Панҷшанбе, 28.03.2024, 12:17
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 17 » Дидгоҳи шариат дар бораи пайванде, ки дар ЗАГС баста мешавад
Дидгоҳи шариат дар бораи пайванде, ки дар ЗАГС баста мешавад
01:24

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар ҷавомеи исломӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон одат бар ин ҷорист, ки маъмулан ақди издивоҷ тавассути мулло хонда мешавад, ва чунин пиндошта мешавад, ки дар ғайри ин сурат, ақди никоҳ дуруст намебошад; яъне агар як мард бо як зан масалан дар идораи ЗАГС ба унвони зану шавҳари қонунӣ ба қайд гирифта шаванд, аммо як мулло ақди онҳоро нахонад, чунин пайвандеро нодуруст ва ҳатто бархе бар ин бовар ҳастанд, ки фарзандони он ду, ғайри шаръӣ (ҳаромзода) маҳсуб мешаванд. Оё чунин тасаввуре дуруст аст? Оё шариат, ақди никоҳ тавассути муллоро, шарти сиҳҳат ва дурустии никоҳи зану шавҳар қарор додааст?

Пеш аз ҳама, лозим медонам ин нуктаро ёдовар шавам, ки як чунин одат (яъне бастани ақди никоҳ тавассути як руҳонӣ), гузашта аз ин ки оё шарти сиҳҳати никоҳ аст ё нест, ки анқариб перомуни он баҳс хоҳам намуд, одатест некӯ ва бояд боқӣ бимонад ва камина, бо навиштани ин мақола, ҳаргиз қасди зери суол бурдани ин одати ҳасанаро надорам. Ба вижа он ки ғолибан муллоҳо беш аз дигарон огоҳ ба шартҳое ҳастанд, ки шариат барои ақди издивоҷ қарор додааст ва аз ин рӯ, дар ҳар сурат онҳо бибанданд, итминоновартар аст.

Ва аммо баҳси мо ин аст, ки агар шариат дар ин замина дидгоҳе дигар дорад, чунин одатеро, гарчи некӯст, набояд мустанад ба он намоем ва он гоҳ бипиндорем, ки фарзандони зану шавҳаре, ки ақди издивоҷашон гарчи дар идораи ЗАГС ба қайд гирифта шуда, аммо тавассути мулло хонда нашудааст, ҳаромзода ба шумор мераванд. Воқеан як чунин тасаввуре агар шариат дидгоҳе дигар дорад, хеле хатарнок аст. Аз ин рӯ, лозим медонам дидгоҳи шариат дар ин заминаро, он ҳам бар асоси дидгоҳи фуқаҳои мазҳаби ҳанафӣ, ки ғолиби мусалмонони Тоҷикистон пайрави ин мактаби фиқҳӣ мебошанд, баён бидорам.

Ба унвони муқаддимаи баҳс, ёдоварии ин нукта ҳам зарурист, ки бо вуҷуди ин ки пайванди заношӯӣ, аз як ғаризаи табиӣ сарчашма мегирад ва инсон аз анҷоми он ногузир аст, вале анҷоми бебарнома ва лагомгусехтаи он, инсонро аз зиндагии инсонияш дур сохта, ҷомеаи инсониро дучори ҳарҷу марҷ месозад. Бинобар ин, пайванди заношӯӣ дар ҳамаи ҷавомеи башарӣ дар тӯли торих бо як одобу сунани хоссе анҷом мегирифта, ки ин одоб яке аз равишҳои ақлонӣ ба ҳисоб меравад.

Дар замони қабл аз ислом, дар миёни аъроби ҷоҳилӣ, ин пайванд бар асоси чанд равиш сурат мегирифта, ки ислом танҳо яке аз он равишҳоро писандида ва мобақиро манъ кардааст. Ва пайванде ҳам, ки мавриди имзои ислом қарор гирифтааст, ҳамон пайвандест, ки уқалои қавм онро машрӯъ медонистанд. Мисли ин ки марду зани болиғ бо ризояти якдигар ва дар ҳузури бастагону наздикон ва бо эъломи ин ки аз ин пас мо зану шавҳарем, як зиндагии муштаракеро шурӯъ кунанд ва аз онон фарзандоне ба дунё биёяд ва дар назди уқало, он ду падару модари машрӯи фарзандон ба шумор раванд.

Паёмбари акрам (с) дар ҳадисе ба ин мазмун фармуданд, ки фарзандоне, ки дар ҷавомеи дигар аз пайванди заношӯии расмии он ҷомеа ба дунё омадаанд, ҳалолзода ба шумор мераванд.

Ин нишон медиҳад, ки ислом дар масъалаи издивоҷ, равиш ва сираи уқалои ҳар қавмеро асл қарор дода ва хилофи он сираро манъ мекунад, на ин ки аз пеши худаш як равиши хоссеро ихтироъ намуда бошад.

Бо ин ҳисоб, издивоҷи расмии ҳар ҷомеае, аз назари ислом ба расмият шинохта мешавад. Масалан, издивоҷи як марди масеҳӣ бо як зани масеҳӣ, агар бар асоси одобу русуме сурат гирифта бошад, ки миёни масеҳият ба унвони одоби издивоҷи машрӯъ (машрӯъ пеши худашон) пазируфта шудааст, аз назари ислом ин издивоҷ издивоҷи дуруст аст ва фарзандони онҳо ҳалолзода ҳастанд. Ҳатто издивоҷи як марди мушрик бо як зани мушрик, агар тибқи одоти худашон анҷом гирифта бошад, аз назари ислом издивоҷашон машрӯъ аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ ҳақ надорем фарзандони онҳоро ҳаромзода бихонем.

Ҳол, бояд бибинем никоҳи саҳеҳ аз назари ислом (бар асоси фиқҳи ҳанафӣ) кадом никоҳ аст. Ақди издивоҷ ду шарти асосӣ дорад:

1. Эҷобу қабул; яъне ин ки зан бигӯяд, ман хештанро ба ақди издивоҷи ту даровардам ва мард бигӯяд, пазируфтам. Он чи дар мавриди ин шарт фуқаҳо гуфтаанд, ин аст, ки эҷобу қабул, ё бояд ба сиғаи мозӣ (феъли замони гузашта) сурат пазирад ва ё яке ба мозӣ ва дигаре ба сиғаи амр ё мустақбал (оянда) ё ҳол бошад. Мисли ин ки зан бигӯяд: "Завваҷту” ва мард бигӯяд: "Тазавваҷту”, ба форсӣ ҳам метавонад бигӯяд; зан мегӯяд: "Додам” ё "Бахшидам”, мард мегӯяд: "Пазируфтам”. Сурати дигараш ҳам чунин аст, ки зан мегӯяд: "Бо ман издивоҷ кун”, мард мегӯяд: "Бо ту издивоҷ кардам” (яке ба сиғаи амр ва дигарӣ ба мозӣ). Ва ё "Бо ту издивоҷ мекунам” (сиғаи оянда ё ҳол), он дигарӣ мегӯяд: "Қабул кардам” (сиғаи мозӣ).

Дар мазҳаби ҳанафӣ, эҷобу қабул шарт нест, ки ҳатман ба забони арабӣ ва ё бо лафзи "завваҷа” ва "тазавваҷа” бошад. Метавон бо забони форсӣ ва бо алфозе, ки маънои пайвандро мерасонанд ҳам анҷом дод.

2. Ҳузури ду шоҳиди мард ё як мард ва ду зан. Шоҳидон бояд озод ва мукаллаф ва мусалмон бошанд, албатта никоҳ дар ҳузури шоҳидоне, ки фосиқ ҳам ҳастанд дуруст аст.

Ҳамчунин, дар ақди никоҳ аз назари ислом, бояд маҳрия (миқдоре пул ва ё чизе арзишманд) аз ҷониби шавҳар ба зан пардохта шавад. Дар мазҳаби ҳанафӣ, зикри маҳрия дар маросими ақди никоҳ шарт нест ва бидуни зикри он, ақди никоҳ дуруст аст, танҳо ин ки шавҳар бояд маҳри мислро баъдан бипардозад. Маҳрия ҳам набояд камтар аз даҳ дирҳам бошад.

Ҳамчунин, зану шавҳар ҳар як метавонанд касеро аз тарафи худ ба унвони вакил (намоянда) таъйин кунанд ва ӯ ба намояндагӣ аз онҳо ақди никоҳро бихонад.

Масъалаи дигар он ки ин пайванд бояд эълом шавад ва ҳамагон бидонанд, ки аз ин пас ин ду, зану шавҳар ҳастанд, ки одатан дар ҷоҳои мо маросими арӯсӣ (тӯй) баргузор мекунанд. Дар ривояте аз ҳазрати паёмбар (с) ба ин мазмун омадааст, ки мефармоянд, агар издивоҷ кардед, онро эълон намоед ва ҷашн бигиред, зеро фарқи зино ва издивоҷ ин аст, ки зино пинҳонӣ сурат мегирад ва издивоҷ аланӣ.

Ҳол, ин буд тамоми он чи дар мавриди никоҳи саҳеҳ аз дидгоҳи ислом (бар асоси мазҳаби ҳанафӣ) дар кутуби мӯътабари фиқҳӣ зикр гардидааст, гарчи баъзе аз масоили рез ва ҷузъиро ёдовар нашудам, чун мақола гунҷоиши зикри так-таки онҳоро надорад, он чи муҳим буд арз шуд.

Чунон ки мулоҳиза мефармоед, хондани сиғаи ақд тавассути як фарди руҳонӣ, ба унвони шарти сиҳҳат ва дурустии никоҳ зикр нагардидааст, гарчи дар оғоз гуфтем, ки агар мулло бихонад, беҳтар ва итминоновартар мебошад.

Ҳол, бо таваҷҷӯҳ ба он чи ёд шуд, тардиде боқӣ намемонад, ки агар як мард ва як зан, дар идораи ЗАГС ва дар ҳузури шоҳидон ва бо риояти тамомии он чи ба унвони шурут (эҷобу қабул ва ҳузури шоҳидон ва...) зикр кардем, бо ҳам пайванди заношӯӣ барқарор кунанд, аз назари шаръи муқаддаси ислом, издивоҷашон комилан машрӯъ хоҳад буд.

Комёб бошед

Кимиёи саодат

Бахш: Аҳкоми никоҳ ва талоқ | Просмотров: 1529 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 2.0/1 |
Всего комментариев: 1
18.12.2010
1. Саид [Материал]
Ассалому алайкум бародари гироми Сайидюнус. Назари банда ин аст, ки агар дар Точикистон арусу домод ба ЗАГС раванду, лекин НИКОХашонро ягон мулло накунад, никохашон ботил аст. Чунки ман мутмаинам, ки ягон туе дар Точикистон нашудааст, ки арасу домод дар рузи туй ЗАГС рафта бошанд ва бе ангуштариандозию бе шампонкушой гузаронидабошанд. Дуюм ин ки ин ЗАГС рафтан бо либоси нимурен ва ангуштари андохтан ба дасти хамдигар таклид ба дини масехиен аст, ки онхо дар Церков ин гуна рафтор мекунанд. (Хайрият як амали нодурусти масехиен, ки дар вакти гузаронидани никохашон ГОРЬКО гуен карсак мезананд, точикон онро анчом намедиханд, лекин бовар дорам, ки агар мардуми мо аз Ислом дур шуда рафтан мегирифт, ин амал низ маъруф мегашт). Ва хадисе, ки Расули Акрам гуфтаанд" Касе пайрави аз дигар дин мекунад, аз мо нест" ба он далолат мекунад, ки агар мо ЗАГС-и аз замони шурави мондаро кайд кунему, лекин НИКОХро бо риоя одобаш нагузаронем, никох хисобида намешавад.

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz