Ҷумъа, 29.03.2024, 02:57
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Феврал » 15 » Чаро инқилобиҳои мисрӣ ҳанӯз майдонро тарк накардаанд?
Чаро инқилобиҳои мисрӣ ҳанӯз майдонро тарк накардаанд?
03:11

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳарчанд Муборак рафт ва хостаи аслии инқилобиҳои мисрӣ мабнӣ бар канорагирии Муборак бароварда шуд, аммо ҳанӯз онон хештанро пирӯзи майдон намедонанд. Чаро?

Муборак рафт, аммо низоми Миср ҳамчунон боқӣ мондааст ва ҳанӯз охирин нахуствазири даврони диктотурӣ яъне Аҳмад Шафиқ, риёсати ҳайъати давлатро ҳамонанди Муҳаммад Ғаннушӣ дар Тунис, ба даст дорад ва муассисаи амниятии Миср ҳанӯз ҳамонанди Тунис дастнахӯрда боқӣ мондаанд.

Бо ин ки хостаҳои мардум машрӯъ дониста шуданд ва ду маҷлис мунҳал гардид ва қонуни асосӣ ба таълиқ дароварда шуд ва баргузории интихоботи озод ва сипас тадвин ва тасвиби қонуни асосии ҷадид ваъда дода шуд, аммо мардум ҳанӯз тамоми хостаҳои худро баровардашуда намедонанд.

Ҷавонони инқилобӣ хостори ташкили давлати муваққати ҷадиде ҳастанд, ки дар он аз афроди даврони Муборак, касе ҳузур надошта бошад. Хостаи аслии онҳо ташкили шӯрое аст, ки бар давраи интиқолӣ назорат дошта бошад. Тамоми касоне ки дар Шӯрои олии низомӣ ё давлати Шафиқ узвият доранд, дар замони Муборак ба қудрат расидаанд ва афкори умумӣ наметавонад бо дидаи итминони комил ба онҳо нигоҳ кунад.

Мавзеи Амрико, маҳакки мавзеъгириҳои мисриён

Зоҳиран, Амрико, аз вазъияти кунунӣ дар идораи кишвари Миср баъд аз канорагирии Муборак аз қудрат, розӣ аст; чизе ки инқилобиҳоро бештар ранҷ медиҳад. Имрӯза, мавзеи Амрико, маҳакки мавзеъгириҳои мисриён қарор гирифтааст; агар диданд Амрико розист, пас хулоса мебароранд, ки ҳанӯз ба аҳдофашон даст наёфтаанд, ҳамин ки диданд Амрико норозист, хештанро пирӯзи майдон меҳисобанд.

Гуфтанист, қабл аз канорагирии Муборак, ҳадди ақал панҷ тамос миёни вазоратхонаҳои дифои Амрико ва Миср сурат гирифт. 24 соат қабл аз рафтани Муборак, раиси Созмони Ҷосусии Амрико (CIA), бо қотеият аз канорагирии вай хабар дод.

Ба назар мерасад, ки Муборак то охирин лаҳазот бо тарҳи Амрико барои интиқоли қудрат ба Шӯрои олии низомӣ мухолифат мекард ва қудратро раҳо намекард, дар ҳоле ки вай дигар дар тарҳи Амрико барои нигаҳ доштани Миср дар миёни муттаҳидони Амрико ҷое надошт ва исрори бештари вай бар мондан дар қудрат, ба шӯълавартар шудани оташи инқилоб меанҷомид ва Амрикоро бо вазъияти душвортаре рӯбарӯ месохт. Аз ин рӯ, ба назар мерасад, ки пеш аз канорагирии Муборак, Амрико бо артиш ва муассисаи амниятӣ ва Аҳмад Шафиқ нахуствазир гуфтумоне доштааст.

Бад-ин ҷиҳат, инқилобиҳо ҳанӯз худро пирӯзи майдон намешуморанд ва бинобар ин, рӯзи ҷумъаи оянда (18.02.2011)-ро барои идомаи инқилоби худ то пирӯзии комил таъйин намуданд. Ҷавонон ва аҳзоби аслии Мирс, дар рӯзи ҷумъа, даъват ба тазоҳуроти миллионӣ кардаанд.

Тамоси Борок бо Тантовӣ хашми инқилобиҳоро барангехт

Иҳуд Борок вазири дифои режими "Исроил”, хабар аз тамос бо Муҳаммад Тантовӣ ҳамтои мисрии худ дод, ки акнун риёсати Шӯрои олии низомиро низ бар ӯҳда дорад ва ба нафари аввали қудрат дар Миср мубаддал шудааст.

Хабари Борок дар ин бора, ки Тантовӣ бар ибқои паймони Камп Дэвид таъкид варзидааст – ҳамчунон ки Шӯрои низомӣ қаблан бар пойбандӣ бар ҳамаи муоҳидоти хориҷии Миср таъкид карда буд – бар хашми инқилобиҳои мисрӣ афзуд, зеро яке аз аҳдофи онон лағви ҳамин паймони нангин аст.

Паймони Камп Дэвид дар 32 сол умри худ ҳеҷ гоҳ мақбулият ва машрӯияти мардумӣ дар Миср пайдо накард. Бо вуҷуди ин паймон, мардуми Миср солиёни дароз хештанро ҳақоратшуда меҳисобиданд.

Бад-ин хотир буд, ки ҳатто Ҳусни Муборак дар даҳаи ахир ҳозир набуд ба "Исроил” сафар кунад ва Овигдур Либерман вазири умури хориҷаи режими "Исроил”, дар баробари ин вокуниши Муборак гуфта буд, ки "Пас Муборак биравад ба ҷаҳаннам!”.

Ишорае ба чанд дастоварди инқилоби Тунису Миср

1. Меҳвари эътидоле дигар боқӣ намондааст: Яке аз дастовардҳои инқилоби Тунису Миср ин аст, ки аз ин пас, дигар он чи ба номи "Меҳвари эътидоли арабӣ” шинохта мешуд ва онро кишварҳои араби муттаҳиди Амрико ташкил медоданд (дар баробари "Меҳвари муқовимат”, ки аз Эрон, Сурия, Ҳизбуллоҳ, Ҳамос ва соири гурӯҳҳои муқовимат ташкил шудааст) фурӯ рехт. Аз ин меҳвар, танҳо Ӯрдун ва Саудӣ боқӣ мондаанд. Подшоҳи Ӯрдун ҳам, ки бо норизоятии умумии мардумӣ мувоҷеҳ аст, дигар ҷуръати барқарории равобити гармтаре бо "Исроил”-ро надорад?

Ин кишвар аз моҳи июли соли гузашта (2010) сафири ҷадиде ба "Исроил” нафиристодааст ва сафари Вилём Бренз муовини вазири хориҷа ва Мойк Мулен раиси ситоди кулли фармондеҳии артиши Амрико ба Уммон низ, подшоҳи Ӯрдунро чунон тарғиб накардааст то хашми мардумро бар доштани робитаи гарми диплумотик бо "Исроил” тарҷеҳ диҳад.

Авлавият барои подшоҳи Ӯрдун, ором кардани мардуми кишвараш аст, ки аз инқилобҳои Тунис ва Миср илҳом гирифтаанд ва дар тазоҳуроти худ лағви муоҳидаи сулҳи "Водии Араба” бо "Исроил”-ро фарёд мекашанд.

2. Воҳимаи ҳамла ба Эрон ҳам бартараф шуд: Маълум аст, ки "Исроил” ва Амрико, барои ҳаргуна ҳамла ва таҷовузе ба Эрон – ба баҳонаи парвандаи ҳастаӣ – ниёз ба пӯшиши арабӣ дошта ва доранд. Вошингтун ва Телавив умедвор буданд, ки ин пӯшишро Миср, Ӯрдун, Арабситони Саудӣ ва дигар давлатҳои арабии меҳвари эътидол эҷод кунанд, ки бо ин ҳол, дигар ин воҳима низ рафт.

3. Наздик шудани Арабистони Саудӣ ба Эрон: Подшоҳи Арабистони Саудӣ аз Амрико хашмгин аст, ки чӣ гуна муттаҳидони худро раҳо мекунад. Малик Абдуллоҳ дигар ҳозир нест ояндаи худ ва кишварашро дар қиморе бигузорад, ки Борок Убомо ва Бенёмин Натаняҳу бихоҳанд бозигарони он бошанд.

Ба назар мерасад, Арабистон дигар чорае ҷуз ин надорад, ки дасти дӯсти ба кишварҳои қудратманди минтақа чун Эрону Туркия дароз кунад. Зеро Муборак, ки сутуни меҳвари эътидолро ташкил медод ва шахсан бо густариши равобит миёни Эрон ва давлатҳои арабӣ мухолифат мекард, дигар рафт.

Оре, акнун ин монеъ аз байн рафт. Шояд ин таҳлили рӯзноманигори ғарбӣ, ки чанде пеш гуфта буд бероҳа набошад, ки аз ин пас дигар Арабистон худро ба Эрон ва Сурия наздик хоҳад кард.

4. Орзуи Саркози ҳам барбод рафт: Яке дигар аз дастовардҳо, барбод рафтани расвогунаи орзу ва тарҳи Никуло Соркузӣ раиси ҷумҳури Фаронса барои ташкили "Иттиҳодияи кишварҳои ҳошияи баҳри Миёназамин” аст. Вай соли 2008 ин иттиҳодияро бо нодида гирифтани ихтилоф миёни бархе давлатҳои арабии ҳошияи баҳри Миёназамин ва "Исроил” таъсис кард.

Мисриҳо, ки чандон ризояте надоштанд, аз ин рӯ, барои ҷалби назари онҳо, Соркузӣ риёсати бахши ҷанубии ин иттиҳодияро ба Ҳусни Муборак вогузошт то худ ба риёсати бахши шимолии он басанда кунад.

Дар тӯли се соли гузашта, ин иттиҳодия ҳеҷ иқдоми қобили таваҷҷӯҳе сурат надода ва фаъолияти қобили зикре надоштааст, вале бо канор рафтани Зайнулобидин бен Алӣ ва Ҳусни Муборак (ду муттаҳиди Соркузӣ дар кишварҳои ҳошияи баҳри Миёназамин), раиси ҷумҳури Фаронса мутаҳаммили нокомии дигаре дар сиёсати хориҷии худ мешавад.

Бо ин ҳама, ба назар мерасад, аз ин пас, бозигарони аслии минтақа, кишварҳои ба истилоҳ Меҳвари муқовимат, ки аз Эрон, Сурия ва гурӯҳҳои муқовимат чун Ҳизбуллоҳ, Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ ташкил шудааст, бошанд.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 713 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz