Чоршанбе, 24.04.2024, 10:16
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 11 » Мавлавӣ Абдулҳамид: “Хуни Ҳусайн дини Худо ва Расул (с)-ро эҳё кард”
Мавлавӣ Абдулҳамид: “Хуни Ҳусайн дини Худо ва Расул (с)-ро эҳё кард”
22:50

Имом ҷумъаи масҷиди Маккии Аҳли суннати Зоҳидони Эрон гуфт: "Имом Ҳусайн дар роҳи эҳқоқи ҳақ, иҷрои адолат ва эҳёи шариати ҷаддаш Сайидул-мурсалин (с) қиём кард ва дар роҳи адолатхоҳӣ ва ҳақталабӣ ба шаҳодат расид”.

Ба гузориши хабаргузории Тақриб, Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ дар хутбаҳои ҷумъаи ин ҳафтаи масҷиди Маккии Зоҳидони Эрон изҳор дошт: "Қиёми Имом Ҳусайн ба хотири дунё ва манофеи рӯзгузари он набуд, зеро шаъни эшон бартар аз ин буд, ки ба хотири риёсату мақоми дунё худро ба куштан диҳад”.

Вай афзуд: "Имом Ҳусайн фарзанди халафи сарварамон Алӣ аст, ки дар ҳангоми пазириши хилофат фармуд: "Агар иҷрои адолат ва ситодани ҳаққи мазлум аз золим набуд, ҳаргиз тан ба хилофат намедодам”, ва Ҳусайн ҳамчун падару модари бузургвораш тарбиятёфтаи хонадони нубувват буд”.

Хатиби ҷумъаи Аҳли суннати Зоҳидон афзуд: "Ҳасану Ҳусайн тибқи фармоиши Сайидул-мурсалин (с), сарварони аҳли биҳишт ва райҳонаву атри биҳишт ва фарзанди Алӣ шери Худо ва Фотима хотуни ҷаннат ҳастанд”.

Вай идома дод: "Имом Ҳусайн бо мушоҳидаи фасод ва белиёқатии Язид эҳсос карданд, сукут дар муқобили зулми Язид ҷоиз нест ва ба ҳамин далел бо даъвати мардуми Куфа мабнӣ бар байъат бо эшон дар айёми ҳаҷ, сафар ба Куфаро бар анҷоми фаризаи ҳаҷ тарҷеҳ доданд ва озими Куфа шуданд”.

Мавлавӣ Абдулҳамид афзуд: "Замоне ки Язид ва атрофиёнаш мутаваҷҷеҳи ҳаракати Имом Ҳусайн шуданд, тамоми тавони худро бар рӯи мардуми Куфа мутамаркиз карданд ва дар ниҳоят мардуми мусалмоннамо ва динфурӯши Куфа низ, ки ибтидо бо Имом Ҳусайн байъат карда буданд, байъатшиканӣ карда ва дар муқобили эшон ва ёронаш саф бастанд”.

Вай идома дод: "Имом Ҳусайн барои ҷанг лашкаре ҳамроҳи худаш наёварда буд ва ба ҳамин далел пас аз байъатшикании куфиён қасди муроҷиат ба Маккаро дошт, аммо язидиёни аҳдшикан роҳро бар Имом бастанд ва аз эшон хостанд тан ба асорат ба Язид диҳад”.

Имом ҷумъаи масҷиди Маккии Зоҳидони Эрон идома дод: "Имом Ҳусайн, ки тарбиятёфтаи хонадони нубувват ва Аҳли Байти ҳазрати Расул (с) буд, дар муқобили ин дархост, фармуд: "Ҳайҳот минназ зилла! ва шаҳодати боиззатро бар асорати зиллатбор тарҷеҳ дод”.

Мавлавӣ Исмоилзиҳӣ бо ишора ба ҳақталабӣ ва адолатхоҳии Имом Ҳусайн афзуд: "Муҳаббати Ҳусайн ва соири Аҳли Байти Паёмбар (с), ҷузъи имон ва эътиқодоти Аҳли суннат аст ва шиаву суннӣ ба хонадони нубувват иродат ва муҳаббат доранд, аммо иддаои танҳо кофӣ нест, балки амал ба кирдору сираи поки он бузургворон аст, ки инсонро ба саодати воқеӣ мерасонад”.

Вай Имом Ҳусайнро намуна ва улгуи адолатхоҳӣ ва ҳақталабӣ донист ва афзуд: "Хуни Ҳусайн дини Худо ва Расул (с)-ро эҳё кард ва фарёди озодихоҳии ӯ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад”.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 593 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz