Сешанбе, 23.04.2024, 18:08
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Феврал » 9 » Ҳоҷи Акбар Тӯраҷонзода: “Ман бародар Муҳиддин Кабириро бисёр ҳурмат ва дастгирӣ мекунам, Ҳизби наҳзати исломиро низ дастгирӣ мекунам”
Ҳоҷи Акбар Тӯраҷонзода: “Ман бародар Муҳиддин Кабириро бисёр ҳурмат ва дастгирӣ мекунам, Ҳизби наҳзати исломиро низ дастгирӣ мекунам”
17:12
Намедонем ба коми чӣ ҷиҳот ва ё касоне дар Тоҷикистон, ё шояд берун аз он, пешравии ҲНИТ ва ба вижа маҳбубияти рӯзафзуни раҳбараш Муҳйиддин Кабирӣ дар миёни мардуми тоҷик ва ба хусус ҷавонон, талх меояд? Маълум нест, сиёсатҳои пешгирифтаи ҲНИТ дар ин чанд соли ахир ва таҳарруки оқилона ва дурандешонаи раҳбараш дар арсаи сиёсати Тоҷикистон, ки ҳама бархоста аз ҳисси ватандӯстӣ аст, мавриди ғазаби чӣ кас ва ё ҷиҳате воқеъ шудааст?

Дар ин айём, ки Тоҷикистони мо ҳар чи бештару беҳтар ниёз ба ҳамдилӣ, якпорчагӣ, даст ба дасти ҳам дода дар фикри пешрафти ҷомеа будани так-таки шаҳрвандонаш дорад, оё ҷуз душмани ғаддори ин миллат аст, ки мехоҳад афроди ҷомеаи Тоҷикистон, чи давлаташ ва чи опозитсиёнаш ва чи руҳонияташ, ба ҷони ҳам биафтанд?

Мақолаи фармоишие ба унвони "Оппозиция Таджикистана хромает, лидер ПИВТ М.Кабири намерен перебежать на сторону правительства” аз ҷониби шахсе номаълум, вале мутаассифона ба номи "М. Навҷувонов”, ки дар пойгоҳи хабарии centrasia.ru ба нашр расид, бешак аз ҷониби касе ё ҷиҳоте нигошта шуда, ки номашро ҷуз "душмани ғаддори ин миллат” наметавон гузошт.

Ин душман, бо дурӯғпарокании худ, ин навбат хостааст чунин нишон бидиҳад, ки гӯи хонадони мукаррами Тӯраҷонзодаҳо бо сиёсатҳои пешгирифтаи ҲНИТ ва ба вижа раиси он Муҳйиддин Кабирӣ мухолиф ҳастанд ва ӯро сарзаниш намудаанд.

Ҷаноби қозидомулло Ҳоҷи Акбар Тӯраҷонзода, ба мавқеъ, посухи ин дурӯғро доданд. Бино бар гузориши Радиои Озодӣ, ҷаноби Тӯраҷонзода дар сӯҳбат бо хабарнигори ин радио дар Душанбе, ин хабарро беасос номида ва гуфтанд: "Аслан чунин сӯҳбате нашудааст. Ин як тӯҳмати навбатист. Ман бародар Муҳиддин Кабириро бисёр ҳурмат ва дастгирӣ мекунам, Ҳизби наҳзати исломиро низ дастгирӣ мекунам. Шояд бо нашри ин иғво мехоҳанд, ба дӯстону мухлисони мо, ки имрӯзҳо бисёрии онҳо дар сафи муҳоҷирон аст, бирасонанд, ки робитаи ман ва бародарони ман бо наҳзатиён хуб нест ва набояд дар интихобот аз онҳо пуштибонӣ кард. Ё касе мехоҳад, ба ин роҳ ба ҳукумат расонад, ки тӯраҷонзодаҳо аз Ҳизби наҳзат, ки мухолифи шумост, дида мухолифтаранд? Ҳол он ки мо на ба ҳукумат мухолиф ҳастем ва на ба Ҳизби наҳзат. Вале дар интихобот шахсан ман аз Ҳизби наҳзат тарафдорӣ мекунам. Инро ошкоро гуфтаам ва мегӯям. Аммо ин маъно надорад, ки ман бо ҳукумат мухолиф ҳастам."

Намояндаи аршади ҲНИТ Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода низ – бино ба ин гузориш - ба навбати худ гуфтааст, паҳн шудани хабару мақолаҳои таҳрикомез дар расонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ дар робита ба ҲНИТ бо интихоботи парлумонии 28-уми феврал бастагӣ доранд. Ҳадаф аз онҳо, коҳиш додани эътибори ҳизб ва номзадҳои он дар интихобот аст. Вай гуфтааст: "Он чизе, ки нашр шудааст, комилан хилофи фарҳанги ҷаноби Тӯраҷонзода аст, дар фарҳанги эшон чунин чизе вуҷуд дошта наметавонад ва муносибати онҳо бо раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам ҳасана аст ва ҳеҷ чизи ғайримусбие дар ин миён нест."

Дар ин айём, мо бояд хеле ҳушёр бошем. Нагузорем касоне оромиши моро баҳам бизананд. Ин ки бархе мегӯянд, "ҲНИТ, бо наздик шудан ба давлат, сифати опозитсия буданашро аз даст додааст”, як дурӯғи дигар ва навбатӣ аз сӯйи ҳамин гуна "душманони ғаддор” аст. Инҳо аз ҲНИТ мехоҳанд, ё ба куллӣ мунзавӣ бошад, ва ё даст ба силоҳ бурда алайҳи ҳукумат ба муборизаи мусаллоҳона бархезад. Кӯр хонданд.

ҲНИТ, аввалан, ба дараҷае аз пухтагии сиёсӣ расидааст, ки чӣ гуна таҳаррук намояд, ва худаш медонад, ки чӣ кор ба нафъу салоҳи кишвар аст ва чӣ чизе ба маслиҳати он нест. Дар ин замина ниёз ба насиҳати ину он надорад. Ва сониян, худаш медонад, ки чӣ мавқее ҳукуматро бояд интиқод намуд, ва кадом вақт ӯро ҳимоят кунад.

Ҳамагӣ шоҳидем, ки ҳар вақт, масъала, масъалаи маслиҳати кулли миллату кишвар аст, ҲНИТ, аз аввалинҳост, ки ба ҳимояти касоне бармехезад, ки ба нафъи кишвар иқдом менамоянд, гар чи тараф худи давлат бошад. Аммо вақте дар муноқишоти дохилӣ, аз сӯйи давлатмадорони мо коре ба ҷиҳати муғойири маслиҳати кишвар анҷом пазирад, ҲНИТ далерона он сиёсатҳоро ба боди интиқод мекашад ва дар ин росто ҳаросе ҳам аз касе надорад.

Опозитсия будан, дар ҳар кишвари мудамаддин ва демократӣ, танҳо ба ин нест, ки ҳамвора ва дар ҳар сурат, мухолифи ҳар чи ҳукумат анҷом медиҳад бошӣ. Балки бояд дид он чи давлат анҷом медиҳад, оё ба маслиҳати кишвар аст, ё нест. Агар ба маслиҳати кишвар аст, чӣ ниёз ба ин аст, ки бе мантиқона ба мухолифати он бархезӣ? Магар ту дар мақоми он будӣ, коре ғайр аз он анҷом медодӣ?

Ба ҳар ҳол, умедворем мардуми азизи мо бо тамоми ҳушёрӣ ва бедорӣ, тавтиаи амсоли чунин душманиҳо ва душманонро хунсо намуда ва даст ба дасти ҳам ниҳода, кишвари азизамонро ба тарафи пешравии ҳамаҷонаба суқ диҳанд.

Кимёи саодат

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 781 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz