Шанбе, 20.04.2024, 01:16
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Май » 17 » Дар ҳошияи баргузории 37-мин иҷлоси Шӯрои вузарои хориҷаи Созмони конфронси кишварҳои исломӣ дар Душанбе
Дар ҳошияи баргузории 37-мин иҷлоси Шӯрои вузарои хориҷаи Созмони конфронси кишварҳои исломӣ дар Душанбе
06:48

Сайидюнуси Истаравшанӣ 

Баргузории 37-мин иҷлоси Шӯрои вузарои умури хориҷаи Созмони конфронси кишварҳои исломӣ дар Тоҷикистони азизи мо; он ҳам барои нахустин бор дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ва дигар, эъломи шаҳри Душанбе ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2010, бешак ду рухдоди муҳимми ин ҳафта барои Тоҷикистону тоҷикистониён ба шумор меравад, ки набояд аз канори он бо бетаваҷҷӯҳӣ убур намойем.

Бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти бошуморе, ки гиребонгири ҷаҳони ислом буда ва аз кишварҳои исломӣ интизор меравад барои рафъи он мушкилот, ба сурати ҷиддӣ дар садади ҳаллу фасли амалии он бароянд, нақши кишвари мизбони иҷлос барои пешбурди ин раванд хеле муҳим ва таъсиргузор аст.

Имрӯз, дидагони тамоми мусалмонони гетӣ равонаи ин иҷлос аст ва мехоҳанд бибинанд, ки кишвари Тоҷикистон дар ин замина чӣ нақше аз худ ифо хоҳад намуд?

Бе тардид, дар раъси ин мушкилот, масъалаи Фаластин қарор дорад. Беш аз 60 сол аст, ки мардуми бедифои Фаластин дар хоки худ мавриди шадидтарин шиканҷаҳо ва озорҳо аз сӯйи як идда саҳюнисти худобехабар қарор доранд ва беш аз ним қарн аст, ки чашми ин мардуми бепаноҳ ба сӯйи бародарон ва ҳамкешони мусалмони худ дӯхта шуда то иқдоми ҷиддӣ тавассути эшон дар ҷиҳати рафъи мушкилоташон бибинанд.

Воқеан шармовар аст, ки мусалмонон, бо ин ки беш аз якуним миллиард мардумони рӯи заминро ташкил дода ва дорои сарватҳои бепоёне чун нафту газ ҳастанд, натавонанд чанд ҳазор бародари худро аз дасти як иддаи андак аз ишғолгарон раҳо ва ё ақаллан аз мушкилоти онон бикоҳанд!

Инак, наздик ба 6 сол аст, ки ниме аз ин мардуми бепаноҳ; яъне фаластиниёне, ки дар навори Ғазза ба сар мебаранд, аз тамоми ҷиҳот дар муҳосираи шадиди иқтисодӣ қарор доранд; аз як сӯ душмани саҳюнист муҳосираашон намуда ва аз сӯйи дигар, мутаассифона, кишвари ба ном мусалмони Миср муҳосираашон сохта ва намегузорад ин мардум нафаси роҳат бикашанд. Гуноҳашон ҳам, танҳо ду чиз аст: аввал ин ки шумо чаро ба Ҳамос раъй додед? Ва дигар он ки чаро муқовимат мекунед?

Дар ҳоле ки ин ду амр; яъне раъй додан ба ҷиҳате ки дилашон хоста ба ӯ раъй бидиҳанд, ва дигар, муқовимат дар баробари зӯргӯ ва ишғолгар, аз ҳуқуқи мусаллами ҳар инсони озодаест. Ҳатто ҳайвон вақте мавриди таҷовуз қарор мегирад, бо он ғаризаи худододияш, аз хештан дифоъ мекунад, ҳол, инон инсонанд на ҳайвон.

Ба ҳар ҳол, мусалмонон ва ба хусус мардуми бепаноҳи Фаластин, мехоҳанд иқдоме ҷиддӣ аз сӯйи кишварҳои исломӣ дар ин замина бардошта шавад.

Тоҷикистон, ба унвони кишвари мизбон, метавонад дар ин росто, бо пешниҳоди роҳи ҳаллҳои амалӣ, ақаллан дар заминаи рафъи ин муҳосираи золимона аз сари фаластиниёни навори Ғазза, нақше бас азим ифо кунад.

Албатта, як таваққӯъ ва интизоре ҳам худи Тоҷикистону тоҷикистониён аз кишварҳои узв дар Созмони конфронси исломӣ ва ширкаткунанда дар иҷлоси имрӯзи Душанбе доранд. Ва он иборат аст аз ҳамдилии онон дар ҷиҳати рафъи муҳосираи "навори Тоҷикистон”, ки аз сӯйи кишвари ҳамсоя бар ӯ дар ҳоли таҳмил шудан аст, ки паёмадҳои манфии он, аз паёмадҳои манфии муҳосирашудагон дар Фаластин камтар нест.

Тоҷикистон, аз ин фурсате, ки имрӯз барояш пеш омадааст, бояд ҳадди аксари истифодаро дар ҷиҳати коҳиши мушкилоте, ки дар ҳоли рӯбарӯ шудан бо онҳост, намояд. Интизор ин аст, ки бояд дар баёнияи поёнии ин нишаст, банде махсус роҷеъ ба ҳалли муноқишаи ба пеш омада бо бархе аз ҳамсоягони Тоҷикистон дар асари такмили сохтмони нерӯгоҳи Роғун, гунҷонида шуда ва маслиҳат ва манфиати Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳ ва таъкид қарор бигирад.

Душанбе, пойтахти фарҳангии ислом...

Роҷеъ ба эъломи шаҳри Душанбе ба унвони пойтахти фарҳангии ислом низ, яке ду мулоҳиза ҳаст, ки мехоҳам арз кунам. Аввал ин ки, ин амр бе шак мояи хурсандӣ ва ифтихори ҳар тоҷик аст. Аммо...

Оё пойтахти мо, дар мазмун ва муҳтаво низ, омодаи пазириши як чунин унвоне ҳаст? Пойтахти фарҳангии ислом яъне чӣ? Яъне ин ки шаҳри Душанбе, таҷаллигоҳи фарҳанги асили исломӣ ва улгу ва намунаи соири шаҳрҳои исломӣ дар нишон додани ин фарҳанг бошад. Ҳатто осори қадимии исломӣ чун масоҷиду мадориси куҳан ва ё насби чанд тоблу бо шиори "Душанбе, пойтахти фарҳангии ислом” ва ё баргузории нишасту ҳамойишҳо ба ҳамин унвон низ, пойтахти фарҳангии ислом будани Душанберо намерасонад.

Он чи, ба назари қосири камина, дар дараҷаи аввал, пойтахти фарҳангии ислом будани Душанберо хоҳад расонид, сулуку рафтори сокинони ин шаҳр аст. Яъне вақте касе вориди Душанбе мешавад, воқеан ламс кунад, ки дар маркази фарҳангии ислом қарор дорад. Дар чеҳра ва симои мардумони ин шаҳр ва дар рафтор ва сулуки эшон, осори фарҳанги исломиро мушоҳида намояд. Касе дигариро бо алфози зишт ва қабеҳ садо назанад, ҳамагон − чунон ки ислом тавсия мекунад − хушбархӯрд, нармхӯй ва некӯрафтор бошанд. Мазоҳири фисқу фуҷур ва куллан осоре, ки бо фарҳанги исломӣ ҳамхонӣ надорад, аз басоти ин шаҳр барчида шавад. Хулоса, Душанбе, воқеан, ба як шаҳри намуна дар ин ҷиҳат табдил гардад.

Албатта, манзури камина ин нест, ки дар шаҳри Душанбе бояд қавонини исломӣ ҷорӣ гардад, муроди ман ин нест. Аз ин суханон мабод бардоште нодуруст сурат гирад. Тоҷикистон, бар асоси қонуни асосӣ ва соири қавонини ҷорӣ, як давлати ба истилоҳ дунявист ва мо, чи бихоҳем ва чи нахоҳем, мулзам ба риояти ин қавонинем. Балки муроди ман ин аст, ки ҷомеа, як ҷомеаи солим ва аз назари рафтору сулук, дар айни озодии комил доштани шаҳрвандон дар гузиниши тарзи зиндагии фардӣ ва ё дар заминаи ихтиёри дину ойину гаройиш, ба як ҷомеаи муносиб бо он чи фарҳанги исломӣ иқтизо мекунад табдил гардад.

Ва ин кор, на аз дасти давлатмардон бармеояд ва на бо зӯру фишор қобили пиёда шудан аст, балки ин худи мардумони шаҳр ҳастанд, ки бо ихтиёри худ хештанро ба ин ҷиҳат биронанд.

Сониян, бояд ниҳоду ташкилоти динӣ, ба вижа ниҳоди муҳимме чун Шӯрои уламо ва ё Маркази исломии Тоҷикистон, сару сомон ёбад. Фикр намекунам, эъломи Душанбе ба унвони пойтахти фарҳангии ислом, бо заифу нотавон ва ё нокоромад будани ниҳодҳои марбутаи динӣ, қобили қабули касе ва ҳатто худи давлатмардон бошад.

Ҳол, ки Кумитаи дин аз нав шурӯъ ба кору фаъолият намуд, нахустин интизоре, ки аз ӯ меравад ин аст, ки дар ҷиҳати сару сомон бахшидан ба ин ниҳод, гомҳои ҷиддӣ бардорад. Коре кунад, ки Тоҷикистон дар ин замина, муносиб бо эъломи пойтахташ ба унвони пойтахти фарҳангии ислом гардад.

Дар конфронсу ҳамойишҳое, ки дар ҷаҳон роҷеъ ба масоили исломӣ баргузор мешавад, ҳаргиз дида нашуда, ки намояндагони динии Тоҷикистон ҳузури фаъол дошта бошанд ва ё агар ҳузур ҳам пайдо кунанд, ҳузурашон малмус нест; на як суханронӣ, на ироаи як мақола ва ё пажӯҳише исломӣ ва на... Ин умур аз имидж ва эътибори кишварамон мекоҳад.

Ҳамчунин, чаро то ҳанӯз ба ҷуз ниҳоди Шӯрои уламо, шоҳиди фаъолияти ҳеҷ ниҳод ва ё муассисаи исломии мустақил ва ғайри давлатӣ нестем? Давлат бояд дар ин замина каме сиаи садр аз худ нишон диҳад, ҷои ҳеҷ нигаронӣ аз сабти расмии марокизи исломии мустақил вуҷуд надорад. Балки баръакс, нигаронӣ бояд он ҷо бошад, ки фаъолияти диндорон, махфӣ ва зери заминӣ гардад. Умед меравад Кумитаи динӣ дар ин замина ҳам таҷдиди назар менамояд. Бояд барои алоқамандон фурсат дода шавад то донишкадаву донишгоҳҳову пажӯҳишгоҳҳои мустақилли исломӣ роҳандозӣ карда, уламои Тоҷикистон низ ба монанди донишмандони соири кишварҳои исломӣ, саҳми худро дар пешбурди фарҳанги исломӣ бигузоранд. Тоҷикистони мо, Худоро шукр, уламо ва донишмандон ва пажӯшгарони вораста дар заминаи улуми исломӣ дорад, танҳо ин ки маҷоле барои эшон барои фаъолият вуҷуд надорад.

Комёб бошед

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 699 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz