Ҷумъа, 19.04.2024, 06:42
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 28 » Мавҷи тазоҳуроти “Хашм” саросари Мисрро фаро гирифт
Мавҷи тазоҳуроти “Хашм” саросари Мисрро фаро гирифт
17:49

Тазоҳуроти густардаи мардуми Миср дар рӯзи "Хашм” бо вуҷуди истиқрори густардаи нерӯҳои зидди шӯриш бо ҳадафи сарнагунии режими Ҳусни Муборак дар саросари ин кишвар оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузориҳо, мардум ва ақшори мухталифи ҷомеаи Миср ба вижа ҷавонони мисрӣ баъд аз поёни намози ҷумъа дар масоҷиди ин кишвар бо сар додани шиорҳое алайҳи ҳукумати Ҳусни Муборак хоҳони канорагирии ӯ аз қудрат ва барқарории озодӣ ва демукросии воқеӣ дар кишварашон шудаанд.

Ин тазоҳурот ҳамакнун дар манотиқи мухталифи Миср дар ҳоли баргузорӣ аст ва нерӯҳои зидди шӯриш ба таври густарда бо мардум бо шаллики гулӯла ва гози ашковар ва мошинҳои обпош даргир шудаанд.

Дар тазоҳуроти имрӯз (28.01.2011) шахсиятҳо, гурӯҳҳо ва аҳзоби мухталифи Миср ба вижа гурӯҳи Ихвонул-муслимин ширкат доранд. Нозирони сиёсӣ тазоҳуроти имрӯзро барои таъйини сарнавишти Муборак таъйинкунанда медонанд.

Албародаӣ: "Давлати Муборак охирин нафасҳои худро мекашад”

Мудири кулли собиқи Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ ва аз мухолифони сарсахти режими Муборак, ба ҳукумати вай ҳушдор дод, ки дар ҳоли кашидани нафасҳои охир аст.

Вай дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо рӯзномаи Гордиан тасреҳ кард: "Ман паёмеро ба Гордиан ва тамоми дунё мефиристам мабнӣ бар ин ки Миср ба василаи режиме, ки нафасҳои охирро мекашад, мунзавӣ шудааст”.

Пулис Миср ба саффи тазоҳуркунандагони мисрӣ пайваст

Шабакаи Аларабия аз тамарруди теъдоде аз нерӯҳои пулис аз дастури режими ҳоким ва пайвастани онҳо ба суфуфи мардуми мӯътариз ба режими Ҳусни Муборак хабар дод.

Шабакаи Алҷазира низ эълом кард, ки дар Искандария, нерӯҳои амниятии Миср аз дастури истифода аз гозҳои ашковар алайҳи мардуми хашмгин тамарруд карданд. Бо ин вуҷуд, бархе аз нерӯҳои амниятӣ аз гузинаи хушунат алайҳи тазоҳуркунандагон истифода мекунанд.

Ҳамчунин, Алҷазира гузориш дод, ки нерӯҳои амниятии Миср аз майдони Таҳрир (Озодӣ) дар маркази Қоҳира ақабнишинӣ кардаанд.

Миср пахши шабакаи Алҷазираро мутаваққиф кард

Дар пайи инъикоси дақиқ ва лаҳза ба лаҳзаи хашми умумии мардуми Миср дар шабакаи Алҷазира, давлати Миср пахши ин шабака аз тариқи Нилсотро ба куллӣ қатъ кард.

Тасовире аз тазоҳуроти мардуми Миср дар рӯзи "Хашм”

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 468 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz