Панҷшанбе, 25.04.2024, 03:08
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 26 » Мавлавӣ Абдулҳамид: “Хунрезӣ дар ҳар шакл ва ба ҳар баҳонае, маҳкум аст”
Мавлавӣ Абдулҳамид: “Хунрезӣ дар ҳар шакл ва ба ҳар баҳонае, маҳкум аст”
02:18

Ба гузориши хабаргузории Тақриб, Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзеҳӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи масҷиди Маккии аҳли суннати Зоҳидони Эрон бо ишора ба ҳодисаи ахири Чобаҳор, ки бар асари он теъдоде аз мусалмонони шиа ва суннӣ ба даст террористҳои нобакор шаҳид ва захмӣ шуданд, изҳор дошт: "Ман ба ҷуръат мегӯям, ба ҳамон андоза, ки бародарони шиаи мо аз ин навъ ҳаводис нигаронӣ доранд, аҳли суннати балуҷ ҳам ба ҳамон мизон нигарон ҳастанд”.

Вай афзуд: "Ҳеҷ кас ноамнӣ ва тафриқаро дӯст намедорад ва ҳамаи мо, чӣ шиа ва аҳли суннат дар Сиистону Балуҷистон хоҳони ваҳдат ва амният ҳастем”.

Хатиби ҷумъаи масҷиди Маккӣ идома дод: "Хунрезӣ дар ҳар шакл ва ба ҳар баҳонае ҳам, ки бошад, аз назари мо маҳкум аст ва ҳеҷ тавҷеҳе надорад. Рехтани хуни як инсони бегуноҳ назди Худованд гуноҳи бисёр бузург ва нобахшиданӣ аст ва илова бар ин, сабаби эҷоди кинаву адовати байни афрод мешавад”.

Мавлавӣ Абдулҳамид бо гилоя аз бархе аз изҳори назарҳо афзуд: "Худо медонад ҳавзаҳои илмия ва мадориси динии аҳли суннат ҳамвора бар масири тақриб будаанд ва аз ин иттиҳомот мубарро ҳастанд”.

Вай изҳор дошт: "Мо аз масъулон дилсӯзона тақозо дорем барои ҳалли мушкилот ва ноамниҳо дар Сиистону Балуҷистон тадбире биандешанд, зеро эътиқоди мо бар ин аст, ки ин мушкилот бо тадбир қобили ҳал аст”.

Мавлави Абдулҳамид идома дод: "Уламо, донишгҳиён ва ҳамаи ақшори мухталифи аҳли суннат дар ин роҳ омодаи ҳамкорӣ ҳастанд ва агар тадбире ба зеҳнашон бирасад ва аз дасташон барояд, аз он дареғ нахоҳанд кард, аммо ин интизор ҳам аз масъулон меравад, ки фазои ҳамандешӣ ва истифода аз назароти онҳоро фароҳам созанд”.

Мавлавӣ Абдулҳамид афзуд: "Ҳама бояд бидонанд, ки сиаи садр ва вусъати назар ва дурандешӣ дар канори ҳам қарор гиранд ва барои ҳалли мӯъзали ноамнӣ дар устони Сиистону Балуҷистон, ки зеҳни ҳамаи мардумро нигарон сохтааст, тадбири муносибе биандешанд”.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 501 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz