Шанбе, 20.04.2024, 11:53
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Август » 20 » Моҳи дуову ниёиш
Моҳи дуову ниёиш
22:53

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Беҳтарин амал дар моҳи мубораки Рамазон, дуову ниёиш ба даргоҳи Худованди Мутаол аст. Ин моҳ некӯтарин фурсат барои банда аст то даст ба сӯи офаридгори маннон биёзад ва аз ӯ таоло талаби мағфират ва омурзиши гуноҳон намояд. Дар ин мақол, сазовор дидам то перомуни дуо суханоне чанд аз забони мубораки ҳазрати Расули Акрам (с) нақл намоям.

Он ҳазрат (с) мефармояд: "Дуо ибодат аст”.[1]

Ҳам ӯ мефармояд: "Назди Худованд чизе гиромитар аз дуо нест”.[2]

Боз мефармояд: "Ҳамаи корҳои нек нисфи ибодат аст, ва дуо (ба танҳоӣ) нисфи дигари он аст. Ҳар гоҳ Худованд дар бораи бандае некӣ ирода намояд, қалбашро ба дуо мутамойил месозад”.[3]

Ҷанобаш (с) мефармояд: "Худованд бар худ лозим кардааст, ки дуои се нафарро рад накунад: рӯзадор то замоне ки ифтор кунад, ситамдида то замоне ки ёрӣ шавад ва мусофир то замоне ки бозгардад”.[4]

Беҳтарин дуо:

Ҷанобаш (с) мефармояд: "Беҳтарин зуҳд ва порсоӣ он аст, ки дили ту ба он чи дорӣ ором гирад, ва беҳтарин хостаи ту аз Худои Таоло бояд офият ва саломатӣ дар дину дунё бошад”.[5]

Он ҳазрат (с) мефармояд: "Дуои пинҳонӣ баробар бо ҳафтод дуои ошкор аст”.[6]

Некӯтарин замон барои дуо:

Расули Акрам (с) мефармояд: "Нимаи шаб дарҳои осмон гушуда мешавад ва нидодиҳандае нидо медиҳад: оё дуокунандае ҳаст то дуояш мустаҷоб шавад? Оё дархосткунандае ҳаст то ба ӯ ато шавад? Оё гирифторе ҳаст то гушоише барояш бишавад? Дар ин ҳангом, ҳар мусалмоне чизе бихоҳад, ҳоҷаташ бароварда шавад магар зани зинокоре, ки бо номуси худ касб кунад ё молиётгирандае (ки бо ситам моли мардумро бигирад)”.[7]

Дар ривояте дигар мефармояд: "Дар чаҳор мавқеъ дарҳои осмон гушуда ва дуоҳо мустаҷоб мегардад: ҳангоми пайвастагии саффҳои муҷоҳидони роҳи Худо, ҳангоми нузули борон, ҳангоми намоз ва ҳангоми дидани Каъба”.[8]

Шароити пазириши дуо:

Расули Акрам (с) мефармояд: "Худоро бихонед дар ҳоле ки имон ба иҷобаташ доред, ва бидонед, ки Худованд дуоеро, ки аз дили ғофили фаромӯшкор бархезад намепазирад”.[9]

Ҳам ӯ мефармояд: "Ҳангоми риққат ва нармии дил дуоро ғанимат шуморед, зеро риққати қалб мояи раҳмат аст”.[10]

Порае аз дуоҳои ҳазрати Расули Акрам (с):

"Худоё! Чунонам қарор бидеҳ, ки аз ту чунон битарсам, ки гӯё туро мебинам ва ба василаи тақвоят саодатмандам кун ва ба нофармоният бадбахтам накун ва қазоятро бароям хайр ва қадари худро бароям муборак гардон то ин ки тақдими он чи бароям муаххар кардӣ ва таъхири он чи бароям муқаддам доштӣ-ро дӯст надошта бошам, ва бениёзии маро дар руҳам қарор бидеҳ![11]

"Худоё! Маро аз ҷумлаи касоне қарор бидеҳ, ки вақте некӣ кунанд, хушҳол мешаванд, ва он гоҳ ки бадӣ кунанд, омурзиш металабанд![12]

"Худоё! Миёни моро ислоҳ кун ва дилҳоямонро ба ҳамдигар меҳрубон гардон ва моро ба роҳҳои амну ором ҳидоят фармо ва аз торикиҳо ба сӯи рӯшноӣ раҳоӣ бахш ва аз зиштиҳои ошкору ниҳон дур соз! Худоё! Гӯшҳо, чашмҳо, дилҳо, занҳо ва фарзандони моро муборак гардон ва тавбаи моро бипазир, ки ҳар ойина ту тавбапазиру меҳрубонӣ![13]

Комёб бошед

Кимиёи саодат


[1] Сунани Абӯдовуд: 1/333/1479.

[2] Сунани Ибни Моҷа: 2/1258/3829.

[3] Канзул-уммол: 2/65/3137.

[4] Канзул-уммол: 2/99/3319.

[5] Ал-ҷомеус-сағир: 1/161.

[6] Кофӣ: 2/476/1.

[7] Ал-муъҷамул-кабир: 9/59/7391.

[8] Ас-сунанул-кубро: 3/360.

[9] Сунани Тирмизӣ: 5/179/3545.

[10] Канзул-уммол: 2/102/3341.

[11] Ал-муъҷамул-авсат: 6/121/5982.

[12] Сунани Ибни Моҷа: 2/200/3820.

[13] Ал-муъҷамул-кабир: 10/191/10426.

Бахш: Дуо ва муноҷот | Просмотров: 1048 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Август 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz