Панҷшанбе, 25.04.2024, 13:50
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Июл » 5 » Имрӯз, ҷаҳони ислом касеро аз даст дод, ки беш аз ҳар замони дигар ба ӯ ниёз дошт...
Имрӯз, ҷаҳони ислом касеро аз даст дод, ки беш аз ҳар замони дигар ба ӯ ниёз дошт...
22:18

Номаи Сайидюнуси Истаравшанӣ ва ҷамъе дигар аз шогирдони марҳум Оятуллоҳ Фазлуллоҳ, ба Сайид Алии Фазлуллоҳ, фарзанди барӯманди марҳум, ба муносибати даргузашти он донишманди барҷаста

Ба номи Худои Бахшояндаи Меҳрубон

Мо азони Худойем ва ба сӯйи Ӯ бозмегардем

Бародари азизу арҷманд Ҷаноби Сайид Алӣ Фазлуллоҳ, фарзанди барӯманди донишманди вораста, фақеҳи барҷаста ва эҳёгари бино, Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлулллоҳ!

Ин ҷониб, ва низ ҷамъе аз дӯстдорон ва шогирдони падари бузургвори шумо, пеш аз ҳар чизе дигар, барои худ воҷиб медонем, даргузашти ин муҷтаҳид ва фақеҳи барҷаста, донишманди озодандеш ва бедорзамирро ба Шумо, хонаводаи гиромӣ, миллати сарфарози Лубнон ва тамомии мусалмонон ва озодихоҳони ҷаҳон таслият арз карда, барои ҳамагон аз даргоҳи Худованди қодиру тавоно сабру бурдборӣ масъалат намоем.

Бе тардид, имрӯз, ҷаҳони ислом касеро аз даст дод, ки беш аз ҳар замони дигар ба ӯ ниёз дошт...

Оре, имрӯз, ҷаҳони ислом, ки бо дасисаҳои душманони сарсахт ва низ кӯтоҳандешӣ ва каҷфаҳмии порае аз фарзандони содалавҳаш, ба ҷои иттиҳоду ҳамбастагӣ, ҳар чи бештар рӯ ба ифтироқу азҳамгусастагӣ меоваранд ва дуруст бар хилофи сулуку рафтори мусалмонони садри ислом, ки Худованд эшонро "бар кофирон сарсахту сахтгир ва дар миёни худ меҳрубону густардамеҳр” (Фатҳ/29) мехонад, касоне шудаанд, ки "бар душманон гушодарӯву бахшоянда, аммо байни ҳам сарсахту густох” гардидаанд ва ҳатто кори бархе аз онон ба ҷое расида, ки куштани ҳазорон мусалмони бегуноҳро, фақат ба ин далел, ки аз ислом бардоште бар хилофи бардошти эшон доранд, савоб ва мояи вуруд ба биҳишт дониста ва ҳозиранд хештанро миёни он мусалмонон мунфаҷир намоянд, (оре, ҷаҳони ислом, дар як чунин фазое) ниёз ба вуҷуди амсоли алломаи фарзона ва фақеҳи бедорзамир Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ дошт, ки хитоб ба шиаён мегуфт: "Ҳаром аст, ки ҳар кадом аз саҳобиро, аз ҷумла хулафои рошидинро саббу дашном кунем...”

Ӯ дар ин дидгоҳи таърихии хеш истинод ба сира ва равиши Амири мӯъминон ҳазрати Алӣ (а) менамуд ва мегуфт: "Ҳангоме ки он ҷаноб (а) дар роҳ ба сӯи Сиффайн буд, гурӯҳе аз аҳли Ироқро шунид, ки аҳли Шомро (яъне сипоҳиёни Муовияро) саббу дашном мекунанд. Ҳазрат (а) ба эшон гуфт: "Ман бароятон дӯст надорам, ки саббоб (яъне бисёр дашномкунанда) бошед, аммо агар кирдори онҳоро васф кунед ва ҳолашонро ёдовар шавед, дурусттар дар гуфтор ва расотар дар узр буд, ва ба ҷои ин саббу дашном, мегуфтед: Худоё! Хуни мо ва эшонро ҳифз кун ва миёни мо ислоҳ кун ва эшонро аз гумроҳияшон бираҳон, то огоҳ гардад ба ҳақ он касе ки ҷоҳили ба он аст ва даст бардорад аз гумроҳиву душманӣ он касе ки шефтаи он аст”.

Ва ҳам мегуфт: "Мо дар масъалаи хулафо, ҳамон равишеро бармегузинем, ки Алӣ ибни Абӯтолиб (а) ихтиёр карда буд. Алӣ (а) бо хулафо гушодарӯ буд, эшонро кӯмак мекард, машвараташон медод. Ҳадисе аз Имом Ҷаъфари Содиқ (а) дорем, ки шиаёни худро мавриди хитоб қарор дода мефармояд: "Чӣ осон аст коре, ки мардум ба сабаби он аз шумо розӣ бошанд! Пас, забонатонро аз бадгӯӣ ба эшон нигаҳ доред”. Имом Содиқ (а) мефармуд: "Абӯбакр маро ду бор таваллуд кардааст”.

Ин донишманди вораста, хитоб ба аҳли суннат мегуфт: "Талош барои эҷоди ваҳдати исломӣ, таҷовуз ба дигарӣ нест, балки ҳимоят аз киёни исломӣ ба шумор меравад”.

Ваҳдат ва ваҳдатхоҳӣ дар назди ин донишманд, фақат шиоре холӣ набуд, балки ваҳдатро "зарурате медонист, ки ҳамагӣ – шиа ва суннӣ - бояд барои ҳимоят аз он басиҷ шавем”.

Мо, бо шинохте, ки аз Шумо ва Ҷаноби Сайид Ҷаъфари Фазлуллоҳ, бародари гиромиятон дорем, комилан мутмаиннем, ки Ҷаноби шумо ва соири дастандаркорони дафтари муаззамун лаҳ, раҳраву думболарави ҳамон фақеҳи бедорзамиру ваҳдатхоҳи воқеӣ буда ва аз ин пас ҳам, дар мақоми тарвиҷу густариши афкору андешаҳои муҷаддидонаи ӯ ва низ пиёдасозии барномаҳо, хостгоҳҳо ва манвиёти он бузургвор дар эҷоди ваҳдати воқеӣ миёни мусалмонон, дифоъ аз мазлумон ва мустазъафони ҷаҳон, ба вижа муборизони фаластинӣ ва ҳамчунин дифоъ аз арзишҳои муқаддаси Хумайнии бузург, камокон, боқӣ хоҳед монд.

Дар поён боре дигар реҳлати ҷонгудози ин фақеҳи бедорзамирро ба Шумо таслият мегӯем.

Валлоҳу ҳувал-валийул-ҳамид

Бо камоли эҳтиром, ҷамъе аз шогирдони Аллома Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ:

  1. Сайидюнуси Истаравшанӣ - узви ҳайъати илмии Донишгоҳи байналмилалии Ал-мустафо (с) ал-оламия, устоди фалсафа ва ҳикмати исломӣ дар ҳамин донишгоҳ ва мудирмасъули пойгоҳи тахассусии Кимиёи саодат аз кишвари Тоҷикистон;
  2. Сайид Муҳаммадалии Тақавӣ – масъули фаъолиятҳои фарҳангии дафтари Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ дар Покистон;
  3. Сайид Саид Ҳайдар Зайдӣ – масъули Дорус-сақалайн дар Покистон, ношири китобҳои Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ ба забони урду дар Покистон;
  4. Шайх Алӣ Ҳасан Ҷавоҳирӣ – масъули дафтари Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ дар Покистон;
  5. Сайид Маҳдии Саҷҷодӣ – узви ҳайъатмудираи мадрасаи исломии Имом Ҷаъфари Содиқ (а) дар Афғонистон;
  6. Шайх Иршод Ҳусайн Тавҳидӣ – масъули донишгоҳи Фотимаи Заҳро (с) дар Панҷоби Покистон;
  7. Шайх Кумайл Роҷонӣ – устод дар Донишгоҳи байналмилалии Ал-мустафо (с) аз кишвари Ҳиндустон;
  8. Сайид Зайнулобидин Шамсуддин – фориғуттаҳсили Донишгоҳи байналмилалии Ал-мустафо (с) ва аз шогирдони муаззамун лаҳ;
  9. Шайх Яъқуб Саттор - фориғуттаҳсили Донишгоҳи байналмилалии Ал-мустафо (с) ва аз шогирдони муаззамун лаҳ;
  10. Сайид Маҳмуди Истаравшанӣ – коршиноси аршади илми фалсафа ва каломи исломӣ дар Донишгоҳи байналмилалии Ал-мустафо (с);
  11. Шайх Исмоил Муҳйиддин - коршиноси аршади маорифи исломӣ дар Донишгоҳи байналмилалии Ал-мустафо (с).
Бахш: Машоҳири исломӣ | Просмотров: 731 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июл 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz