Панҷшанбе, 28.03.2024, 19:39
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Январ » 15 » Фалсафаи исломӣ миёни дӯсту душман
Фалсафаи исломӣ миёни дӯсту душман
01:03

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Фикр намекунам душмание, ки дар тӯли таърих бо фалсафаи исломӣ ва фалосифаи мусалмон, чи аз сӯйи дӯстон ва чи аз сӯйи душманҳо шудааст ва ҳанӯз ҳам идома дорад, бо ҳеҷ дониши дигаре, ки дар қаламрави ислом ҳузур ва парвариш ёфтааст шуда бошад.

Бархе аз дӯстони мусалмонамон гуфтаанд ва имрӯз ҳам такрор мекунанд, ки: "Ман тафалсафа тазандақа”, яъне ҳар кӣ фалсафа омӯзад, зиндиқ шавад. Зиндиқ дар гузашта ба касе мегуфтанд, ки мункири Худову паёмбару рӯзи охират бошад.

Аммо дастае аз душманонамон гуфтаанд ва имрӯз низ мегӯянд, ки: "Фалсафаи исломӣ яъне чӣ? Ислом, ки як дин аст ва сарчашмааш ваҳй аст, магар метавонад бо фалсафа, ки ҳар чи мегӯяд бархоста аз ақлу хиради одамист, як ҷо ҷамъ шавад? Дин мегӯяд, ба ҳар он чи ваҳй мегӯяд (ва ваҳй ҳам дар Қуръону суханони гуҳарбори ҳазрати паёмбар (с) таҷаллӣ ёфтааст) имон биёвар ва коре надошта бош, ки бо ақли ту созгор аст ё нест, кори ту фақат имон овардан асту бас, аммо фалсафа мегӯяд, ҳар он чиро ақлу хирадат мегӯяд тасдиқаш кун, ва агар дидӣ чизе бо ақли ту созгор нест, бирезаш канор... Бо ин ҳол, оё метавонад ин ду мактаб бо ҳам як ҷо гирд ояд, ки мегӯйед: "фалсафаи исломӣ”?

Камина дар ин мақола, бо шарҳу тавзеҳи кӯтоҳи ҳақиқати фалсафа, ки чист, ва ин ки оё мо фалсафаи исломӣ дорем ё надорем, барои хонандаи азиз собит хоҳам намуд, ки душмании ин ду гурӯҳ, ҳам дӯст ва ҳам душман, сарчашма дар навъе ҷаҳолат ва нодонӣ дорад. Дӯсти нодонамон, фалсафа намедонад. Душмани ногоҳамон, аз ислом ва маорифи он хабаре надорад.

Албатта, талош менамоям ба забони сода баён кунам, ва дар шарҳи матолиб, намехоҳам аз истилоҳоти печидаи фалсафӣ баҳра гирам, ки шояд барои зеҳни хонанда маънус набошанд.

Фалсафа чист?

Одатан, барои шинохти кӯтоҳ аз ҳар донише, ҳамин бас аст, ки дар таърифи он илм, ба мавзӯи он дониш, ҳадафи вай, ба иловаи равиши таҳқиқу баррасии масоилаш ишора гардад. Масалан, агар мехоҳед як шинохти аввалӣ аз илми пизишкӣ (тиб) дошта бошед, кофист дар таърифи ин дониш, ба мавзӯяш, ки кадом аст, ба ҳадафаш, ки чист, ва ба шеваи таҳқиқ дар он дониш, ки бо чӣ равише масоилаш баррасӣ мешавад, ишора шавад.

Вақте бароятон мегӯянд, "Илми пизишкӣ, илмест, ки мавзӯяш бадани инсон (ва куллан ҷондор) аст аз назари тандурустиву беморӣ, ҳадафаш ҳифзи саломатӣ ва дармони бемориҳост, ва равиши баррасӣ дар ин дониш, таҷруба ва озмоиш аст”,[1] дар ин ҷо, як маълумотӣ аввалӣ дар зеҳни шумо аз ин илм ҳосил хоҳад шуд.

Аз ин рӯ, барои ошноии кӯтоҳ бо дониши фалсафа, бояд таърифаш ироа гардад. Барои фалсафа, таърифҳои мухталифе ироа шудааст. Ҳеҷ таъриферо наметавон пайдо кард, ки ҷомеу монеъ бошад, яъне таърифе бошад, ки дарбар дорандаи тамоми ҷиҳоте бошад, ки фалосифа, ҳар як, ба навбати худ, дар таърифи фалсафа пешкаш кардаанд. Шояд таърифи зерин, таърифи беҳтаре бошад:

"Фалсафа, донишест, ки ба пурсишу посух дар бораи куллитарин ва асоситарин мавзӯоте, ки дар зиндагонӣ ва дар ҷаҳон бо онҳо рӯбарӯ ҳастем мепардозад”.[2]

Осонтар бигӯям: одамӣ, дар зиндагонии худ, бо як силсила пурсишҳое рӯбарӯ мешавад, ки ҳисси кунҷковияш ӯро водор мекунад, ба ин пурсишҳо посухи қаноатманд пайдо кунад. Пурсишҳое чун:

Оё ҳастӣ, фақат маҳдуд ба ҳамин чизҳоест, ки мебинем, ё на, ҳастӣ фаротар аз он аст?

Мо инсонҳо ва низ соири мавҷудоту махлуқот, ки атрофу акнофро пур кардаанд, чӣ гуна ба вуҷуд омадаем? Худ аз худ, ё на, касе ҳаст, ки ба мо вуҷуд бахшидааст?

Ҳоло, агар ин касе ки бароямон вуҷуд бахшидааст, агар ҳаст, пас чӣ гуна мавҷудест? Мисли мост, ё на, ба гунаи дигарест?

Робитаи ӯ бо мо ба чӣ сурат аст?

Ӯ, агар ҳаст, аслан чаро мо ва дигар махлуқотро офарид? Ҳадафе дорад? Агар дорад, пас он ҳадаф чист?

Мо инсонҳо, ки фитратан, адолатдӯсту адолатхоҳ ҳастем, чаро бо ин ҳама ноадолатиҳо, чи дар низоми ҳастӣ ва чи дар ҷомеа, рӯбарӯ ҳастем? Ба вижа, агар ҷаҳони ҳастӣ офаридгоре дошта бошад, пас, чӣ тафсире метавон аз ин беадолатиҳо кард?

Оё мо инсонҳо озод ҳастем, ё на, ҳар чи мекунем ва ҳар чи аз мо содир мешавад, дар анҷоми онҳо маҷбурем?

Мо, ки инсонем, аслан тавоноии дарки он чи моварои ҳисси мо қарор дорад-ро дорем?

Ҳар чи мебинему мешунавем ва ба эҳсосамон медарояд, оё ин ёфтаҳо, аслан дар хориҷ воқеияте доранд ё на, хаёлоте беш нестанд?

Инҳо, ва низ садҳову ҳазорон пурсишҳои асосӣ ва куллии дигар, ки сари моро гиҷ мекунанд ва посухашонро мехоҳем, пурсишҳое ҳастанд, ки дониши фалсафа ӯҳдадори посух ба онҳост.

Албатта, дин низ муддаист, ки омадааст то ба ин гуна пурсишҳои асосӣ посух бидиҳад, ва посух ҳам додааст, ба вижа динҳои осмонӣ мисли яҳудияту масеҳияту ислом.[3]

Аммо фарқи фалсафа бо дин дар ин ҷиҳат он аст, фалсафа мехоҳад бо такя бар истидлоли ақлӣ ба посухи ин пурсишҳо бипардозад, яъне такягоҳи фалсафа дар посух ба ин пурсишҳо, фақат ва фақат ақли башарист, на чизи дигар.

Бо ин ҳисоб, бас иштибоҳ аст, ки касе чунин бипиндорад, ки поягузорони дониши фалсафа, юнониён ҳастанд. Аслан, ҳар инсоне, ҳар кӣ бошад, агар бихоҳад ба шеваи ақлӣ ба посухи ин чунин пурсишҳо бархезад, фалсафа гуфтааст.

Оре, он чи дар бораи фалосифаи Юнони бостон дар ин замина метавон гуфт, ин аст, ки эшон, ёфтаҳои хешро – чи дуруст бошад, ё нодуруст, ки феълан дар мақоми арзёбии дурустӣ ё нодурустии ёфтаҳои онон нестем – дар китобе мустақил тадвин карда ва дар маъраз қарор додаанд.

Фалсафаи исломӣ

Ҳоло, баъд аз он ки рӯшан шуд, фалсафа чист ва чӣ мехоҳад, акнун мехоҳам ба ин матлаб ишора намоям, ки баъд аз зуҳури ислом ва густариши он дар атрофу акнофи гетӣ, донишмандони мусалмоне ибрози вуҷуд карданд, ки барои посухи ақлонӣ пайдо кардан ба пурсишҳое, ки дар боло ёдовар шудем ва низ садҳо пурсишҳои дигаре назири он, камари ҳиммат бастанд ва ба шеваи ақлонӣ ба посухи он пурсишҳо пардохтанд.

Хидмате, ки фалосифаи исломӣ чун Кендӣ, Форобӣ, Бӯалӣ, Хоҷа Насир, Ибни Рушд, Хайём (Хайёми файласуф на Хайёми шоир), Сӯҳравардӣ, Мулло Садро ва дигарон, дар маҷоли дониши фалсафа аз худ ба харҷ доданд, на танҳо пардохтан ба масоиле буд, ки пешиниён (юнониҳову навафлотуниён) ба онҳо ишора карда буданд, балки посухи масоилеро ҳам доданд, ки барои пешиниён ҳалношуда боқӣ монда буд. Илова бар он, масоилеро тарҳ ва ба посухаш пардохтанд, ки аслан ба зеҳни пешиниён хутур накарда буд.

Қобили ёдоварӣ бошад, ки фалсафа дар ҷаҳони Ғарб, бо омадани масеҳиёт аслан рахт бар баста буд. Масеҳияти пеш аз реннесанс, сахт мухолифи фалсафа буд ва мардумонаш, чизе ба номи фалсафа ва касе ба номи Суқроту Афлотуну Арасту намешинохтанд. Агар баъд аз реннесанс, бо донише ба номи фалсафа ва бо фалосифае чун Арасту ошно шуданд, ин ошноиро мадюни фалосифаи исломие чун Ибни Сино ва Ибни Рушд ҳастанд, ки китобҳои ин ду файласуфи номвар ба забони лотинӣ тарҷума ва дар маърази ғарбиён қарор гирифт.

Ва аз ҳама муҳим, иллати он ки дониши фалсафа то ба ин ҳад дар ҷаҳони ислом рушду густариш ёфта буд, танҳо ин набуд, ки касоне дар сарзамини исломӣ, ба гунаи истисно, бархостанд ва ба ин масоил пардохтаанд. Ҳаргиз чунин нест, ва ҳар кӣ чунин бияндешад, бас иштибоҳ кардааст.

Балки иллати асосӣ, дар худи матни таълимоти исломӣ, ки бархоста аз Қуръону суннат аст нуҳуфта. Яъне ин ислом буд, ки дар дараҷаи аввал, мусалмонро ба пардохтан ба шеваи ақлӣ бармеангехт.

Вақте Қуръони карим, ин китоби осмонӣ ва ҷовидон, ба такрор гӯшзад мекунад, ки:

"Эй кош тафаккур намойед!”[4]

"Оё тафаккур намекунед?”[5]

"Эй кош ақли хеш ба кор гиред!”[6]

"Оё ақлу хирад ба кор намегиред?”[7]

"Агар ақли хеш ба кор мегирифтед...”[8]

Оё баъд аз ин ҳама таъкидот, шахси мусалмон хештанро дар баробари баррасии масоили куллии ҳастӣ ба шеваи ақлонӣ, бетафовут мебинад?

Аслан, Қуръони карим, имон ба Худоро, натиҷаи ба коргирии ақлу хирад аз сӯйи одамӣ медонад ва ба такрор мегӯяд, тамошои гетӣ ва мушоҳидаи он, худ оят ва нишонаест бар вуҷуди Худо, албатта барои касоне, ки "ақли худ ба кор мегиранд”.[9]

Вақте ҳазрати паёмбар (с) мефармояд:

"Ба воситаи ақл, ҳамаи некиҳо ба даст меояд, ва касе ки ақл ба кор намеандозад, аслан дине надорад”.[10]

"Бадтар аз нодонӣ фақре нест, ва судмантар аз ақл сармояе нест…”.[11]

"Устувории мард ба ақли ӯст, ва касе ки ақл ба кор наяндозад, дин надорад”.[12]

"Дини мард ҳамон ақли ӯст. Ва ҳар кӣ ақл надорад, дин надорад”.[13]

Оё баъд аз ин ҳама таъкидот дар ба коргирии ақл, ва низ тасреҳ ба ин ки касе ки ақли хеш ба кор нагирад, дин надорад… метавон гуфт, мусалмон нисбат ба дониши фалсафа бетафовут хоҳад буд?

Илова бар ин ҳама, фалосифаи исломӣ дар Қуръони карим, ба оятҳое бархӯрданд, ки истидлолҳои ҷадидеро дар арсаи исботи масоили куллии ҳастӣ ироа медиҳад, ки аслан собиқа надошт, на пешиниён аз фалосифаи юнониву навафлотунӣ ба он ишора карда буданд ва на фалосифаи исломӣ то замони Форобӣ ва Ибни Сино ба он пай бурда буданд, мисли "бурҳони сиддиқин”, ки барои нахустин бор Форобӣ парда аз чеҳраи ин истидлоли қуръонӣ бардошт ва Ибни Сино ба тафсил онро табйин намуд.

Ҳоло, маҷоли он нест, ки ба шарҳу тавзеҳи ин истидлоли қуръонӣ бипардозам. Танҳо метавонам бигӯям, ки ин бурҳон, ба исботи офаридгор ба шеваи ақлӣ пардохта ва дар он, аз ҳеҷ гуна муқаддима истифода нашудааст, ки дар таърихи фалсафа то ба ҳанӯз назире надорад.

Бо ин ҳама, оё боз ҳам касе метавонад иддао намояд, ки мо "фалсафаи исломӣ” надорем?

Гуфтори поёнӣ

Баъд аз он ки собит шуд, мо фалсафае ба номи фалсафаи исломӣ дорем, навбати он аст, ки сухане бо дӯст, ва сухане ҳам барои душман арз кунем.

Сухани мо барои дӯст, ва он кӣ мепиндорад, "ман тафалсафа тазандақа”, он аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба таъкидоти сареҳаи Қуръону суннат дар ба коргирии ақлу хирад дар фаҳму маърифати ашё, вақте мусалмоне бо пурсишҳое аз он даст, ки дар боло ёдовар шудем рӯбарӯ мешавад, агар барои ёфтани посух барои онҳо, ба ақли худ руҷӯъ кунад ва посухи онҳоро ёбад, магар ҷуз ин кардааст, ки гӯш ба фармони Қуръону суннат, ки мегӯянд ақли худ ба кор гиред, супурдааст?

Магар фалсафа ҷуз ин аст? Мо, коре бо исму расм ва ному унвон надорем. Агар шумо аз унвони "фалсафа”, ки реша дар луғати Юнон дорад, ишмиъзоз дошта бошед, метавонед исми ин донишро чизе дигар бигузоред, муҳим маъност на лафзу унвон.

Агар бигӯйед, маҷоли ёфтани посух барои чунин пурсишҳое нақл аст (яъне Қуръону суннат аст), мегӯйем, дуруст гуфтед, ин сухан дуруст аст. Аммо на ҳама ҷо, ва на барои ёфтани посухи ҳар масъалае.

Руҷӯъ ба Қуръону суннат, танҳо замоне саҳеҳ аст, ки инсон, мӯъмин ба Худову Қуръону суннат бошад. Вагарна, шумо, ки наметавонед ба шахсе ки на ба Худо имон дораду на ба Қуръону на ба суннат, бигӯйед, посухатро аз нақл пайдо кун. (Диққат шавад!)

Тоза, чӣ некӯст агар мусалмон барои посухе, ки аз нақл пайдо кардааст, таъйиде аз ақл ҳам биёбад, ки бе шак, имонаш устувортар ва эътиқодаш мустаҳкамтар хоҳад шуд.

Аммо сухани мо барои душман ин аст, ки ин ки мегӯяд, "Дин сарчашмааш ваҳй аст, магар метавонад бо фалсафа, ки ҳар чи мегӯяд, бархоста аз ақлу хиради одамист, як ҷо ҷамъ шавад?”, посухамон ин аст, ки агар муроди шумо аз дин, дини масеҳияти имрӯз, ки таҳрифшуда аст ва бештари маорифаш такягоҳи ақлонӣ надорад бошад, бо шумо коре надорем, биравед пеши руҳонияти худатон ва барои эшон чунин бигӯйед.

Аммо агар муродатон ҳар динест, бояд бидонед, ки ислом чунон дине нест, ки маорифаш бо додаҳои ақлонӣ мутаориз бошанд. Ислом, агар мегӯяд, имон биёвар, имонеро аз инсон металабад, ки такягоҳи ақлонӣ дорад, на ҳар имонеро ("Дини мард ҳамон ақли ӯст. Ва ҳар кӣ ақл надорад, дин надорад”.[14])

Тавсияи мо мусалмонон ба шумо ин аст, ки боре ҳам ки шуда ба мутуни исломии мо бо чашми басират нигаҳ кунед, ва худ бубинед, ки оё ислом, ҳамон динест, ки шумо аз он дар зеҳни худ доред? Ва ё исломро аз тариқи мусалмонон шинохтаед?

Некӯ бидонед, ки лузуман гуфтору кирдори мусламонон, ойинаи тамомнумойи дини мубини ислом нест, ҳамчуноне ки гуфтору рафтори ҳар масеҳие, намоёнгари маорифи ойини масеҳият намебошад.

Поёни гуфтор

http://kemyaesaadat.com/

Бахш: Фалсафа ва ҳикмат | Просмотров: 1752 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz