Панҷшанбе, 28.03.2024, 23:21
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Апрел » 3 » Дар шаҳри Мордин бо Фатвои Мордини Ибни Таймия худоҳофизӣ шуд
Дар шаҳри Мордин бо Фатвои Мордини Ибни Таймия худоҳофизӣ шуд
18:19

Уламои барҷастаи мазоҳиби исломӣ, фатвои Ибни Таймия, марҷаи салафиён, маъруф ба "Фатвои Мордин”-ро марбут ба қуруни вусто ва ғайри солеҳ ба шароити имрӯз эълом ва таъкид карданд: "Фатвое, ки бархе аз гурӯҳҳои "ҷиҳодӣ” ба унвони ҳуҷҷат дар қатлу кушторҳои худ меоранд, имрӯз дар ҷаҳоне, ки ба озодии ақида ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ эҳтиром қоил аст қобили татбиқ нест”.

Ба гузориши пойгоҳи Исломонлайн, уламои барҷаста аз тамомии мазоҳиби исломӣ, дар ҳамоише, ки чанд рӯз пеш (31.03.2010) дар шаҳри Мордини Туркия баргузор шуд, эълом карданд: "Имрӯз, дигар маҷоле барои татбиқи фатвои Ибни Таймия, ки дар қарни ҳафтум ва ҳаштуми ҳиҷрии қамарӣ (700 сол пеш) зиндагӣ мекард боқӣ намонда аст; фатвое, ки ҷаҳонро ба "Дорул-ислом” ва "Дорул-куфр” тақсим ва ба навъе тавҷекунандаи аъмоли террористии бархе аз гурӯҳҳо талаққӣ мешуд”.

Дар баёнияи ин ҳамоиш, бо ишора ба фатвои Ибни Таймия маъруф ба "Фатвои Мордин”, омада аст: "Ҳар касе ки ин фатворо дастаке барои қатлу куштори мусалмонон ва ё ғайри мусалмонон қарор бидиҳад, ӯ дар бардошт ва тафсири худ аз ин фатво, гумроҳ ва ба хато рафтааст”.

Ҳамчунин, дар ин баёния, ки дар поёни ҳамоиши мазкур ва ба забони арабӣ содир шуда аст, омада: "Барои ҳеҷ фард ва ё гурӯҳе ҷоиз нест, ки бо ташаббуси шахсии худ эъломи ҷанг ва ё вориди ҷиҳод шавад”, ва таъкид шуда аст: "Ҳар гурӯҳ ва ҷамоате, ки бо ҳуҷҷат қарор додани Фатвои Мордин (-и Ибни Таймия) барои худ иҷозаи қатлу куштори мусалмононро бидиҳад, ин гурӯҳ ва ҷамоат бо ин иқдоми худ, муртакиби хато шуда аст”.

Дар ин баёния ин чунин омада аст: "Бо вуҷуди давлатҳое бо низомҳои маданӣ, ки бар асоси риояти ҳуқуқи шаҳрвандӣ, нажодӣ ва миллӣ барпост, дигар шоиста аст ҷаҳони имрӯз "Дори салом, тасомуҳ ва таоюш (ҳамзистии мусолиматомез)” эълон гардад”.

Қобили ёдоварист, дар ин ҳамоиш, уламо ва фуқаҳои барҷастае аз кишварҳое чун Арабистони Саудӣ, Туркия, Ҳинд, Сенегал, Мавритания, Кувайт, Эрон, Марокаш, Индонезия ва ғайра ширкат доштанд. Дар байни ширкаткунандагон, ҳузури Шайх Абдуллоҳ ибни Бия − раиси иҷроии Маркази ҷаҳонии ислоҳу иршод ва ҷонишини Шайх Юсуф Қарзовӣ, Шайх Мустафо Сереч − муфтии Босния, Оятулло Обидӣ − аз мароҷеи исломии Эрон, Сайид Ҳабиб Алӣ Ҷефрӣ − аз уламои барҷастаи ямании сокини Аморот, Қозӣ Шайх Абдуллоҳ Валад Аъло Солим − раиси Маҷлиси аълои мусалмонони Мавритания чашмгир буд.

Гуфтанист, Усома бин Лодан, пешвои Алқоида, борҳо Фатвои Мордини Ибни Таймияро дар даъвати худ аз мусалмонон ба сӯйи ҷиҳод алайҳи бархе аз кишварҳои исломӣ дастак қарор дода аст.

Поёни паём

Бахш: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Просмотров: 938 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Апрел 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz