Чоршанбе, 24.04.2024, 10:04
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2009 » Ноябр » 17 » Ихтилофи уламои дин бо якдигар дар фаҳми маорифи динӣ, комилан як амри табиист
Ихтилофи уламои дин бо якдигар дар фаҳми маорифи динӣ, комилан як амри табиист
12:48

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Замони аҷибу ғарибе шуда. Шумо, ба унвони як мусалмон, вақте бо як бародари мусалмонатон рўбарў мешавед, тибқи он чи ислом мегўяд, бояд ба якдигар салому алейк кунед. Ин як воҷиби мусалмонӣ аст. Аммо имрўз, ба ҷои адои ин вазифаи динӣ, мусалмонон, хусусан мусалмонони ҷомеаи азизи мо Тоҷикистон, вазъи дигаре барои худ гирифтаанд. Ҳамин ки бо якдигар рўбарў мешаванд, ва ё аз тариқи расонаи интернет бо ҳам ошно мешаванд, ба ҷои салому алейк, аз якдигар дар бораи мазҳабу маслаки тараф суол мекунанд. Ба маҳзи ошноӣ, мепурсанд, бародар, шумо дар кадом мазҳабед? Гўи ин ки ислом фармуда бошад, аввалин воҷиби исломӣ, ин пурсидан аз мазҳабу маслаки якдигар бошад. Воқеан, як вазъи аҷиб дар миёни мусалмонон ҳукмфармо шудааст.

Лоақал агар мепурсиданд, ту дар кадом динӣ, мешуд тавҷеҳе намуд, ки шояд тараф мехоҳад бидонад дини касе ки бо ў ошно шуда чист, ки ба муқтазои он, мавзеи хеш мушаххас созад. Вале мутаассифона чунин ҳам нест. Аз мазҳаб мепурсанд.

Ба ҳамин баҳона, мехоҳам дар ин робита матлаберо ёдовар шавам. Ва он ин ки дар як мазҳаб будан, ба чӣ маъност. Пайрави мазҳаби муайяне будан, аз дидгоҳи шариат чӣ мафҳуме дорад? Мутмаиннам, агар ин масъала барои мардумоне, ки имрўза ба бемории мазҳабпурсӣ мубтало шудаанд рўшан гардад, дигар нисбат ба мазҳабу маслаки якдигар васвос нахоҳанд буд.

Нахустин матлабе, ки дар ин росто бояд ба он ишора шавад ин аст, ки ислом, ба унвони як мактаби ҷомеъу комиле, ки ўҳдадори расонидани инсон ба камолу саодати вай дар дунё ва охират аст, дар маҷмўъ аз се бахши куллӣ таркиб меёбад. Албатта ҳар мактаб, чи динӣ ва чи ғайри динӣ, агар иддаои расонидани инсон ба камолу саодатро намояд, ногузир бояд аз ин се бахш иборат ёбад.

Бахше аз ислом, ақоид аст, яъне як силсила масоиле, ки ҳар мусалмоне бояд ба онҳо бовар ва имон дошта бошад, мисли ин ки Худо ҳаст, Худо яктост, Муҳаммад (с) паёмбар аст, Охират ҳақ аст ва ғайра. Истилоҳан, ин қабил масоилро, ки зербинои исломро ташкил медиҳанд, Усули дин меноманд.

Бахши дигар аз ислом, ахлоқиёт аст, яъне як силсила бояду набоядҳои рафторӣ, ки бар ҳар мусалмоне воҷиб аст хештанро ба онҳо биёрояд, аз қабили ростгўӣ, амонатдорӣ, садоқат, бовафоӣ, тавозўъ ва хоксорӣ, риё накардан ва ғайра.

Ва ниҳоятан, бахши сеюми ислом, аҳком аст, яъне як силсила дастуруламалҳо, ки воҷиб аст ҳар мусалмоне тибқи онҳо зиндагии фардӣ ва иҷтимоии хешро дуруст кунад, мисли намоз барпо доштан, рўза гирифтан, закоти мол пардохтан, ҳаҷ анҷом додан ва ғайра. Дар истилоҳ, ин чунин масоилро Фурўи дин, яъне шохаҳои дин мегўянд.

Дар робита бо бахши нахуст, яъне Усули дин, тибқи фармудаи худи ислом, вазифаи ҳар фарди мусалмон ин аст, ки ба он масоил, аз тариқи ақли худододӣ бовар ва яқин ҳосил кунад. (Албатта дар куллиёти онҳо, на ҷузъиёташ.) Масалан, як фарди мусалмон, бояд ба вуҷуди Худо, ягонагии зоти Ў, ба паёмбарии паёмбарони илоҳӣ ва ҳаққонияти рўзи охират, аз тариқи ақл пай бурда бошад. Вақте аз ў суол кунанд, ки чаро ба Худо имон дорӣ, нагўяд, чун падару модарам гуфтаанд, ва ё чун дар мактаб бароям гуфтаанд, балки бояд бигўяд, ба ин далел ва ё он далели ақлӣ ба вуҷуди Худо имон дорам. Дуруст ҳамон гуна ки вақте аз мо далели ду зарб бар ду чаҳор-ро мепурсанд, посух мегўем.

Пас, дар Усули дин, ислом пайравӣ ва тақлиди кўр-кўронаро намепазирад, бояд бовари мо ба онҳо, такягоҳи ақлӣ дошта бошад.

Ҳоло, агар касе аз мо далел биталабад, ки ба чӣ далел чунин мегўед, посухаш мисли рўшноии хуршед возеҳ аст. Содатарин далел дар ин замина, фармудаи худи Қуръони карим аст. Қуръон, мушрикони замони Паёмбар (с)-ро ба ин ҷиҳат сарзаниш мекунад, ки дар бовари хеш ба оини ширк, вақте Паёмбар (с) аз эшон далел хост, гуфтанд: Мо ба ин далел бовар ба оини худ дорем, ки падарону бобёнамон дар як чунин оину кеше буданд:

"Мо падаронамонро бар оине ёфтаем, ва мо бар осори эшон ҳидоятёфтаем”. (Сураи Зухруф, ояти 22). Он гоҳ Қуръон чунин посухашон медиҳад: "Оё агар падаронашон дар гузиниши дин, ақлу хиради хеш ба кор намегирифтанд ва роҳ намеёфтанд, (боз ҳам дунболарави падаронашон хоҳанд буд)?” (Сураи Бақара, ояти 170), ва ё мефармояд: "Оё ҳарчанд шуморо раҳнамунтар аз он дине, ки падаронатонро бар он ёфтаед биёварам (боз ҳам бар пайравӣ аз онҳо боқӣ мемонед)?” Гуфтанд: Мо бад-он чи шумо ба он фиристода шудаед кофирем”. (Сураи Зухруф, ояти 24).

Пас, пайравӣ ва тақлид дар масоили эътиқодӣ, дар мантиқи Қуръон мардуд аст, ва аз ҳамин ҷост, ки Қуръон мушриконро чунин тавсиф мекунад: "(Онон) каронанд, гунгонанд, кўронанд, онон ақли худ ба кор намегиранд”. (Сураи Бақара, ояти 171).

Албатта ногуфта намонад, ки як силсила мавориде дар Усули дин ҳаст, ки дар пай бурдан ба воқеияти онҳо, ақли башарро роҳ нест, мисли вуҷуди фариштагон, ҷузъиёти рўзи охират, масоили қазо ва қадар, масоиле роҷеъ ба адли илоҳӣ, чигунагии исроъу меъроҷи ҳазрати Паёмбар (с) ва ғайра. Ин ҳам на ба он ҷиҳат аст, ки аслан ин маворид, ақлонӣ набошанд, балки ба иллати қусур ва кўтоҳии ақли башарӣ аст, ки тавони пай бурдан ба онҳоро надорад. Яъне шуои ақли башар, оҷиз аз дарки чунин маворид аст. Оре, дар чунин мавориде, мо роҳе ҷуз пайравӣ аз гуфтаҳои Қуръону суннати саҳеҳа надорем. Ва ҳамин маворид аст, ки боис шуда дар порае аз масоили эътиқодӣ ҳам дар миёни мусалмонон, бархе аз ҷараёнҳои ақидатӣ буруз кунад, ки аҳёнан бо ҳам ихтилоф доштанд, ва мо дар мақолае ҷудогона бо унвони «Пайравӣ аз як мазҳаби муайян дар ислом ба чӣ маъност?» ба он ишора карда будем.

Аммо дар робита бо бахши дуюм ва сеюм, хусусан бахши сеюм яъне аҳкоми амалӣ, тибқи он чи ислом дастур мефармояд, ҳар фарди мусалмон, агар ба марҳилаи иҷтиҳод ва соҳибназарӣ дар маорифи ислом нарасида аст, вазифа дорад аз гуфтаи як соҳибназар тақлид ва пайравӣ кунад. Дар ояти 122 сураи Тавба, Қуръон мефармояд:

«Ҳамаи мўъминонро нашояд, ки берун раванд, пас, чаро аз ҳар гурўҳе аз онон, ҷамъе берун нараванд то дониши дин биёмўзанд ва мардуми хешро ҳаргоҳ ба сўи онон бозгарданд, ҳушдор ва бим диҳанд, шояд ки ин мардум битарсанд ва бипарҳезанд».

Яъне мардум ду дастаанд: гурўҳе бояд аз пайи дониши дин бираванд ва илм омўхта ва соҳибназар дар масоили динӣ шаванд, ва гурўҳе ҳам, бояд аз гуфтаи он дастаи соҳибназар, дар масоили динӣ пайравӣ намоянд. Чун ҳамагиро тавони камар бастан барои фарогирии улуми динӣ нест, аслан имконпазир нест. Намешавад, ки ҳама кору бор канор зада ва ба дунболи талаби улуми динӣ бираванд. Агар дастае ин муҳимро анҷом диҳанд кофист, дигарон ҳам вазифа доранд аз гуфтаи ин соҳибназарон пайравӣ намоянд. Бештари уламо ва соҳибназарон, ояти мавриди назарро, нозир ба аҳкоми амалии ислом медонанд.

Ҳоло, бар мабнои ин оят ва низ чанд ояте дигар ба ҳамин мазмун, гурўҳе аз мардум, ки истилоҳан ба эшон фуқаҳо ва ё уламои динӣ гуфта мешавад, камари ҳиммат баста ва масоили диниро аз манобеаш, яъне Қуръону суннату иҷмои саҳеҳу ақли салим, истихроҷ намуда ва барои дигарон баён фармуданд. Ислом, гуфтаи фуқаҳо ва уламои соҳибназарро, ҳатто агар хато бошад, ҳуҷҷат дониста аст: «Соҳибназар агар иҷтиҳод кунад ва иҷтиҳодаш дуруст аз об берун ояд, ду аҷру подош барояш хоҳад буд, вале агар хато кунад, як аҷр барояш навишта хоҳад шуд». Яъне ба ҳар ҳол, гуфтаи ў, мўътабар аст. Дигарон бояд аз гуфтаи вай пайравӣ кунанд. Агар хато ҳам буд, мавриди бахшиши Худост.

Имом Абўҳанифа, Имом Шофеӣ, Имом Молик, Имом Аҳмади Ҳанбал, Суфёни Саврӣ, Авзоӣ, Имом Абўлайси Самарқандӣ, Имом Ҷаъфари Содиқ ва садҳо дигар аз бузургон, дар воқеъ, соҳибназарон дар маорифи исломӣ ба шумор мераванд, ва дар маорифи исломӣ ғавр намуда, ва масоили шаръиро ба мову шумо баён фармудаанд. Мову шумо ҳам аз эшон пайравӣ кардем. Ин аст маънои пайрави як мазҳаби муайяе будан.

Ин ки имрўз, яке ҳанафист, дуюмӣ шофеист, сеюме моликист, чаҳоруме ҳанбалист, панҷуме ҷаъфарист, шишуме зоҳирист, ҳафтуме аҳли ҳадисист ва ғайра... ба ин маъно нест, ки ҳар як дорои дине ҷудо ва мустақил аз дигаре буда ва гўи деворе, ба баландии «Девори Берлин» миёни онҳо ҳоил бошад; яке масалан кофир бошаду дуюме мушрику сеюме фақат мусалмон... Чунин нест. Ҳама мусалмонанд. Ҳама аҳли наҷотанд.

Агар ихтилофе байни онҳо ба чашм мехўрад, ба ин ҷиҳат аст, ки аҳёнан бардошти як соҳибназар аз як оят ва ё як ривоят, мутафовит аз бардошти соҳибназари дигар аз он будааст. Ва ин комилан табиӣ будааст. Қарор ҳам бар ин набуда, ки ҳама як гуна бардошт кунанд. Ин ки Паёмбар (с) мефармоянд, агар муҷтаҳид хато кунад, боз ҳам аҷр хоҳад дошт, ишораи зимнӣ ба вуҷуди ихтилоф дар бардошти уламо аз маорифи ислом аст. Пас, ихтилофи уламо бо якдигар дар фаҳми маорифи динӣ, комилан як амри табиӣ будааст.

Ин ҷост, ки мазоҳиб дар ислом вуҷуд доранд, ва аҳёнан бо ҳам ихтилоф доранд. Аммо бо вуҷуди ин, ҳамаи мазоҳиб дар усули поя ва заруриёти дин, бо ҳам муттафиқанд, ва ҳеҷ ихтилофи решаӣ миёни онҳо дида намешавад. Ҳама, аҳли қибла ба шумор мераванд ва касе ҳаққи такфири ҳеҷ яки онҳоро надорад.

Пас, натиҷае, ки аз ин гуфтор ба даст меояд ин аст, ки маънои тобеи як мазҳаб будан, ин нест, ки агар як фард масалан ҳанафӣ аст, фарқи ў бо як нафар шофеӣ, решаӣ бошад. Фарқашон танҳо дар порае аз аҳкоми амалӣ ва аҳёнан дар қисмате аз масоили ҷузъии эътиқодӣ аст, ки ҳеҷ зараре ба мусалмонии ў, дар сурати хато будан, ворид нахоҳад сохт, ки гуфтем, Худо ин хаторо мавриди бахшиш қарор дода аст.

Вассалому алайкум  ва раҳматуллоҳ

http://www.kemyaesaadat.com/

 

Бахш: Симои идеологии Ислом | Просмотров: 765 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2009  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz