Душанбе, 16.05.2022, 09:11
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Март » 29 » Ҳазрати Одам (а) ба кадом забон сухан мегуфтанд?
Ҳазрати Одам (а) ба кадом забон сухан мегуфтанд?
06:24

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке аз бародарон, ин се пурсишро барои камина ирсол намуданд то посух бигардонам:

1. Пайдоиши нутқ ва гуногунии забонҳо аз назари исломро баён кунед.
2. Оё ҳазрати Одам ва Момо Ҳавво зуд ба сухан даромаданд?
3. Инсоният ҳама аз пушти бобои Одам ва Момо Ҳаввост, пас гуногунии забон ва миллат аз чӣ пайдо гашт?

Инак, посухи роқими сутур:

Дар посух ба ин се пурсиши шумо, бояд ибтидо ба ин нукта ишора намоям, ки ойини ислом, ки Қуръон ва суннат бозгӯи он аст, ӯҳдадори баёни масоилест, ки инсонро дар дунё ва охират ба саодат бирасонанд. Ба иборати дигар: ҳар он чизе ки барои саодат ва камоли инсон лозим аст, Қуръону суннат онро баён мекунанд.

Масалан, ислом мегӯяд, ҳамвора дар талаби илму дониш бошед. Чаро? Чун илму дониш, яке аз камолоти инсон ва мояи саодати инсон, ҳам дар дунё ва ҳам дар охират аст. Аз ин рӯст, ки мебинем, Қуръону суннат ба ин амр хеле аҳамият додаанд, ба гунае ки нахустин ояти фуруд фиристода шуда бар паёмбари акрам (с), ояти "Иқраъ бисми раббикал-лази халақ”, (Бихон ба номи парвардигорат, ки офарид...) мебошад, ва ҳамчунин дар аҳодиси набавӣ, ба андӯхтани илму дониш ташвиқи зиёде шуда, ба ҳадде ки паёмбари ислом (с) талаби илм барои ҳар марду зани мусалмонро фарз медонанд.

Тоза, на донистани ҳар чизе ва андӯхтани ҳар илме, балки фарогирии улуме, ки ба навъе марбут ба камолу саодати мо инсонҳо бошад, на он чизҳое, ки донистан ва ё надонистани онҳо, рабте ба камоли мо (дар дунё ва охират) надоранд. Масалан, ин ки умри ҳазрати Одам (а) ва ё умри ҳазрати Нӯҳ (а) чанд сол буда аст? Ва ё ин ки масалан мевае, ки ҳазрати Одаму Ҳавво бо хӯрдани он аз биҳишт берун шуданд, чӣ мевае буда; оё гандум буда ва ё ангур? Донистан ва ё надонистани ин умур, суду зиёне ба камолу саодати мо (дар дунё ва охират) надоранд.

Аммо, улум ва маорифе ҳастанд, ки фарогирии онҳо барои дунё ва охирати мо судоваранд, ки ин навъ улум ҳастанд, ки мавриди ташвиқи ислом мебошанд. Масалан, дар заминаи маорифи исломӣ, шинохти зоти Худованд ва ягонагии ӯ, яъне илми тавҳид, яке аз заруритарин масоил аст, ки агар мусалмон ба он огоҳ набошад, ҳам дар дунё ва ҳам дар охират, зарар хоҳад намуд. Ва аз ҳамин ҷост, ки фарогирии илми тавҳид, бар ҳар марду зани мусалмон, яъне бар так-таки эшон, аз дидгоҳи ислом, фарзи айн аст. Ва ҳамчунин аст огоҳӣ ба аҳкоми зарурии шаръӣ мисли аҳкоми марбут ба намоз, закот, рӯза, ҳаҷ ва ғайра.

Ва ё дар заминаи улуми ба истилоҳ дунявӣ, омӯхтани илми пизишкӣ, риёзиёт (арифметика), физиё, шимиё ва ғайра, зарурӣ аст, ки агар инсон аз ин улум баҳрае надошта бошад, дар дунё ва чи басо дар охират, зиён хоҳад дид. Аз ин рӯст, ки уламои исломӣ, фарогирии ин навъ улумро низ фарз, албатта на фарзи айн, балки фарзи кифоя донистаанд. Фарзи кифоя; яъне ин ки бар так-таки мусалмонон лозим нест онро фаро бигиранд, балки агар баъзе аз эшон дар ҳадди тахассус онҳоро фаро бигиранд, аз гардани дигарон соқит хоҳад шуд, бар хилофи фарзи айн, ки бояд ҳамагон онро биёмӯзанд. Албатта, ногуфта намонад, ки имрӯза, фарогирии ин улум, ҳарчанд дар як сатҳи поён ва ё мутавассит, бар ҳамагон лозим аст, ва ба иборати дигар: талаби ин навъ улум дар ҳадди миёна низ, тақрибан фарзи айн гардида аст.

Ҳоло, бо таваҷҷӯҳ ба матолибе, ки арз шуд, инак ба посухи шумо мепардозам:

Бародари азиз!

Пурсишҳое, ки матраҳ намудед, метавон гуфт, аз масоилест, ки донистан ва ё надонистани онҳо, суду зиёне ба камолу саодати мо дар охират надоранд. Мо чи бидонем, ки ҳазрати Одам (а) бо кадом забон сӯҳбат мекарда ва ё чӣ гуна ба сухан даромада аст ва чи надонем, рӯзи қиёмат дар баробари ин навъ масоил мавриди бозхост қарор намегирем. Он чи дар ин маҷол, яъне дар маҷоли ҳазрати Одам (а), бар мо воҷиб аст, ки ба он илм ва низ имон дошта бошем ин аст, ки ҳазрати Одам (а) паёмбаре аз паёмбарони илоҳӣ буда аст.

Албатта, агар донистем ҳам, ки масалан бо кадом забон ва чӣ гуна ба сухан даромада аст, зараре мутаваҷҷеҳи мо нахоҳад буд, балки қатъан бар дониш ва маълумоти мо афзуда хоҳад шуд, мисли ин ки агар бидонем сароғози пайдоиши кураи замин масалан чӣ гуна буда аст, оё чунон ки мегӯянд, бо як инфиҷори азиме (Бинг-бонг) шурӯъ шуда аст ё чизе дигар ва аз ин қабил огоҳиҳо, ки донистани инҳо сабаби афзоиши маълумот ва иттилооти мо хоҳад гардид. Аммо, фақат аз боби афзоиши маълумот, на аз ин боб, ки донистани онҳо аз дидгоҳи ислом, воҷиби шаръӣ бошад ба гунае ки агар надонистем, дар охират мавриди бозхост қарор бигирем. (Диққат кунед!)

Ӯҳдадори посух ба ин навъ масоил, улум аст

Аз ҳамин ҷо мунтақил мешавам ба баёни як масъалаи дигар, ки он ҳам ба навъе марбут ба матлаби мавриди назар аст. Ва он ин ки масоиле, ки огоҳӣ ба онҳо, суду зиёне ба охирати мо надоранд ва аз ҳамин рӯст, ки манобеи исломӣ роҷеъ ба онҳо чизе нагуфтаанд, (чун гуфтем, ки Қуръону суннат, фақат ӯҳдадори баёни масоилест, ки ба навъе марбут ба ҳидояти инсонҳост), агар бихоҳем роҷеъ ба он масоил маълумот ҳосил кунем, бояд ба суроғи коршиносони он соҳа биравем, ки чӣ мегӯянд. Масалан, агар бихоҳем бидонем, ки нахустин инсонҳои рӯи замин, аз ҷумла ҳазрати Одам (а), бо кадом забон сӯҳбат мекарданд, бояд рӯ ба коршинсони соҳаи антропология (Antropologie) оварем, на ба Қуръону суннат, зеро худи Қуръону суннат, барои донистани ҳар масъалае, инсонҳоро ба коршиноси он масоил ирҷоъ менамояд. Ин антропологҳо ҳастанд, ки ӯҳдадори посух ба ин гуна масоил мебошанд, ҳол чи мусалмон бошанд ва чи кофир, фарқе надорад, бинобар ин, ҳар гоҳ ба натиҷаи қатъӣ дар ин замина расиданд, бар мо ҳам лозим аст, ки ҳар чи гуфтанд, ба унвони як назарияи илмӣ бипазирем, фикр накунем, ки гуфтаҳояшон зидди ислом мебошад, зеро ислом ҳаргиз зидди илм набуда ва нест (албатта илми қатъӣ, на як фарзияи холӣ).

Аммо антропологҳо, то он ҷо ки медонам, чизе қатъӣ дар ин замина иброз надоштаанд. Манзурам дар заминаи забон ва луғатест, ки ҳазрати Одам (а) бо он сӯҳбат мекарда. Ҳар гоҳ ба натиҷаи қатъие даст ёфтанд ва назарияашон мустанад ба адиллаи қотеъ буд, мо чорае ҷуз ин надорем, ки дар баробари гуфторашон сар хам ниҳем.

Аммо он чи бархе аз уламои динӣ, чи исломӣ ва чи яҳудӣ ва чи масеҳӣ, дар ин замина иброз доштаанд, ғайри мустанад аст. Масалан, дар бархе аз манобеи динии яҳудиён ва масеҳиён ва ҳатто баъзе аз манобеи исломӣ омада аст, ки гӯи ҳазрати Одам (а) ба забони сириёнӣ сӯҳбат мекарда аст (Таърихи Яъқубӣ 1/6; Ал-бидоя ван-ниҳоя 2/152), ва ё дар баъзеи дигар омада, ки ҳазрати Одам (а) ба забони арабӣ сухан меронда аст (Ал-муфассал фи таърихил-араб қаблал-ислом 1/14), инҳо ҳама ғайри мустанад ва ғайри мувассақ ҳастанд.

Комёб бошед

Бахш: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Просмотров: 3424 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 2.5/2 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Март 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2022
Бесплатный хостинг uCoz