Панҷшанбе, 28.03.2024, 14:27
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Май » 3 » Баъд аз Бен Лодан, гузинаи баъдии Амрико барои “душман” чӣ касе хоҳад буд?
Баъд аз Бен Лодан, гузинаи баъдии Амрико барои “душман” чӣ касе хоҳад буд?
03:24

Бо кушта шудани Бен Лодан ва поён ёфтани торихи масрафи расонаӣ ва сиёсии Алқоида, суоли аслӣ дар ин миён ин аст, ки гузинаи баъдии "душман”-и Амрико чӣ касе хоҳад буд?

Борок Убомо, раиси ҷумҳури Амрико, дар як суханронии кӯтоҳ, хабари кушта шудани Усома бен Лодан, раҳбари маънавии шабакаи Алқоида ва душмани шумораи яки Амрикоро тайи амалиёти нерӯҳои вижаи Амрико дар Покистон, эълом кард.

Ин хабар ба суръат дар садри расонаҳои дунё қарор гирифт ва ба унвони нишонае аз пирӯзии Иёлоти Муттаҳида дар ҷанг бо "теруризм” ва нерӯҳои тундрави ба истилоҳ исломгаро таъбир шуд.

Ҳол, Убомо метавонад марги Бен Лоданро ба унвони дастоварди дурахшоне дар корномаи худ ба унвони коре, ки Буши писар аз ӯҳдаи он барнаёмад, бигунҷонад.

Ҷашни миллӣ дар хиёбонҳои Ню-Йорк, Вошингтун ва дигар шаҳрҳои Амрико оғоз шудааст ва амрикоиҳо ғурури хурдшудаи худро дар ҳамлаи ҳавопаймоҳо ба бурҷҳои дуқулу ва Пентогун ба фаромӯшӣ хоҳанд супурд.

Аммо дар варои тамоми ин ҳаёҳуҳои расонаӣ ва ҷашнҳои хиёбонӣ, суоли дигаре ба зеҳни нозирони огоҳ ва бетараф ҳуҷум меоварад ва он ин аст: Пас аз ин чӣ хоҳад шуд?

Сайд дар пайи сайёд

Тайи даҳ соли гузашта, ҳамвора Бен Лодан душмани шумораи яки Амрико муаррифӣ мешуд; касе ки марзҳои аҳуроии Иёлоти Муттаҳидаро мавриди таҷовуз қарор дод ва баъд худро дар домани кӯҳҳои Афғонистон пинҳон кард.

"Артиши шикастнопазир”-и Амрико, ки одат кардаем қаҳрамонии онро фақат дар филмҳо бибинем, барои ёфтани Бен Лодан Афғонистонро ишғол кард ва нерӯи ҳавоии Амрико хоки ин кишварро ба оташ кашид.

Достони воқеии Бен Лодан ҳарчи буд, манофеи расонаӣ ва сиёсии он барои Иёлоти Муттаҳида, бисёр бештар аз фаъолиятҳои Бен Лодан бар алайҳи манофеи Амрико буд.

Бен Лодан аз муддатҳо пеш кӯчактарин нақше дар раҳбарии ин созмон надошт. Алқоида тайи даҳ соли гузашта, бештар ба як созмони ғайримутамаркиз шабеҳ шуда буд.

Фаъолиятҳои Алқоида дар Ироқ, Яман ва Лубнон, аз сӯи дастгоҳи иттилоотии Арабистони Саудӣ ва шахси Бандар бен Султон, дабири Шӯрои олии амнияти миллии ин кишвар, идора мешуд.

Алқоидаи Афғонистон таҳти назари дастгоҳи иттилоотии Покистон (ISI) идора мешуд, бинобар ин, Бен Лодан бояд зинда мемонд, то стротежии низомӣ ва амниятии феълии Амрико дар минтақа қобили мудирият бошад.

Борҳо дар расонаҳои гуногуни ахборӣ, аз "фурсатҳои тиллоӣ” ҷиҳати дастгирии Бен Лодан ва сустии нерӯҳои амрикоӣ аз иқдоми бамавқеъ, мунташир шудааст.

Аммо ҳоло зоҳиран Бен Лодан барои Амрико мурдааст, пас торихи масрафи Алқоида ва Бен Лодан ба унвони шохистарин чеҳраи ин гурӯҳ тамом шуда.

Ҳол, душмани фарзии баъдии амрикоиҳо чӣ касе хоҳад буд?

Инқилобҳои минтақа ва як ғофилгирии ногаҳонӣ

Амрикоиҳо пас аз ҳаводиси 11 септомбр, талош мекарданд аксарияти ҷомеаи мусалмононро ҳамгаро бо арзишҳои ғарбӣ муаррифӣ ва мухолифини худро "гурӯҳи вопасзада”, ки "бӯе аз тамаддун” надоранд ном бибаранд.

Аммо инқилобҳои минтақаӣ, тамоми ин гумонзаниҳоро нақши бар об кард. Фарёди "Марг бар диктотур!”, ки дар майдони Таҳрири Миср аз сӯи миллионҳо нафар сар дода мешуд, банди дили амрикоиҳо ва исроилиҳоро пора кард.

Баъд аз Миср ва Тунис, инқилобҳои мардумӣ ба соири кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Баҳрайн, Сурия ва Яман, сироят кард ва ҳоло подшоҳи саудӣ ба унвони падархондаи диктотурҳои минтақа, ба сустии Амрико дар ҳимоят аз диктотурҳо мӯътариз шудааст.

Аммо Амрико низ гирифтори як таноқузи аҷиб аст.

Демукросӣ мисли як теғи дудама алайҳи манофеи Амрико ҳаракат мекунад. Андешаи муқобила бо нуфузи Амрико ва саҳюнизм, ки қаблан танҳо ба ташкилоти Алқоида мансуб мешуд, ҳоло ба унвони як мутолибаи мардумӣ матраҳ мешавад.

Мутолибае, ки ҳоло на аз лӯлаҳои туфанг, балки аз сандуқҳои раъй берун меояд. Амрико наметавонад тамоми кишварҳои исломиро ишғол кунад, ва аз тарафе ҳам, намехоҳад худро бо хашми мардумии ношӣ аз сиёсати исломситезонааш ба баҳонаи мубориза бо Алқоида, мувоҷеҳ бисозад.

Амрико бояд роҳи дигар барои тасаллут бар минтақа биёбад ва дар айни ҳол душмани дигареро барои худ битарошад.

Аммо ин душман чӣ касе хоҳад буд?

Чин, Эрон ё ихтилофи шиаву суннӣ?

Номзадҳои фаровоне барои ҷойгузинии Алқоида ва исломҳаросии ифротӣ вуҷуд дорад.

Чин дар ин миён гузинаи муносибе ба назар мерасад ва ин кишвар дар соли 2016 аз лиҳози тавлиди нохолиси миллӣ аз Амрико пеш меафтад ва ба аввалин иқтисоди ҷаҳон табдил мешавад.

Аммо Чин аз як тараф ҳамкори бузурги иқтисодии Амрикост. Сармоягузорони амрикоӣ ҳисоби вижае рӯи ин кишвар боз кардаанд.

Шояд Эрон мавзӯи муносибтаре бошад?

Кишваре, ки тайи 32 соли гузашта бузургтарин душмани Амрико будааст ва бо дастёбӣ ба тавонмандии ҳастаӣ, дар масири табдил шудан ба як абарқудрати минтақаӣ қадам бармедорад.

Пардохтан ба мавзӯи Эрон, хубиҳои фаровоне барои Амрико дорад. Эрон кишвари исломӣ аст, ва аз лиҳози роҳбурдӣ рақиби Арабистон, муҳимтарин дӯсти стратежии Амрико дар минтақа, маҳсуб мешавад; бавижа дар ин авохир, ки Арабистони Саудӣ бо вуҷуди саркӯби густарда, ҳамчунон худро нотавон дар баробари мардуми Баҳрайн мебинад, ва аз ин рӯ, Эронро муттаҳам ба тарафдорӣ аз саркӯбгарон намуда ва дар пайи ин андеша аст, ки як ҷанги мазҳабӣ дар минтақа роҳ биандозад ва таваҷҷӯҳи мардуми минтақаро ба он ҷалб намояд.

Дар ин кор, Саудӣ даст ба Амрико меёзад, ки ҳаминак аломатҳояш дида мешавад.

Аз сӯи дигар, Амрико ва Саудӣ, бо ин кор, аз эҷоди иттиҳоди тамаддуни бузурги исломӣ низ пешгирӣ мекунанд.

Интихобҳои сахте дар пеш аст

Барои ин ки интихоби ниҳоии Амрикоро дид, бояд чашм ба интизори оянда буд. Интихобҳои фаровоне дар муқобили Убомо вуҷуд надорад ва бояд ҳарчи зудтар душмани худро интихоб кунад.

Фишори нерӯҳои мардумӣ бар Амрико дар минтақаи Ховари Миёна ҳар лаҳза бештар мешавад ва албатта интихоботи риёсати ҷумҳурӣ низ наздик аст. Кушта шудани Бен Лодан метавонад имтиёзи муносибе барои Убомо дар ин моротуни сахти сиёсӣ бошад, аммо авзои дохилӣ чандон ба нафъи Убомо нест; бекорӣ боло аст ва садои ҳама аз бадеҳии боло даромадааст.

Амрико бидуни душман наметавонад чандон давом биёрад. Чанд моҳи оянда замони сахте барои Амрико ва шояд дунё аст. Шояд оянда душмани интихобии Амрико чандон рӯшан набошад, аммо замон ва номзадҳои мавриди назар хеле маҳдуд нест.

Замон ҳама чизро рӯшан мекунад.

Farsnews

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 1304 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz