Ҷумъа, 19.04.2024, 10:59
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Май » 1 » Авраам Шмулевич: “Ҷанҷолҳои шиаён ва сунниҳо, билохира ба суди мо поён меёбад”
Авраам Шмулевич: “Ҷанҷолҳои шиаён ва сунниҳо, билохира ба суди мо поён меёбад”
21:48

Дарья Донцова

Нақшаи аз Нил то Фуроти империяи саҳюнистӣ 

"Башар тамоми арзишҳои асосиро аз тариқи яҳуд ба даст овардааст. Маҳз тавассути мо, Худо ба гойҳоайри яҳудҳо) ҳақиқати воло бахшида, - мегӯяд хохом Авраам Шмулевич (собиқ Никита Демин аз Санкт-Петербург). – Ҳама медонанд, ки яҳуд – миллати баргузида аст, ҳол, баргузида барои чӣ чизе? Барои ин ки то меъёрҳои тиллоӣ ба тамоми башарият ато намояд”.

Мо дар ошхона оромона қаҳва менӯшем, он гоҳ мефаҳмам, ки замири қавми яҳудӣ аз чӣ чизе бофта шудааст. Хохом Шмулевич – шахсияти фавқулодда харизматик аст, ва ман ба осонӣ таҳти таъсири суханони сеҳромези ӯ қарор мегирам. Ин "гиперсионист” (ҳамон гуна ки хештанро чунин муаррифӣ мекунад), ки пешвои ҷунбиши "Аз барои Ватан!” ба шумор меравад, барои ман ояндаи бузурги империяи яҳудиро, ки ҳудудаш аз Нил то Фурот тӯл хоҳад кашид, тарсим мекунад.

- Мо қисмате аз Мисрро мегирем, сарзамини Лубнонро, Сурияро, қисмате аз хоки Ироқро ва ҳамчунин қисмате аз Кувейтро – ки ин ҳамон сарзаминест, ки аз сӯйи Худо барои қавми яҳуд эъто шудааст. – Мо бо тозиёна сарзамини хешро озод хоҳем кард, ва барои мардумоне ҳам, ки дар он зиндагӣ мекунанд чунин ихтиёре пешниҳод мекунем, ки: ё марг, ва ё зиндагӣ тибқи қонунҳои мо.

Агар шумо "Қассомҳо” роҳ андозед, мо шумоёнро мекушем, аммо агар дар артиши Исроил хидмат кунед, мебахшематон”.

- Ақида мафҳум аст: шумо мехоҳед мағзи мутафаккир бошед, аммо бақия васоил, абзор ва зердастон. Аммо чӣ гуна ҷомеаи байналмилалӣ ба ин, агар мулоимтар карда гӯем, зулму ситам нигоҳ хоҳад кард?

- Ҳеҷ гуна. Қонуни байналмилалӣ ҳаққи қавитар ва нерӯмандтар аст. Қонунҳо истифода мешаванд то хостаи худро таҳмил кунӣ. Ҳар кӣ қудрат дорад, ба ин чизҳо туф мекунад.

- Аммо дар ин сарзамин 250 миллион инсон зиндагӣ мекунанд ва яҳуд ҳамагӣ 6 миллион ҳастанд.

- Хуб, юнониҳо чӣ теъдод буданд вақте империяи худро аз Юнон то Осиёи Марказӣ ва то Ҳинд бино ниҳоданд? Камтар аз ин теъдоде, ки яҳудиён (имрӯз) ҳастанд. Искандари Мақдунӣ чӣ кор кард? Ӯ тамоми нухбагонро гирд овард ва сар аз танашон ҷудо кард. Сипас, ҷавонон ва навҷавонони маҳаллиро ҷамъ карда ва онҳоро дар гвардияи худ дохил сохт. Касоне ки ҳозир ба қабули фарҳанги юнонӣ шуданд, аз ҳуқуқи баробар бо ҳуқуқи юнониён бархӯрдор гаштанд, ва эллинизм[1] дар тамоми ин сарзамин густариш ёфт. Замоне ки Исроил сарзаминҳои Ховари наздикро тасоҳуб мекунад, амали поксозиро тибқи равиши Искандари Мақдунӣ ба роҳ хоҳад андохт; норозиёнро нобуд ва мардуми фармонбардорро дар низоми империявии худ дохил хоҳад кард.

- Пас, шумо бо чӣ чизе аз Гитлеру Сталин фарқ мекунед?

- Лозим нест намунаҳое инчунинӣ бароям биёваред. Мафкураи империя бо устуворӣ ва пешрафту тараққияш ҷаззоб аст.

- Аммо таърих ба мо меомӯзад, ки тамоми империяҳо дер ё зуд бо шикаст ва фурӯпошӣ мувоҷеҳ мешаванд.

- Ҳеҷ гап не. Ҳудуди ҳаштод сол бароямон кофист. Сипас, охирзамон фаро мерасад, он гоҳ дигар маҷоле барои ин суханон боқӣ намемонад.

- Кай, ба назари шумо, замони империяи Исроил фаро мерасад?

- Ба ҳамон суръате, ки ҳаводис рух медиҳанд, то 10 – 15 сол. Ҳар замоне ки вазъияти кунунӣ печидатар шавад, зудтар ба аҳдофи худ хоҳем расид. Ҷанги кунунӣ бе натиҷа поён намеёбад. Исроил барнома дорад Ҳамос-ро аз байн бурда ва ба ҷояш Фатҳ-ро нишонад. Ибтидо артиши Миср вориди Ғазза мешавад (ки ҳаминак дар ин бора музокирот ҷараён дорад) ва ба ҳамроҳи вай гурӯҳҳои Фатҳ низ вориди Ғазза хоҳанд шуд.

Ин ҳам ба ҷанги дохилӣ мунҷар мешавад, ки ба нафъи мост. Албатта Миср метарсад, ки Ғаззаро таҳти контроли худ бигирад. Муаммои асосии режими Муборак, ҳаракати Ихвонул-муслимин аст. Тамоми ҷавонони мисрӣ, ки аз тариқи телевизорҳо Ғаззаро мушоҳида мекунанд, аз Ҳамос дастгирӣ ва ҳимоя мекунанд, ва ин ба маънои ногузир будани радикалӣ шудани Миср аст. Режими Муборак суқут хоҳад кард. Ҳарҷу марҷ дар Миср, дер ё зуд, ба Арабистони Саудӣ сарозер мешавад ва он ҷо шӯриши шиаён шӯълавар мегардад. Ҷанҷолҳои ҳамешагии шиаён ва сунниҳо, билохира ба суди мо поён меёбад, чун ҳар ду тараф ба ҷони якдигар хоҳанд афтод. Амрикоиҳо аз Ироқ берун хоҳанд рафт, ва ҳукумат ҳам наметавонад худро нигаҳ дорад. Тамоми минтақа ба оташ кашида хоҳад шуд, мусалмонони Аврупо ҳам бапо мехезанд. Дар ин вазъият аст, ки бар Исроил воҷиб мегардад, ки масъулияти минтақаро ба дӯши худ бигирад.

- Лутфан тавзеҳ бидиҳед: барои чӣ яҳудҳо дар ҳар кишвари дунё, аз ҳама ашаддитарин либералҳо ҳастанд, аммо дар хонаи худ Исроил чунин нестанд?

- Либерализм ҳамвора равияе буд барои зинда боқӣ мондани яҳудҳо таҳти султаи дигарон, ва аммо мубориза барои ҳуқуқи башар, ин як навъ аксуламали ҳимоявии яҳудист. Ба хотир оред, дар Русия то соли 1917 чӣ гуна буд?

Яҳуд ҳақ надошт, ки соҳиби замин гардад, вай дар пойинтарин сатҳи зиндагӣ қарор дошт, агар ба худ салиб накашад, яъне ба масеҳӣ будан тазоҳур накунад, наметавонист вориди донишгоҳ шавад. Барои чӣ дар байни коммунистҳо ин қадр яҳудҳо зиёд буданд? Марксизм ваъда дод масъалаи миллиятиро ҳал кунад. Ва мардумоне, ки ҳазорон сол ранҷу азоби табъизи нажодиро аз сар мегузарониданд, шурӯъ ба мубориза намуданд. Ҳар гуна имтиёзи нажодиро аз байн мебурдем то ҳамагон баробар бошанд.

Агар башарият нагузорад яҳуд дар сарзамини худ зиндагӣ кунад, дар ҳама ҷо бо либерализми яҳудӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.

- Ин сухани шумо ҳамчун як найранг зоҳир мешавад. Яҳуд дигар давлати худро соҳиб шудааст, аммо аз қудрати либерализми яҳудӣ коста нашуда.

- Барои он ки яҳуд дар як муборизаи содиқонаи ақоиду андешаҳо пирӯз шуд. Қабул кунед, ки дар ҷомеаи либералӣ зиндагӣ кардан гуворотар аст то дар як ҷомеаи феодалӣ.

Як вақтҳо саҳюнизм вазифаи маҳдудеро пеши рӯйи яҳуд гузошта буд, ки иборат буд аз: паноҳ бурдан ба паноҳгоҳе бо номи Исроил. Аммо замони дигар фаро расидааст; имрӯз дигар бар яҳуд воҷиб аст ба ҳамон рисолати таърихияш баргардад. Барои оркестр дирижер лозим аст. Мо – таъминкунандаи программавии башарият ҳастем; башаре, ки тӯли ҳазорон сол аз афкору ақоиди яҳуд истифода мекунад. Дигар миллатҳо аз байн рафтанд, аммо мо, бо кадом сабабе, боқӣ мондаем. Як анекдот ҳаст. Мисриҳо ва яҳуд буданд; мисриҳо мурда рафтанд, вале яҳуд боқӣ монд. Бобулиҳо ва яҳуд буданд; бобулиҳо мурда рафтанд, аммо яҳуд боқӣ монд. Инквизиторҳо (золимон) ва яҳуд буданд, ҳол, инак куҷост он инквизиторҳо? Нозиҳо (фашистон) ва яҳуд буданд; нозиҳо ба дор овехта шуданд, аммо яҳуд боқӣ монд. Коммунистҳо ва яҳуд буданд; коммунистҳо пӯсида рафтанд, вале яҳуд боқӣ монд. Пас, натиҷа чӯ шуд? Яҳуд ба финол баромаданд.

Ҳеҷ ишколе надорад, мекушанд, сипас ором мешаванд!

"Маносибати тоифаӣ” (племенной подход) чист? Ман инро фаҳмидам; вақте ки расонаҳои русӣ ва ҷаҳониро ҳангоми ҷанг дар Ғазза мехондам. Либералҳои мо, ки "виҷдон” ва "ифтихор”-и миллат ҳастанд, муборизони тундмизоҷ аз барои ҳуқуқи башар, инсондӯстон ва касоне ки аз барои кӯдакони чеченӣ ва гурҷӣ ашк мерезанд, ҳаминон вақте сухан дар бораи кӯдакони Ғазза ба миён омад, аз худ як бераҳмии фавқулодда нишон доданд.

Инак, иқтибос аз мақолаи Виктор Шендерович:

"Бадбахти фаластинӣ, ки бо кӯдаки ба хун оғушта дар даст ба сӯйи бемористон медавад... Ин ҷанг, чун ҳар ҷанги дигаре, ҳам як даҳшати шахсист, ва ҳам як қасосгирии таърихӣ. Мардуме, ки ба "Гитлер” (муродаш Ҳамос аст) раъй додаанд, дар "бурунрафт” ҷуз хонаҳои аз рӯйи замин сойидашуда ва ҳазорон шаҳрвандони мурда, аз ҷумла кӯдакон, насибаш намешавад. Оё ин адолат аст? Шахсан, на, аммо таърихан, мутаассифона оре. Ҳамон бадбахти фаластинӣ, ба Ҳамос раъй додааст... Мардумон "қарзҳои вомонда”-ро пас медиҳанд...”

Ва ё иқтибосе аз баромади либералҳо ва тарафдорони ҳуқуқи башар дар эфири "Эха Москвы”.

Валерия Новодворская: "Аммо манфиат барои башарият баъд аз Холокост, бояд фақат як чиз бошад – таъмини амният. Агар барои шумо манзилаке дар орухона (маскани хусумат) бидиҳанд, оё шумо онро таҳвил мегиред? Аммо барои яҳуд макони дигаре набуд. Ва барои ин одамони фурӯтан ва некӯ, чорае ҷуз ин ки Цахал-ро[2] ташкил бикунанд, ҷангҷӯ бишаванд, аз худ ҳимоя кунанд, дигар роҳе боқӣ намонда буд... Худоро шукр, ки яҳуд ба ин хайрхоҳони аврупоӣ, ки барои дифоъ аз марзу буми Фаластин ба тазоҳурот мебароянд, гӯш намедиҳанд... Роҳи ҳал фақат яктост – Созмони милал дигар қарори таъсиси як давлати фаластиниро лағв кунад. Мо ҳеҷ давлате ба номи давлати Фаластин надорем.

Мо фақат як тӯда паразитҳои гирёнчакро мебинем, ки террористҳо дар пушташон пинҳон шудаанд. Онҳо пуштибони террористҳо ҳастанд. Онҳо касоне ҳастанд, ки фақат аз тариқи ёрдамҳои гуманитарӣ зиндагӣ намуда ва фақат фикру ёдашон харобу вайрон кардани ҳаёти мардуми Исроил аст...”

Леонид Радзиховский: "Вақте мегӯянд: барои чӣ Исроил онҳоро бомбаборон мекунад? Хуб, агар бикушанд, ба ҷои онҳо дигарон меоянд. Барои чӣ мӯйҳои пойатро мечинӣ? Хуб, аз нав мебарояд. Чаро мӯйҳои саратро метарошӣ? Хуб, ин ҳам аз нав мебарояд. Асосан чаро милиса кор мекунад? Хуб, агар ду се нафарро мешинонад, ба ҷояш чанд тои дигар ҷинояткор сар мезанад... Пас, чаро худро ба заҳмат меандозӣ?

Дар ин миён, як роҳи ҳаллҳои муваққатӣ вуҷуд дорад: мезананд, мекушанд сипас он ҷинояткорон каме ором мегиранд. Ин ҳам як роҳи ҳал аст. Дар ин кор, ҳеҷ ишколе вуҷуд надорад: мекушанд, мекушанд, ва онҳо ором мегиранд”.

Артемий Троицкий: "Ба назари ман, Исроил дар он ҷо комилан бо як кори дуруст машғул аст. Ва ҳамаи ин суханон, ки мегӯяд, ин кор як наслкушии мардуми Фаластин аст ва ғайраву золик, дар воқеъ чунин нест. Имрӯз дар он ҷо як амалиёти зиддитеррористӣ ҷараён дорад... Ҳамос, ин як террористи воқеӣ аст, бо таомул маъно надорад...

Поёни навиштор

Асли мақола ба забони русиро ин ҷо метавонед мутолеа кунед: BadNews


[1] Давраест дар таърихи ноҳияҳои шарқии Баҳри Миёназамин, Осиёи Пеш ва атрофи Баҳри Сиёҳ аз истилои Искандари Мақдунӣ.

[2] Артиши таҳоҷумии Исроил.

Бахш: Ваҳдати исломӣ | Просмотров: 733 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz