Ҷумъа, 19.04.2024, 10:38
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Феврал » 5 » Чаро пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон, ихтилофи шиаву суннӣ шиддат гирифт?
Чаро пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон, ихтилофи шиаву суннӣ шиддат гирифт?
21:54

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Мутолеаи дақиқи таърихи ислому мусалмонон ва таҳлиле амиқ ва беғаразона дар он, нишон медиҳад, ки ҳамвора, сиёсати палид, аз вуҷуди ихтилофи назари фирақ ва мазоҳиби гуногуни эътиқодӣ ва фиқҳии исломӣ, дар ростои аҳдофи касиф ва шуми худ баҳра ҷустааст.

Зикри намунае аз ихтилофи фирақи исломӣ дар гузашта

Ба унвони намуна, яке аз ихтилофҳое, ки миёни мусалмонон аз ҳамон оғоз буд, ихтилофи онҳо дар хусуси каломи илоҳӣ буд, ки иддае мӯътақид буданд каломи Худо қадим аст, ва иддае дигар бовар бар ин доштанд, ки каломи Худо ҳодис аст. Қадим, ба маънои ин ки аввале надорад, аз оғоз будааст, ва ҳодис, ба маънои он ки аз аввал набуда, балки баъдан ба вуҷуд омадааст. Ҳар ду гурӯҳ, ба навбати худ, бар бовари хеш далел меоварданд.

Ин ихтилоф, як ихтилофи сад дар сад назарӣ буд, ва чун иҷтиҳод дар масоиле, ки нассе сареҳ (ишорае ошкор) аз ҷониби шореи муқаддас дар хусуси онҳо ворид нашудааст, барои мусалмонон ҷоиз мебошад, аз ин рӯ, ҳар як аз фирақ, бо таваҷҷӯҳ ба тарзи тафаккури худ, дар он масоил иҷтиҳод мекарданд, ки агар дуруст буд, тибқи фармудаи паёмбари ислом (с), ду подош доштанд ва агар нодуруст буд, як подош, ва дигар, баҳонае барои ҷору ҷанҷолу ҳаёҳуи беҳуда миёни онҳо вуҷуд надошт.

Аммо ҳамин ихтилофи назари сода, ба сабаби суистифодаи дастгоҳи сиёсат, ба як балое миёни мусалмонон мубаддал гардид, ки натиҷааш рехта шудани хуни ҳазорон, ҳатто даҳҳо ҳазор мусалмони бегуноҳ шуд. Дар замони Маъмун, яке аз хулафои аббосӣ, ба далоиле номаълум (ки ҳатман сиёсӣ буд), ақидаи гурӯҳе, ки мӯътақид ба ҳодис будани каломи Худо буданд, мавриди пазириши дастгоҳи хилофат ва шахси халифа шуд, ва ӯ дастур дод, ҳар он кас ки қоил ба қадим будани каломи Худост бояд сараш аз тан ҷудо гардад. Тибқи гузоришҳои таърихӣ, маъмурони дастгоҳи хилофат, хона ба хона гашта ва ҳар он касеро ки ақида ба қадим будани каломи Худо дошт, бе ҳеҷ гуноҳе, кушта мешуд. Миёни ин ду гурӯҳ ихтилоф ба ҷое расида буд, ки қалам аз навиштани ҳоли он оҷиз аст.

Шиа ва суннӣ

Барои касе пӯшида нест, ки мусалмонони имрӯз, бархе аз пайравони мактаби аҳли суннат ва ҷамоат ҳастанд, ки ба навбати худ ба чанд мазҳаб мунқасиманд ва инҳо дар ҷаҳони ислом аксариятро ташкил медиҳанд, ва бархе ҳам шимазҳаб ҳастанд, ки инҳо низ ба навбати худ ба мазоҳиби исмоилӣ, зайдӣ ва исноашарӣ тақсим мешаванд.

Ихтилофи аҳли суннат ва шиа дар порае аз масоили эътиқодӣ ҳам барои касе пинҳон намебошад, ки муҳимтарини он, ихтилофи онҳо дар хусуси ҷонишинии паёмбари ислом (с) аст, ки аҳли суннат мӯътақиданд хилофат пас аз паёмбари ислом (с) ба дасти худи мусалмонон аст, аммо шиа мӯътақид аст хилофат пас аз он ҷаноб (с), азони Аҳли байт яъне Алӣ ва фарзандонаш мебошад. Ҳар яке, ба навбати худ, бар мӯътақади хеш далел меоварад ва далели тарафи муқобилро саҳеҳ намеангорад, ки дар китобҳои фариқайн ба гунаи муфассал баён гардидааст ва мо ин ҷо дар садади баёни онҳо нестем. Аммо, ба иттифоқи уламои рӯшангари ин ду тоифа (на аққаллият), ихтилофи назари номбурда, боиси хуруҷи ҳеҷ як аз ин ду гурӯҳ аз қаламрави ислом намебошад. Яъне ҳар ду гурӯҳ, бо вуҷуди ихтилофи назари мазкур, мусалмонанд.

Дар тӯли таърих, ин ихтилоф, то модоме ки мавриди суистифодаи душманони берунӣ ва ё сиёсатпешагони ба ном мусалмони дохилӣ қарор намегирифт, дар ҳадди забон боқӣ буд ва аз он таҷовуз намекард. Агар дар замони Оли Буя, ё Ғазнавиён, ё Хоразмшоҳиён ва ё Сафавиён, шоҳиди даргириҳое миёни пайравони ин ду фирқаи исломӣ ҳастем, омили ин даргириҳо ҷуз сиёсат ва ё худ давлатмадорон нестанд, ки ба ҷиҳати расидан ба аҳдофи сирф сиёсии хеш, якеро дар муқобили дигарӣ қарор дода ва ба истилоҳ аз оби гилолуд моҳӣ сайд мекарданд.

Инқилоби исломии Эрон

31 сол пеш дар ҳамин рӯзҳо дар Эрон, ба раҳбарии Имом Хумайнӣ, инқилоби исломӣ ба вуқӯъ пайваст, ва ин инқилоб на танҳо дар минтақа, балки метавон гуфт дар сатҳи ҷаҳон, заминаи дигаргуниҳо ва таҳаввулоти азиме гардид, аз ҷумла дар ҷиҳати бедории исломии мусалмонон. Ба ақидаи ғолиби коршиносони динӣ-сиёсӣ, инқилоби исломии Эрон, омили муҳимми "бахудойӣ”-и мусалмонони ҷаҳон ва тасбити ин бовар дар замири эшон мебошад, ки дар асри ҳозир, мусалмонон метавонанд бар асоси додаҳои динии хеш ҳукумат барпо намоянд.

Бо пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон, нахустин иқдоми исломгароён ин буд, ки эшон сафорати "Исроил”, ин давлати худхонда ва ғуддаи саратонӣ-ро дар Теҳрон бастанд ва ба ҷои он, парчами Фаластинро барафроштанд. Имом Хумайнӣ, расман эълом намуд, ки мо давлате ба номи "Исроил” намешиносем, ин давлат бояд барчида шавад. Ӯ, на танҳо "Исроил”-ро ҳадаф қарор дод, балки ба интиқоди абарқудратҳое чун Амрико, ки ҳомии аслии давлати худхондаи "Исроил” ба шумор меравад шурӯъ кард, ҳатто кор ба ҷое расид, ки миёни Эрону Амрико робита ба куллӣ қатъ гардид. Ҳамчунин, Эрони исломӣ, бо давлати Миср, ки "Исроил”-ро зимни иттифоқи Камп-Девид ба расмият шинохт, қатъи робита намуд.

Эрониён, амалан шурӯъ ба ҳимояти ҳамаҷонибаи муборизони фаластинӣ барои озодии комили сарзамини Фаластин аз дасти ғосибони саҳюнист намуданд. Баъд аз таҷовузи саҳюнистҳо ба кишвари Лубнон ва шурӯи муборизаи ҷунбиши Ҳизбуллоҳ алайҳи ғосибон, Эрони исломӣ ба ҳимояти моддӣ ва маънавии муборизон пардохт. Ҷунбиши Ҳизбуллоҳ, баъд аз муқовимати тӯлонӣ, муваффақ ба берун рондани артиши саҳюнист аз сарзамини Лубнон гардид. Ин пирӯзӣ, барои фаластиниён нашоте тоза ва барояшон ин боварро тақвият намуд, ки метавон бо такя бар хештан, сарзаминашонро аз дасти ғосибон бозпас гиранд. Аз он пас, интифозаи мардумӣ дар саросари сарзамини Фаластин оғоз, ва низ муборизаи мусаллаҳона алайҳи артиши саҳюнистҳо шурӯъ шуд.

Ин иқдомот ва гомҳое дигар назири он аз сӯйи эрониён, ба коми амрикоиҳо ва муттаҳидонаш аз кишварҳои минтақа, хуш наомад. Аз ҳамон рӯзҳои аввали инқилоб, ин кишварҳо ба фикри нобудии ин инқилоби тозароҳафтода баромаданд. Ибтидо, Ироқро таҳрик ба ҳамла ба Эрон намуданд ва режими Саддом, дар як ҳаракати ноҷавонмардона ва бо ҳимояти ҳамаҷонибаи абарқудратҳо ва низ кишварҳои арабӣ, ба сарзамини Эрон таҷовуз намуд. Ин ҷанг ҳашт сол идома дошт ва мутаассифона дар тӯли ин ҷанги нобаробар, садҳо ҳазор хуни бегуноҳ рехта шуд.

Барои касе пӯшида нест, ки дар пушти ин ҷанг, асосан Амрико ва кишварҳои арабӣ қарор доштанд. Тибқи омори расмӣ, кӯмаки рӯзонаи танҳо кишварҳои арабӣ ба Саддом бар зидди Эрон, 13 миллион долларро ташкил медод. Баҳонаи кишварҳои арабӣ аз ҳимоятҳояшон аз Саддом алайҳи Эрон дар он замон ин буд, ки гоҳе мегуфтанд: "Инқилоби Хумайнӣ, инқилоби маҷусиён (зардуштиён) аст, ки бояд ҷилави он гирифта шавад”, ва гоҳе ҳам мегуфтанд: "Инқилоби Хумайнӣ, инқилоби шиаён аст алайҳи аҳли суннат”. Ҳол он ки дар воқеъ, тарси ин кишварҳо, на аз "маҷус” буду на аз "нуфузи шиа”; сардамдорони ин кишварҳо на парвои суннат доштанд ва на парвои шиа, балки нуфузи рӯзафзуни исломгароён дар кишварҳояшон, ки бо пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон руҳе тоза гирифта буд, онҳоро метарсонид. Онҳо дар воқеъ аз курсиҳову аршҳои худ, ки насл ба насл ба мерос мебурданд метарсиданд.

Эрон дар ин ҷанги нобаробар пирӯз омад. Саддом ночор ба имзои оташбас гардид ва ҷанг поён ёфт. Баъд аз он, Саддом дар як ҳаракати аҳмақонае, ба давлати Кувайт ҳуҷум овард. Ба гуфтаи Рағад Саддом (духтари Саддом) дар ёддоштҳояш, "Иллати асосии ҳуҷуми падарам ба Кувайт ва таҳдиди Арабистони Саудӣ, ин буд, ки падарам аз сиёсатҳои ноҷавонмардонаи кишварҳои халиҷӣ, махсусан Арабистони Саудӣ, ки Ироқро ба ҷанг алайҳи хумайниҳо таҳрик намуда сипас худро канор зада буданд хеле нороҳат буд”.

Бо шикасти режими Саддом дар ҷанги Халиҷ дар баробари артиши Амрикову муттаҳидонаш, ва низ шикасти Толибон дар баробари нерӯҳои НАТО дар Афғонистон, на ин ки низоми исломӣ дар Эрон мутазалзил шуд, чунон ки бархе аз таҳлилгарон меандешиданд, балки эрониҳо бо як сиёсати зираконае коре карданд, ки Амрико бо ин ду ҷанге, ки роҳ андохт, дар як ботлоқе гирифтор шавад, ки имрӯза намедонад чӣ гуна аз он берун ояд. Яъне, натиҷаи ин ҷанг, боз ҳам ба суди инқилоби исломӣ поён ёфт, ва дар ин ду кишвари ҳамсояи Эрон, касоне бар маснади қудрат қарор гирифтанд, ки замоне аз ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон бархӯрдор буданд.

Илова бар он, пирӯзии Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҷанги 33 рӯза алайҳи артиши то ба дандон мусаллаҳи "Исроил” дар соли 2006, ва низ муқовимати беназири ҷунбиши Ҳамос дар Фаластин дар баробари артиши режими саҳюнистӣ дар соли 2008, ки ин ду ҷунбиш аз муттаҳидони Ҷумҳурии исломии Эрон дар минтақа ба шумор мераванд, боис гардид бар нуфузи инқилоби исломӣ дар кишварҳои арабӣ афзуда шавад.

Ин авомил боис гардид, кишварҳои арабӣ, ба вижа кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ва Миср, бо пуштибонии Амрико, ба фикри костан аз нуфузи инқилоби исломӣ ва густариши он дар минтақа бароянд. Аммо бо кадом васила? Бо ҷанг, ки зоҳиран дигар ҳадафашон таъмин намешавад. Ин ҷо буд, ки барои костан аз нуфузи инқилоби исломӣ дар минтақа, мутавасил ба абзори мазҳаб ва ҳассосиятҳои мазҳабӣ шуданд, ки дар воқеъ коромадтарин васила барои расидан ба ҳадаф дар ин рӯзҳост.

Муҳимтарин корҳое, ки дар заминаи шиддат гирифтани ихтилофоти мазҳабӣ анҷом пазируфтааст

Дар хилоли панҷ шиш соли ахир, чанд кор дар ин замина анҷом шуд, ки дар шиддат гирифтани ихтилофи мазҳабӣ миёни шиаву суннӣ, саҳми калоне гузошт. Инак, дар поёни ин навишор, ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем:

1. Ба роҳандозии шабакаҳои моҳвораии гуногуни мазҳабӣ аз сӯйи мамлакати Арабистони Саудӣ ва баргузории нишастҳо ва иҷрои барномаҳое бо даъват аз мубаллиғони салафӣ, ки коре ҷуз парокандасозии кинаву адоват нисбат ба шиаён надоранд;

2. Ба роҳандозии шабакаҳои моҳвораии мазҳабии шиӣ дар Амрико ва бархе аз кишварҳои арабӣ ва иҷрои суханрониҳо ва барномаҳои мазҳабии мухталиф бо даъват аз мубаллиғони шиа, ки корашон ҷуз эҷоди кинаву адоват нисбат ба мусалмонони аҳли суннат ва низ ба миён кашидани баҳсҳои ихтилофӣ нест. Лозим ба ёдоварӣ бошад, ки ағлаби дастандаркорони чунин шабакаҳо, касоне ҳастанд, ки бо инқилоби исломӣ миёнаи хубе надоранд. Яке аз онҳо, хонадони маъруфи Шерозӣ аст, ки бештари ин шабакаҳо дар Амрико тавассути ин хонадон идора мешавад;    

3. Иҷрои мунозараҳои мазҳабӣ бо даъват аз мубаллиғони салафӣ аз як тараф, ва уламои тундрави шиа аз сӯйи дигар дар шабакаҳои маъруфи арабзабон ва ё форсизабон. Аввалин гом дар иҷрои як чунин барномаи тафриқаафкан, тавассути шабакаи моҳвораии "Алмустақилла”, ки аз Ландан идора мешавад, бардошта шуд ва дуруст замоне иҷро гардид, ки амрикоиҳову муттаҳидонаш ба Ироқ таҷовуз намуда буданд. Тибқи назарсанҷиҳо, ин барнома, бештарин саҳм дар коштани тухми ихтилофу кинаву адоват дар миёни мусалмонони шиаву суннии Ироқ, ки аҳёнан мунҷар ба даргириҳо мешуд-ро доштааст;

4. Таълиф ва ё тарҷумаи китобҳое ба забонҳои роиҷи дунё, ки дар онҳо бештар рӯи нуқоти ихтилофи мазоҳиб ва фирақи гуногуни исломӣ такя мешавад, ва чопу нашру тавзеи онҳо ба сурати густарда ва ба сурати маҷҷонӣ;

5. Таълифи китобҳо ба забонҳои роиҷи дунё ва чопу нашри онҳо ба сурати васеъ дар бораи Имом Хумайнӣ, ки гӯи фарди ғайри солеҳе буда ва аҳёнан иттиҳоми Имом Хумайнӣ ба ин ки гӯи "ҷосуси фаронсавӣ” будааст, ва низ дар бораи инқилоби исломии Эрон, ки ба дасти бегонагон, хусусан сервиси амниятии кишварҳои ғарбӣ "ҷиҳати пешгирӣ аз нуфузи исломи аҳли суннат” роҳ андохта шудааст;

6. Ба роҳандозии давраҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат тавассути сервиси амниятии мамлакати Арабистони Саудӣ ва ба дасти мубаллиғони саудӣ, барои ҷавонони мусалмони кишварҳои мухталиф (хусусан ҷавононе, ки ҳанӯз бо омӯзаҳои исломӣ ошно нестанд) ва талқини ин бовар дар онҳо, ки исломи ҳақиқӣ, ҳамон исломест, ки имрӯз дар Арабистони Саудӣ роиҷ аст (яъне маслаки ваҳҳобият) ва низ ин бовар, ки гӯи имрӯз олами исломро хатаре бадтар аз Эрону шиаён таҳдид намекунад ва Ҷумҳурии исломии Эрону шиаён ҳатто аз "Исроил” бадтар ҳастанд. Ҳатто кор ба ҷое мерасад, ки бархе аз ин ҷавонон, баъд аз омӯзиш дар ин давраҳо, ҳозиранд хештанро дар миёни ҷамъи шиаён битараконанд ва бо ин иқдоми хеш, исломро аз "хатар”-и шиаву эрониён бираҳонанд;

Кимёи саодат

Бахш: Ваҳдати исломӣ | Просмотров: 1013 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz