Панҷшанбе, 28.03.2024, 21:07
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Январ » 23 » Коре накунем, ки баъд пушаймон шавем
Коре накунем, ки баъд пушаймон шавем
20:04
Сайидюнуси Истаравшанӣ

Оё метавон бо зиндону эъмоли фишору аз ин қабил амалкардҳои хушунатомез, ҷилави ақида ва андешаеро гирифт; ҳар андешае, ки бошад, чи писандида ва чи нописанд?

Дар посух ба ин пурсиш, ниёзе нест баҳси назарӣ кунем, нигоҳе гузаро ба таърих худ кофист посухамонро дарёбем. Ҷомеаҳое буданд, ки соҳибони қудрат барои ҷилавгирӣ аз нуфуз ва густариши андешае, он гоҳ ки пиндоштанд "хатарнок” аст, ба васоили зӯру фишор даст ёзиданд ва ба қалъу қамъи асҳоби он андеша пардохтанд, аммо натиҷа, дуруст акси он шуд, ки интизорашро доштанд.

Натиҷаи зӯру фишори калисои католик бар донишмандоне чун Галилей, Бруно ва Коперник, ки дар он рӯзгор андешаҳое матраҳ мекарданд, ки аз назари калисо "куфр”, "илҳод” ва "гумроҳӣ” қаламдод мешуд, ба ҳадде ки бархе аз ин донишмандон зинда ба оташ кашида шуданд, чӣ шуд? Оё калисо ба ҳадафи худ ноил шуд, ки ҳамоно нобудии он андеша аст, ва ё баръакс, бар нуфузу густариши андешаҳои ин донишмандон дар ҷомеа афзуда шуд то ба ҷое ки чанд даҳаи дигар калисо ба инзиво рафта, куллан рахт бар баст? Албатта, намунаи мазкур марбут ба андешаест, ки дуруст буд.

Аммо ҷомеаҳоеро ҳам мешиносем, ки дар он, дар баробари афкор ва ақоиди воқеан ғалат, ба айни ҳамин равиш даст ёзиданд ба ин умед, ки аз байн бибаранд, вале мутаассифона, ҳар чи бештар фишор бар асҳоби он ақоид ворид мекарданд ва ҳар чи зиёдтар ба қалъу қамъи ҳаводоронаш мепардохтанд, бар устувории соҳибони он ақоид ва бар теъдоди пайравонаш афзуда мешуд.

Бархе аз соҳибназарон бар онанд, ки агар асҳоби қудрат дар Русияи подшоҳӣ барои ҷилавгирӣ аз нуфузу густариши андешаи марксистӣ ва марксистҳо дар ҷомеаи он рӯзи Русия, мутавассил ба зӯр намешуданд ва ба қалъу қамъи коммунистҳо даст намеёзиданд, чи басо инқилобе рух намедод.

Бигзарем... Ахиран дар Тоҷикистон, теъдоде аз салафиҳо ва пеш аз он, шуморе аз пайравони Ҷамоати таблиғ, корашон ба додгоҳ кашида шуд ва ба ҷурми "фаъолиятҳои ғайри қонунӣ” ва ба иттиҳоми "барангехтани адовати диниву нажодӣ”, равонаи зиндон шуданд.

Камина қонундон нестам ва аз назари қонунӣ (манзурам, қонуни ҷазоии Тоҷикистон), намедонам, ки оё он чи ин афрод муртакиб шуданд, воқеан аъмоле будаааст, ки таҳдидкунандаи амнияти ҷомеа қаламдод бишавад ё чунин нест? Намедонам.

Аммо бардоштам ин аст, ки давлатмадорон бо ин кор, мехоҳанд ҷилави нуфузи ин ҷараёнро бигиранд. Ин бардошти шахсии роқими сутур аст.

Агар чунин аст, қатъан, роҳи пешгирифта, роҳи дурусте нест ва чи басо, боиси афзоиши нуфуз ва густариши чунин ақоиде дар ҷомеа гардад.

Роҳи ҳал

Ҳақиқат ин аст, ки фикр, андеша, ақида ва куллан идеоложӣ, аз падидаҳое нест, ки битавон бо зӯру қалъу қамъу аз ин даст корҳо аз нуфузаш кост. Агар андешаи муайяне, "нописанд”, "хатарнок” ва "таҳдидкунанда”-и амнияти ҷомеа ташхис дода шавад, танҳо василаи ҷилавгирӣ аз нуфузу густариши он, боз худи андеша аст.

Паноҳ бурдан ба зӯр барои аз байн бурдани андешае, нохудогоҳ эътирофи зимнӣ ба "дурустӣ”-и он андеша аст, вагарна, дар сурати исботи илмии "нодурустӣ”-и он ва тарҳу иҷрои барномаҳое, ки пуркунандаи халаъе бошад, ки андешаи "нодуруст” муваққатан он халаъро пур кардааст, дигар навбат ба эъмоли зӯр намерасад. Тавассул ба зӯр дар баробари андеша, кори одами оҷизу нотавон аст.

Пас, роҳи саҳеҳи пешгирӣ аз нуфузу густариши бархе аз ҷараёнҳое, ки имрӯз дар ҷомеаи мо "хатарнок” қаламдод мешаванд, ду чиз будааст: яке, исботи илмии "нодурустӣ”-и он, ва дигар, тарҳу иҷрои барномаҳое, ки пуркунандаи халаъе, ки мавриди суистифодаи он ҷараёнот қарор гирифтааст бошад.

Барои амалӣ шудани ин ду барнома, чанд роҳ пешниҳод мешавад:

1. Дахолати давлат ба умури динӣ, ё бояд аз байн бардошта шавад ва ё ба ҳадди ақал бирасад:

Яъне давлати мӯҳтарами мо бояд амалан пойбанд ба қонуни "ҷудоии дин аз давлат” бошад. Дахолати давлат ба умури динӣ аз қабили: азлу насби имом-хатибҳои масоҷид ва ин ки чӣ касе имом бошад ва чӣ касе набошад, ин масҷид баста шавад ва он дигарӣ боз бошад, ва ё таъйини меъёрҳои мушаххасе аз сӯйи давлат барои имом-хатиб ё мударриси улуми динӣ шудан ва ғайра... ё бояд куллан аз миён бардошта шавад, ва ё лоақал ба ҳадди ақал бирасад.

Ҳоло, ин тарҳ, чӣ рабте ба масъалаи мавриди назар дорад? Алоқааш ин ҷост, ки дар сурати дахолати беш аз ҳадди давлат дар умури динӣ, хоҳ нохоҳ, масоҷиду мадорис ва руҳонияту муллоҳо, ба ду дастаи "ҳукуматӣ” ва "ғайри ҳукуматӣ” тақсим хоҳанд шуд, ва чун, мардумони динмадор, хусусан ҷавонон, аз дин ва руҳонияте, ки "вобаста” бошанд, хушашон намеояд ва ӯро "мухлис” намедонанд, табиатан ба суроғи касоне хоҳанд рафт, ки аз давлату савлат ба дур ҳастанд. (Ин қоида, чи мо бихоҳем ва чи нахоҳем, як қоидаи мутаораф ва пазируфташуда дар ҳар ҷомеаест. Касе ки қабул надорад ва бихоҳад як чунин қоидаеро тағйир бидиҳад, ба коре даст ёзида, ки имконпазир нест).

Ин ҷост, ки агар он тараф дорандаи афкору ақоиди "нодуруст”, "хатарнок” ва "ғалат” бошад, беҳтарин фурсатеро ёфта, ки ба аҳдофаш бирасад.

Аз ин рӯ, ба нафъи давлат ва ҷомеа аст, ки умури динӣ ба дасти руҳоният, ва он ҳам руҳонияти босавод, мардумӣ ва дорои нуфуз дар миёни ҷомеа, супурда шавад ва давлат ҳам ба навбати худ, ба корҳои эшон дахолат накунад. Ҳеҷ ҷои нигаронӣ аз ин ҷиҳат ҳам нахоҳад буд, ки мабодо руҳоният аз мавқеи худ суистифода кунанд ва коре бар зарари давлат ва ҷомеа анҷом бидиҳанд. Ҳаргиз чунин нахоҳад шуд, чун руҳонияти инчунинӣ, аз он ҷо ки босавод ва мардумӣ ҳастанд, ҳаргиз ба коре даст нахоҳанд ёзид, ки бар зарари ҷомеа поён ёбад. Шояд аз давлат ва сиёсатҳои вай, дар сурати нодуруст будан, гаҳ-гоҳе интиқод ба амал оваранд, ин як кори табиист, ва ба нафъи давлат хоҳад буд. Қарор ҳам бар ин нест, ки руҳоният суммун букм бошанд, вагарна, руҳонияти мардумӣ нестанд.

2. Ислоҳи муассисоти расмии динӣ:

Чораи дигар, ин иқдоми ҷиддӣ дар ҷиҳати ислоҳи муассисоти расмии динӣ аст, ба гунае ки ин муассисот битавонанд ниёзҳои динии ҷомеаро, хусусан ҷавононро бароварда созанд. Агар дар раъси ин муассисот, одамони босавод, огоҳ ба ақоиду андешаҳои исломӣ, таҳсилкарда ва аз ҳама муҳим дилсӯз қарор дошта бошанд, қатъан худашон тавоноии муқобила бо ҳар гуна ҷараёни навзуҳури диниро хоҳанд дошт ва ниёзе ба эъмоли зӯр аз ҷониби давлат нахоҳад буд. Ва Худоро шукр, Тоҷикистони мо аз руҳониёни босавод, таҳсилкарда ва дилсӯз холӣ нест. Ин ҷо ниёзе нест ном бубарам, барои мардум ошно ҳастанд. Собиқан, Идораи динии Тоҷикистон, бо он ихтиёроте, ки дошт, ин корро некӯ анҷом медод;

3. Иҷозаи фаъолият барои созмонҳо ва ҷамъиятҳои динии ғайри давлатӣ:

Чораи сеюм, ва аз ҳама муҳим, ин додани иҷозаи расмӣ барои фаъолият ба созмонҳо ва ҷамъиятҳои динии ғайри давлатӣ аст, ба шарти тааҳҳуду пойбандии ин созмонҳо ба қонуни асосӣ ва муқаррароти ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Давлат набояд аз фаъолияти созмонҳои динӣ, модоме ки дар чорчӯбаи қонун фаъолият кунанд, ҳаросе дошта бошад. Бигузор ҷавононе, ки хештанро пойбанд ба ислому шариат медонанд ва мехоҳанд саҳме дар пешравии исломи азиз дошта бошанд, дар чорчӯбаи қонун хостаҳои худро бароварда созанд.

Нуктае, ки хеле боаҳамият аст ва барои бисёре аз сиёсатмадорон ва ҳатто бархе аз коршиносони умури динӣ мавриди ғафлат қарор гирифтааст, ин аст, ки дини ислом, ду бол дорад: имон ва амал. Мусалмони ҳақиқӣ, вафодорӣ ва пойбандии худ ба шариати ислом ва куллан мусалмонии хешро танҳо ба имони холӣ аз амал хулоса накардааст. Ӯ, то модоме ки дар роҳи ислом амале аз худ нишон надиҳад, хештанро гӯи мусалмон намеҳисобад, ором намешинад, мехоҳад коре кунад...

Амал ҳам, аз назари як мусалмони воқеӣ, танҳо намоз гузоридану рӯза гирифтану ҳаҷ анҷом додан нест, балки болотар аз ин, некӯтарин амал дар баробари исломро ҷиҳод дар роҳи Худо медонад. Албатта, ҷиҳод дар роҳи Худо (ки мутассифона, ин вожа, ба хотири амалкарди бади бархе аз мусалмонони бехирад, ба як вожаи хашин ва нописанде мубаддал гардидааст) танҳо бизану бикуш нест. Ҷиҳод, яъне кӯшишу талош дар роҳи ислом; ҳар кӯшише, чи фарҳангӣ, чи илмӣ, чӣ молӣ, ва дар ҷои худаш, чи ҷонӣ.

Ҳоло, ҷавони бонашоте, ки мехоҳад дар роҳи ислом ҷиҳод кунад, ва ба иборате, хидмат кунад, бигузор дар чорчӯбаи қонун ҳаракат кунад. Чаро монеаш шавем? Агар монеаш шавем, бихоҳем ё нахоҳем, ба доми аҳмақоне, ки аз ислом ҷуз номашро намешисанд хоҳад афтод, ва он гоҳ, "ҷиҳод” хоҳад намуд, ва чӣ ҷиҳоде, ки ҷасадаш ё дар Вазиристони Покистон пайдо хоҳад шуд ва ё дар Ироқ, ва ё аз рӯи ночорӣ хештанро ба куштан хоҳад супурд.

Агар барои ҳамин ҷавонони бонашот, ки воқеан ҷуз ихлос аз эшон намеборад, заминаи фаъолияти озод ва дар чорчӯбаи қонун фароҳам гардад, ва битавонанд ба роҳатӣ ба фаъолиятҳои динии худ бипардозанд: муассисоти хайрия таъсис кунанд, маҷолиси суханронӣ роҳ андозанд, ба таблиғу тарвиҷи ойини ислом (дар чорчӯбаи қонун) машғул шаванд, мусобиқот ва озмунҳои қуръонӣ, ҳадисӣ, илмӣ ва ғайра баргузор кунанд, барои худ расона, чи самъӣ ва чи басарӣ ва чи интернетӣ роҳандозӣ намоянд ва ғайра... оё касе аз эшон ҳозир хоҳад буд даст ба аъмоли "зери заминӣ” ёзида ва нохудогоҳ ба доми ину он шайёд биафтад?

Роҳи чора ин аст, на фишору қалъу қамъу зиндон...

Комёб бошед

http://kemyaesaadat.com/

Бахш: Ислом ва сиёсат | Просмотров: 838 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz