Ҷумъа, 19.04.2024, 02:44
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Март » 25 » Мавлавӣ Абдулҳамид: “Сарони кишварҳои Ховари Миёна ба ҷои саркӯб ба ҳарфи миллатҳо гӯш диҳанд”
Мавлавӣ Абдулҳамид: “Сарони кишварҳои Ховари Миёна ба ҷои саркӯб ба ҳарфи миллатҳо гӯш диҳанд”
01:20

Имом хатиби яке аз масоҷиди аҳли суннати Эрон, бо таъкид бар ин ки бархӯрди хашини ҳукуматҳо бо мӯътаризон ва қиёмҳои мардумӣ аз назари мо маҳкум аст, тасреҳ кард: "Тавсияи мо ба сарони кишварҳои Ховари Миёна ин аст, ки ба ҷои саркӯби миллатҳо, ба ҳарфҳо ва мутолиботи онон гӯш диҳанд.”

Ба гузориши Taghribnews, Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ, уз уламои барҷастаи аҳли суннат ва имом хатиби масҷиди Маккии Зоҳидони Эрон, дар хутбаҳои намози ҷумъаи ҳафтаи гузашта изҳор дошт: "Ҳаракатҳои мардумӣ дар Ховари Миёна, ношӣ аз бетаваҷҷӯҳии сарони бархе аз кишварҳо ба хост ва мутолиботи миллатҳояшон аст.”

Вай афзуд: "Истибдоди ҳокимон дар Либӣ, Миср, Яман ва Баҳрайн мӯҷиби қиёми миллатҳо шудааст ва иштибоҳи сарони ин кишварҳо низ дар ин нукта аст, ки ба ҷои Худо, ба истикбор ва Ғарб вобаста шудаанд.”

Мавлавӣ Абдулҳамид идома дод: "Бархӯрди хашини ҳукуматҳо бо мӯътаризон ва қиёмҳои мардумӣ аз назари мо маҳкум аст ва тавсияи мо ба сарони кишварҳои Ховари Миёна ин аст, ки ба ҷои саркӯби миллатҳо, ба ҳарфҳо ва мутолиботи онон гӯш диҳанд.”

Вай идома дод: "Дахолати бархе кишварҳо дар умури Баҳрайн низ кори иштибоҳ аст ва ҳеч ҳукумате ҳақ надорад дар умури миллатҳои дигар дахолат кунад.”

Хатиби ҷумъаи Зоҳидон изҳор дошт: "Мо ба ҳамон андоза, ки барои миллати шиъаи Баҳрайн ҳаққи интихоби сарнавишт ва озодиро мӯҳтарам мешуморем, аз давлатҳои шиъаи минтақа ва бародарони шиъаи худ мехоҳем, ки ба ҳуқуқи аҳли суннат эҳтиром бигузоранд ва озодии мазҳабии аҳли суннатро ҳифз кунанд.”

Мавлавӣ Абдулҳамид идома дод: "Мо худро эронӣ медонем ва Эрон мутааллиқ ба мост ва ба ҳамин далел, иҷозаи дахолати ҳеч ҳукуматеро дар умури дохилии кишвар намедиҳем ва ҳамвора низ аз тамомияти арзии кишварамон дифоъ кардаем.”

Вай бо ишора ба лузуми таваҷҷӯҳ ба ҳаққуннос низ хотирнишон кард: "Ҳар зулму ситаме, ки дар ҳаққи мазлум ворид шавад, посухе ба ҳамон мизон аз сӯи Худо ба шахси золим дода хоҳад шуд ва ин тавр нест, ки ҳаққи мазлум поймол шавад.”

Ин олими барҷастаи аҳли суннати Эрон ҳамчунин бо ишора ба зилзилаи маҳиб дар Жопун, аз умуми намозгузорон хост барои наҷоти миллати Жопун ва нузули раҳмату ҳидояти илоҳӣ бар онон дуо кунанд.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 577 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Март 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz