Чоршанбе, 12.08.2020, 21:29
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 9 » Ибни Таймия ва қиёми Имом Ҳусайн (р)
Ибни Таймия ва қиёми Имом Ҳусайн (р)
13:18

Сайидмаҳмуд Бурҳонов, коршиноси аршади маорифи исломӣ

Яке аз касоне, ки ба нақл ва ҷамъбандии дидгоҳҳои аҳли суннат дар мавриди қиёми Имом Ҳусайн (р) алайҳи Язид пардохтааст, Тақиюддин Аҳмад ибни Таймияи Ҳарронӣ (661-726 ҳ.қ) мебошад. Ӯ дар баробари амалкарди Язид, мусалмононро бар се даста: миёнарав, зиёдарав ва кундрав тақсим карда, мегӯяд:

Гурўҳи зиёдарав қоил аст, Язид кофир ва фосиқ аст. Ӯ бар куштани набераи Расули Худо (с) даст ёзид ва ҳадафаш дар ин кор, интиқом гирифтан аз Расули Худо (с) ва расидан ба як оромиши қалбӣ буд. Дар воқеъ, Язид бо ин кори худ, интиқоми хуни ҷаддаш Утба, бародари ҷаддаш Шайба ва тағояш Валид ибни Утбаро гирифт, ки ҳар се дар ҷанги Бадр аз сӯйи сипоҳиёни ислом кушта шуда буданд.

Тарафи кундрав, Язидро шахсе солеҳ ва имоме одил медонад, то ҷое ки бархе аз ин тоифа, Язидро аз ҳазрати Абӯбакру Умар (р) ҳам болотар мепиндоштанд, ва бино бар қавле, ҳатто баъзе ҳам ӯро яке аз авлиё меангоштанд.

Тоифаи сеюм, яъне миёнарав ба қавли Ибни Таймия, Язидро шоҳе аз шоҳони мусалмон медонад, ки дорои некиҳо ва бадиҳо аст. Дар замони Язид, масъалаи ҷанг бо Имом Ҳусайн ва ҳодисаи аҳли Ҳарра пеш омад, ки Язид на саҳобӣ аст ва на за авлиёуллоҳ.

Сипас Ибни Таймия мегўяд, ҳамин назар яъне назари сеюм, мавриди пазириши умуми соҳибони ақлу илм ва аҳли суннат аст.[1]

Дар идома, Ибни Таймия назари аввалро ба шиа ва назари сеюмро ба оммаи аҳли суннат нисбат дода мегӯяд: Аҳли суннат ва ҷамоат дар ин хусус ба се фирқа тақсим шудаанд:

1. Гурӯҳе, ки Язидро лаън мекунанд;

2. Гурӯҳе, ки ӯро дӯст медоранд;

3. Гурӯҳе, ки ӯро на лаън мекунанд ва на дашному носазо мегӯянд.

Назари охир, ҳамон чизе аст, ки аз ноҳияи имом Аҳмад ибни Ҳанбал ба мо расида аст ва бар ин дидгоҳ миёнаравони пайравони ӯ ва мусалмонони дигар пой мефишоранд.[2]

Ин назарро пас аз шаш қарн, Абдулҳай Ал-акбарии Димишқӣ низ қабул карда мегӯяд: Мардум дар мавриди Язид бар се фирқаанд: фирқае ӯро дӯст дорад ва аз ӯ пайравӣ мекунад, фирқае дигар ӯро лаънат ва дашном медиҳад ва фирқаи сеюм, ки миёнарав аст, на ӯро дӯст дорад ва на лаънат мекунад. Ин фирқа ҳамон фирқаест, ки назараш мутобиқи ҳақиқат буда, мазҳабаш сазовори касонест, ки аз сираи гузаштагон огоҳ ва қавоиди шариати покро медонад.[3]

Нисбати нодурусти Ибни Таймия ба аҳли суннат дар ин маврид

Қароини таърихӣ нишон медиҳад, ки Ибни Таймия ва пайравонаш дар ин масъала низ, нисбат ба баррасии ақоиди аҳли суннат, монанди дидгоҳҳои дигараш ба хато рафта ва беш аз ин ки бар асоси мадорик ва шавоҳид қазоват бикунад, бар пояи тамоюлот ва боварҳои идеологии хосси худ қазоват намудааст. Ба ин далел, ки Ибни Таймия дар ин масъала саъй карда аст, барои назари худ далел биёварад, дар натиҷа дасташ аз далели рӯшан кӯтоҳ монда, ногузир ба далелтарошӣ шудааст. Ӯ дар Минҳоҷус сунна чунин мегӯяд:

"Далел бар ин ки қиёми Имом Ҳусайн (р) бар хилофи амри Пайғмабр (с) буд, он чизест, ки дар ҳадиси саҳеҳ аз Пайғмабар (с) собит шудааст. Паёмбар (с) ҳамеша Ҳасан ва Усома ибни Зайдро ба оғӯш кашида мегуфт: Худовандо! Ман ин ду нафарро дӯст дорам, пас ту ҳам ишонро дӯст бидор. Ҷамъ кардани Пайғмбар (с) байни Ҳасан ва Усома, дар ин ҳадиси саҳеҳ ва хабар доданаш аз ин ки он ду нафарро дӯст дорад ва аз Худованд дӯст доштани эшонро хостанаш, мустафиз аст. Ҳамчуноне ки дар ҳадисҳои саҳеҳи дигар, мисли ду ҳадиси саҳеҳе, ки аз Барроъ ибни Озиб нақл шуда аст, ки мегӯяд: Дидам Пайғамбарро, ки Ҳасанро бар китфи худ гузошта, мегӯяд: Худовандо, ман ӯро дӯст дорам, чунин мазмун омадааст. Ин ба хотири он аст, ки Пайғамбар (с) медонист, ки ин ду нафар мисли Ҳусайн ба ин чунин ҷангҳое раъй нахоҳанд дод”.[4]

Монанди чунин истидлоли сусте, аз яке аз пайравони Ибни Таймия, яъне Абӯбакр ибни Арабӣ низ омадааст. Ӯ бо истинод ба ривояте аз Пайғамбар (с) - ки дар он ба вуқӯи ихтилоф ва фитна баъд аз худ ишора намуда, дастур додаанд эҷодкунандаи ихтилоф ҳар кас бошад, бояд нобуд гардад, - мегӯяд:

"Қиёми Имом Ҳусайн (р) мӯҷиби ихтилоф ва омили нифоқ буд ва Язид амалкунанда ба ривояти Пайғамбар (с). Бинобар ин, Язид дар қатли фарзанди Пайғамбар (с) маъзур ва рафтораш мутобиқи шариат ва хости Расули Худо (с) мебошад”. Ӯ дар идома меафзояд: "Дар воқеъ Имом Ҳусайн (р) бо тамассук ба гуфтаи ҷаддаш ва дастури эшон ба қатл расид”.[5]

Муҳаммад Дуруза, аз ҳошиянависони китоби Ал-авосим минал қавосим низ, ба кӯмаки Язид ва язидиён рафта ва ба мухолифат бо Имом Ҳусайн (р) шитофтааст. Ӯ пас аз таъйиди рафтори Убайдулло ибни Зиёд ва дигар авомили ҷинояти Карбало, менависад:

"Ҳангоме ки Ҳусайн аз таслим ба Ибни Зиёд ва аз байъат сарпечӣ кард ва ҳозир нашуд монанди мусалмонони дигар зери парчами онон қарор гирад ва бо қудрат дар ин бора аз худ муқовимат нишон дод, пас муқобила ва ҷанг бо Ҳусайн, аз дидгоҳи шаръӣ ва аз манзари сиёсӣ ҷоиз аст”.[6]

Ҳамон тавр ки мушоҳида менамоед, суханони ҳар кадом аз инҳо бештар ба як иддаои беасос монанд аст то ба як истидлол. Зеро аввалан, тибқи назари Ибни Таймия, на фақат Имом Ҳусайн, балки тамоми аҳли байти Пайғамбар (с) бояд мухолифи дастури Пағамбар (с) бошанд, зеро дар он ҳадисҳое, ки Ибни Таймия овард, фақат номи Имом Ҳасан ва Усома вуҷуд дошт. Гузашта аз ин, мо ҳадисҳои бешуморе дорем, ки Пайғамбар (с) ҳамин суханонро нисбат ба Имом Ҳусайн (р) ба танҳоӣ ва гоҳе нисбат ба Имом Ҳасан ва Ҳусайн гуфтаанд. Яъне мукаррар гуфтаанд, Ҳусайн аз ман аст ва ман аз ў, ҳар кӣ маро дўст дорад, ўро дўст бидорад. Барои намуна, метавон ба аҳодисе, ки Аҳмад ибни Ҳанбал дар ин маврид нақл кардааст муроҷеа кард.[7]

Посухи истидлоли Ибни Арабӣ

Ва аммо дар мавриди истидлоли Ибни Арабӣ гўем, Ибни Халдун назари ӯро дар муқаддимаи китоби худ оварда чунин мегӯяд:

"Абӯбакр ибни Арабӣ дар ин бора иштибоҳ карда ва роҳи хато баргузидааст. Зеро ӯ аз ин нукта ғафлат варзидааст, ки барои ҷанг бо соҳибони ақоиди ботил, бояд имом одил бошад. Рӯшан аст, ки адолат, шарти асосии имомат аст ва баъд аз он, ба илму фақоҳат ва дигар шароити лозим барои имом ва халифаи мусалмонон навбат мерасад. Бидуни адолат шартҳои дигар дар сурати вуҷуд доштан низ, арзише надорад, дар ҳоле ки Язид мусалламан шарти адолатро надошт ва шартҳои дигар ҳам маълум нест, ки дошта бошад”.[8]

Ҳамчунин Аббос Маҳмуд Ал-аққод, нависандаи муосири мисрӣ, дар китоби худ Абушшуҳадо Ал-имом Ҳусайн, чанд қисмат аз суханони Ибни Арабиро оварда, мегӯяд:

"Ибни Арабӣ гуфта аст, касоне ки Ҳусайнро куштаанд, бо истинод ба ривоятҳои худи Пайғамбари акрам (с) ин корро карданд. Бояд ба ин сухани Ибни Арабӣ хандид. Оё ӯ мехоҳад бигӯяд, касоне ки сарвари ҷавонони аҳли биҳиштро ба шаҳодат расонданд ва ҷасади шарифи ӯро поймоли суми аспон намуданд, ҳама аҳли илм буданд? Аҳли фазилат буданд? Инҳо ба марҳалаи иҷтиҳод расида буданд? Аслан, оё инҳо қудрати инро доштанд, ки битавонанд аз аҳодиси Пайғмабар (с) бардошти дурусте бикунанд? Ҳол он ки бештари касоне ки дар муқобили Ҳусайн ибни Алӣ истоданд, нокасону авбошон буданд. Онҳо инсонҳои паст буданд ва давлатхоҳии онон буд, ки ҳамчун дарандагони хуношоме теғу тозиёнаро бар мардум ҳукмфармо намуда ва дар роҳи касби манофеъ ва ба даст овардани суд ҷонҳоро поймол ва амволро ба ғорат баранд”.[9]

Назари донишмандони аҳли суннат дар ин бора

Уламои аҳли суннат, бар хилофи назари Ибни Таймия, бо иборатҳои мухталиф ва аз манзарҳои гуногун, Язидро накӯҳиш ва аз қиёми Имом Ҳусайн (р) тарафдорӣ намудаанд. Ин иқдоми Язид ба ҳадде зишт буд, ки мухолифат бо ӯ ҳатто аз дохили худи Бани Умайя шурӯъ шуд. Муҳимтарин мухолифи Язид, фарзанд ва ҷонишини ӯ Муовия ибни Язид аст. Ӯ дар нахустин рӯзи зимомдории худ, болои минбар рафта, бо сароҳат умавиёнро мухотаб қарор дода гуфт:

"Мақоми хилофат ресмони илоҳӣ аст, ки ҷаддам Муовия дар ин бора бо касе мухолифат намуд, ки шоистаи хилофат ва сазовортар ба ин мақом буд, он кас ҷуз Алӣ ибни Абӯтолиб набуд. Вале Муовия бо шумо роҳеро паймуд, ки худатон медонед. Ӯ саранҷом дар қабраш масъули ҷароиме шуд, ки муртакиб гардид, сипас падарам Язид ин мақомро соҳиб шуд, дар ҳоле ки шоистаи он набуд ва дар ин мавзӯъ бо фарзанди духтари Пайғамбари Худо (с) ба мунозира бархост, вале умраш давом наёфт ва дар қабраш барои ҳамеша дар баробари гуноҳоне, ки муртакиб гардид, масъул хоҳад буд”.[10]

Ибни Ҳаҷар аз Суютӣ нақл мекунад: "Навфал ибни Абулфурод гузориш карда аст, ки дар назди Умар ибни Абдулазиз будам, ки шахсе аз миёни ҷамъ матлаберо аз Язид нақл кард ва ӯро Амирулмӯъминин хонд. Умар ибни Абдулазиз бедаранг аксуламал нишон дода гуфт: Ту Язид ибни Муовияро амирулмӯъминин мехонӣ? Сипас дастур дод ӯро бист зарба шаллоқ бизананд”.[11]

Абулфараҷи Исфаҳонӣ, ки яке аз донишмандони машҳур аст, дар асари арзишманди худ Мақотилут толибиййин чунин мегӯяд: "Хилфат ҳаққи Оли Алӣ аст”, ӯ сароҳатан Язидро лаънат мекунад”.[12]

Ҳасани Басрӣ, фасод ва ҷинояти Язидро тардиднопазир дониста ва ҳатто поро фаротар ниҳода, дар бораи Муовия низ гуфта аст, ки ӯ чаҳор ҷиноят муртакиб шуд, ки ҳар кас ба ҷои ӯ буд ва яке аз онҳоро анҷом медод, барои ҳамеша манфур мегардид:

1. Хилофатро бидуни ташкили шӯро ба даст гирифт;

2. Ҳуҷр ибни Удай ва ёронашро ба қатл расонид;

3. Зиёд ибни Абиҳро бародари худ хонд;

4. Шахсе чун Язидро вали аҳди худ қарор дод.[13]

Аҳмад ибни Ҳанбал нақл мекунад, ки ба падарам гуфтам, гурӯҳе моро ба дӯстдории Язид муттаҳам мекунанд, достон аз чӣ қарор аст? Падарам гуфт: Эй фарзандам! Оё касе ки ба Худо имон дошта бошад, метавонад Язидро дӯст бидорад? Гуфтам, пас чаро ӯро лаънат намекунед? Гуфт: Эй фарзандам, чаро касеро лаънат накунам, дар ҳоле ки Худованд ӯро дар китобаш лаънат кардааст? Сипас ин ояти Қуръонро хонд: "Фа ҳал асайтум ин таваллайтум ан туфсиду фил арзи ва туқаттиу арҳомакум. Улоикаллазийна лаанаҳумуллоҳу фа асаммаҳум ва аъмо абсораҳум”.[14] Ва гуфт: Оё фасоде бузургтар аз қатли Ҳусайн ибни Алӣ ҳаст?”[15]

Суютӣ нақл мекунад: "Абӯҳанифа ҳарчанд худ амалан бар зидди умавиён вориди мубориза нашуд, вале нофармонӣ бар зидди ононро ҷоиз медонист ва шӯриши Зайд ибни Алиро дар соли 121 ҳиҷрӣ бар зидди Ҳишом ибни Абдулмалик, амали шаръӣ медонист ва онро таъйид мекард”.[16]

Абӯусмон Амр ибни Ҳофиз дар мавриди Язид ибни Муовия ошкоро лаб ба лаъну нафрин кушода аст ва дар рисолаи Бани Умайя-и худ менависад:

"Мункарот ва қабоиҳе, ки Язид бо шаҳодати Имом Ҳусайн муртакиб гардид, ваҳшатовар буд. Ӯ духтарони Расули Худоро асир намуд, дандонҳои Ҳусайнро бо чӯб зад, аҳли Мадинаро ба шиддат ваҳшатзада кард ва хонаи Худоро вайрон кард. Ҳамаи ин корҳо, бар қасовати қалбӣ ва шиддати душманӣ ва ба носибӣ будани Язид гувоҳӣ медиҳад ва ин ки ӯ қоидатан назари бад ва кинаву буғз ва нифоқу ҳиқд доштааст. Ӯ дар ҳақиқат аз имон хориҷ шуда буд. Бинобар ин, ӯ фосиқ ва малъун буд ва ҳар кас аз лаъну дашноми ҳар малъуне худдорӣ варзад, худ малъун аст”.[17]

Қозӣ Абӯяълои Ҳанбалӣ асареро дар мавриди касоне ки мустаҳиққи лаън ҳастанд, навиштааст. Ӯ дар ин китоб Язидро мустаҳиққи лаън дониста, тасреҳ мекунад: "Касоне ки бо лаъни Язид ибни Муовия мухолифат меварзанд, ё ҷоҳил ҳастанд ё мунофиқ”. Ва дар идома аз забони Расули Худо (с) ҳадисеро нақл мекунад, ки дар он, Язид бо сароҳат лаън шудааст”.[18]

Аҷҳурӣ аз дигар олимони аҳли суннат, аз устодаш Муҳаммад ибни Арафа ва тарафдорони ӯ гузориш мекунад: "Аҳли суннат ҳамагон ба куфри Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ назар дода ва ҳукм кардаанд, дар ҳоле ки бешак ҷинояти Ҳаҷҷоҷ ба пои Язид намерасад ва Ҳаҷҷоҷ хеле камтар аз Язид ситам кардааст”.[19]

Ҷалолуддини Суютӣ ҳадисе аз Пайғамбари Худо (с) нақл мекунад, ки он ҳазрат хилофатро ба муддати 30 сол пас аз реҳлати худ маҳдуд мекунад ва ҳокимияти пас аз онро салтанат ва ашрофият медонад. Суютӣ дар идома тасреҳ мекунад, ки охирин халифаи исломӣ Ҳасан ибни Алӣ ибни Абӯтолиб буд ва бо канор гузоштани он ҳазрат, хилофат поён ва салтанат оғоз гардид. Ӯ ба далели таассури зиёд, хеле ба фоҷиаи Карбало намепардозад ва сирфан ба ин иктифо карда, мегӯяд, ки ҷараёни ин фоҷиа тӯлонӣ аст, ки қалб таҳаммули шунидани онро надорад. Ва дар мавриди ҳодисаи Шом менависад, ки ҳазрати Имом Ҳусайн (р) кушта шуд ва сарашро дар дохили таште пеши Язид гузоштанд ва Ибни Зиёд низ он ҷо ҳузур дошт. Худованд қотили Имом Ҳусайн (яъне Шимр, Ибни Зиёд ва Язид)-ро лаънат кунад.[20]

Абулқосими Шофеӣ машҳур ба Ибни Асокир, рисолае таҳти унвони Райҳонату Расулилллоҳ Ал-имомул Ҳусайн” дорад, ки дар он, баҳси муфассале карда ва дар ҷое аз ин рисола, ба Язид ибни Муовия мепардозад ва шеъри маъруферо, ки Язид дар маҷлиси асирони Карбало ба забон ронд, меоварад:

Лаибат Ҳошиму бил мулки, фа ло

Хабарун ҷоа ва ло ваҳйун назал.[21]

Яъне "Бани Ҳошим бо ҳукумат бозӣ карданд, пас на хабаре омада аст ва на ваҳйе нозил шудааст».

Сипас Ибни Асокир мегўяд: "Язид бо хондани ин ашъор, куфри худро ошкор кард ва хонандаи ин ашъор кофир аст”.[22]

Абулфараҷ ибни Ҷавзӣ дар мавриди лузуми лаъни Язид ибни Муовия, як асари ихтисосӣ, таҳти унвони Ар-радду алал мустаъсабил анид ал-монеъ мин замми Язид навиштааст. Ӯ дар ин рисола тасреҳ мекунад, ки аз мардуми замони Язид касеро наметавон ёфт, ки ба байъати ӯ розӣ бошад, ҳатто авом низ ин корро инкор намуданд, вале аз тарси ҷони худ эътироз намекарданд.

Поёни матлаб


[1] Ал-мунтахаб минат турос, шаъну Язид ибни Муовия, с. 65-67.

[2] Ҳамон.

[3] Абдулҳай Ал-акбарӣ Ал-Димишқӣ, Шурузотуз заҳаб фи ахбори ман заҳаб, таҳқиқи Муҳаммади Фохурӣ, с. 69-70.

[4] Минҳоҷус сунна, ҷ. 2, с. 243.

[5] Ал-авосим минал қавосим, с. 244.

[6] Шарҳул Авосим минал қавосим, с. 242.

[7] Муснади Аҳмади Ҳанбал, фазоилус саҳоба.

[8] Муқаддимаи Ибни Халдун, тарҷумаи Муҳаммадпарвизи Гунободӣ, ҷ. 1, с. 417-418.

[9] Аббос Маҳмуд Ал-аққод, Абушшуҳадо Ал-имом Ҳусайн, с. 93.

[10] Ибни Ҳаҷари Ҳайсамии Маккӣ, Ассавоиқул муҳриқа, с. 134. Суютӣ, Таърихул хулафо, таълиқи Маҳмуд Риёз Ал-Ҳалабӣ, с. 211.

[11] Ибни Ҳаҷари Ҳайсамии Маккӯ, Ассавоиқул муҳриқа, с. 209.

[12] Мақотилут толибиййин, таҳқиқи Сайид Аҳмад Сақар, с. 120.

[13] Тоҳо Ҳусайн, Алӣ ва фарзандонаш, с. 242. Тазкиратул хавос, с. 286-287. Шузуротуз заҳаб, ҷ. 1, с. 68. Ибни Асир, Ал-комил фит таърих, ҷ. 3, с. 337.

[14] Сураи Муҳаммад: 22-23.

[15] Ибни Ҷузӣ, Тазкиратул хавос, с. 286-287.

[16] Суютӣ, Таърихул хулафо, с. 231.

[17] Ҷоҳиз, Китобул ҳайвон, Рисолаи Бани Умайя, таҳқиқи Абдуссалом Ҳорун ва низ рисолаи Аннизоъ ваттахосум, с. 1 то 3.

[18] Ал-имом ат-табаронӣ, Мақталул-Ҳусайн, таҳқиқи Муҳаммадшуҷоъ Зайфулло, с. 36.

[19] Ал-итҳоф биҳуббил ашроф, с. 62 то 65.

[20] Таърихул хулафо, ҷ. 1, с. 183 то 185.

[21] Бани Ҳошим бо ҳукумат бозӣ карданд, пас на хабаре омада аст ва на ваҳйе нозил шудааст.

[22] Шузуротуз заҳаб фи ахбори ман заҳаб, ҷ. 1, с. 69.

Бахш: Таърихи исломӣ | Просмотров: 1289 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz