Панҷшанбе, 25.04.2024, 06:37
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2009 » Октябр » 9 » Нигоҳе ба Ибни Сино ба унвони як файласуф
Нигоҳе ба Ибни Сино ба унвони як файласуф
17:12

Нигоҳе ба Ибни Сино ба унвони як файласуф

Марями Солим

Фалсафаи исломӣ, ки бо Кендӣ дар қарни дуюми ҳиҷрӣ, Форобӣ дар қарни сеюм ва Ихвонуссафо дар қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ оғоз шуда буд, бо нубуғи Ибни Сино дар авоили қарни панҷуми ҳиҷрӣ тавсиа, такомул ва низоми вижае ёфт. Ба ҳақ метавон Ибни Синоро меросдори фалсафаи Юнон ва як файласуфи машшоӣ донист, ба гунае ки тавонист маниши ақлонии Арастуро дарк карда ва дар зеҳни тавонманди хеш бипарваронад ва хулосаи андешаашро дар қолаби осори арзишманде чун Шифо, Наҷот, Ишорот, Донишномаи Алоӣ ва ғайра ироа диҳад.[1]

Ибни Сино ва Ибни Рушд

Ибни Рушд ба Арасту ба унвони муршид нигоҳ мекард[2] ва фақат ба шарҳи осори вай пардохт, то он ҷо ки ўро метавон фақат як шореҳи Арасту ном бурд.[3] Аммо Ибни Сино дар мақоми як файласуф ва бо ақли фалсафии наққод, саъй кард илова бар шарҳу табйини орои Арасту, як тариқи фалсафӣ ва ақлии ҷадид ироа диҳад ва фазоҳои холии тафаккури арастуиро ба беҳтарин шакл пур кунад ва нукоти маҷҳули онро маълум созад ва агар дар мавориде бо Арасту мухолиф аст, онҳоро баён кунад.[4]

“Шифо”-и Ибни Сино мисли “Тафсири мо баъдат-табиа”-и Ибни Рушд нест, ба гунае ки фақат ба шарҳи “Мо баъда-табиа”-и Арасту басанда карда бошад, балки худ китоби фалсафии азимест дар канори “Мо баъдат-табиа”-и Арасту. Касе бо мутолеаи ин китоб ва дигар осори арзишманди Ибни Сино, наметавонад муддаӣ шавад, ки фалсафаи Ибни Сино маҷмўаест, ки дар он аносири фалсафаи арастуӣ ва навафлотунӣ бо каломи исломӣ омехта шудааст ва бо шеваи кўҳнашуда, дар ихтиёри мусалмонон қарор гирифтааст. Фалсафаи Ибни Сино, фалсафаи илтиқотӣ нест, як фалсафаи мустақил аст. Оре, метавон гуфт, ки тафаккуроти арастуӣ, дар зеҳни фаъоли ин андешманд, ба сурате дигар намоён шудааст, ки агарчи тафовути асосӣ ва бунёдин бо маниши арастуӣ надорад, вале айни он ҳам нест ва ҳатто метавон гуфт чизест бартар аз он, ки тавониста ба хубӣ робита миёни мавҷудоти ҷаҳон ва иртиботи касир ва воҳидро, ки дағдағаи файласуфони Юнони бостон будааст нишон диҳад.

Аммо...

Мутаассифона ин андешманди гаронмоя мавриди лутф қарор нагирифт ва дар ҷаҳони ислом аз сўи Ғазолӣ (қарни панҷуми ҳиҷрӣ) мавриди бемеҳрии фаровон қарор гирифт.

Ғазолӣ бо навиштани китоби “Таҳофутул-фалосифа”, нисбати куфр ба ин андешманди гаронмоя зад. Ҳарчанд Ибни Рушд бо навиштани китоби “Таҳофутут-таҳофут”-и худ, ки нақде бар китоби “Таҳофутул-фалосифа”-и Ғазолӣ буд, ба эътирозоти Ғазолӣ посух дод, вале ҳеҷгоҳ фалсафа дар ҷаҳони ислом, дубора қадру арзиши даврони Бўалиро наёфт.[5]

Тааққул ва андеша дар ҷаҳони ислом пас аз Ибни Сино

Кори Ибни Сино дар ироаи як низоми фалсафии машшоӣ, қадами нахустин буд, ки мутаассифона бо таъсири шадиди низоми ашъарият дар ҷаҳони ислом, охирин қадам қаламдод шуд.

Ғазолӣ бо мавқеияти хосси динӣ ва иҷтимоии худ, ба унвони сардамдори мактаби ашъарӣ, аз мухолифони сарсахти фалсафаи Ибни Сино буд. Ин мухолифат ба гунае буд, ки дифои сарсахтонаи Ибни Рушд ҳам натавонист мавқеияти аз даст рафтаи фалсафаро дар ҷаҳони ислом бозпас гирад.

Ин гуна метавон муддаӣ шуд, ки бояд фалсафа дар ҷаҳони ислом маънои воқеии худро меёфт на дар ҷаҳони Ғарб, чунон чи дар намунаҳое чун Ибни Сино, Суҳравардӣ ва Садрулмутааллиҳин, ки худ аз муфассирони Қуръони Карим буданд ва таъсири дини ислом дар зиндагии онон намоён аст, ин таъсир дар рушди тафаккуру истидлоли бурҳонӣ дар маниши фикрии онон машҳуд аст.

Таъсири Ибни Сино дар фалсафаи Ғарб

Дар даврае, ки фалсафаи Арасту дар мағрибзамин мансух мегашт, дар ҳавзаи исломӣ бо тарҷумаҳои васеи осори Арасту ва муфассирони искандаронияш, ки зери назорати афроде чун Кендӣ анҷом мешуд, ин мероси азими ақлӣ дар домани файласуфони шаҳире чун Форобӣ ва Ибни Сино парваронида шуд. Ибни Сино он чиро ки донишманди бузургвор Форобӣ ба наҳви мухтасар ва гоҳ дар ҳадди ишора баён карда буд, баст дода ва табйин кард ва фалсафаи Арастуро дар давраҳои мухталиф тадрис карда ва ба табъи нигориш орост, ки хулосаи он маҷмўаи васее аз китобҳо ва риолаҳост.

Баъд аз он ки давраи бемеҳрӣ ба Арасту дар ҷаҳони Ғарб поён ёфт ва мутафаккирони масеҳӣ ба самти Арасту рўй оварданд, шарҳу тавзеҳи мусалмононе чун Ибни Сино ва Ибни Рушдро ёфтанд ва аз ин раҳгузар, бо осори Арасту ошно шуданд. Ба ин тартиб дар каломи масеҳӣ, ки аз сўи Алберти Кабир (қарни 13 мелодӣ) ва Томас Эквиняс (қарни 13 мелодӣ) тадвин шуд, наметавон нақши барҷаста ва муҳимми Ибни Синоро нодида гирифт. Ба ин тартиб, Ибни Сино саҳми басазое дар тафаккуроти фалсафии Ғарб дорад, ки мутаассифона дар бисёре аз маворид нодида гирифта мешавад ва гоҳ низ дарки носавоби андешаи Ибни Сино онҳоро ба бероҳа суқ медиҳад, ки ин ҳам мадюни сайтараи Ибн Рушд бар ҷаҳони Ғарб ва дарки саҳеҳи ў аз фалсафаи Ибни Синост.

Хулоса, Ибни Сино яке аз файласуфони машшоии барҷаста дар ҷаҳони ислом аст, ки гарчи аз назари мақому рутбаву замон, баъд аз Форобӣ аст, аммо аз ҷиҳоте метавон вайро дар мақоме бартар аз Форобӣ қарор дод, чаро ки тавонист назарияҳои ибдоии тамоюзи вуҷуд ва моҳият ва зарурат ва имконро ба беҳтарин шакли мумкин, басту тавзеҳ диҳад; коре ки Форобӣ ба он мубодират накард.

Ибни Сино ва файласуфони Юнон

Ибн Сино орои мухталифи файласуфони юнониро, ки осорашон ба дасти фаромўшӣ расида буд, баррасӣ карда ва мавриди тадқиқ қарор дод ва он чиро, ки шоиста буд, аз осори онон пазируфт ва дар бўтаи зеҳни тавонманди хеш парваронад ва ба шакли фалсафаи машшоии исломӣ дароварад.

Наметавон муддаӣ шуд, ки ба далели вуҷуди осори навафлотунӣ дар орои Ибни Сино, ба хусус дар назарияи судуру файз, ў дар зумраи файласуфони навафлотунӣ қарор мегирад, на машшоӣ, ба тавре ки битавон гуфт Ибни Сино осореро, ки азони Арасту набуда ба вай нисбат медода ва марҷаи кори хеш қарор медодааст, (ба таври мисол асари Луҳиё), он гуна ки дар ҷаҳони Ғарб машҳур шудааст. Марҷаи кори Ибни Сино, бешак “Мо баъдат-табиа”-и Арасту будааст. Он чи ки аз тариқи муфассирони искандаронӣ ба дасти мусалмонон расида ва тарҷума шуда буд (ва инро аз доиратул-маорифи бузурги фалсафии “Шифо” ба вузуҳ метавон дарёфт), агарчи вуҷуди китоби “Асари Луҳиё”-ро дар миёни манобеъ ва мароҷеи онҳо наметавон нодида гирифт (чунон чи Форобӣ борҳо ба он тасреҳ мекунад[6]), вале наметавон онро танҳо манбаи аслии Ибни Сино ва Форобӣ, дар дарки орои Арасту донист.

Набояд ин нуктаро фаромўш кард, ки ҳамон тавр ки баён шуд, Ибни Сино шореҳи осори Арасту набуд. Ў як файласуфи мунтақид ва дар айни ҳол шореҳ буд, бинобар ин вазифа дошт нуқоти заъфи фалсафаи Арастуро тақвият карда ва мавориди носаҳеҳи онро бо таваҷҷўҳ ба маниши фикрии хеш тасҳеҳ кунад ва ин муҳимро бо таваҷҷўҳ ба пешинаи мазҳабӣ ва ирфонӣ ва низ осори Флутин, ки ба дасташ расида буд, анҷом дод ва тавонист фалсафаи хосси худро, ки метавон онро фалсафаи машшои исломӣ номид, поягузорӣ кунад ва онро ба дасти андешмандони мусалмонон бисупорад.

Кимёи саодат

 



[1] - Доиратул-маорифи бузурги исломӣ, ҷ 4, мадхали Ибни Сино, ба қалами доктор Шарафуддини Хуросонӣ.

[2] - Иброҳимии Динонӣ, Дурахшиши Ибни Рушд дар ҳикмати машшоъ, Интишороти Тарҳи нав, чопи аввал, 1384 ҳ ш, с 166.

[3] - Додарии Ардаконӣ, Форобӣ муассиси фалсафаи исломӣ, Муассисаи мутолеот ва таҳқиқоти фарҳангии Анҷумани исломии ҳикмат ва фалсафаи Эрон (қисмати муқаддима, с 3).

[4] - Ибни Сино, Мантиқ (қисмати муқаддима, с 3).

[5] - Ясрибӣ, Фалсафаи машшоъ, Интишороти Бўстони китоб, чопи аввал, 1383 ҳ ш, бахши муқаддима.

[6] - Форобӣ, Китоби ал-ҷамъ байна раъйайил-ҳакимайн.

Бахш: Фалсафа ва ҳикмат | Просмотров: 1661 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Октябр 2009  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz