Чоршанбе, 24.04.2024, 17:20
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Апрел » 17 » Чун шиносад андак ӯ мункир шавад...
Чун шиносад андак ӯ мункир шавад...
02:32

Мулоҳазоте чанд бар мақолаи "Мавлоно файласуф нест” (қисмати аввал)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ахиран, дар сомонаи Ҷомеа, ба мақолае бархӯрдам таҳти унвони "Мавлоно файласуф нест” ба қалами доктор Муҳаммадалии Меҳросо, ки зоҳиран асли мақола ба форсӣ буда ва шахсе ба номи Дидавари Хушдил ҳам онро ба кириллӣ баргардон намуда аст. Ин "доктор” муддаист Мавлоно, на ин ки танҳо фазоиле надошта, балки "фарде хурофотӣ, шақиюлқалб, кофирситез” буда аст.

Камина, бо нигоҳ ба унвони мақола, дар оғоз фикр кардам, касе ки як чунин иддаое бузург менамояд, ҳатман далел бар муддаои худ дорад, аммо бо мутолеаи мақола, бароям рӯшан шуд, ки тараф иддаое бузургтар аз ҳаҷми хеш мекунад. Зеро, дар ҳеҷ ҷое аз навиштаҳояш ақаллан ба як далелаке барнахӯрдам, ки собит кунад Мавлоно файласуф набуда аст, ба ҷуз иддаопароканӣ ва бадгӯйӣ нисбат ба ин шахсияти ҷаҳонӣ.

Вай дар оғози мақолаи худ муддаист, "Ман бо мавзӯи "фалсафаи дин” ва мафҳум ва истилоҳе бо номи "фалсафаи мовароуттабиа” мухолифам ва бидуни заррае шакку шубҳа, ақида дорам, ки чизе бо номи "фалсафаи динӣ” ва мардумоне ба ном «файласуфони динӣ» вуҷуд надоранд. Ва тамоми касоне, ки мехоҳанд барои дин фалсафа бибофанд, хаёлбофони гумроҳанд”.

Хуб, ин як муддост, аммо далели ӯ бар ин муддао чист? Мегӯяд: "Чаро ки дин бунёди илмӣ надорад ва дар маҷмӯъ муште авҳом (хаёлот), ийҳом (тасаввуроти ботил) ва ибҳом (печидагўӣ) аст, ки манбаъ ва сарчашмааш тасаввуроти ғалат ва пиндоргароӣ (хаёлпарастӣ) аст. Одамӣ наметавонад ҳам хирадгаро бошад ва ҳам хурофотӣ. Эътиқод ба мавҳумот ва дунёи пас аз марг, хурофоти бепоя, бо донишварӣ, донишмандӣ ва андешамандӣ дар тазод аст”.

Муддао дар сурате қобили қабул аст, ки муқаддимоти истидлол дуруст бошад

Бар файласуфони ҳақиқӣ, на файласуфмаобҳо ва ё муддаиёни фалсафа, пӯшида нест, ки исботи муддао (ки дар ин ҷо иборат аст аз: "Фалсафаи динӣ (ва ё мовароуттабиа) вуҷуд надорад” ва ё "Файласуфони динӣ вуҷуд надоранд”) танҳо дар сурате қобили қабул хоҳад буд, ки сурат ва моддаи истидлоле, ки муддаӣ барои исботи матлаб иқома мекунад, дуруст ва солим бошад.

Ҳол, бибинем сурати истидлоли муддаӣ ва низ маводди он, оё дуруст ва қобили қабул ҳастанд, ё на?

Истидлоли ӯ ба ин сурат ва шакл аст:

1. Дин, бунёди илмӣ надорад ва дар маҷмӯъ муште авҳом, ийҳом ва ибҳом аст, ки манбаъ ва сарчашмааш тасаввуроти ғалат ва пиндоргароӣ аст, ва ҳар чи сарчашма дар тасаввуроти ғалат ва пиндоргароӣ дорад, илмӣ нест; (Суғро)

2. Фалсафа, (донишест, ки) танҳо бар асоси додаҳои илмӣ бунён ниҳода мешавад; (Кубро)

3. Пас, дин бо фалсафа созгор нест, ва аз ҳамин ҷо мо мафҳуми "фалсафаи динӣ” ва ё "файласуфони динӣ” надорем. (Натиҷа)

Чунон ки хонандаи азиз мебинад, суғрои муқаддима (Дин, бунёди илмӣ надорад ва...) худ муддао буда ва ниёз ба исбот дорад, ва то замоне ки дурустияш собит нашавад, натиҷае аз он ба даст намеояд. Ҳол, дурустӣ ва ё нодурустии суғрои номбурдаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳем.

Ду пурсиши асосӣ

Аввалин пурсише, ки дар ин ҷо худнамойӣ мекунад ин аст, ки муроди ӯ аз дин, кадом дин аст? Агар муродаш дине ғайри ислом бошад, шояд муддаояшро бипазирем, аммо зоҳиран муроди вай, дини ислом аст, ки дар ин сурат, бояд бар ин муддао далел барпо намояд ва мо ҳеҷ далеле барои исботи ин муддао аз ӯ намебинем. Мо, ба навбати худ, баъдан исбот хоҳем намуд, ки дини ислом бар пояҳои ақлонӣ устувор аст.

Илмӣ будан

Дуюмин пурсиш ин аст, ки манзураш аз вожаи "илмӣ” чист? Аз ин вожа чӣ маъное манзур дорад? Аз навиштаҳояш ҳувайдост, ки муддаӣ зоҳиран моддигарост. Ҳол, бар фалосифа ва андешмандон пӯшида нест, ки вожаи "илмӣ” дар назди моддигароён, баробар аст бо "ҳар он чизе, ки ё аз тариқи ҳавосси панҷгона (биноӣ, шунавоӣ, бӯёӣ, чашойӣ ва ламсиданӣ) вориди азҳони одамӣ шавад ва ё аз роҳи таҷрубаи ҳиссӣ собит гардад”. "Ҳастӣ” ва "вуҷуд” назди эшон мусовӣ аст бо "маҳсус”. Яъне ҳар он чи "маҳсус” аст "мавҷуд” аст, ва ҳар он чи "маҳсус” нест "мавҷуд” нест. Аз ҳамин ҷост, ки мебинем, моддигароён ҳақоиқеро, ки аз роҳе ғайр аз роҳи ҳиссу таҷруба собит ҳастанд, бо алфозе чун "хурофот”, "авҳом”, "пиндор” ва аз ин қабил таобир баён мекунанд.

Бар асоси мантиқи моддигароён, ба ҷуз Марксу Энгелсу Ленину чанд тои дигар аз "фалосифа”-и моддигаро, дигар наметавон бар рӯи ҳеҷ як аз фалосифа чун Арасту, Афлотун, Форобӣ, Сино, Хоҷа Насир, Суҳравардӣ, Ибни Рушд, Декарт, Эмануел Кант ва ғайра аз андешмандон, исми файласуф гузошт. Зеро, "мавҷуд” аз дидгоҳи ин бузургон, ба ҳеҷ ваҷҳ мусовӣ бо "маҳсус” нест, балки дар ин миён ҳақоиқе дорем, ки вуҷудашон сад дар сад собит аст ва ҳеҷ оқиле, ҳатто худи моддигароён, мункири воқеияти онҳо нестанд, вале одамӣ ба ин ҳақоиқ аз роҳе ғайр аз роҳи ҳиссу таҷруба пай бурда аст. Мисоли рӯшанаш ҳам, бадеҳиёти ақлие чун "асли иллият”, "асли маҳол будани иҷтимои ду нақиз”, "асли ҳиссу таҷруба” (на он чи ба василаи ҳиссу таҷруба собит аст) ва даҳҳо дигар аз ҳақоиқе назири инҳо мебошад, ки то ҳанӯз аҳаде қоил ба маҳсус будани онҳо набуда аст.

Мавҷуд будан лузуман мусовӣ бо маҳсус будан нест

Оре, барои ин "доктор” ва амсоли вай аз моддигароён, масъалаи вуҷуд ва ҳастӣ ба дурустӣ матраҳ нашуда аст, зеро эшон вақте аз "мавҷуд аз он назар, ки мавҷуд аст” сухан мегӯянд, гӯи аз як ҷисм сухан ба миён меоваранд. Чашми зоҳирбини эшон монеъ аз ин аст, ки битавонанд ба дарки маънои ҳастӣ ноил гарданд ва ба гуфтаи Мавлои Рум:

Нашнавад он нағмаҳоро гӯши ҳис,

К-аз ситамҳо гӯши ҳис бошад наҷис.

Ва ё:

Чашми ҳис ҳамчун кафи даст асту бас,

Нест кафро бар ҳама ӯ дастрас.

Шайхур-раис Абӯалӣ ибни Сино (р) дар оғози намати чаҳоруми китоби "Ишорот ва танбеҳот”-и худ мегӯяд: "Он чи бар авҳоми мардум ғолиб аст, ин аст, ки мавҷудро чизе ҷуз як амри маҳсус намешиносанд. Дар назари ин ашхос, чизе ки дар замону макону вазъи муайян қарор нагирифта бошад, мавҷуди воқеӣ ба шумор намеояд”.

Аз назари Бӯалӣ, ин гуна ашхос, ба ин нукта таваҷҷӯҳ надоранд, ки худи ҳиссу таҷруба, як амри ғайри маҳсус ва ғайри муҷарраб аст ва инсон наметавонад аз тариқи ҳиссу таҷруба, ҳиссу таҷрубаи худро ҳиссу таҷруба кунад. Ба иборати дигар, агар фарз бар ин бошад, ки ҳама чиз бо меъёри ҳиссу таҷруба шинохта шавад, ночор бояд гуфт, ҳиссу таҷруба низ маҳсусу муҷарраб хоҳад буд. Балки агар милоки аслӣ ва асосии шинохтро ҳиссу таҷруба ба шумор оварем, ақлро низ бояд дар зумраи маҳсусоту муҷарработ бидонем. Ва чӣ гуна метавон ақлро дар зумраи маҳсусоту муҷарработ ба шумор овард, дар ҳоле ки ақл ҳоким буда ва ҳамвора ташхису тамоюз миёни ҳиссу маҳсус, таҷруба ва муҷарраб ва соири умурро ба ӯҳда дорад?

Ҳақиқат ин аст, ки "мавҷуд” пеши андешмандон ва фалосифаи воқеънигар, фаротар аз "маҳсус” буда ва "маъқул”-у "машҳуд”-ро низ шомил мешавад, яъне "мавҷуд” гоҳ маҳсус аст мисли тамоми он чи мебинему мешунавему мечашему мебӯйему меламсем, гаҳ маъқул аст мисли воқеияти иллият ва ё вуҷуди Худо (ки ба ҳеҷ ваҷҳ маҳсус нест) ва гоҳ машҳуд аст мисли шуҳуди воқеияти "ман” барои ҳар инсоне, ки аз тариқи илми ҳузурӣ ба воқеияти худаш пай мебарад ва ё шуҳуди Худо, ки бо сайру сулук, одамӣ метавонад вуҷуди Худоро шуҳуд кунад.

Фалсафа чист?

Ҳол, фалсафа чист, ки "динӣ” будани он мавриди инкори ҷаноби "доктор” қарор гирифта ва бо як ҷазму яқин таъкид мекунад, ки чизе ба номи фалсафаи динӣ ва ё фалсафаи мовароуттабиа (метафизика) вуҷуд надорад.

Барои фалсафа, таърифҳои мухталифе ироа шуда аст. Ҳеҷ таъриферо наметавон пайдо кард, ки ҷомеу монеъ бошад, яъне таърифе бошад, ки дарбардорандаи тамомии абъоде бошад, ки фалосифа, ҳар як ба навбати худ, дар таърифи фалсафа пешкаш кардаанд. Шояд таърифи зерин, таърифи беҳтаре бошад:

"Фалсафа, тафаккур аст. Тафаккур дар бораи куллитарин ва асоситарин мавзӯъҳое, ки дар ҷаҳон бо онҳо рӯбарӯ ҳастем. Фалсафа ҳангоме падидор мешавад, ки пурсишҳои бунёдин дар бораи худ ва ҷаҳон мепурсем”.[1] Пурсишҳое монанди:

Қабл аз таваллуд куҷо будаем?

Оё олам ҳадафе дорад?

Агар зиндагӣ маъное дорад, чӣ гуна онро бифаҳмем?

Оё мумкин аст, ки чизе бошад ва иллате надошта бошад?

Сарнавишти инсон ба дасти худи ӯст ва ё аз берун таъйин мешавад?

Худо кист?

Саранҷоми дунё чӣ хоҳад шуд?..[2]

Дониши фалсафа, донишест, ки ӯҳдадори посух ба чунин пурсишҳо ва низ даҳҳо ва садҳо пурсишҳои асосӣ ва куллии дигар мебошад.

Ҳол ки рӯшан шуд фалсафа чист ва ӯҳдадори посух ба кадом пурсишҳост, ҳувайдост, ки чунин пурсишҳое мутаваҷҷеҳи табақаи хоссе аз мардумон нест, балки ҳар инсоне, чи диндор ё бе дин, бо онҳо рӯбарӯст.

Ва қарор ҳам бар ин нест, ки касе ки барои посух пайдо кардан ба ин гуна пурсишҳо камари ҳиммат мебандад, ҳатман ба ҳамон натоиҷе даст хоҳад ёфт, ки ҷаноби "доктор” ва амсоли вай аз моддигароён мӯътақид ба онанд. Инсон (файласуф) дар ин сайру сулук, навкари касе ва чизе ҷуз ақлу хиради хеш намебошад. Ҳар он чи ақлу хирадаш ба вай нишон дод, мепазирад ва ҷуз онро канор мениҳад, чунон ки Мавлоно мегӯяд:

Ақли ту ҳамчун шутурбон, ту шутур,

Мекашонад ҳар тараф дар ҳукми мур.

Ҳол, бузургоне чун Форобӣ, Бӯалӣ, Ибни Рушд, Сӯҳравардӣ ва Мулло Садро, ки ҷаҳон эшонро ҳамчун фалосифаи исломӣ мешиносад, магар чӣ кор карданд, ки ба эшон чунин унвоне медиҳанд? Оё ҷуз ин ки бо тавассул ба шеваи ақлонӣ ба баҳсу баррасӣ пардохта ва ба ин натоиҷ даст ёфтанд, ки:

1. Ҳастӣ маҳдуд ба маҳсусот нест, балки фаротар аз он аст;

2. Мавҷуд; ё мумкин аст ва ё воҷиб (асли исботи вуҷуди Худо);

3. Мумкин вуҷуди худро мадюни воҷиб аст, яъне ин воҷиб аст, ки барои мумкин вуҷуд мебахшад;

4. Воҷиб ҷуз яке нест (асли тавҳид);

5. Воҷиб аз тамоми ҷиҳот комил аст (асли исботи сифоти Худо);

6. Маҳол аст аз воҷиб кори беҳуда содир шавад, аз ин рӯ, агар инсону ҷаҳонро офарида, ҳатман ҳадафе дорад;

7. Ҳадафи ӯ аз офариниш иборат аст аз ба камол расидани мавҷудот;

8. Чун инсон барои ба камоли матлуби худ расидан, ниёз ба раҳнамо дорад, ночор он зоти воҷиб аз миёни инсонҳо касонеро ба унвони фиристодаҳои хеш бармегузинад то мардумонро ба роҳи рост; роҳе, ки эшонро ба камоли матлубашон мерасонад, ҳидоят кунанд (асли исботи паёмбарӣ);

9. Чун он зоти воҷиб одил ва ҳаким аст, ва ғолибан одамиён ба подоши неку бади хеш дар ин дунё ноил намешаванд, ночор дунёи дигаре меофаринад, ки дар он инсонҳо ба подоши кардаҳои хеш дар ин дунё ноил хоҳанд шуд (асли исботи маъод).

Илова бар ин, бузургони номбурда, дар манобеи асили исломӣ (Қуръону суннат), на танҳо ёфтаҳои худ (дар натиҷаи баҳсу баррасиҳои ақлӣ)-ро диданд, балки ба далоиле мутқантар бар исботи матлуб ва роҳҳое осебнопазиртар барои расидан ба мақсуд бархӯрданд. Ин аст, ки ҷаҳон ба фалсафае ба номи фалсафаи исломӣ ва фалосифае ба номи фалосифаи исломӣ мӯътариф аст.

Дар муқобил, шояд касе зимни баҳсу баррасӣ, ба натоиҷе мухолиф бо натоиҷи номбурда даст ёбад, ки номи як чунин инсоне ҳам мешавад файласуфи ғайри динӣ. (Албатта роқими сутур мӯътақид аст, ҳатман чунин касе дар паймоиши сулуки фалсафӣ ба иштибоҳ роҳ дода аст, вагарна маҳол аст одамӣ ба натоиҷе хилофи мусалламоти ақлӣ ва фитрӣ даст ёбад).

Идома дар қисмати дуюм


[1] http://fa.wikipedia.org/wiki/%D9%81%D9%84%D8%B3%D9%81%D9%87

[2] Ҳамон.

Бахш: Фалсафа ва ҳикмат | Просмотров: 694 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Апрел 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz