ, бахши дигаре аз фаъолиятҳои фарҳангӣ ва илмии Сайид Муҳаммадҳусейн Фазлуллоҳ аст. Бисёре аз шахсиятҳои ҷунбиши муқовимати исломии Лубнон (Ҳизбуллоҳ) тарбиятшудаи ин мадраса ҳастанд.

Вай илова бар "Ал-маъҳад уш-шаръӣ ал-исломӣ”, ки дар шаҳри Бейрут воқеъ аст, ҳавзаи илмияи вижаи занонро дар Бейрут ва ҳавзае низ дар Димишқ (Сайида Зайнаб)-ро таъсис кардааст.

Таълифот:

Аз Сайид Муҳаммадҳусейн Фазлуллоҳ то кунун беш аз ҳафтод унвон китоб – ки дар маҷмӯъ ба беш аз як сад ҷилд мерасад – мунташир шудааст, аз ҷумла:

а) Пажӯҳишҳои қуръонӣ:

1. Мин ваҳйил-Қуръон (тафсири Қуръон дар 24 ҷилд);

2. Ал-ҳивор фил-Қуръон;

3. Услуб уд-даъва фил-Қуръон;

4. Мин ирфонил-Қуръон;

5. Ҳаракат ун-нубувва фи мувоҷаҳат ил-инҳироф;

6. Диросот ва буҳус қуръония.

б) Китобҳои фиқҳӣ:

7. Ал-масоил ул-фиқҳия;

8. Ал-фатово ал-возиҳа;

9. Фиқҳ ул-ҳаёт;

10. Китоб ул-ҷиҳод;

11. Китоб ун-никоҳ;

12. Ал-қуръа вал-истихора;

13. Ал-ямин вал-аҳд ван-назр;

14. Ал-иҷора;

15. Рисолатун фир-ризоъ;

16. Фиқҳ уш-шариа (Рисолаҳои амалӣ);

17. Ас-сайд ваз-зибоҳа;

18. Далел ул-маносик;

19. Аш-ширка;

20. Ал-васия;

21. Ал-маворис.

в) Андешаи исломӣ:

22. Хутувот ало тариқ ил-ислом;

23. Қазоёно ало завъ ил-ислом;

24. Ал-ислом ва мантиқ ул-қувва;

25. Ал-ҳарака ал-исломия: ҳумум ва қазоё;

26. Мин аҷлил-ислом;

27. Мафоҳим исломия омма (10 ҷилд);

28. Фи офоқ ил-ҳивор ил-исломӣ ал-масеҳӣ;

29. Дунё аш-шабоб;

30. Дунё ал-маръа;

31. Тааммулот исломия ҳавлал-маръа;

32. Қироатун ҷадида ли фиқҳил-маръа ал-ҳуқуқӣ;

33. Ал-ваҳда ал-исломия байна ал-воқеъ вал-мисол;

34. Қазоё исломия муосира;

35. Асъила ва руду мин ал-қалб;

36. Ал-марҷаия ва ҳаракат ал-воқеъ;

37. Ал-ислом вал-масеҳия;

38. Ал-ислом ва Фаластин;

39. Ал-исломийун ват-таҳаддиёт ал-муосира;

40. Ал-ислом вал-машруъ ал-ҳазорӣ;

41. Хитоб ал-исломийин вал-мустақбал;

42. Маъа ал-ҳикма фи хатт ал-ислом;

43. Ан-надва (7 ҷилд);

44. Ал-ҷумъа минбар ва миҳроб;

45. Салот ал-ҷумъа, ал-калима вал-мавқиф;

46. Мин ваҳйи Ошуро;

47. Ҳадису Ошуро;

48. Аҳодису Ошуро;

49. Ало тариқи Карбало;

50. Тааммулот фи офоқ ал-имом Мусо ал-Козим (а);

51. Фи риҳоб Аҳл ал-байт алайҳимус-салом;

52. Офоқ исломия;

53. Фи риҳоб ад-дуо;

54. Ал-инсон вал-ҳаёт;

55. Ҳиворот фи ал-фикр вал-иҷтимоъ вас-сиёса;

56. Руо ва мавоқиф (3 ҷилд);

57. Ал-маолим ал-ҷадида лил-марҷаия аш-шиия;

58. Тааммулот фи ал-фикр ас-сиёсӣ ал-исломӣ;

59. Сироъ ал-иродот;

60. Ал-муқовама ал-исломия;

61. Шарҳ хутбат аз-Заҳро (саломуллоҳи алайҳо);

62. Ал-фақиҳ вал-умма;

63. Иродат ал-қасва;

64. Баййинот;

65. Ал-ҳиҷра вал-иғтироб;

66. Аз-заҳро ал-қудва;

67. Мутораҳот фи қазоё қуръония;

68. Таҳаддиёт ал-маҳҷар;

69. Офоқ ар-руҳ (Шарҳи Саҳифаи Саҷҷодия дар 3 ҷилд);

г) Маҷмўаҳои шеърӣ;

70. Ё Залол ал-ислом! (Рубоиёт);

71. Қасоид мин аҷли ал-ислом вал-ҳаёт;

72. Ало шоти ал-виҷдон.

Фаъолиятҳои иҷтимоӣ

Гузашта аз фаъолиятҳои илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ, ки Фазлуллоҳ дар Лубнон ва Сурия доштааст, фаъолиятҳои иҷтимоии эшон чандон густарда буда, ки камтар минтақае аз кишвари Лубнонро метавон ёфт, ки асари фаъолияти иҷтимоии эшон дар он машҳуд набошад. Шӯълавар шудани оташи ҷангҳои дохилӣ ва таҷовузоти саҳюнистҳо, гузашта аз хасоратҳои ҷонӣ ва молӣ, мушкилоти иҷтимоии фаровонеро дар пай дошт, ки муҳимтарини он, сарнавишти мубҳами ятимон ва фарзандони шуҳадо, фуқаро ва маълулон буд.

Инак, номи марокизи хайрияе, ки тавассути Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ таъсис гардидааст:

а) Марокизи хайрияи ятимон:

1. Мабарратул-имомул-Хуӣ, Бейрут (Лубнон);

2. Мабарратул-имом Зайнулобидин (а), Биқоъ (Лубнон);

3. Мабарратул-имом Алӣ ибни Абўтолиб (а), Ҷабал Омил (Лубнон);

4. Мабарратус-сайида Марям (а), Ҷабал Омил (Лубнон);

5. Мабарратус-сайида Хадиҷатул-кубро (а), Бейрут (Лубнон);

6. Мабарратул-Ҳавро Зайнаб (а), Бейрут (Лубнон);

7. Мадрастун-нур (барои нобиниён), Бейрут (Лубнон);

8. Мадрасатур-раҷо (барои ношунавоён), Бейрут (Лубнон).

б) Марокизи беҳдоштӣ:

1. Мусташфо Баҳман (Бемористони Баҳман), Бейрут (Лубнон);

2. Мусташфо ас-сайида Заҳро (а), Ҷабал Омил (Лубнон).

Шаклгирии ҳаракати муқовимати исломии Лубнон

Чунон ки пештар гузашт, Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ дар солҳои ҳузур дар Наҷаф дар саффи бунёдгузорони нахустин ҳаракатҳои исломӣ дар Ироқ қарор дошт ва аз ҳаводорони наздики Сайид Муҳаммадбоқири Садр дар масоили сиёсӣ ва ташкилотӣ буд.

Фазлуллоҳ пас аз бозгашт ба ватани падарии хеш (Лубнон), дар пайи тарҳи сибғаи сиёсии ислом дар ҷомеаи мусалмонони Лубнон баромад, ба гунае ки исломгароии сиёсӣ ва мардумгароӣ аз вуҷуҳи боризи шахсияти ӯ ба шумор меояд.

Замоне ки кишвари Лубнон мавриди таҳоҷуми режими саҳюнистӣ воқеъ шуд, ҷавононе ки ғолибан таҳти таъсири андеша ва ҳаракати Фазлуллоҳ буданд ва гӯё аз пеш барои чунин даврае тарбият шуда буданд, ҳаракати номуназзам ва ғайри ташкилотии муқовимати исломиро, ки бархӯрдор аз баданаи мардумӣ ва мустаҳкам буд, ба роҳ андохтанд. Ин ҳаракат, ки имрӯза Ҳизбуллоҳи Лубнон шакли созмонёфта ва аслитарин шохаи он аст, ҳамвора аз Фазлуллоҳ тағзияи фикрӣ ва сиёсӣ мешуд.

Васоили иртиботи ҷамъии ҷаҳон ҳамеша аз Фазлуллоҳ ба унвони раҳбари маънавии Ҳизбуллоҳ ёд мекунанд. Ҷойгоҳ ва нақши раҳбаронаи Фазлуллоҳ дар ҷунбиши муқовимати исломии Лубнон сабаб шуд то як бор рабуда ва чаҳор бор мавриди суиқасд қарор гирад.

Мунодии ваҳдат

Аз вижагиҳои бориз ва мунҳасир ба фарди ин марҷаи олиқадр, ваҳдагарои воқеӣ будани ӯ буд. Шоиста аст ин ҷо порае аз гуфтугӯи ахири ӯ бо барномаи "Мукошафот”-и шабакаи моҳвораии "Ал-ҳивор”-ро, ки пойгоҳи Кимиёи саодат низ дарҷ намуда буд, пешкаши хонанда кунем:

Мукошафот: Гуфтугӯи худро бо тарҳи суол аз асоситарин масъала дар мавзӯи ихтилоф байни суннӣ ва шиа оғоз мекунам. Манзурам масъалаи саббу дашноми саҳобаи Расули акрам (с) аст. Дидгоҳи шумо дар ин масъала, аз ҷумла дашноми ҳазрати Абӯбакр, Умар ва Оиша (р) чист?

Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ: Банда шахсан саббу дашноми ҳар саҳобиеро, ҳар кӣ бошад, ҳаром медонам, зеро Худованди субҳон роҷеъ ба саҳоба сӯҳбат карда, фармудааст: "Муҳаммад фиристодаи Худост ва касоне ки ҳамроҳи ӯ ҳастанд, бар кофирон сарсахт ва дар миёни худ меҳрубонанд. Эшонро рукӯъкунанда ва суҷудкунанда мебинӣ, ки фузунбахшӣ ва хушнудии Худойро меҷӯянд”. (Сураи Фатҳ, ояти 29), вале он ҷо ки роҷеъ ба масъалаи имомат ва хилофат сӯҳбат мекунем, мо шиаён дар ин масъала раъйу назари худро дорем ва барои касе пӯшида нест, аммо нисбат ба саббу дашном, гуфтам, ки ин амал бар ҳар мусалмоне ҳаром аст, ва ҳар гоҳ муқаллидин аз ман фатво дар ин масъала бипурсанд, мегӯям: ҳаром аст, ки ҳар кадом аз саҳобиро, аз ҷумла хулафои рошидинро саббу дашном кунем. Мехоҳам гуфторе аз Амири мӯъминон ҳазрати Алӣ (а) нақл кунам. Ҳангоме ки он ҷаноб (а) дар роҳ ба сӯи Сиффайн буд, гурӯҳе аз аҳли Ироқро шунид, ки аҳли Шомро (яъне сипоҳиёни Муовияро) саббу дашном мекунанд. Ҳазрат (а) ба эшон гуфт: "Ман бароятон дӯст надорам, ки саббоб (яъне бисёр дашномкунанда) бошед, аммо агар кирдори онҳоро васф кунед ва ҳолашонро ёдовар шавед, дурусттар дар гуфтор ва расотар дар узр буд, ва ба ҷои ин саббу дашном, мегуфтед: Худоё! Хуни мо ва эшонро ҳифз кун ва миёни мо ислоҳ кун ва эшонро аз гумроҳияшон бираҳон, то огоҳ гардад ба ҳақ он касе ки ҷоҳили ба он аст ва даст бардорад аз гумроҳиву душманӣ он касе ки шефтаи он аст”.

Ин насс дар китоби Наҳҷул-балоға мавҷуд аст. Ҳамчунин мехоҳам дар ин ҷо равиши ҳазрати Алӣ (а) бо хулафоро, ки шиа мӯътақид аст эшон ҳаққи Алӣ (а) дар хилофатро нодида гирифтаанд, нақл кунам. Ҳазраташ дар Наҳҷул-балоға дар номае ба аҳли Миср мегӯяд: "Ба Худо савганд ҳаргиз фикр намекардам ва ба зеҳнам хутур намекард, ки араб баъд аз паёмбар (с) амри имомат ва раҳбариро аз Аҳли байти ӯ бигардонанд (ва дар ҷои дигар қарор бидиҳанд ва бовар намекардам) онҳо онро аз ман дур созанд. Танҳо чизе, ки маро нигарон кард, шитофтани мардум ба сӯи Абӯбакр буд, ки бо ӯ байъат карданд. Аммо ман даст бар рӯи даст гузоридам (ва сукутро ихтиёр кардам), вале вақте бо чашмони худ дидам гурӯҳе аз ислом бозгашта (ки мурод муртаддине ҳастанд, ки дар замони хилофати ҳазрати Абӯбакр (р) мояи дарди сари уммат шуда буданд) ва мехоҳанд дини Муҳаммад (с)-ро нобуд созанд, (дар ин ҷо буд) ки тарсидам агар ислом ва аҳлашро ёрӣ накунам, бояд шоҳиди нобудӣ ва шикоф дар ислом бошам, ки мусибати он бар ман сахттар аз маҳрум мондан аз хилофат ва аз даст рафтани ҳукумат бар шумо буд; он ҳам ҳукумате, ки андак рӯзҳое беш напояд ва ҳамчун сароб зоил ва нобуд гардад, ё ҳамонанди абрҳое, ки ҳанӯз ба ҳам напайваста пароканда шаванд. Он гоҳ барои дафъи ин ҳаводис бапо хестам то ботил аз миён рафт ва нобуд шуд ва дин побарҷо ва устувор гардид.” (Наҳҷул-балоға, номаи шумораи 62).

Аз ин рӯ, мо дар масъалаи хулафо, ҳамон равишеро бармегузинем, ки Алӣ ибни Абӯтолиб (а) ихтиёр карда буд. Алӣ (а) бо хулафо кушодарӯ буд, эшонро кӯмак мекард, машвараташон медод. Ҳадисе аз Имом Ҷаъфари Содиқ (а) дорем, ки шиаёни худро мавриди хитоб қарор дода мефармояд: "Чӣ осон аст коре, ки мардум ба сабаби он аз шумо розӣ бошанд! Пас, забонатонро аз бадгӯӣ ба эшон нигаҳ доред”. Имом Содиқ (а) мефармуд: "Абӯбакр маро ду бор таваллуд кардааст”.

Аммо нисбат ба Уммаҳотул-мӯъминин, мо саббу дашноми эшонро ҳаром медонем, гар чи дар масъалаи ҷанги Ҷамал ба хато роҳ додаанд. Мо мӯътақидем, ки ба ҷиҳати эҳтиром ва гиромидошти Расули акрам (с), мо бояд ба Уммаҳотул-мӯъминин эҳтиром гузорем...

Бинобар ин, мо саббу дашноми Уммаҳотул-мӯъминин ва бадгӯӣ ба эшонро ҳаром мешуморем, чунон ки саббу дашноми саҳобаро ҳаром медонем. Мо дар ин садад, расман фатвои шаръӣ содир кардаем.

Кимиёи саодат

Бахш: Машоҳири исломӣ | Просмотров: 959 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июл 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz