Панҷшанбе, 28.03.2024, 18:21
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Июн » 1 » Дидгоҳи чанд тан аз андешмандони тоҷик роҷеъ ба ҳамлаи ваҳшиёнаи саҳюнистҳо ба қофилаи киштиҳои Озодӣ
Дидгоҳи чанд тан аз андешмандони тоҷик роҷеъ ба ҳамлаи ваҳшиёнаи саҳюнистҳо ба қофилаи киштиҳои Озодӣ
19:29

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ дар гуфтугӯ бо хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе, изҳор дошт, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба киштии ҳомили кӯмакҳои инсондӯстона барои мардуми Фаластинро ба шиддат маҳкум мекунад.

Сайфуллозода тасреҳ кард: "Режими саҳюнистӣ бо ҳамла ба ин киштӣ қасд дорад илова бар афзоиши фишорҳои ворид бар мардуми мазлуми Фаластин, мақомоти Туркияро ба унвони яке аз кишварҳои мусалмони ҳомии миллати Фаластин аз сиёсатҳои зидди ин режим мунсариф кунад”.

Вай изҳор дошт: "Ҳамлаи ваҳшиёнаи нерӯҳои режими саҳюнистӣ ба ин киштӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки ин киштӣ ба таври ошкор ва бидуни нақзи ҳеҷ як аз қавонини марзӣ ва байналмилалӣ, мехост ин кӯмакҳоро дар ихтиёри мардуми Фаластин қарор диҳад”.

Сайфуллозода гуфт: "Бархӯрди хашини режими саҳюнистӣ бо корвони кӯмакҳои башардӯстона, бо аҳдофи сиёсӣ сурат гирифта, зеро ин режим дар чанд соли ахир шоҳиди афзоиши нуфузи Туркия дар ҷаҳони ислом будааст ва дар ин росто, Анкара борҳо ошкоро аз ҳаққи мардуми мазлуми Фаластин ҳимоят кардааст”.

Ин мақоми аршади ҲНИТ дар идома тасреҳ кард: "Туркия ба унвони яке аз кишварҳои муҳимми ҷаҳони ислом, ки равобити ҳасанае бо режими саҳюнистӣ дошт, метавонист нақши миёнаравро дар ҳалли қазияи Фаластин ифо кунад, аммо мавозеи ахири зидди саҳюнистии роҳбарони Анкара хушоянди бархе аз мақомҳои ин режим набуд ва яке аз далоили ҳамлаи нерӯҳои Тел-авив ба киштии туркии ҳомили кӯмакҳои башардӯстона барои мардуми Фаластин, ҳамин амр будааст”.

Вай таъкид кард, ки режими саҳюнистӣ дар ҳоле ба киштии ҳомили кӯмакҳои инсондӯстона ба мардуми дар банди Ғазза ҳамла кардааст, ки ба назар мерасад низом ва сохтори ин режими ҷаълӣ, ки талош мекунад тамомии масоилии ҷаҳониро бо истифода аз зӯр ба нафъи худ ҳал кунад, дар ҳоли фурӯпошӣ ва сарнагунӣ аст.

Мирзо Шакурзода нависандаи саршиноси тоҷик низ дар гуфтугӯ бо ҳамин хабарнигор, бо баёни ин матлаб, ки ҳамлаи нерӯҳои режими саҳюнистӣ ба корвони кӯмакрасонии Ғазза, иқдоми террористӣ ва роҳзании дарёист, гуфт: "Дуздони дарёӣ бидуни ҳеҷ ибое ошкоро эълом мекунанд, ки ҳадафи онон роҳзании дарёист, аммо ҷинояткорони террористи саҳюнистӣ бо пуштибонии амрикоиҳо ва ғарб, худро аз ҳомиёни демокросӣ ва озодии ҳуқуқи башар муаррифӣ мекунанд”.

Шакурзода афзуд: "Маълум нест, ки ҳомиёни саҳюнизми байналмилал ва ғарб ин ҷинояти худро чӣ гуна тавҷеҳ хоҳанд кард, вале мушаххас аст, ки ҷаҳони ислом ва афкори умумии ҷаҳон дигар ҳарфҳои дурӯғи расонаҳои ононро бовар нахоҳанд кард”.

Ин нависанда ва муҳаққиқи барҷастаи тоҷик тасреҳ кард: "Ҷаҳониён тайи 60 соли гузашта иқдомоте аз ин дастро аз раҳбарон ва мақомоти режими саҳюнистӣ ба каррот мушоҳида кардаанд ва борҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳамаи ҳарфҳои ин режим ва пуштибонони аслии он яъне Амрико нисбат ба озодии миллатҳо ва дифоъ аз ҳуқуқи башар дурӯғ аст”.

Шакурзода афзуд: "Амрико ва ҳомиёни байналмилалӣ ва минтақаии режими ҷинояткори саҳюнистӣ бояд зимни шармандагӣ аз ин иқдоми Тел-авив ба думболи исломҳи ин дастпарвардаи таннози худ бошанд”.

Вай ибрози умедворӣ кард, ки ҷаҳони ислом ин бор ба содагӣ аз ин мавзӯъ нахоҳад гузашт ва иҷоза нахоҳад дод, ки бар рӯи ин ҷинояти ваҳшатнок сарпӯш гузошта шавад.

Шакурзода ин нуктаро, ки мақомоти расмии Тел-авив мусофирони ин корвонро мусаллаҳ ба силоҳи сард аз ҷумла чоқу эълом кардаанд-ро далели сардаргумии раҳбарони ин режим арзёбӣ кард.

Мухтор Боқизода, раиси ҳимоят аз ҳуқуқи рӯзноманигорони Тоҷикистон низ ба навбати худ дар гуфтугӯ ба хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе гуфт: "Корвони киштиҳои Озодӣ, ки рӯзи шанбеи гузашта ба қасди интиқоли кӯмакҳои башардӯстона барои мардуми дар муҳосираи Ғазза озими он диёр буд ва муҷаҳҳаз ба таҷҳизоти низомӣ низ набудааст, бо қаҳру тасмими хасмонаи мақомоти ҷинояткори исроилӣ рӯбарӯ шудааст”.

Вай афзуд: "Ин ҳодиса бори дигар нишон дод, ки режими саҳюнистӣ аз ҳар нерӯе ҳатто нерӯҳои мардумӣ ва бо аҳдофи сулҳомез тарсу воҳима дорад”.

Боқизода тасреҳ кард: "Режими саҳюнистӣ ҳамчунин аз рӯзноманигорон ва соҳибназароне, ки ҳамроҳи ин корвон буданд низ метарсад ва агар чунин намебуд, бо чӣ баҳонае иқдом ба ҳамла ва куштори вақеҳонаи онон кард?”

Ин коршиносони тоҷик иддаои вазири умури хориҷаи режими саҳюнистиро, ки гуфтааст, маҳмулаи корвони сулҳ ё киштии Озодӣ бозрасӣ мешавад ва бахши муҷози он барои сокинони навори Ғазза аз тариқи конолҳои расмӣ мунтақил хоҳад шуд-ро низ иддаои хандаовар ва як амали шармангез барои ин режим номид.

Вай гуфт: "Ин режим ба худ ҳаққ дода, ки монанди дуздони дарёӣ ҳар корвонеро, ки ирода кунад, мутаваққиф ва бозрасӣ кунад ва ҳар чи ки хост ахз ва ҳар чиро майл дошта бошад, иҷозаи убур ва интиқол диҳад”.

Боқизода идомаи чунин равандеро барои ҷомеаи башарӣ ғайри қобили таҳаммул дониста ва гуфт: "Кишварҳои ҷаҳон ба хусус мусалмонон бояд бо ваҳдати назар дар баробари ин навъ аъмоли ҷинояткоронаи саҳюнизм гомҳои мушаххас бардоранд”.

Пайванд Гулмуродзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз коршиносони масоили Ховари Миёна дар гуфтугӯ ба хабарнигори номбурда, ин ҳамларо намунаи рӯшани ҷинояти зидди башарии режими саҳюнистӣ дониста ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостори муҳокимаи омилони ин ҷноят шуд.

Ин андешманди тоҷик гуфт: "Ҳеҷ ақли салиме анҷоми чунин амалеро тавҷеҳ намекунад, зеро фақат дуздони дарёӣ ба фикри ҳамла ва ғорати маҳмулаҳои инсондӯстона дар обҳо ҳастанд ва мутаассифона нерӯҳои то дандон мусаллаҳи режими Исроил бо ин амали худ бори дигар чеҳраи воқеӣ ва манфури худро ба таври возеҳ нишон доданд”.

Вай афзуд: "Ин иқдоми ҷинояткорона, ки боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо нафар аз саршиносони ин корвони сулҳ шудааст, як бори дигар собит кард, ки режими ҷинояткори Тел-авив ба ҳеҷ як арзишҳо пойбанд набуда ва ба ғайр аз режими худ ҳеҷ касро ба расмият намешиносад”.

Гулмуродзода афзуд: "Ин ҳодиса дар ҳоле сурат гирифта, ки ин корвон кӯмакҳои башардӯстонаро зери парчами сулҳ барои мардуми дар ҳоли муҳосираи Ғазза интиқол медод ва масъулони ин амали башардӯстона фикри таҳоҷум дар сар надоштанд”.

Вай гуфт: "Ин ҳамла бори дигар нишон медиҳад, ки Тел-авив ҳеҷ раҳмеро ба миллатҳои дигар ба хусус ҷомеаи мусалмон надорад, ва ба ин далел танҳо аз тариқи эҷоди ҳамбастагӣ метавон бо он муқобила кард”.

Рустами Ваҳҳобниё, андешманд ва шоири тоҷик низ дар гуфтугӯ бо хабарнигори хабаргузори Форс дар Душанбе, гуфт: "Режими саҳюнистӣ ин бор низ худро дар чашми ҷаҳониён шарманда кард, зеро дар киштии Озодӣ намояндагони ниҳодҳои мухталифи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз ҷумла аз ҷомеаи Аврупо гирд омада буданд ва аз тариқи дипломосии мардумӣ қасд доштанд таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкил ва бӯҳрони сокинони Ғазза ҷалб кунанд”.

Вай бо ибрози нафрат аз ин амали ҷинояткорона ва бо изҳори тааҷҷуб, афзуд: "Дар пайи ин ҳодисаи нангин, ҳомиёни саҳюнисзм бо чӣ далеле амали ҷинояткоронаи мақомоти Тел-авивро тавҷеҳ ва ба ҳимояти худ идома хоҳанд дод”.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 607 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июн 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz