Сешанбе, 16.04.2024, 17:42
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 16 » Насруллоҳ: “Шиа ва аҳли суннат алайҳи “Исроил” ва Амрико муттаҳид шаванд”
Насруллоҳ: “Шиа ва аҳли суннат алайҳи “Исроил” ва Амрико муттаҳид шаванд”
11:57

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: "Масъулияти нухбагон ва мутафаккирони ҷомеа аст, ки дар баробари тавтиаҳо ва тарҳҳои режими саҳюнистӣ ва Амрико барои эҷоди фитна ва тафриқа миёни шиа ва суннӣ истодагӣ кунанд”.

Ба гузориши хабаргузории Irna, вай, ки шомгоҳи чаҳоршанбе (15.12.2010) ба муносибати шаҳодати Имом Ҳусайн дар Бейрут пойтахти Лубнон суханронӣ мекард, гуфт: "Исроил ва Амрико танҳо ба масолеҳи хеш меандешанд. Он чи барои онон муҳим аст, тазъифи мусалмонон ва нобудии масеҳии шарқӣ аст”.

Насруллоҳ бо ишора ба муваффақияти ҷунбишҳои муқовимат дар Лубнон ва Фаластин афзуд: "Исроил ва Амрико вазъият ва шароитро мавриди мутолеа қарор доданд чунон ки ба тозагӣ Шоул Муфоз вазири роҳу таробарии режими саҳюнистӣ хитоб ба аъроби миёнарав гуфт, ки хатари воқеӣ шиа аст ва бояд алайҳи онон муттаҳид шавем. Дар ҳоле ки "Исроил” дар Фаластин машғули нобудии аҳли суннат аст, аммо бо бешармӣ чунин тарҳеро матраҳ мекунад ва аз ин манзар, лозим аст, ки шиа ва аҳли суннат алайҳи "Исроил” ва Амрико муттаҳид шаванд”.

Вай афзуд: "Дар натиҷаи таҳаввулоте, ки тайи 30 соли гузашта дар Эрон, Лубнон ва Фаластин рух дод, шароити ҷадиде ба вуҷуд омад, ки "Исроил” се гузина пеши рӯи худ дорад: аввал он ки ба ҳаллу фасли бӯҳрон ва гуфтугӯ тан диҳад, ва ин чизе аст, ки "Исроил” хоҳони он нест ва гуфтугӯҳои сулҳ барои "Исроил” танҳо ба унвони омиле барои вақткушӣ аст”.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ афзуд: "Гузинаи дуюм барои "Исроил” ҷанг аст, ки дар сурати ҷанг бо Эрон ва Лубнон ва ё Сурия мутмаин нест, ки аз он пирӯз берун ояд ва медонад, ки тазмине барои пирӯзӣ надорад. Ба ҳамин далел, бо эҷоди руъбу ваҳшат, ҷанги равонӣ ба роҳ андохтааст”.

Сайидҳасан Насруллоҳ афзуд: "Гузинаи сеюм барои "Исроил” ҳифзи вазъияти мавҷуд аст ва бо ин ҳадаф талош дорад то Сурия ва муқовиматро муҳосира ва ба таҳримҳои бештар алайҳи Эрон доман бизанад. Ин дар ҳолест, ки таҳримҳо алайҳи Эрон ва Сурия муваффақ набуда ва қатъномаи 1559-и Шӯрои Амният низ ба натиҷа нарасида ва акнун ҳадафи аслӣ эҷоди фитна ва тафриқа байни шиа ва суннӣ ва зарба задан ба масеҳиён дар Шарқ аст”.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ хитоб ба мардуми Лубнон гуфт: "Муқовимат ба тамринҳо ва афзоиши бештари омодагии худ идома дорад ва шумо метавонед ҳамон гуна ки дар гузашта ба муқовимат такя кардед, дар оянда низ такя кунед”.

Дигар чизе ба номи тарҳи эҷоди "Исроили Бузург” вуҷуд надорад

Сайидҳасан Насруллоҳ дар бахши дигаре аз суханронии худ гуфт: "Исроил дар вазъияти кунунӣ танҳо як идея аст ва дар натиҷаи муқовимат, пойдорӣ ва фидокории муқовимон чизе дигар ба номи тарҳи "Исроили Бузург” вуҷуд надорад ва исроилиҳо ва саҳюнистҳо исбот карданд, ки дар таҳаққуқи тарҳи "Исроили Бузург” нотавон буданд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ бо ишора ба ҷунбиши муқовимати мардуми Фаластин ва оғози муқовимат дар Лубнон ва сипас пирӯзии муқовимати исломии Лубнон дар соли 2000 ва хуруҷи залилонаи "Исроил” аз ҷануби Лубнон ва шикасти соли 2006 дар Ғазза афзуд: "Ба ин тартиб охирин мехҳо ба наъши тарҳи "Исроили Бузург” зада шуд ва барои ҳамеша поён ёфт”.

Вай афзуд: "Чеҳраи "Исроил”, ки барои минтақа тарснок буд, акнун дигар кӯдакон низ аз он наметарсанд ва ҳарос надоранд ва "Исроил” дигар қодир ба таҳмили шурут ва ҳатто эъломи ҷанг низ намебошад. Албатта ин бад-он маъно нест, ки "Исроил” дар ҳадде заиф ва нотавон шудааст, ки метавон онро нобуд кард, "Исроил” ҳанӯз бархе аз авомили қудратро дорост”.

Сайидҳасан Насруллоҳ хотирнишон кард: "Хатари "Исроил” дар сиёсат ва талошҳои режими саҳюнистӣ барои яҳудисозии Қудс, аз ҷумлаи таҳдидҳоест, ки аъроби сокини сарзаминҳои ишғолии 1948 бо он мувоҷеҳанд ва таҷзия ва балъидани Каронаи Бохтарӣ идома дорад”.

Вай тарҳи ҷойгузинии "Исроил” ба ҷои Фаластини торихиро як воқеият донист ва гуфт: "Исроил ба ин тариқ барои тасбити ҳувият ва тақвияти буняи низомии худ мекӯшад чунон ки ба тозагӣ таҷҳизоти ҷосусии он дар Лубнон низ кашф ва шиносоӣ шуд”.

Кимиёи саодат

Бахш: Ваҳдати исломӣ | Просмотров: 863 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz