Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, руҳонии барҷастаи Тоҷикистон, ҳафтаи ваҳдатро, ки ҳамасола аз он таҷлил мешавад, мушти муҳкаме бар даҳони ҷаҳони куфр ва душманони ислом донист.
Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, рӯзи чоршанбе (03.03.2010) дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе афзуд: "Талошҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар заминаи эҷоди ваҳдат, таҳкими муносибот ва инсиҷом байни уммати исломӣ дар саросари ҷаҳон муассир будааст ва ин кишвар бо эъломи ҳафтаи ваҳдат, тавонист ба унвони садди устуворе дар муқобили тавтиаҳои ҷаҳони куфр қарор гирад”.
Вай тасреҳ кард: "Душманони ислом ва бештари кишварҳои ғарбӣ барои мутафарриқ кардани уммати исломӣ ва ба ҳам задани ваҳдат ва инсиҷоми мусалмонони ҷаҳон талош мекунанд, аммо талошҳои Ҷумҳурии исломии Эрон барои хунсо кардани тавтиаҳои онҳо мушти муҳкаме хоҳад шуд”.
Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, бо таваҷҷӯҳ ба он ки ваҳдат, якпорчагӣ ва якдилии уммати исломӣ суфориши Қуръони азимушшаън ва иқтизои ақлу мантиқ аст, изҳор дошт: "Тамоми мусалмонони ҷаҳон дар усули эътиқодӣ ва амалӣ бо якдигар муттаҳид ҳастанд ва ҳеҷ душмане наметавонад ин иттиҳоде, ки байни мазоҳиби исломӣ вуҷуд дорад-ро ба ҳам бизанад”.
Вай тасреҳ кард: "Усули эътиқодии ҳамаи мазоҳиби исломӣ, имон овардан ба ваҳдонияти Худованд, эътиқод ба олами ғайб, рисолати анбиё, китобҳои осмонӣ ва имон ба рӯзи қиёмат аст, ки тамоми мазоҳиби исломӣ дар ин масоил иттифоқи назар доранд”.
Эшон изофа кард: "Дар усули амалӣ ҳам, ки аркони дини мубини ислом аст, ҳамчун иқомаи намоз, рӯзаи моҳи мубораки Рамазон, адои закот ва анҷоми маносики ҳаҷҷи Байтуллоҳ, мазоҳиби исломӣ, қатъи назар аз бархе ихтилофоте, ки дар фурӯи дин вуҷуд дорад, иттифоқи назар доранд”.
Вай гуфт: "Муштаракоти исломӣ, ки байни мазоҳиби гуногуни исломӣ вуҷуд дорад, дар ҷиҳати таҳкими ваҳдат миёни мусалмонони ҷаҳон кифоят мекунад”.
Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода афзуд: "Дар ин росто, таъкидот ва ҳушдорҳои зиёде аз паёмбари аъзам (с) барои ваҳдати исломӣ ва парҳез аз тафриқа ривоят шудааст”.
Вай, бо ишора ба лузуми таҳкими ваҳдат байни мусалмонон дар қиболи тавтиаҳои душманони ислом, изҳор дошт: "Миллати мусалмон, сарфи назар аз тобеияту мазҳаб, дар сурати бурузи хатар ва вуҷуди душмани муштарак, бояд ихтилофоти мазҳабии худро канор гузошта ва дар як саффи воҳид алайҳи душмани муштарак қарор гиранд”.