Шанбе, 20.04.2024, 16:32
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Сентябр » 23 » Нигарониҳои беҷои фарҳехтагони мо
Нигарониҳои беҷои фарҳехтагони мо
00:38

Сайидюнуси Истарашанӣ

Ҳолати нигаронӣ, ҳар миллатеро дар бурҳае аз замон гиребонгир мешавад, ба вижа ҳангоми гузариш аз як марҳала ба марҳалае дигар. Ва маълум ҳам нест ин ҳолат чанд муддат аз замон давом ёбад, бастагӣ ба худи мардумон дорад. Баъзе аз милал, дар як муддати хеле андак, аз ин ҳолат худро раҳонидаанд, бархе ҳам солиёни тӯлонӣ дар он боқӣ мондаанд, ҳатто милале ҳам ҳастанд, ки натавонистаанд аз ин ноҳия вазъи мустақирре пайдо кунанд, ва нигаронӣ ва нооромии руҳию равонӣ ҳолати ҳамешагии эшон гаштааст.

Имрӯза, чунин ҳолате, гиребонгири мо тоҷикон аст, ба хусус тоҷикони кишварҳои пасошӯравӣ. Албатта, на мардуми оддӣ ва кӯчаву бозор; мардумони оддӣ, думболи зиндагии худ ҳастанд ва хушбахтона аз оромиши лозим бархӯрдоранд. Агар нигароние дар мавриди эшон тасаввур бишавад, танҳо замонест, ки ё аз ноҳияи иқтисодӣ бо мушкиле рӯбарӯ бишаванд ва ё мусибате гиребонгирашон гардад, вагарна ҳолати ғолиб дар назди эшон, ҳамон оромиш аст. Манзури камина фарҳехтагонанд, ба вижа рӯшанфикрону сиёсатмадорони ҷомеа. Ҳол, барои рӯшан шудани матлаб, чанд мисол мезанам; албатта мисолҳои воқеӣ на фарзӣ. Ибтидо аз ҳолати рӯшанфикрони ҷомеа мисол меоварам, сипас аз нигаронии сиёсатмадоронамон.

Ҳар рӯшанфикр, дар ҳар ҷомеае, он ҷо ки ҷомеа дар ҳоли гузариш бошад, умдатарин дағдағаи хотираш ин аст, ки ҷомеаро дар ноҳияи идеоложӣ, ба як ҳолати мустақир бирасонад. Имрӯза дар ҷомеаи мо, яке гумшудаи худро дар ойини митроӣ мебинад, дигаре дар кеши зардуштӣ, сеюмӣ дар ойини ислом; он ҳам ҳамон исломе, ки солиёни дароз дар ҷомеаамон сояафкан буд, чаҳоруме дар бединӣ (билохира, бединӣ ҳам худ навъе идеоложӣ аст), панҷуме дар мактаби умонистӣ (humanism) ва шишуме дар яке дигар аз ойин ё макотиб...

Ин ки як рӯшанфикр, дар ҷомеаи имрӯзи мо гумшудаи худро дар ойин ё мактаби фикрии муайяне пайдо кардааст ва ба дурустии он қаноати дарунӣ ҳосил намудааст, ишколе надорад, ин дар дасти ӯ нест, ҳолат ва боварест дарунӣ. Ҳатто он ҷо ки мехоҳад ҷомеа низ ақидаи ӯро бигароянд, ишколе надорад.

Ишколи умда он ҷост, ки ӯ дигаронро музоҳим мебинад, мехоҳад дар ин майдон; яъне майдони бовару андеша, яккатоз бошад. Нигаронии вай дар ин ноҳия аст. Ба иборати рӯшантар, нигаронии вай дар ноҳияи гаройиши ӯ ба ин ё он мактаб нест; ӯ ба ойин ва мактабе гаравида ва шояд аз ин ҷиҳат оромиши дарунӣ ҳам дастгираш шуда, балки нигаронияш дар ин ноҳия аст, ки мабод дигарон музоҳими ӯ шаванд, мехоҳад ҳама, ҷуз ӯ, аз матни ҷомеа ҳазф шаванд, мехоҳад фақат худаш бимонад. Митроӣ ва зардушӣ ба думболи ҳазфи фикрии ойини ислом, мусалмон дар андешаи нобудии ҳамагон ҷуз ҳамкеш ва ё ҳаммазҳаби худ, бедин дар орзуи маҳви диндорон ва диндор ба думболи ҳазфи бедин ва ғайра.

Албатта ногуфта намонад, ки гурӯҳе низ дар ҷомеаамон ҳастанд рӯшанфикрнамо, ки мӯътақид ба ҳеҷ навъ ақида ва ё андешае нестанд (ва мутаассифона андак ҳам намебошанд, балки шояд ҳаминон имрӯза дар ҷомеа ба унвони фарҳехтагон матраҳ бошанд); мехоҳанд ҳамагон ё ҳазф шаванд ва ё мисли худашон "шери бе ёлу дум” гарданд.

Ва аммо сиёсатмадорон. Ин гурӯҳ дар ҷомеаи мо ҳолате бадтар аз рӯшанфикрон доранд. Ҳамвора рақибони сиёсии хешро музоҳим дида, дар фикри ҳазфи эшон, ҳатто ҳазфи физикӣ ва ҷасадии ононанд. Намехоҳанд ҷуз худашон дигарон ҳарфе бизанад. Дағдағаи хотире ҷуз яккатозӣ дар зеҳн надоранд.

Ҳол, пурсише, ки дар ин ҷо худнамоӣ мекунад ин аст, ки иллати ин нигаронӣ чист? Ва роҳи берун рафтан ва раҳоӣ аз ин бӯҳрони равонӣ кадом аст?

Иллати нигаронии мо ва роҳи халосӣ аз он

Иллати асосии ҳолати номбурда ин аст, ки мо фикр мекунем ҳолати истиқрор танҳо замоне дастгири ҷомеаамон мешавад, ки фақат идеоложӣ ва андешаи воҳиде дар ҷомеа соя биафканад. Фарҳехтае, ки мусалмон аст, фикр мекунад чун ғолиби афроди ҷомеаи мо мусалмонанд, фақат замоне ҳолати истиқрор ва оромиш пайдо хоҳем намуд, ки ҳамагон, мусалмон (ҳарчанд ба зоҳир) боқӣ бимонем. Касе ки ҳавои кеши митроӣ ва ё зардуштӣ ба сар дорад, ӯ низ вазъе некӯтар аз мусалмон надорад. Бедину умонисту лоик ҳам як чунин ҳолате дорад (албатта, бедину умонисту лоик аз навъи тоҷикияш).

Ҳол он ки истиқрори ҷомеа дар ин нест, ки фикр мекунем. Ҷавомее ҳастанд, ки афродаш на ин ки аз пайравони се ё чаҳор ойин, балки аз садҳо дину ойину макотиби фикрии мухталиф ва аҳёнан бо ҳам зидду нақиз ташкил шудаанд, вале дар айни ҳол, ҳолате мустақир он ҷавомеъро ҳоким аст.

Ва дар муқобил, ҷавомее низ ҳастанд, ки дар он ба ҷуз идеоложии воҳид ҳукмфармо нест, аммо дар айни замон, фарҳехтагонаш, ба иллатҳое, ки ба зудӣ баён хоҳам кард, ҳамдигарро музоҳим дида, ба фикри ҳазфу нобудии якдигаранд.

Ҳол, чунин андеша, ки ҷомеа дар сояи ақидаи воҳид ҳолати истиқрор барои худ хоҳад гирифт ва аз ин рӯ бояд ба фикри ҳазфи дигарандешон шуд, аз куҷо барои фарҳехтаҳои ҷомеаи мо даст ёфтааст?

Ба назари нигоранда, фарҳехтаҳои мо тоҷикон, фоқиди як силсила хислатҳое мебошанд, ки инсон (ҳар инсоне), новобаста аз пайравии ӯ аз ин ё он идеоложие муайян, бояд ороста ва пойбанд ба он бошад. Агар мебинем ҷомеае, бо вуҷуди ихтилофи афродаш дар ноҳияи кешу ойин, бо ҳам дар фазое ором зиндагӣ мекунанд ва ҳеҷ мушкиле аз ин ҷиҳат миёни эшон дида намешавад, бад-ин хотир аст, ки ороста ва музайян ва пойбанд ба он хисоланд.

Ва аз қазо, ин хислатҳо умумибашариянд; яъне ҳар инсоне, чи диндору чи бедин, хубӣ ва писандида будани онҳоро дар худ меёбад. Асосан, лозимаи инсон будан, инсонӣ зистан ва тафовути ӯ аз соири ҷонварон, оростагӣ ва пойбандии вай ба ин хислатҳост. Дар ин ҷо сазовор аст ба ду хислат аз он хисол, ки ба назари нигоранда барҷастатарини он хисол ба шумор мераванд, ишора намоям:

1. Хирадварзӣ:

Хирадварзу оқил касест, ки барои ақида ва андешаи дигарон эҳтиром қоил аст, ҳарчанд ақидаи худро ҳақ ва дуруст бипиндорад. Вай ҳамвора ин эҳтимолро медиҳад, ки чи басо ӯ дар ақидааш ба хато рафтааст, на ин ки ҷуз худ ва андешаашро дуруст ва ёфтаҳои дигаронро ба сурати мутлақ нодуруст ангорад. Ҳол, агар касе дар ин фикр бошад, ки фақат андешаи ӯ дар ҷомеа ҳоким ва ақоиди дигарон бояд ҳазф гардад, дар воқеъ аз неъмати ақлу хирад бебаҳра аст; яъне оқил нест.

Оқил касест, ки пешрафти худро дар вуҷуди дигарандешон мебинад, на дар ҳазфу нобудии эшон, чун дар сурати вуҷуди андешаҳои мухталиф ва гӯш супурдан ба ишколи дигарон дар мавриди ақоиди ӯ, пай ба костиҳои ёфтаҳои худ бурда, он гоҳ дар садади бартараф кардани онҳо мебарояд. Аммо дар сурати холӣ будани майдон аз дигарандешон, чун танҳо хештанро ҳақ мепиндошт, ҳамвора дар як ҳолати ҷумуд ва шахшудагии фикрӣ боқӣ мемонад.

Яке дигар аз нишонаҳои инсони хирадманд ва оқил ин аст, ки ҳаргиз хештанро огоҳи мутлақ ва дигаронро сар то по ҷоҳилу нодон намедонад. Ҳол, ҳар он кас ки фикр мекунад танҳо ақидаи ӯ яккатози майдон ва андешаи дигарон аз матни ҷомеа рахт бандад, шояд чунин фикре дар ӯ ношӣ аз он бошад, ки вай худро огоҳ ва дигаронро нодон бидонад, ки ин худ нишонаи бехирадии ӯст.

Вижагии дигари оқил он аст, ки медонад ақида ва андеша, чизе нест, ки бо хостаи ӯ ва ё касоне дигар падид ва ё нобуд гардад; ба иборати дигар, ӯ медонад, ки ақида ва андешае муайян дар назди як инсон, бар асари ҳусули қаноат назди вай аз матлабе падид меояд, ва ҳеҷ нерӯе тавоноии аз байн бурдани он боварро аз замири ӯ надорад. Шояд аз тарси ину он, он чи дар замири худ дорад-ро ҳувайдо накунад, аммо заволпазир нест магар дар он сурат, ки қаноатҳояш тағйир ёбанд. Ба ҳамин хотир, оқил ҳаргиз дар садади ҳазфи дигарандешон намебарояд, ва агар чунин кунад, ҳикоят аз бехирадии ӯ дорад.

Қуръони Карим ҳам, он ҷо ки мефармояд: Ло икроҳа фид-дин; яъне дар дин иҷборе нест, манзураш ҷуз ин намебошад. Дар шаъни нузули ояти номбурда ривоят шудааст, ки марде аз ансор ду писараш ба кеши масеҳият мегароянд ва ӯ ҳарчанд талош бар бозгардондани эшон менамояд, аммо суде намебахшад, он гоҳ ҳузури гиромии ҳазрати Расули Акрам (с) мерасад ва эшонро аз ин ҷараён бохабар месозад. Ин ҷо будааст, ки ояти номбурда фуруд меояд.

Сиёсатмадори оқил ва бохирад ҳам касест, ки ҳаргиз ба думболи ҳазфи руқабо ва яккатозӣ намебошад. Чун медонад, ки вуҷуди руқабои сиёсӣ, худ барои вай неъмат аст, ки ҳар гоҳ ӯ лағжид, ин руқабои сиёсии ӯст, ки зуд лаб ба интиқод мекушоянд ва он гоҳ аст, ки пай ба маойиби худ бурда ва дар садади бартараф сохтани он маойиб мебарояд. Аммо агар ӯ яккатози майдон бошад, дар он сурат, ҳолате аз рукуду ҷумуд гиребонгири ӯ шуда ва оқибат чунон суқут хоҳад кард, ки дигар тавони ба по истодан барояш муяссар намешавад.

2. Эҳтиром ба каромати инсонӣ:

Ҳар инсоне, чи диндор бошад ё бедин, чи мусалмон бошад ё ғайри мусалмон, бад-ин иллат, ки инсон аст, каромат дорад: Ва лақод каррамно бани Одама; яъне Мо фарзандони Одамро каромат бахшидем. Имом Алӣ (к) он ҷо ки яке аз ёронашро ба унвони ҳоким дар яке аз манотиқи зери нуфузаш мефиристад, дастур медиҳад: "Меҳрубонӣ бо мардумро пӯшиши дили хеш қарор деҳ, ва бо ҳама дӯсту меҳрубон бош. Мабодо чун ҳайвони шикорӣ бошӣ, ки хӯрдани ононро ғанимат донӣ, зеро мардум ду дастаанд: дастае бародари динии ту ва дастаи дигар ҳамонанди ту дар офариниш мебошанд...

Пас, чун инсон каромат дорад, бояд барои ӯ ва ақоиду афкораш низ эҳтиром гузошт. Ҳазфу нобудии дигарандешон, дар воқеъ ба манзалаи адами эҳтиром ба онҳост. Ҳусули истиқрор дар ҷомеа аз ҷиҳати ақоиду афкор, на бо ҳазфу нобудии дигарандешон, балки баръакс, бо арҷ ниҳодан ва эҳтиром гузоштан ба афкору ақоиди онон аст.

Албатта, ин ба маънои он ҳам нест, ки агар ман ба унвони як фарди мусалмон, ки ақидаи худро ҳақ ва дуруст ва мутобиқ бо воқеъ ва ақидаи дигареро нодуруст медонам, бо ӯ худро даргир насозам. Ҳаргиз чунин нест. Ман андешаи ҳақро (ҳамон ки худ ҳақ медонам) барои ӯ арза ва нодурустии афкори вайро барояш бозгӯ менамоям. Аммо на бо ҳазфу нобудӣ ва ё даргирии физикӣ бо ӯ, балки бо роҳе, ки хирадписанд аст; ҳамон роҳе, ки Қуръони Карим низ бар он таъкид дорад: Удъу ило сабили раббика бил-ҳикмати вал-мавъизатил-ҳасанати ва ҷодилҳум бил-лати ҳия аҳсан; яъне Ба сӯи роҳи парвардигорат бо ҳикмат ва панди некӯ бихон, ва ба шевае, ки некӯтар аст ба ҷидол пардоз. Ва ҳамчунин, барои ӯ низ ин ҳақро медиҳам, ки он чиро, ки ҳақ медонад, бароям арза кунад ва нодурустии андешаи маро, агар онро нодуруст медонад, боз гӯяд.

Албатта хислатҳои дигаре низ ҳаст, ки мебоист ба онҳо ишора шавад, вале ба назар мерасад мақолаи мазбур дигар гунҷоиши ёдоварии ҳамаи онҳоро надорад, бояд дар як фурсате дигар онҳоро хотирнишон кунем.

Комёб бошед

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 526 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Сентябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz