Панҷшанбе, 25.04.2024, 22:12
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 9 » Ароизе ба пешгоҳи Ҳусайн
Ароизе ба пешгоҳи Ҳусайн
02:36

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳусайнҷон! Чӣ қадр дар ин рӯзгорон ба яке мисли ту ниёзмандем! Ниёзмандем то биёяд ва ин уммати саргардону хештаннашносро таконе диҳад ва бедораш созад, чунон ки ту дар рӯзгорони худ ононро бар шинохти хештану Худояшону Паёмбарашон водорашон сохта будӣ...

Ниёзмандем то биёяд ва ба инон, чи "шиаёнаш”, ки дам аз пайравии ту мезананд ва чи "сунниҳояш”, ки туро нашнохтанд, бифаҳмонад, ки бероҳа мераванд...

"Шиаён”, ки дар ин моҳ бароят азо мегиранд, баъзеяшон бо амалкарди худ дар ин айём, он чиро ки барояш қиём карда будӣ, ба фаромушӣ супурданд ва ҳошия мераванд; Муҳарраму Ошуро барояшон ҷуз занҷир задану гиряҳои бемаъниву туҳӣ аз ҳар мазмуну паём чизе дигар дарбар надорад...

"Суннияш” ҳам, ки ҳанӯз мондааст ва намедонад, ту кӣ ҳастиву Язид кист!?.. Яъне мондааст, ки бибинад, оё кори ту дуруст буда, ё кори Язид!? Ҳайҳот! Ҳатто бархе аз ишон аз ту мехоҳанд бипурсанд, ки чаро қиём кардӣ!?.. Чаро бо қиёмат қудрати "хилофати исломӣ”-ро тазъиф намудӣ!?.. Оё намешуд мутавассил ба шевае дигар бишавӣ ва бо панду насиҳат каҷиҳоро рост намоӣ!?.. Инаш ҳам бимонад, ки дар васати ишон олимнамоёне ҳам пайдо шуданду мешаванд, ки қиёми туро ба боди интиқод кашиданд ва накӯҳишат карданд, ки кори дурусте накардӣ!?..

Ҳусайнҷон! Мутаассифона, ҳеҷ яке туро нашнохтанд ва надонистанд, ки чаро гуфтӣ: "Ҳайҳот минназ зилла!”; яъне Дур аст аз домани мо зиллату хорӣ!..

Ҳанӯз надонистанд, ки мазмуни ин гуфтаҳоят чӣ паёмҳоеро дарбар дорад, ки гуфтӣ: "Ман аз марг боке надорам. Марг роҳаттарин роҳ барои расидан ба иззат аст. Марги боиззат, ҳаёти абадист, ва зиндагии зиллатбор, марги воқеист. Оё маро аз марг метарсонед? Чӣ хаёли ботил! Ҳаргиз аз тарси марг, зулму зиллатро таҳаммул намекунам. Дуруд бар марг дар роҳи Худо! Шумо бо куштани ман, наметавонед шукӯҳу иззату шарофати маро аз байн бибаред. Ҳеҷ ҳаросе аз мурдан надорам...”!?

Оре, ниёзмандем ба яке мисли ту, ки биёяд ва ойини рӯшангари исломро руҳи тозае бибахшад ва иззату шарофат бар ин уммат бозгардонад; уммате, ки бо амалкарди худ ойини поки исломро таҳриф ва паёми нуронии Қуръону муҳтавои суханони гуҳарбори ҷаддатро воруна сохтанд...

Уммате, ки давлатмадорону сиёсатпешагонаш асири хостаҳои нафсонӣ, мутеи бечунучарои бегона, аммо зӯргӯ бар сари фарзандони хеш гардидаанд... Давлатдороне, ки корашон то бад-ин ҷо кашида, ки бақояшон бар арши қудрат, марҳуни итоат аз фаромини абарқудратҳо шуда, на мадюни раъю орои мардумонашон...

Уммате, ки нухбагонаш орои бегонаро бар афкору андешаҳои ноби фарзандони хеш муқаддам гузоштанд; то бад-он ҷо ки андешаҳои фарзандонашон барои онҳо кӯҳнаву иртиҷоӣ менумояд, гарчи дарбардорандаи нуктаҳост, аммо орои бегона тару тоза, ҳарчанд ҳовии матолибе пуч!..

Уммате, ки аз бегона ҷуз зоҳир нагирифтанд, ки эй кош асбоби пешрафти бегона дар бар мекарданду зоҳири фиребандаи ӯ канор мениҳоданд!...

Уммате, ки олимони ба ном динияш ойини муқаддаси исломро "василае” барои дастёзӣ ба матои пасти дунё қарор доданд ва дин назди эшон, ба қавли ту, эй Имоми Озода, ин аст, ки: "Мардум бардаи дунё ҳастанд ва бар дин монанди чизе, ки таъму мазза дошта бошад нигоҳ мекунанд ва то маззаи онро бар забони худ эҳсос мекунанд, онро нигоҳ медоранд, аммо ҳангоме ки бинои имтиҳон бошад, шумори диндорон андак мешавад”.

Ҳусайнҷон! Ниёзмандем ба яке мисли ту, ки биёяд ва мафоҳиму ҳақоиқи баланди исломиро, ки инон бо амалкарди хеш ҳамаро мақлубу воруна намудаанд, ба ҷояш баргардонад...

Шаҳодат, ки арзиш буд, аблаҳоне аз уммати ҷаддат, бо маргхоҳиву худкушӣ аз барои баровардани хостаҳои нафсонӣ ва ё расидан ба мақосиди дуни сиёсӣ, табдилаш намуданд ба зидди арзиш...

Агар ту шаҳид гардидӣ то ислом сарбаланду азиз ва озодиву озодихоҳӣ пирӯз шавад, инон хештанро бо номи ислом ба куштан медиҳанд, ки самарааш ҷуз ваҳни ислому беэътибории озодихоҳӣ намебошад...

Ҳусайнҷон! Имрӯз, ки аз шаҳодати туву шаҳодатталабии ёрони бовафоят сухан ба миён меоварам, ҳароси он дорам то касе бигӯяд: Накунад маргталабиҳои аблаҳони тундрави имрӯз, сарчашма аз қиёми ту гирифта?..

Оре, танҳо ҳаминаш мондааст, ки туро "тундрав” бихонанд...

Ҳусайнҷон! Ман ҳаргиз аз бегона наменолам. Одат надорам айбу костии худ бар гардани ӯ андозаму бигӯям, ҳар чи бадбахтам, ҳама аз ӯст. Агар бегона сари душманӣ бо ойинамон кардаву Қуръонамон месӯзонаду таҳқирамон менамояд, ин одати ӯст. Аз ӯ ҷуз ин интизор намеравад. Магар аз душман интизор он аст, ки сарбаландии мо бихоҳад?..

Балки гилаи ман аз худиҳост, ки бо амалкарди хеш ин баҳона ба дасти бегона доданд, ки "террористамон” бихонаду ойинамону Қуръонамон ба боди интиқод бикашад...

Оре, ниёзмандем ба касе мисли ту, ки биёяд ва ба ин уммат калимаи тавҳид ёдаш оварад ва тавҳиди калимааш биёмӯзад... Инон, ки ба амри Ӯ Таоло мебоист "Ашиддоу алал-куффор, руҳамоу байнаҳум” (яъне сахтгир бар кофирону меҳрубон бо ҳам) бошанд, дуруст акси ин дастур, сахтгиру бераҳм нисбат ба якдигар, аммо гушодарӯву меҳрубон бо бегона гардидаанд... "Суннияш” бар "шиаяш” метозаду ҳадафе ҷуз нобудии ӯ бар сар надорад, ва "шиаяш” бар "суннияш” ҳуҷум меовараду ҷуз ба умеди маҳви ӯ ба сар намебарад... Он ҳам фақат ба хотири ихтилофоте андаку ночиз...

Оре, Ҳусайнҷон! Имрӯз ба касе мисли ту ниёзмандем, ки биёяд ва амри ин уммат сомон бибахшад, зеро барояш дигар ҳоле бадтар аз ин, ки инак дорад, қобили тасаввур нест...

Кимиёи саодат

Бахш: Симои идеологии Ислом | Просмотров: 1859 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 2
10.12.2010
2. Кимиёи саодат [Материал]
Ва алайкум салом бародари гироми Умедчон!
Мамнун аз таваччухатон... Дар робита бо ин ки Имом Хусайнро ки давъат карду ва чи иттифокоте дар Карбало рух дод, китобхои торих навиштаанд. Хулосаи онро мо дар сайти хеш овардаем. Метавонед бо мурочеа ба он, посухи хешро пайдо кунед. Дар ин унвон:
http://kemyaesaadat.com/3/index.php?option=com_content&view=article&id=761:2009-12-24-07-52-53&catid=36:2008-12-09-19-26-16
2. Иборати (Алайхис салом) дар кутуби муътабар ба чуз хазрати Паёмбар (с) хам ворид шудааст, аз чумла мархуми Фахри Рози аз барои хазрати Захро чунин таъбире ба кор мебарад. Метавонед бо мурочеа ба тафсири Кабири у ба ин масъала огох гардед.
3. Ва аммо дар робита бо ин ки оё шиаён аз гайри Худо кумак металабанд ё на, посух ин аст, ки агар касе, чи шиа бошад ва чи сунни, аз касе ёри талабаду эътикод бар ин дошта бошад, ки он чихат дар баровардани хочати вай мустакил аст ва бидуни такя ба Худо хочатбарор аст, бе тардид у мушрик аст. Дар ин масъала, на як шиа ихтилоф дорад ва на як сунни. Ва аммо агар шумо аз касе ёри талабед ва дар айни хол муътакид бошед, ки у дар баровардани хочат ниёзманд ба Худост ва ба изни Худо хочат бароварда месозад, ин айни тавхид аст, на ширк. Фикр намекунам мусалмоне дар руи кураи хоки пайдо шавад, ки ба шеваи аввали аз касе ёри биталабад, чи шиа бошад ё сунни.
4. Ва аммо рочеъ ба ин ки оё зинда мешунавад ва мурда намешунавад, аз нигохи дакики исломи, масъала аз ин карор аст, ки дар назарддошти ислом, он чи вокеият ва хувияти аслии оадмиро ташкил медихад, ин рухи уст на часади вай. Ин дидгохи материалистхост, ки мегуянд инсон пас аз мурдан намешунавад. Дар ин бора сохиби китоби (Ан нофеъул-кабир), ки аз уламои бузурги ханафист, мегуяд:
“Байни авом овоза шудааст, ки гўё ҳанафиҳо мўътақид бошанд, ки мурдагон намешунаванд. Ҳақиқат он аст, ки ҳанафиҳо безор аз чунин нисбате ба онҳо мебошанд... Чӣ гуна қудамои асҳоби мо шунидани мурдагонро инкор мекарда бошанд ҳол он ки нассҳое дорем, ки далолат бар шунидани мурдагон мекунад ва аксари саҳоба бар ин масъала иҷмоъ кардаанд... Уммулмуъминин Оиша (разияллоҳу анҳо) қабри бародари худ Абдураҳмонро зиёрат карда ва бо ў сухан гуфтаанд ҳамчунон ки Тирмизӣ ва ғайри ў ривоят кардаанд... (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Сунани Тирмизӣ, ҷ.4, саҳ.313).) Аз ин фаҳмида мешавад, ки шунаванда ва фаҳмкунанда руҳи инсон аст (на ҷасади ў) ва руҳ ҳам бо марг аз байн намеравад... Ба назари ман ҳаққонияти ин амр барои касоне, ки шунидани мурдагонро инкор мекунанд, баъд аз мурданашон ошкор хоҳад шуд, ҳарчанд дар ин ҳаёт онро инкор кунанд ва он гоҳ ба хато ва иштибоҳашон пай хоҳанд бурд, вале ҳайҳот, ки дигар суде барояшон надорад....” Поёни сухани сохиби китоби Ан-нофеъ ул-кабир, манбаъ: (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ан‒нофеъ‒ул‒кабир, ҷ.1, саҳ.242)
Дар ин хусус, камина дар чанд маколаи чудогонае бахс ба амал овардаам, ки метавонед посухи худро аз он чо пайдо кунед, дар ин унвон:
http://kemyaesaadat.com/4/index.php?option=com_content&view=article&id=128:-2&catid=39:2008-12-09-19-27-39&Itemid=46

10.12.2010
1. Умедчон [Материал]
Ассалому алайкум бародари гиромикадр Сайидюнус. Чанд саволе доштам ба шумо. Ман он кадар таърихи Исломро хуб намедонам ва мехохам бисери чизхоро фахмида бигирам.
Аз китобхо хондам, ки дар даврони хилофатии Язид, мардуми Куфа (аниктараш шиаен) ба Хусайн (р) мактуб равон мекунанд ва хохиш мекунанд, ки ба наздашон ояд ва ба мукобили Язид бархезад, чунки чандин хазор мардум нигахдори Хусайнанд ва якчоя бо Хусайн (р) ба мукобили Язид чанг хоханд кард. Бо хондани ин мактуб чанд нафар илтимосу хохиш мекунанд, ки Хусайн ба ин гуна мактуб бовар накунад, чунки фиреб хохад хурд, мардуми Куфа хиенаткоранд ва надида буди ки бо падарат Али (к) чи гуна рафтор карданд?. Имом Хусайн билохира бовар карда аввал ба Куфа одаме равон мекунад, ки хабар кунад ман меоям ва рахсипор мешавад. Одаме ки ба Куфа омад ва хабарро овард аз дасти душманон дастгир шуд ва чазояш доданд. Одамони Язид халкро хушдор карданд, ки агар аз Хусайн тарафгири кунанд ба катл хоханд расид. Хусайн аз ин ходиса дар сафар хабардор шуд, чунки мактубро пеш аз маргаш хамон пайрав равон карда буд. Ва маълум гашт ки хамма он мардуме ки Хусайнро ба умед карданд аз Хусайн ру гардониданд ва хатто ба мукобилаш бархостанд. Хатто Имом Хусайн (р) баъзеи онхоро дида пурсон шуд, ки шумо набудед маро даъват кардед ва имруз чи гуна ба мукобили набераи Пайгамбар (с) шамшер мебардоред? Пагох чи гуна ба руи Пайгамбар (с) нигох мекунед ва илтимосу зори кард, ки аз ин кори зишт бозистанд. Аммо ягон кас гуш надод ва Имом Хусайнро(р) шахид карданд.
1) Савол ин аст, чаро мардуми Куфа хомуш нишастанд ва ба ерии Хусайн (р) нашитофтанд, холо он ки худ даъват карда буданд.
2) Барои чи бародарони ахли ташаюъ Али (к) ва Хусайн (р)-ро Алайхисалом ном мебаранд, магар калимаи (алайхисалом) хос ба Пайгамбарон тааллук надорад.
3) Онхо хазрати Али (к) ва Хусайн (р) факат таърифу тасниф медиханд, е Али мадад мегуянд е ки е Хусайн. Аз зикрхои ХУдованд дида Аливу Хусайнро бисер ба забон меоранд ва аз махлук мадад металабанд Магар ин рафтор ширк нест? Рузе шабакаи ахли байтро каме тамошо кардам, ки домуллое ки бисертар дар ин шабака саволу чавоб мекунад, лаънат ба сахобахо ва Имом Бухори фиристод ва яке аз бародарон савол кард, ки шумо чи гуна аз шахси мурда ери талаб мекунед? Дар чавоб гуфт, ки Пайгамбар зинда аст ва далел овард, ки барои чи дар вакти ташаххуд мо салом мефиристем, маълум мешавад ки Пайгамбар (с) моро мешунавад ва аз у мадад пурсем ишколе надорад. Ин шахс аз Куръон далел оварда гуфт, ки шумо ширк меоред бо ин сухан. Домулло мисол аз Хазрати Исо овард. Саволиханда гуфт, ки агар Пайгамбар зинда бошанд дуруст, ки ери талаб куни ва бо дуои Пайгамбар муъчизахои бисере шуда дуохо мустачоб шудаанд, аммо пас аз маргашон касе ери талаб кунад ширк аст. Домулло гуфт, ки Пайгамбар зинда аст ва шухадо хам ва ман аз инхо ягон чиз талаб кунам гунох нест.

Мехостам бифахмам ки ин амалу рафтор дар боло зикргардидаи бародарони Шиаро шумо хам ширк мехисобед е на?


Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz