Ҷумъа, 29.03.2024, 18:29
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Ноябр » 20 » Эдуардо Аниелли кист ва чаро кушта шуд?
Эдуардо Аниелли кист ва чаро кушта шуд?
15:25

"Дар Ню-Йорк, ки будам, як рӯз дар китобхона қадам мезадам ва китобҳоро нигоҳ мекардам, чашмам ба Қуръон афтод. Кунҷков шудам, ки бинам дар Қуръон чӣ чизе омадааст. Онро бардоштам ва шурӯъ кардам ба варақ задан ва оёташро ба англисӣ хондам, эҳсос кардам, ки ин китоб калимоти нуронӣ аст ва наметавонад гуфтаи башар бошад. Хеле таҳти таъсир қарор гирифтам, онро амонат гирифтам ва бештар мутолиъа кардам ва эҳсос кардам, ки онро мефаҳмам ва қабул дорам”.

Ишора: Эдуардо Аниелли то даҳ сол пеш шахсияти ношинохтае барои ҷаҳониён буд. Бештарин хабаре, ки дар бораи ӯ мешуниданд ин буд, ки молики бошгоҳи машҳури футболи Ювентус ва як миллиардери итолиёӣ ба номи Аниелли аст. Аммо бо шаҳодати Эдуардо, бар хилофи майл ва тасаввури душманони ӯ, ному овозааш ҷаҳонӣ шуд ва мусалмонон барои ӯ маҷолиси зиёде баргузор карданд, филм сохтанд ва китоб навиштанд.

Моҷарои мусалмон шудани ӯ, сафараш ба Эрон ва дидори вай бо Имом Хумайнӣ ва саранҷоми мубҳаме, ки пайдо кард, ҳама баҳонаҳое буданд то хабарнигори хабаргузории Форс ба суроғи доктор Қадирии Абёна, ки аз наздиктарин дӯстони ӯ буд биравад ва аз Эдуардо Аниелли бештар бидонад.

- Агар мувофиқ бошед, ибтидо дар бораи хонаводаи шаҳид Эдуардо ва ҷойгоҳи онҳо дар кишвари Итолиё тавзеҳ бидиҳед.

- Аҷдоди Эдуардо бо роҳандозии корхонаи Фиат дар Итолиё ин саноати азимро дар он ҷо бино гузоштанд, ки имрӯза хешовандонаш саҳомдорони аслии Фиат, соҳиби банкҳо ва бимаҳо, бошгоҳи Ювентус ва ғайра ҳастанд.

- Падари Эдуардо католик ва модараш яҳудӣ аст. Аммо чӣ иттифоқе меафтад, ки падараш, ки як масеҳии католик аст, бо як зани яҳудӣ издивоҷ мекунад?

- Ин издивоҷро иттифоқӣ намедонам, чун заминасози он саҳюнистҳо буданд то баъдан бар ин сарвати азим даст ёбанд. Нуктаи муҳимми дигар ин ки вақте як зани яҳудӣ бо як марди масеҳӣ издивоҷ мекунад ва ё баръакс, дар он хонавода маргу мир оғоз мешавад, ба ҳадде ки сарвати бештар ба фарде, ки ҳамсари яҳудӣ дорад бирасад. Яке аз амуҳои Эдуардо баъд аз ин издивоҷ вафот мекунад, ки ин марги вай қобили баррасӣ аст ва ҷолиб ин ки хоҳари Эдуардо бо як хабарнигори яҳудӣ бо номи Алкон (ё Элкон) издивоҷ мекунад ва аз ӯ чаҳор бачча дорад, (чун ҳар чӣ баччаҳои бештаре дар ин хонавода ба дунё биёянд, ба нафъи яҳудиён аст), вале дар охир корашон ба ихтилоф мекашад ва хоҳари Эдуардо талоқ мегирад ва бо як масеҳӣ издивоҷ мекунад. Аз ин ҷо ба баъд, як навъ рақобат байни яҳудият ва масеҳият дар мавриди фарзандони хоҳари Эдурадо ба вуҷуд меояд. Дар ниҳоят, чун баъдҳо Эдуардо мусалмон шуд, падараш ҳозир нашуд, ки ирсу меросашро ба дасти ӯ биспорад, бинобар ин писарамуяш, ки  масеҳӣ буд, ба унвони ҷонишин таъйин гардид. Аммо ногаҳон ин хабар печид, ки ӯ бар асари саратони ношинохтае вафот кардааст. Агар зинда мемонд мудирияти ин амвол ба дасти як масеҳӣ мерасид ва ин чизе набуд, ки яҳудиён моил ба он бошанд, бинобар ин мӯътақидам, ки ӯро ҳам куштанд.

Баъд аз шаҳодати Эдуардо ин ирс қонунан ба хоҳараш мерасид, аммо бо кӯмаки модари Эдуардо ҳудуди панҷсад миллион долларро, ки дар муқобили сарвати хонаводаи Эдуардо бисёр ночиз аст, ба хоҳараш доданд ва бо фиреб аз ӯ имзо гирифтанд ва ба навъе ӯро аз ирс маҳрум карданд, ки баъдҳо вай аз дасти модари худ дар додгоҳ ба хотири ин мавзӯъ шикоят кард, аммо ба ҳар ҳол мудирияти ин сармояи азим дасти хоҳарзодаҳои яҳудии Эудардо афтод.

- Эдуардо кай ва чӣ гуна мусалмон шуда буд?

- Эдуардо касе буд, ки хонаводаи ӯ таъйин мекарданд, ки мардум чӣ гуна бояд фикр кунанд. Бинобар ин вай пушти пардаҳоро медонист. Медонист, ки соҳибони саноеъ барои ҳифзи сарваташон ва барои афзоиши он ва барои ин ки муқовиматҳои иҷтимоӣ дар ин робита рух надиҳад, бояд афкори умумиро бисозанд, бинобар ин хонаводае ба ин сарватмандӣ ҳазорон роҳ мепаймояд, то афкори умумиро шакл диҳад.

Эҳсоси озодӣ дар ғарб бисёр муҳим аст. Фард бояд асир бошад, вале эҳсоси озодӣ кунад, бинобар ин дар ин замина сармоягузории зиёде мекунанд. Масалан, дар маҳофили донишҷӯии ғарбӣ зоҳири амр ин аст, ки донишҷӯён метавонанд ҳар фаъолияте, ки мехоҳанд анҷом диҳанд, аммо агар онҳо фаъоли сиёсӣ шуданд ва ҳаракате карданд, ки аз он эҳсоси хатар шавад, дар ин сурат, ҳукумат роҳҳои дигареро интихоб мекунад; масалан маводди мухадирро дар моишини фаъоли сиёсӣ мегузоранд ва баъд онро кашф мекунанд ва ба ин ҷурм чеҳраи ӯро сиёҳ мекунанд; ҳамон коре, ки бо Эдуардо карданд ва кӯшиданд ӯро айбдор ба ҳамли 300 килограмм ҳероин кунанд, дар ҳоле ки ӯ дар сафаре, ки ба Эрон дошт, бо бародари яке аз дӯстони мо, ки нашъамфнд буд, хеле сӯҳбат кард ва хеле саъй кард то ин ки ӯро бо мантиқу истидлол аз масрафи маводди мухаддир боздорад. Бинобар ин, ӯ ки аз наҳваи қурбонӣ кардани мардум ва афкор хабар дошт, наметавонист худаш қурбонӣ бошад, бинобар ин мисли мардуми оддӣ фиреби таблиғотро намехӯрд, ва чун падараш масеҳӣ ва модараш яҳудӣ буд, наметавонист ҳам масеҳӣ ва ҳам яҳудӣ бошад, бинобар ин дар пайи ҳақиқат буд. Ин буд, ки барои кашфи ҳақиқат шурӯъ ба хондани фалсафаи адён кард.

Нуктаи муассири дигар ин ки Эдуардо чизҳое, ки дигарон фикр мекунанд, ки доштани онҳо хушбахтӣ меоварад дошт, вале медонист ҳеҷ кадом аз инҳо барои ӯ хушбахтӣ намеоварад. Албатта Эдуардо танҳо касе набуд, ки дар авҷи доштани имконот, дар пайи кашфи ҳақиқат буд. Касони дигареро дар Итолиё мешинохтам, ки яке аз онҳо қаҳрамони коротеи артишҳои ҷаҳон буд. Ӯ рӯзе, ки ҳамлаи Табас рух дод, ба ман телефон кард ва бо ҳаяҷон гуфт: "Дидӣ, фариштаҳо чӣ карданд?!

Ӯ шахсе буд, ки мегуфт: "Ман муртакиби ҳар гуна гуноҳе, ки шумо фикр кунед шудаам; ҳар чӣ мехостам, ба даст овардам ва вақте ба ҳамаи он чи мехостам расидам, дидам он чизе ки ман дар паяш будаам, инҳо набуда ва аз он ҷо ба баъд буд, ки диндор шудам”. Ӯ албатта мусалмон нашуда буд, вале ба ин натиҷа расида буд, ки ислом дини илоҳӣ аст ва паёмбари ислом паёмбари Худо аст, вале ӯ мӯътақид буд, ки Худо исломро барои Ховари Миёна хостааст ва ба шиддат ҳам ба Имом Хумайнӣ алоқа дошт ва ҳатто мегуфт: "Ман фикр мекунам, он касе, ки шумо мунтазираш ҳастед, эшон аст”.

Эдуардо донишҷӯи фалсафаи адён дар донишгоҳи маъруфи Принстони Ню-Йорк буд. Худаш ҳам мутаваллиди Ню-Йорк буд. Ӯ Инҷил ва Тавротро хонда, аммо инҳо ӯро қонеъ накарда буд. Дар 20 солагӣ, бар ҳасаби иттифоқ, дар китобхонае чашмаш ба Қуръон афтода ва чанд оят аз онро мехонад ва эҳсос мекунад ин наметавонад каломи башар бошад. Қуръонро комил мехонад ва тасмим мегирад мусалмон шавад бидуни ин ки ниёз ба машварат бо касеро эҳсос кунад. Ба як маркази исломӣ дар Ню-Йорк меравад ва он ҷо мегӯяд, ман мехоҳам мусалмон шавам, шаҳодатайнро мегӯяд ва он ҷо номашро Ҳишом Азиз мегузоранд. Ҳоло як ҷавони 20 сола, ки падару модарашро дӯст дорад ва роҳи биҳиштро пайдо кардааст, табиатан мехоҳад роҳи биҳиштро ба падару модараш ҳам нишон бидиҳад. Бинобар ин тасмим мегирад онҳоро ҳам ба дини ислом даъват кунад. Онҳо ибтидо саъй карданд, ки ӯ даст аз ислом бардорад, фикр мекарданд ин як эҳсоси зудгузар аст ва онро хеле ҷиддӣ нагирифтанд, вале ӯ ҳар чи бештар мутолиа мекард, муҳкамтар мешуд.

- Шумо чӣ гуна бо эшон ошно шудед?

- Дар даҳаи фаҷри инқилоби исломии Эрон ва дар шаҳривармоҳи соли 1358 ҳиҷрии шамсӣ (1979), ба унвони ройзани матбуотӣ машғул ба кор дар сафорати Эрон дар Итолиё шудам, дар ҳоле ки ҳанӯз донишҷӯ будам. Шаш моҳ қабл аз ҷанги Эрону Ироқ дар фарвардини 1359 манро даъват карданд барои ширкат дар мунозирае бо масъулини матбуотии сафоратхонаи Амрико, Ироқ, як хабарнигори итолиёӣ ва як барандаи телевизионӣ, дар шабакаи дуи телевизиони Итолиё. Ин замоне буд, ки ба хотири масъалаи гаравгонгириҳо, ахбори Эрон дар авҷи расонаҳо буд. Гуфтам, ҳозир ба мунозира бо дипломатҳои амрикоӣ нестам магар ин ки ҳар ду тараф ба унвони хабарнигор биравем.

Унвони барнома, ба назарам "Бӯҳрони Халиҷи Форс, хатаре барои ҷаҳон” ном дошт. Ман он мунозираро ин гуна оғоз кардам: Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон ва ба номи Худованди қавитар аз новҳои Амрико, ва баъд гуфтам, ман ин унвонеро, ки шумо барои барнома интихоб кардед, қабул надорам. Ман мегӯям, "Султагарии Амрико, хатаре барои ҷаҳон” ва мунозираро шурӯъ кардам. Ман пирӯзи мутлақи ин мунозира будам. Бар ҳасаби иттифоқ, Эдуардо ин мунозираро дида ва хушаш омада буд. Як ҳафта баъд, Эдуардо омад манзили мо, савор бар як мотори кӯҳна, бидуни ин ки худашро муаррифӣ кунад ба нигаҳбони дари манзили мо гуфта буд, ки итолиёӣ аст, гуфта буд мехоҳад оқои Қадириро бибинад.

Дар он замон, ман хеле кори зиёд доштам. Барои ҳамин гуфтам, ба ӯ бигӯед, фардо ба сафорат биёяд то бо ҳам сӯҳбат кунем. Вале чун мумкин буд дар он ҷо ӯро бишиносанд, намехост, ба он ҷо биёяд, бинобар ин пайғом дод, ки ба Қадирӣ бигӯед, Худованд ҳар дари бастаеро мекушояд, ва ман ба маҳзи шунидани ин пайғом гуфтам, ӯро ба дохил роҳнамоӣ кунед. Ба истиқболаш рафтам. Ӯ ҷавони қадбаланде буд. Хостам худашро муаррифӣ кунад, гуфт ман Эдуардо Аниелли ҳастам. Ман бидуни он ки интизори ҷавоби мусбате дошта бошам, пурсидам шумо бо он хонаводаи маъруфи Аниелли нисбате доред?

Гуфт, бале, ман писараш ҳастам.

Гуфтам, ту агар воқеан писари Аниелли ҳастӣ, пас чаро бо ин мотори кӯҳна омадаӣ?

Гуфт, ин моли нигаҳбонамон аст ва ман бо ин омадаам, то шинохта нашавам. Ман мусоҳибаро дидам ва мусалмон ҳастам.

Гуфтам, чӣ замоне мусалмон шудӣ?

Гуфт, чаҳор сол пеш.

Шарҳи мусалмон шуданашро гуфт. Мехост, ки бо ҳам дӯст бошем.

Аз он баъд, ҳар вақт ки ба Рум меомад, манзилаш дар Торино буд ва ба ман ҳам сар мезад... Бори аввал, ки ба Эрон омад, хидмати ҳазрати Имом Хумайнӣ рафт. Дар он мулоқот, Оятуллоҳ Хоманаӣ, оқои Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Сайид Аҳмад Хумайнӣ ва Фахриддин Ҳиҷозӣ ҳузур доштанд ва як дӯсти эронии дигари мо, ки дар ҳоли ҳозир дар Машҳад аст ва намехоҳад номашро барам ва дӯсти Эдуардо низ буд, вазифаи тарҷумонро бар ӯҳда дошт.

Ин дӯсти муштаракамон баъдҳо гуфт, ки баъд аз дидор бо Имом Хумайнӣ, ба намози ҷумъа рафтем, ки Эдуардо дар саффи аввали намози ҷумъа буд...

Дар ин сафар ӯ ба Машҳад барои зиёрати Имом Ризо рафт. Вақте яке аз дӯстон ӯро ба шаҳри бозӣ, ки ба тозагӣ дар он ҷо сохта шуда буд, бурд, Эдуардо ба ӯ гуфт, ки муроқиб бошед, ки Машҳад чеҳраи мазҳабии худашро ҳифз кунад, чаро ки лоикҳо барои он ки ҷанбаи мазҳабии шаҳрҳои мазҳабиро бигиранд, марокизи тафреҳии мутааддиде дар он ҷо месозанд, ба тавре ки дар зеҳни мардум ҷанбаи тафреҳии ин шаҳрҳо барҷастатар аз ҷанбаи мазҳабии он бишавад. Муроқиб бошед, Машҳад ҳам дучори ин бӯҳрон нашавад.

Дар он ҷо ба шиддат таҳти таъсир қарор гирифта буд ва мегуфт, ки ман вуҷуди Имом Ризоро ҳис мекардам. Вақте аз ӯ пурсидам, аз Худо дар боргози Имом Ризо чӣ хостӣ?

Гуфт, хостам, ки Имом аз Худо бихоҳад, ки дили падарамро нисбат ба ман меҳрубон кунад.

- Назари ӯ дар бораи Эрон ва инқилоб чӣ буд?

- Вай ба шиддат тарафдори инқилоби исломии Эрон буд ва ахбори онро пайгирӣ мекард. ӯ инсони идеалеро, ки ислом муаррифӣ мекунад, дар вуҷуди Имом Хумайнӣ медид.

Дар яке аз сафарҳояш ба Эрон, фарде ба номи Оқои Кант Луко, ки як ҷавони варзишкоре буд ва хонаводааш беш аз ду қарн аст, ки тавлидкунандаи шароб дар Итолиё ҳастанд ва бародараш идоракунандаи сайтҳои порнои Итолиё аст, ҳамроҳи ӯ буд. Эдуардо ба ман гуфт, ман бо Луко сӯҳбат кардаам ва ӯро то марзи мусалмон шудан овардаам, вале ӯ ҳозир нест мусалмон шавад. Ту бо ӯ сӯҳбат кун. Ман ду соат дар ҳотели Озодӣ ба танҳоӣ бо ӯ сӯҳбат кардам, эҳсос кардам як чизе монеи ислом овардани ӯ мешавад. Ман пасзаминаи зеҳнии ғарбиҳоро ва таблиғоти манфии алайҳи исломро медонистам. Ин хеле мушкил аст, барои як фарди итолиёӣ, ки биёяд динеро қабул кунад, ки занҳо бояд ҳиҷоб дошта бошанд, ё дар ин дин тааддуди заваҷот бошад ва инҳо барояш қобили ҳазм набуд.

Фалсафаи ҳиҷоб дар исломро барои ӯ шарҳ додам ва вақте ин масъала баро ӯ ҳал шуд, ӯ мусалмон шуд. Ҷолиб аст, бидонед, ки ман ҳамин фалсафаро дар давроне, ки дар Мексика будам ва аз мо савол мекарданд, ки чаро занҳои шумо ҳиҷоб доранд, вақте тавзеҳ медодам, ҳама қонеъ мешуданд. Ғарбиҳо фалсафаи ҳиҷобро беҳтар аз мо дарк мекунанд, чун шароити макониеро, ки дар он ҳиҷоб риоят намешавад, онҳо дидаанд. Бисёре аз хориҷиҳо фикр мекунанд, занони мусалмон дар хона ҳам ҳиҷоб доранд. Сафири Руминия дар Мексика, ки як зан буд, мегуфт: Ман дар як хабаре хондам, ки як зан баъд аз 35 сол зиндагӣ бо шавҳараш, исрор карда буд ба шавҳараш, ки иҷозат бидеҳ ман рӯямро ба ту нишон диҳам ва шавҳараш қабул намекунад.

Ба ӯ гуфтам, касе ки ин хабарро сохта ва ба ту расондаст, мухотабашро аҳмақ фарз кардааст...

Ба ҳар ҳол, Луко мусалмон шуд ва шаҳодатайнро бар забон ҷорӣ кард. Замоне ки ман ба манзилаш дар Рум рафтам, ӯ аз хонаводааш ҷудо шуда ва як манзили муҳаққаронае дошт. Дар воқеъ, Луко аз замони дӯстиаш бо Эдуардо, як зиндагии соддаро ба як зиндагии фосиди пур аз сарват тарҷеҳ дода буд. Ӯ бо як хонуме зиндагӣ мекард, ки тарроҳи декоратсия буд. Оқибат Луко ҳам ба тарзи машкуке кушта шуд.

- Эдуардо дар Итолиё ҳам фаъолиятҳои исломии хоссе дошт?

- Ба ин шакл, ки узви маҷмаъ ё ташкилоте бошд, на. Аммо бо эъмоли нуфузе, ки дошт, коноли яки телевизиони Итолиёро қонеъ мекунад, ки як филми мустанад роҷеъ ба кишварҳои исломӣ бисозад ва таҳиякунандагии филмро низ худаш бар ӯҳда мегирад. Дар ин росто, ба Эрон ҳам омад ва баъд ҳам ин филмро дар телевизион ба намоиш мегузорад. Баъд аз намоиши охирин қисмати ин филм, бо фарде ба номи Игор Ман, ки хабарнигори рӯзномаи Лостомпо аст, дар бораи Ислом ба мунозира менишинад.

Вақте китоби Салмон Рушдӣ мунташир шуд, як ношири итолиёӣ тасмим гирифт онро мунташир кунад. Эдуардо ба дидани ӯ рафта ва ба ӯ ба хотири интишори ин китоб эътироз карда буд. Ӯ мегуфт, ки наметавонам бубинам ба муқаддасоти ман тавҳин шавад ва ман ҳеҷ чизе нагӯям.

Ҳамчунин дар баробари ҷиноёти "Исроил” дар Фаластин тоқат намеовард ва ба нахуствазир ва раиси ҷумҳур ва ҳатто ба сарони кишварҳои дигар занг мезад ва хостори пешгирӣ аз ин иқдомот мешуд, ки ман ба ӯ гуфтам, бо корҳоят кушта шуданатро пеш меандозӣ. Саҳюнистҳо даст аз сари ту намебардоранд, аз ин корҳо парҳез кун.

- Ӯ пешбинӣ мекард, ки чунин саранҷоме пайдо кунад?

- Ман ба Эдуардо гуфта будам, ки инҳо намегузоранд сарвати хонаводаат ба дасти ту бирасад ва балое ба сарат хоҳанд овард, чаро ки яҳудиҳое мисли шавҳари хоҳараш, барои ба даст овардани он сарват нақша кашида буданд. Худаш ҳам мегуфт, ки медонам ин корро бо ман хоҳанд кард, вале намегӯянд, ки ба қатл расид, балки онро як ҳодисаи тасодуфӣ ё худкушӣ ё беморӣ эълон хоҳанд кард.

Яке аз корҳое, ки хонаводааш бо ӯ карданд, ин буд, ки ӯро ба як маркази равонӣ бурданд дар шимоли Итолиё, ки махсуси фавқулодда сарватмандҳо буд ва тамоми аъзои он марказ ҳам саҳюнистҳо буданд. Ӯ худаш таъриф мекард, ки танҳо нигаронии ман ин буд, ки тавоноии мағзи манро аз байн баранд ва ба ин тартиб, ба далели надоштани саломатии ақлӣ, тибқи қонун, амволи хонаводаам ба дасти ман нарасад. Ӯ мегуфт, қаблан дидаам, ки чунин кореро бо фарди дигаре кардаанд, бинобар ин аз он ҷо фирор кард. Албатта мӯътақид буд, то замоне ки падараш зинда аст, ӯ монеи анҷоми сӯиқасд ба ҷони ӯ хоҳад шуд.

Ӯро замоне ба қатл расониданд, ки ахбори бемории бӯҳронии падараш дар авҷ буд ва нигарони ин буданд, ки агар падараш фавт кунад, мавзӯъ аз дасташон хориҷ мешавад ва барои ҳамин ӯро зудтар куштанд. Касе, ки ошпази Эдуардо буд, мегӯяд, субҳи рӯзе, ки ӯ ба қатл расид, ба вай ҳатто супориши таоми нисфирӯзиашро дода буд. Ин ҷо ин нукта вуҷуд дорад, ки касе ки қасди худкушӣ дошта бошад, супориши таом барои ду ё се соат баъдашро намедиҳад ва албатта далоили дигаре ҳам барои исботи адами худкушии ӯ вуҷуд дорад, ки қобили баррасӣ аст.

Бархе асноди он дар филми мустанади эронӣ, ки сохта шуд, омадааст. Ҳамчунин чанд сол пеш китобе дар Итолиё мунташир шуд таҳти унвони "80 метр рамзу роз”, ки мутаасссифона дар Эрон тарҷума нашудааст. Нависандаи китоб чанде қабл ба ман эмайл зад, ки чаро дар ду соли ахир, ки дар Итолиё ба ин масъала пардохта шудааст, дар Эрон хабаре нест? Ӯ гуфт, ки қасд дорад дар ин бора китоби ҷадиде ҳам мунташир кунад бо унвони "Подшоҳи бидуни тоҷу тахт”, ки дар он ҳам фарзияи қатли Эдуардо матраҳ шудааст.

- Лутфан аз моҷарои хабарие, ки дар расонаҳои дохилӣ дар бораи шаҳодати Эдуардо мунташир шуд, бигӯед.

- Рӯзе ман мошинамро ба таъмиргоҳ бурдам ва дар роҳ як рӯзномаи Ҷумҳурии Исломӣ ҳам харидам, дар он чашмам ба ин хабар афтод: Эдуардо Аниелли писари миллиардери итолиёӣ худкушӣ кард. Ҳамон мавқеъ ҳадс задам, ки ӯ худкушӣ накардааст, балки ӯро куштаанд. Билофосила ба оқои Шариатмадорӣ занг задам ва гуфтам, ӯ мусалмон буд ва эҳтимолан яҳудиҳо ӯро куштанд. Рӯзномаи Кайҳон ҳам тибқи гуфтаҳои ман ин хабарро чоп кард: Саҳюнистҳо Эдуардо Маҳдиро худкуш кардаанд.

Вақте хабари аввалияи худкушии Эдуардо дар рӯзномаҳо чоп мешавад, ин хабар барои оқои Сиёвуши Сармадӣ, ки коргардон аст, ҷолиб ба назр меояд. Баъд ҳам хабари дуюмро мебинад, ки ӯро ба қатл расондаанд. Бинобар ин ахборро мебарад пеши оқои Косасоз ва мегӯяд: Яъне як миллардер худкушӣ кардааст?!

Билахира бо ташвиқи ман ва бо ҳимояти садо ва симо ва дафтари ҳифзу нашри осори Имом Хумайнӣ, оқои Косасоз ва Сармадӣ бо ҳамкории чанд нафар аз дӯстони дигар ба Итолиё рафтанд барои сохтани филми мустанад дар мавриди эшон...

Пахши ин филм бисёр муассир буд, ҷавонони зиёдеро таҳти таъсир қарор дод. Касоне буданд, ки ба ман гуфтанд, мо беш аз даҳ бор ин филмро дидем ва ҳар бор гиря кардем барои мазлумияти ин фард. Ман фикр мекунам онҳо мехостанд бо куштани Эдуардо пеши роҳи рушди исломро бигиранд, аммо хуни ӯ ва паёми ӯ мурданӣ нест. Ин филми мустанад хушбахтона ба забонҳои мухталиф тарҷума шуда ва ҳатто конолҳои мухталифе дар Туркия, Лубнон ва дигар кишварҳо ин филмро намоиш доданд.

Ҳатто як донишҷӯи русӣ ба ман гуфт, ман ин филмро ба русӣ тарҷума кардам ва нусхае аз онро ба як полиси рус додам; филмро, ки дид, мусалмон шуд. Мӯътақидам, ки набояд моҷарои Эдуардо ба сукут бигзарад. Бояд талошамонро барои ифшои ин моҷаро бикунем, ки дар ҳақиқат ифшои моҳияти саҳюнистҳост.

- Дар поён, агар нуктае ҳаст, баён бифармоед.

- Хелеҳо аз ман мепурсанд, Эдуардо дар ислом чӣ дида буд, ки мусалмон шуд? Ман ба шумо мегӯям, агар касе исломро бишиносад ва мусалмон нашавад, кори аҷибе аст!

Дар Мексика ман ба шеваи худам суханронӣ мекардам; чун масеҳият ва пасзеҳнҳоро медонам ва мешиносам. Набуд ҷаласае, ки мо дар мавриди ислом сӯҳбат кунем ва дар он ҷаласа касе мусалмон нашавад. Он қадар хурофот дар масеҳият ва яҳудият омадааст, ки агар як нафар исломро бишиносад, аҷиб аст мусалмон нашавад.

Мӯътақидам, агар мо исломро он тавре ки воқеан ҳаст, ба мардуми ҷаҳон нишон диҳем, шоҳиди гароиши фавҷ-фавҷи мардум ба ислом хоҳем шуд.

Чаро қуръонсӯзиро пешниҳод медиҳанд? Барои ин ки дар муқобили мантиқи Қуръон кам меоваранд. Дар масеҳият таълимот ба мардум бар асоси фикру тафаккур омӯхта намешавад ва мегӯяд, бидуни тафаккур ва тардид бипазир ва илло гуноҳ кардаӣ!

Тавсияам ба хонандагон ин аст, ки хушбахтиро дар сарват ва мавқеияти иҷтимоӣ ва шӯҳрат ва ин чизҳо дунбол накунанд, инҳо саробе беш нест. Қадри имони худашонро бидонанд ва дар масири ислом ҳаракат кунанд.

Farsnews

Бахш: Машоҳири исломӣ | Просмотров: 910 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz