Ҷумъа, 26.04.2024, 02:39
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 14 » Андар “фирор”-и Бозор Собир
Андар “фирор”-и Бозор Собир
00:09

Сайидюнуси Истаравшанӣ

"Агар ботил дар ҳақ наёмезад ва чеҳраи зебои онро олуда насозад, тарсе бар ҳақҷӯён нест, ва низ, агар ҳақ аз тавтиаи ботил бираҳад ва бепарда зоҳир шавад, забони дурӯғпардозон баста хоҳад шуд. Аммо ҳунари бархе (дурӯғгӯён) ин аст, ки порае аз ин мегиранд ва порае аз он ва он гоҳ дарҳам меомезанд...” (Имом Алӣ).

Одамӣ чунон сиришта шуда, ки аз ботил танаффур ва ба ҳақ мутамойил аст. Ҳар ҷо ҳақ буд, рӯ ба он оварад ва ҳар ҷо ботил намоён шуд, аз он бипарҳезад. Инсонеро суроғ надорем, ки дониста, аз ҳақ рӯй гардонад ва ботил баргузинад, ва ҳамчунин, касеро намеёбем, ки бо огоҳӣ, ботил биписандад ва ҳақ напазирад.

Ва чун ин ҳақиқат побарҷост ва бар касе пӯшида нест, дурӯғпардозон ҳаргиз дурӯғи хеш ба ҳақиқат бар мардумон арза накунанд, балки либоси ҳақиқат бар он пӯшонанд то мавриди қабул воқеъ гардад. Оре, сирри ин ки дида мешавад гоҳ дурӯғ арзи вуҷуд мекунад, ҳамин аст; яъне он дурӯғ на ба унвони дурӯғ бар мардумон намоён мешавад, балки сурати ҳақиқат бар худ мегирад, вагарна бе тардид мардуду манфур буд. Ин ки Алӣ мегӯяд, "ҳунари бархе (дурӯғгӯён) ин аст, ки порае аз ин мегиранд ва порае аз он ва он гоҳ дарҳам меомезанд...”, муродаш ин аст, ки агар мебинем, аҳёнан дурӯғу ботил соя мегустаронад, бад-ин сабаб аст, ки дурӯғгӯён чеҳраи зишту кареҳи дурӯғу ботилро бо ранги ҳақиқат меороянд, то мавриди қабул воқеъ бигардад.

Ахиран, зам-замзамаҳое мешавад, ки гӯи рӯшанфикрони мо ба хотири чира гаштани падидаи таассуби динӣ дар ҷомеа, по ба "фирор” гузошта ва Тоҷикистони азизро тарк гуфта бошанд. Мақолаеро ҳам дидам ба ҳамин унвон дар Гоҳномаи Андеша. Навиштори мазкур, дарбардорандаи моҳият ва ҳақиқатест, ки мутаассифона бо моҳияти худ пешкаш нашудааст, ки эй кош бад-он арза мешуд! Ва ҳам, зоҳир ва чеҳрае дорад дигар, ки нависанда матлаби мавриди назари хешро ба он ороста.

Пеш аз ҳама лозим ба ёдоварист, ки имрӯз касе наметавонад мункири ин воқеият бишавад, ки ҷомеаи азизамон, пас аз фурӯпошии низоми Шӯравӣ, ба вижа дар ин даҳаи ахир, дар ҳоли бозгашт ба асли хештан аст. Ва ин комилан табиист, чун:

Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш

Боз ҷӯяд рӯзгоре васли хеш

Тардиде ҳам нест, ки аз боризтарин масодиқи бозгашт ба асл дар ҷомеае назири Тоҷикистон, ин рӯйоварии тоҷикон ба дину мазҳаби асили худ мебошад.

Ҳол, нависандаи он мақол муддаист, Бозор Собир аз дасти "ифроту таассуби динӣ” нороҳат аст ва бад-ин ҷиҳат по ба "фирор” гузошта. Чеҳра ва зоҳири мақол чунин ороста шудааст. Аммо диққат дар суханони ӯ нишон медиҳад, ки нороҳатии Бозор Собир, ба таври куллӣ аз диндор шудани ҷомеа будааст, на аз ифроту таассуби танҳо. Нависанда, дар воқеъ, нахоста ҳақиқатро, ҳамон гуна ки ҳаст, баён кунад, аз ин рӯ, ба ҷои ин ки бигӯяд, диндор шудани ҷомеаи Тоҷикистон хушоянди Бозор Собир нест, гуфта, ифроту таассуби динӣ иллати нороҳатии Бозор Собир шудааст.

Камина мункири вуҷуди ифротгаройӣ ва таассуб дар ҷомеаамон - чи аз навъи динияш бошад ва чи аз ҷинси дунявияш - нестам ва худ аз он нороҳатам, аммо набояд падидаи мусбати рӯйоварии ҷомеа ба сӯи дину мазҳабро, гарчи бархе аз он нороҳат бошанд, бо падидаи манфии ифроту таассуб даромезем. Ҳақиқат, нороҳатии Бозор Собир аз падидаи рӯйоварии ҷомеа ба дину мазҳаб аст, на чизе дигар.

Шоҳид бар муддаои камина, ки Бозори Собир аз падидаи дингаройӣ нороҳат аст, на аз ифроту таассуб дар дин фақат, ҷумалотест, ки нависандаи он мақол ёдовар мешавад. Масалан, он ҷо ки "фирор”-и Бозор Собирро тавҷеҳ мекунад, аз забони худи ӯ ҷомеаи кунуниамонро чунин тавсиф менамояд, ки "кӯчаю бозораш зери риш мондааст ва рӯзномаю расонаҳояш оинаи тавсифу таърифи ришу соҳибришон мебошанд”.

Оё агар кӯчаю бозор "зери риш” монда бошад ва ё расонаҳо аҳёнан матолибе аз "ришдорон” дарҷ намоянд, ҳикоят аз ифроту таасссуб дар дин мекунад?

Он чи мегӯяд, нишон аз падидаи диндор шудани ҷомеа аст, ё ифроту таассуб дар дин?

Ҳеҷ оқиле то ҳанӯз нагуфтааст, ки риш, нишони таассуб дар дин аст.

Ва ё дар ҷое аз мақола, дар бораи гурӯҳе аз афроди ҷомеа чунин мегӯяд: "Ҳама хурду бузург бо ришҳои расидаи пошхӯрда, бо ҷелаку либосҳои  варзишӣ, ҷониби масоҷид равонанду аз мавзӯъҳое, ки Бозор Собир мехоҳад сӯҳбат кунад, фарсахҳо дуранд”, ва ҷое ҳам, зимни тавҷеҳи "фирор” мегӯяд: "Ин гурӯҳ (амсоли Бозор Собир) дар кишваре, ки сокинонаш ҳатто дар пойтахти кишвар, дигар қобилияти дарки сухану маънӣ надоранд, роҳи ҳунару театрро гум кардаанд ва пойбанди мадрасаю масҷид гаштаанд,  зиндагӣ карда натавонистанд ва раҳ ҷониби  кишварҳое гирифтаанд, ки қаламу сухан манзалат дорад”.

Намедонам, аз кай то ҳоло ҷониби масоҷид равон шудан ва ё пойбанди мадрасаю масҷид гаштан, нишонаи таассуб ва ифроти динӣ қаламдод шуда?

Бепарда бигӯед, мо аз падидаи диндор гардидани ҷомеа нороҳатем... Чаро бар рӯи нишонаҳое, ки ҳамагӣ ҳикоят аз диндор шудани ҷомеа доранд, унвони "таассуби динӣ " ва ё "ифроти динӣ” мегузоред? Магар ин аз рӯи инсоф аст?

Аз ҳама муҳим, нависандаи мӯҳтарам иллати ҳиҷрати соири зиёиёни кишварро низ вуҷуди ҳамин падида; яъне падидаи рӯйоварии ҷомеа ба сӯи дин, ва ё ба гуфтаи худаш "ифроту таассуби динӣ” меангорад. Мегӯяд: "Бозор Собир аз миёни интеллигенсияи тоҷик, ягона фарде нест, ки  ифроти дину таассуби он сабаби фирораш аз Ватан гардидааст. Шумораи онҳо хеле зиёд аст. Акбар Турсун.., Раҳим Мусулмонқулов (саҳеҳ Мусулмониён аст).., Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Б. Наматиев, Ҳанифа Мавлонова, Малика Қаландарова, Мағфират Ҳамроқулова, Маҳмуд Тоҳирӣ, Бурҳон Раҷабов, Оиша Ҳаётова, Давлат Худоназаров, Валерий Аҳадов, Бахтиёр Худоназаров, Сайдулло Қурбонов, Парвиз Назаров (ин рӯйхатро беинтиҳо давом додан мумкин аст) ва садҳо табибони шинохтаю соҳибтаҷрибаи тоҷик коҳиши шуури зеҳнӣ ва тафаккури умумии ҷомеаи миллӣ ва рӯ овардани онро ба таассуби динӣ дида, ба кишварҳое паноҳ бурданд, ки илму эҷод, фарҳангу ҳунар болотар аз арзишҳои дигаранд”.

Аввалан, намедонам чаро амсоли Барно Исҳоқоваро, ки ба "Ватани аслияшон” баргаштаанд, дар қатори Бозор Собир гунҷонидааст? Сониян, нависандаи мӯҳтарамро, он ҷо ки аз ҳиҷрати бузургоне чун Акбар Турсон ва ё Раҳим Мусулмониён дар бурҳае аз замон (ки иллати ҳиҷраташон барои касе пӯшида нест) ёдовар мешавад, шоиста буд асомии назири марҳуми Сайидабдуллоҳи Нурӣ ва ё Қози Акбар Тӯраҷонзодаро низ зикр намояд. Чаро ки иллати тарки ватан кардани касоне чун ин ду бузургвор ҳам, дақиқан ҳамон аст, ки амсоли Турсону Мусулмониёнро водор карда буд ватанро тарк гӯянд.

Ҳол, оё воқеан, ин "ифроту таассуби динӣ” буд, ки Мусулмониёну Акбари Турсону Тӯраҷонзодаро водор ба тарки ватан кард? Худи нависанда, виҷдони хеш дар миён гузошта, қазоват ба амал оварад?

Баъд, бояд аз нависанда бипурсем, чӣ шуда буд, ки устод Мусулмониён аз дасти "ифроту таассуби динӣ”-и Тоҷикистон раҳида, рӯ ба Эрони Исломӣ оварад?

Андаке аз рӯшанфикрӣ...

Мавриди дигари даромезии нависанда он ҷост, ки мехоҳад ба гунаи зимнӣ вожаи "рӯшанфикрӣ”-ро маҳсури андешаи "динситезӣ” ва "таассуб”-ро махсуси "дингаройӣ” намояд. Аз навиштаҳояш пайдост, ки унвони "рӯшанфикр” аз назари ӯ, танҳо шоистаи касест, ки ба навъе динситез аст ва бо дину мазҳаб миёнаи хубе надорад. Дар муқобил, "мутаассиб” аз дидгоҳи вай, касест, ки дингарой, мӯъмин ва пойбанд ба усули динист; масҷид меравад, мадраса меравад, риш мегузорад ва ғайра... на чизе дигар.

Оё ин дуруст аст? Оё воқеан рӯшанфикр ба касе гуфта мешавад, ки ҳатман бо дину мазҳаб миёнаи хубе надошта бошад? Оё дар ҳақиқат ҳар дингаройу худобоваре мутаасиб қаламдод бишавад?

Исму расм, ҳикоятгари воқеият ва моҳияти чизе нест. Агар рӯи "об” исми "хок”-ро ҳам бигузорем, чизе иваз нахоҳад шуд ва об ба ҳамон об буданаш боқӣ хоҳад монд. Агар рӯи Фалон фард унвони "рӯшанфикр” биниҳем, вале дар ҳақиқат ва воқеъ, ҳеҷ як аз вижагиҳои фарди рӯшанфикрро доро набошад, торикфикр боқӣ хоҳад монд.

Ибтидо бояд дид, рӯшанфикр ба чӣ касе гуфта мешавад, сипас суроғи фардеро, ки дорандаи вижагиҳои рӯшанфикрист рафт.

Дар мавриди рӯшанфикр, гузашта аз вижагиҳои мутааддиде, ки метавон барои ӯ баршумурд (ва мақола гунҷоиши ёдоварии так-таки онҳоро надорад), яке аз боризтарин вижагиҳои фарди рӯшанфикр, дигарандешӣ ва эҳтиром ба афкору ақоиди дигарон аст, гарчи он ақоиду андешаҳо динӣ ҳам бошанд. Зеро андеша, рангу бӯйи махсусе надорад; баъзе аз андешаҳо динист ва баъзеяш ғайри динӣ.

Ҳол, агар фардеро дидем, ки ҳарчанд унвони "рӯшанфикр” бар рӯяш ниҳодаанд, аммо вай на танҳо кучактарин эҳтироме ба андешаҳои дигарон қоил нест, балки таҳаммули онон надорад ва бад-он сабаб аз эшон мегурезад, дар воқеъ шоиста он аст, ки номи чунин касе мутаассиб гузошта шавад, на "рӯшанфикр”. Чаро ки тоби таҳаммули андешаҳои гуногун надоштан ва ба дигарон эҳтиром нагузоштан, аз вижагиҳои фарди мутаассиб аст, на "рӯшанфикр”.

Комёб бошед

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 1099 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz