Ҷумъа, 26.04.2024, 00:28
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Март » 6 » Домулло Абдурраҳимхон Сафозода: “Ваҳдат, яке аз воҷибот барои мусалмонон аст”
Домулло Абдурраҳимхон Сафозода: “Ваҳдат, яке аз воҷибот барои мусалмонон аст”
18:07
Ишора: Домулло Абдурраҳимхон Сафозода, мударрис ва пажӯҳишгари маорифи исломӣ, таҳсилкардаи мадрасаи исломии "Мири Араб”-и Бухоро, ҳамчунин хатмкунадаи факултаи ҳуқуқ (юристӣ)-и Донишгоҳи давлатии Ӯзбакистон (дар соли 1989), ноиби имом хатиби масҷиди ҷомеи "Ободӣ”-и Истаравшан (то соли 1993), мудири мадрасаи исломии ҳамин шаҳр (то соли 1993) ва имом хатиби масҷиди "Сари Мазор”-и Истаравшан (то соли 2009) мебошад. Ба муносибати ҳафтаи ваҳдат, хабарнигори пойгоҳи Кимиёи саодат, гуфтугӯе дар ин мавзӯъ бо домулло Абдурраҳимхон анҷом дода, ки дар зайл пешкаши хонадагон мешавад.

- Ассалому алайкум. Ҷаноби Домулло, ба назари шумо имрӯз ваҳдат миёни пайравони мазоҳиби исломӣ, то чӣ андоза зарурат дорад?

- Ва алайкум салом. Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Дар оғоз бояд мутазаккир шавам, ки масъалаи ваҳдати мазоҳиби исломӣ, маъмулан дар кишварҳое матраҳ аст, ки дар онҳо атбои мазҳабҳои мухталиф зиндагӣ мекунанд, аммо дар кишваре мисли Тоҷикистон, ки алҳамду лиллоҳ ҷамии мусалмононаш тобеи мазҳаби Имоми Аъзам раҳматуллоҳи алайҳ мебошанд, ин масъала ба он сурате ки дар дигар кишварҳо мисли Эрон ва ё баъзе аз кишварҳои арабӣ мавриди муноқиша аст, матраҳ намебошад. Яъне ман гуфтанӣ ҳастам, ки мо мусалмонони Тоҷикистон, бо мушкилае ба номи ихтилоф ва ё тафриқа рӯбарӯ нестем, ки барои ҳалли он ба фикри ваҳдат бошем. Мо ҳамагӣ алҳамду лиллоҳ якпорча ва якдаст ҳастем ва то ба ҳол, бо мушкилаи тафриқа ва ё ихтилоф мувоҷеҳ нашудаем.

- Ба ҳар ҳол, ба унвони як муҳаққиқ ва пажӯҳишгари исломӣ, назари худатонро дар ин замина иброз медоштед.

- Назари шахсии банда ин аст, ки ваҳдат, масъалаи муҳим ва яке аз воҷибот барои мусалмонон аст, зеро Худованди мутаол дар Қуръони карим моро ба он даъват намуда ва барои он хеле таъкид кардааст. Аллоҳ таборак ва таоло дар сураи Оли Имрон аз ояти 102 то 105 ба ин масъала пардохта ва ҳамагонро ба иттиҳод ва мубориза бо ҳар гуна тафриқа даъват намудааст. Худованди субҳон иттиҳоду бародариро дар ин оёт неъмат номида ва акси онро душманӣ қаламдод кардааст. Вазъи ногуворе, ки қабл аз омадани паёмбари акрам (с) буд, онро ба мо муслимин гӯшзад карда, ба мо мегӯяд, шумо ҳамагӣ дар ҳолати душмании нангбор бо якдигар будед, ки мо тавассути ислом байни шумо иттиҳод ва таълифи қулуб эҷод намудем.

Модоме ки иттиҳод ва ваҳдати муслимин неъмате аз ҷониби Худованд аст, мо бояд ба қадри он бирасем ва онро аз даст надиҳем, вагарна бар хилофи ин ояти шарифа амал карда, худро дучори уқубате намудаем, ки ин оёт моро аз он ҳушдор медиҳад.

Шукри неъмат неъматат афзун кунад,

куфри неъмат аз кафат берун кунад.

Худованд тафриқа ва душманиро дар ин оёт ба чуқурии пур аз оташ монанд мекунад, ки моро аз он наҷот дода ва неъмати амнияту оромиро дар гарави иттиҳод ба мо додааст. Дар ояти 105 Худованд ёдрас менамояд, ки онҳоро азоби дардноке дар интизор мебошад. Ин ҷо Худованд моро огоҳ месозад, чун медонад, ки дар оянда байни мусалмонон тафриқа ва ихтилоф пайдо шуданаш мумкин аст.

Ин дин танҳо бо чизе барқарор мешавад, ки дар аввали зуҳураш бо он барқарор ва мустаҳкам шуд ва он ҳамон ваҳдат аст, ки Қуръон ва паёмбар (с) онро байни мо эҷод карданд.

Миллате, ки ин неъмати Худоро аз даст медиҳад ва ба тафриқа ва ихтилоф рӯй меоварад, шикоргоҳи душману бадхоҳон мешавад.

Дасти Худованд бо ҷамоат аст, лизо бояд мусалмонон аз тафриқа ва парокандагӣ дар парҳез бошанд, вагарна тӯъмаи шайтон мегарданд, ҳамон гуна ки гӯсфанди ҷудошуда аз ҷамъи галла, тӯъмаи гург хоҳад буд. Паёмбари гиромии ислом (с) мусалмононро ба як ҷасад монанд карда мегўянд: "Агар як узве аз ҷасад бемор шавад, узвоҳои дигар ҳам бо таб кардан ва бедорхобӣ ба он узв ҳамдардӣ ва ҳамкорӣ менамоянд”.

Бани Одам аъзои якдигаранд, ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узверо ба дард оварад рўзгор, дигар узвҳоро намонад қарор.

Агар имрӯз байни мусалмонон ваҳдату якпорчагӣ набошад ва дастгири ҳамдигар набошанд, обрӯ ва қуввати худро аз даст медиҳанд, ки инро Худованд дар ояти 46 сураи Анфол баён намуда, фармуда аст, ки Худованд ва расулашро итоат кунед ва аз низоъ ва кашмакаш дур бошед, ки натиҷаи низоъ, сустӣ ва беобрӯ шудани шумо аст.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як мусалмон эҷоди ваҳдат ва иттиҳод аст аввал дар наздикони худ, баъд дар байни ҷамъият, то ҳадде ки метавонад.

Албатта дар бораи ислоҳи зотулбайн ҳадисҳои зиёде аз паёмбари акрам (с) ба мо расида аст ва ин мавзӯъ барои ҳама рӯшан аст ва коре ки мо мусалмонон бояд анҷом диҳем, амалӣ кардани ин ислоҳи зотулбайн аст.

- Ҷаноби Домулло, ҳамон тавр ки медонед, имрӯз ҷавонони тоҷик барои таҳсил ба кишварҳои исломӣ мераванд ва зимни таҳсил дар он ҷо, бархе аз онҳо аз ақоид ва мазҳабе, ки дар он кишварҳо мутадовал аст таъсир пазируфта ва баъд аз баргаштан ба ватан, аҳёнан аъмоле аз онҳо содир мешавад, ки бо ақоиду мазҳабе, ки дар Тоҷикистон маъмул аст ҳамоҳанг намебошад, ва ин, барои ҷомеаи мо нигаронӣ эҷод карда аст. Назари шумо дар ин замина чист?

- Масъалаи муҳиммеро матраҳ кардед. Бале, шумо дуруст гуфтед, баъзан ҳамин хел мешавад. Банда худам баъзе аз шогирдонам дар Арабистони Саудӣ таҳсил кардаанд, баъзеяшон дар Эрон, баъзеяшон дар Миср, ҳозир фарзанди худам Адбурраҳмон дар Ҷомеаи Ал-азҳари Миср таҳсил мекунад. Албатта, то як ҳадди муайян ин табиист, ки вақте бо зеҳни холӣ ба он ҷо мераванд, аз ақоиду афкори уламои он кишварҳо мутаассир шаванд.

Он шогирдонам, ки таҳсилашон поён ёфт ва ба Тоҷикистон баргаштанд, мушоҳида кардам, ки баъзан ақоиду аҳкомеро дар миёни мардум матраҳ карда истодаанд, ки мувофиқи ақоиду мазҳаби Имом Аъзам раҳматуллоҳи алайҳи нест. Онҳоро ҷамъ карда ва сахт таъкид намудам, ки даст аз ин корҳо бардоранд ва алҳамду лиллоҳ ҳаммаашон ба сухани банда гӯш доданд ва то имрӯз ҷамиашон мувофиқи ақоиду аҳкоми мазҳаби Имоми Аъзам раҳматуллоҳи алайҳи кору фаъолият мекунанд.

- Яъне шумо гуфтанӣ ҳастед, ки аз сӯйи шогирдони шумо ҳеҷ амале, ки мухолифи мазҳаби мутадовал дар Тоҷикистон бошад мушоҳида нашуда аст ва ҳеҷ нигаронӣ нест?

- Бале, ҳамин хел аст. Албатта, инро ҳам гуфта бошам, ки баъзан мо худамон сабаб мешавем, ки нигаронӣ эҷод шавад, яъне ин нигарониҳоро баъзан мо муллоҳо худамон эҷод мекунем. Баъзе аз имом хатибони шаҳри мо ба ман шикоят карданд, ки фалон шогирди шумо бе тоқӣ намоз мехонад, ё фалон шогирди шумо дар вақти намоз дасташро рӯи кӯкракаш монда намоз мехонад, ё баъзеяш пойҳояшро пам карда намоз мехонад ё баъзеяш Оминро баланд мегӯяд, ё баъзеяш ҳам ақоиди шиаёнро дар маҷлисҳои илмӣ матраҳ мекунад ва ҳамин хел нигарониҳо. Баъзе аз ин муллоҳо аз минбари масҷид истода, ба мардум гуфтанд, ки шогирдони фалонӣ ҳамин хел карда истодаанд ва ин мувофиқи мазҳаби мо намебошад. Банда аз онҳо пурсидам, ки оё мардум дар ин бора чизе гуфтанд? Ҷавоб доданд, ки не, вале шояд дар оянда бигӯянд. Гуфтам, ки ман мувофиқ нестам бо ин корҳои шогирдонам, вале чаро шумо худатон ҳоло ҳеҷ чиз нашуда, аз болои минбар ҷор мезанед, ки ин корҳо нигаронкунанда аст? Метавонистед бе ин ки аз болои минбар ҷор занед, оҳиста ба ман бирасонед, банда худам тазаккур медиҳам, ва тазаккур ҳам додам ба шогирдонам, ки дигар такрор накунанд. Муллоҳои мо бояд хеле эҳтиёт кунанд, худашон сабабгари эҷоди нигаронӣ нашаванд.

- Вақте ба шогирдонатон тазаккур додед, чӣ ҷавоб доданд?

- Банда гуфтам, ки онҳо ҳаммаашон хуб гуфта, имрӯз тибқи мазҳаби худамон кору фаъолият мекунанд, аммо як нуктаро ҳам хотиррасон намуда бошам, ки инсон набояд хеле тангназар бошад, вақте ки як инсон ба як масъала қаноати дарунӣ ҳосил мекунад, намешавад бо зӯру фишор назари ӯро иваз кард. Вақте аз онҳо пурсидам, ки чаро ин хел мекунед, аз китобҳои ҳадисӣ, бо санадҳои хеле қавӣ, назари худро бароям исбот карда доданд. Масалан, ҳадисҳое, ки кайфияти намози ҳазрати паёмбар (с)-ро нақл мекунад, дар баъзе аз онҳо омадааст, ки ҳазрати паёмбар (с) дасти муборакашонро рӯйи кӯкрак монда намоз мехонданд. Ман ҳам ба онҳо нагуфтам, ки ин нодуруст аст, вақте як масъала дурустияш исбот мешавад, мо набояд бе ҷиҳат таассуб кунем. Балки гуфтам, аз боби тазоҳуми масолеҳ, ҳар чанд ки ҳадисе, ки шумо мегӯед қавитар аст, вале маслиҳати адами тафриқа муҳимтар мебошад, бинобар ин, воҷиб аст, ки тибқи мазҳаби худамон намоз хонед. Онҳо ҳам хуб гуфта гӯш доданд.

- Ҷаноби Домулло, охирин саволи мо ин аст, ки шумо шахсан худатон аз мухталиф будани шогирдонатон дар ақоиду афкор, ки бархе аз онҳо мутаассир аз ақоиди салафӣ ҳастанд ва бархе аз онон бошанд мутаассир аз ақоиди шиаён, нигарон нестед? Агар шумо дар миёни онҳо набошед, фикр намекунед, ки бо ҳам ихтилоф кунанд?

- Алҳамду лиллоҳ, ки ҳанӯз ҳастам ва боз такрор мекунам, ки ин ному нишонҳоро набояд зиёд такрор кунем. Бо такрори номи салафӣ, шиа ва ғайра, нохоста худамон сабабгари ихтилоф мешавем. Боз такрор мекунам, ки ҳеҷ кадом аз шогирдонам ба ин ё он мазҳаб мунтақил нашудаанд. Шояд, ки таъсир пазируфта бошанд, аммо мазҳаби худро тағйир надодаанд. Ва ин таъсирпазирӣ ҳам, чи хеле ки гуфта гузаштам, то як ҳадди муайян табиӣ мебошад. Вақте як ҷавон чанд сол дар як донишгоҳ ва мадрасае, ки дар он ҷо уламояш тобеи як мазҳаби муайян ҳастанд таҳсил мекунад, табиӣ мебошад, ки таъсир гирад. Муҳим он аст, ки вақте ба Тоҷикистон бармегарданд, эҳтиёт кунанд, мабодо сабабгари ихтилоф шаванд.

- Ҷаноби Домулло, аз ин ки вақти худро барои мо сарф карда, ба саволҳоямон ҷавоб додем, хеле муташаккирем, Худо шуморо дар паноҳаш нигаҳ дорад.

- Барои шумо низ ташаккур.

Поёни гуфтугӯ

Бахш: Ваҳдати исломӣ | Просмотров: 1017 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Март 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz