Шанбе, 20.04.2024, 09:10
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Сентябр » 12 » Аҳмадшоҳ Масъуд: “Ман аз ҷанг мутанаффирам”
Аҳмадшоҳ Масъуд: “Ман аз ҷанг мутанаффирам”
17:20

Ногуфтаҳое аз зиндагии Аҳмадшоҳ Масъуд аз забони ҳамсараш

"Аҳмадшоҳ Масъуд ба ривояти Сиддиқа Масъуд”, унвони китобест, ки ногуфтаҳое аз зиндагии ин қаҳрамони тоҷикро аз забони наздиктарин инсон ба вай, бозгӯ мекунад.

Ба тозагӣ китобе аз Сиддиқа Масъуд, ҳамсари Аҳмадшоҳ Масъуд мунташир шудааст, ки вай дар ин китоб саргузашти худ ва ҳамсарашро шарҳ дода ва бархе масоили хусусии зиндагии худро баён кардааст.

Ин дар ҳолест, ки то кунун, камтар иттилое дар бораи зиндагии хусусӣ, руҳиёт ва хилвати Аҳмадшоҳ Масъуд шунида шуда буд.

Ин китоб тавассути Мария-Франсуе Коломбани (Marie-Francoise Colombani) ва Шакибо Ҳошимӣ ба забони фаронсавӣ навишта шуда ва ба дасти Афсари Афшорӣ ба форсӣ тарҷума гардидааст.

Сиддиқа Масъуд дар дараи Панҷшер ба дунё омадааст. Ӯ 24 сол ҷангро аз наздик ҳис карда ва шавҳарашро марде барҷаста ва хушзавқ, ки шефтаи адабиёт ва таърих будааст медонад.

Вай дар мавриди шавҳари худ гуфтааст: "Он қадр дилам мехоҳад дар борааш сӯҳбат кунам, ки намедонам аз куҷо шурӯъ кунам. Ӯ марде барҷаста, хушзавқ, фарҳехта, шефтаи шеъру адабиёт ва таърих ва қаҳрамони ҷанг бар зидди Шӯравӣ ва муқовимат алайҳи Толибон буд, ки духтари сода ва бетаҷрубае мисли манро, ки дар он замон 17 сола буд, ба ҳамсарӣ гирифт ва ба ӯ ишқ варзид”.

Ҳамсари Аҳмадшоҳ Масъуд дар идома мегӯяд, ки иддаои онро надорад, ки таърихи бузурги кишварашро ривоят кунад, балки фақат мехоҳад фурӯтанона дар ҷойгоҳи худ бимонад ва ба унвони ҳамсари Масъуд достони ишқи худро, ки дар канори ӯ гузаронда аст, таъриф кунад.

Ба гуфтаи вай, Аҳмадшоҳ Масъуд дар хона ӯро Парӣ садо мезадааст.

Сиддиқа Масъуд дар ин китоб, аз маҳалли таваллуди худ мегӯяд, аз Бозорак, деҳкадае кучак дар канори рӯдхонаи Панҷшер, дар чанд сад метрии Ҷангалак ва дар 100 километрии шимоли Кобул; ҷое ки ҳамсараш низ дар он ҷо мутаваллид шудааст.

Ӯ маҳалли зиндагии худро чунин тавсиф мекунад: "Агар оромишбахштарин манзараҳои дунёро тасаввур кунед, он вақт ҷоеро, ки ман дар он бузург шудаам, дар назаратон омадааст. Хонаҳои коҳгилӣ, ки зери дарахтони зардолу пароканда буданд, сояи хунаки бедҳои Маҷнун, фарёди шодии писарони ҷавоне, ки дар рӯдхона оббозӣ мекарданд, гӯсфандон, мазраъаҳои киштшуда, боғҳои сабзе, ки атрофашонро гул фаро гирифта буд”.

Вай дар идома мегӯяд: "Чандин бор шунидам, ки шавҳарам хитоб ба ман гуфт: "Нигоҳ кун, кишварамон чӣ қадр зебост, оё лаёқаташро надорад, ки бо тамоми руҳу ҷисмамон аз он дифоъ кунем?”

Тибқи гуфтаҳои Сиддиқа Масъуд, вақте ӯ 5 сола буда, Масъуд донишҷӯи Донишкадаи политехникии Кобул будааст, ки ба ҳамроҳи дӯстонаш бар алайҳи давлати Довуд даст ба шӯриш заданд ва сипас махфӣ шуданд ва падари Парӣ аз ҳамон замон дар канори Масъуд будааст.

Замоне ки русҳо ба Афғонистон таҷовуз мекунанд, Парӣ 8 сол бештар надоштааст, ки ин таҷовуз зиндагии ӯро дигаргун мекунад.

Паригул дар идомаи китоб, аз маросими хостгории худ мегӯяд ва ин ки чӣ гуна Масъуди 34 сола ба ӯ, ки 17 сол бештар надошта даст ёфтааст.

Ӯ аз хотироте, ки Масъуд қабл аз издивоҷ барои ӯ таъриф кардааст, дар ин китоб мегӯяд:

"Як рӯз баъд аз зуҳр ҷавонони муҷоҳидин ба гумони ин ки ӯ (Масъуд) хобидааст, бо ҳам сӯҳбат мекарданд. Яке аз онҳо гуфта буд: медонӣ Хоҷа Тоҷуддин (Падархонуми Масъуд) духтари зебое дорад? Дигаре гуфта буд: ту аз куҷо медонӣ? Боз ҳамон шахс мегӯяд, ки ман ӯро дидаам. Ва боз нафари дуввум мегӯяд: хуб, ба хостгорияш бирав, вагарна қабл аз ту худам ин корро мекунам”.

Ҳамсари Масъуд дар ин робита изҳор доштааст, ки падарам марде худраъй ва каме хунсард буд ва дар натиҷа ҳеҷ кадом аз ин 2 ҷавон ҷуръати иқдоми чунин кореро надоштанд. Ба ин тартиб, Масъуд аз вуҷуди ман бохабар шуд ва хеле ҳам тӯлаш надод.

Бо ин ки Масъуд ва ҳамсараш қабл аз издивоҷ дар як хона сукунат доштанд, вале то он замон ҳанӯз чашми Масъуд ба Парӣ наяфтода буд.

Вай вақте аз вуҷуди Парӣ бохабар шуда буд, чанд бор ҳангоми рафтан ба утоқаш бидуни ин ки дар бизанад вориди хона шуд. Сиддиқа Масъуд афзудааст, ки боисте маро зебо дида бошад, зеро як шаб азмашро ҷазм кард ва падару модарамро назди худ хонд ва бидуни ҳеҷ муқаддимае хостаашро баён кард.

Аммо ҷавоби падари Парӣ барои Масъуд ин буд: "Ин ғайри мумкин аст, ӯ хеле ҷавон аст ва шумо ба зани пухтатаре ниёз хоҳед дошт, то дар зиндагӣ ҳамдӯши шумо бошад”.

Аммо ӯ посух дод, ки абадо, беҳтарин роҳи кӯмак ба ман ин аст, ки ҳамсарам навъи зиндагии маро бипазирад.

Ҳамсари Масъуд дар идома мегӯяд, ки як шаб модараш ба ӯ хабар додааст, ки Масъуд мехоҳад бо ӯ мулоқоте дошта бошад ва ӯ (Парӣ) он шабро то субҳ нахобидааст.

Вай дар ин маврид гуфтааст: "Дар ҳоле ки сар то по либоси сабзранге бар тан доштам ва ба модарам часпида будам, ларзон вориди утоқ шудам ва он қадр хиҷолат мекашидам, ки бо садои бисёр оҳиста ба ӯ салом кардам ва ӯ бо меҳрубонӣ ва мулойимати фаровон гуфт, ки чӣ қадр аз издивоҷ бо ман хушҳол аст”.

Ва ин гуна буд, ки баъд аз сӯҳбатҳои фаровоне, ки перомуни издивоҷи онҳо сурат гирифт, ин ду зану шавҳар шуданд ва Масъуд баъд аз ин ки ҷавоби мусбати Париро мешунавад, аз ӯ мехоҳад, ки ин издивоҷ ба хотири масоили амниятӣ маҳрамона баргузор шавад.

Ҳамсари Масъуд дар идомаи китоб аз тавсияҳое, ки шавҳараш дар оғози зиндагии муштарак ба ӯ кардааст, нукоти муҳиммеро баён мекунад.

Инҳо ҳамон тавсияҳое буд, ки баъдҳо дастмояи ҳарфу ҳадиси зиёде шуд.

Аҳмадшоҳ Масъуд ба ҳамсараш гуфтааст: "Дӯст дорам, ки ҳамсарамро ҳеҷ марди ғарибае набинад ва танҳо касе бошам, ки сурати ӯро назора мекунам, ман он қадр аз издивоҷ бо ту ба худ меболам, ки туро фақат барои худам мехоҳам. Қабул мекунӣ?”

Дар бахшҳои дигаре аз китоб низ ҳамсари Масъуд ба ин мавзӯъ ишора мекунад, ки Масъуд моил набуда, ки бо мардони хешованди ӯ рӯбарӯ шавад.

Он гуна ки ҳамсари Масъуд мегӯяд, шавҳараш ҳатто дӯст надоштааст, ки бародаронаш низ ҳамсарашро бибинанд.

Вай дар ин маврид мегӯяд: "Барои аввалин бор баъд аз издивоҷам хоҳарони шавҳарамро мулоқот мекардам ва ба онҳо фарзандонамро нишон медодам. Биби Ширин ба танҳоӣ дар айвон интизорамро мекашид ва бо меҳрубонӣ ҳамдигарро канор гирифтем ва баъд аз ин ки муддате бо ҳамдигар сӯҳбат кардем, бо тааҷҷуб пурсид: чаро зудтар барои диданам наомадӣ? Вақте шунид Масъуд дӯст надорад, писархоҳарашро бибинад, бисёр мутааҷҷиб шуд, чун ин кор дар хонаводаи онҳо марсум набудааст”.

Ҳамсари Масъуд дар идома мегӯяд: "Баъдҳо навиштанд, ки Масъуд занашро мунзавӣ кардааст, ки ин дурӯғе беш набуд, чи дар Афғонистон ва чи дар Тоҷикистон ҳамеша озодии амал доштаам, аммо ҳақиқат дорад, ки ман ҳаргиз мардонеро, ки дар хориҷ аз хонаводаи худам буданд надидам ва ҳатто бародарони шавҳарамро”.

Сиддиқа Масъуд дар идома, аз шаби арӯсии худ хотиротеро баён мекунад: "Ман 17 сол доштам ва ӯ 34 сол, ки мо зану шавҳар шудем ва барои аввалин бор дар зиндагӣ худро дар канори марди ғарибае меёфтам”.

Рӯзи дувоздаҳум ё чаҳордаҳуми бурҷ (моҳ) дар осмон қурси комили моҳ намоён буд. Он шаб мисли шабҳои баъд чизе байни мо нагузашт, шавҳарам сабр кард то ҳамдигарро беҳтар бишиносем. Ман духтари бисёр ҷавоне будам ва ба навъе чашму гӯшбаста бузург шуда будам. Мо дар дараи дурафтодае бидуни радио ва телевизион иқомат доштем. Ман ҳеҷ дӯсте надоштам ва ҳеҷ чизро аз зиндагии муштарак намедонистам...

Шавҳарам низ қабл аз ман занеро ламс накарда буд, ӯ аз замони навҷавонияш махфиёна зиндагӣ мекард ва дар дунёи он рӯз занон ё ғоиб буданд ва ё махфӣ нигаҳ дошта мешуданд. Хеле кам иттифоқ меафтод, ки ӯ бо як пизишк ва ё як рӯзноманигори хориҷӣ даст бидиҳад, пас аз ин ҷиҳат мисли ҳам будем ва ҳама чизро бо ҳам кашф кардем”.

Он гуна ки Сиддиқа Масъуд дар ин китоб баён карда, ҳамсараш ҳамеша аз ҷанг нафрат доштааст. Вай дар ин маврид низ мегӯяд:

"Ағлаби авқот Масъуд ноумед ба хона меомад ва мегуфт: Парӣ! Оё фикр мекунӣ ман ҷангро дӯст дорам? Оё гумон мекунӣ ман дар руҳу равонам як ҷангҷӯ ҳастам? Ман аз ҷанг мутанаффирам, аз озори як ҳайвон мутанаффирам, чӣ расад ба бадрафторӣ бо як инсон. Тасаввурашро бикун, гумон мекунӣ, ки рӯзе бирасад, ки мо зиндагии табиӣ дошта бошем?

Вақте авосити шаб аз роҳ мерасид ва Насринро медид, ки канори ман хобида, ӯро мебӯсид ва аз хоб бедор мекард ва Насрин ба маҳзи ин ки чеҳраи падарашро мебӯсид, бе далел механдид. Ин лабханд, дили ҳаяҷонзадаи фармондеҳи ҷангро, ки дар зиндагии шахсияш меҳрубонтарин падари дунё буд, об мекард... Ӯ бисёре аз ҷаласоти муҳимми худро, дар ҳоле ки Насрин дар бағалаш хоб буд, тарк мекард”.

Дар боби душманони сиёсии Масъуд, ҳарчанд андак, дар фаслҳои мухталифи китоб ишораҳое сурат гирифтааст. Дар фасли 9 китоб, сӯҳбат аз доктор Наҷибуллоҳ раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон шудааст ва ин ки Масъуд ҳангоми ақабнишинӣ аз Кобул афродашро назди Наҷибуллоҳ, ки дар дафтари Созмони Милали Муттаҳид паноҳанда шуда буд мефиристад то ӯро мутақоид кунад, ки аз он ҷо хориҷ шавад. Аммо Наҷиб тайи номае барои Масъуд менависад: "Ман дар ин ҷо мемонам, ту одами шуҷое ҳастӣ, ки ҳамеша мубориза карда ва саъй доштӣ ба ман ҳам кӯмак кунӣ, ман зудтар аз он чи ту фикр мекунӣ, ба ту кӯмак хоҳам кард”.

Ҳамсари Масъуд, ки ин номаро ҳанӯз назди худ нигаҳ доштааст, дар мавриди хабари шунидани эъдоми Наҷиб мегӯяд: "Вақте шавҳарам эъдоми ӯро барои ман таъриф мекард, ҳанӯз мунқалиб буд”.

Дар идомаи китоб, Сиддиқа Масъуд, аз охирин рӯзҳо ва соатҳои зиндагии худ бо Масъуд сӯҳбат мекунад: "Ҳангоме ки ба айвон рафтам, дурбинро аз дастам гирифт ва аз ман хост савори алокуланк шавам ва аз ман филм гирифт ва баъд, аз баччаҳо филм гирифт ва дар охир ӯ низ болои алокуланг рафт ва ман аз ӯ филм гирифтам ва аз Санавбар хост бароямон чой биёварад”.

Ҳамсари Масъуд дар идома мегӯяд: "Баъд ба навбат, бо Фотима, Марям, Оиша, Насрин, Зуҳра (фарзандони Масъуд) ва бо баччаҳои Санавбар филм гирифтем. Зери дарахтон ҳаво хеле олӣ буд, себҳо ҳанӯз нарасида буданд, аммо бӯи атрашон ба машом мерасид. Бо худам фикр кардам, ки ба зудӣ метавонам мураббо дуруст кунам; он лаҳазот поёни тобистон буд ва поёни зиндагии Масъуд.

Шаб шуд ва барояш ангури сангуна овардам; беҳтарин ангури Панҷшер, онро бо лаззат хӯрд ва баъд рӯ ба Ториқ кард ва гуфт: як хӯшаи дигар бароям биёвар, шояд ин охирин боре бошад, ки аз он мехӯрам”.

Паригул аз охирин соатҳое, ки қабл аз шаҳодати Масъуд бо ӯ будааст, мегӯяд: "Тибқи маъмул, рафтам ва ба нардаҳои погард такя кардам. Замоне ки аз пиллаҳо пойин мерафтам, нигоҳашро аз ман барнамедошт, ва ба оромӣ аз пиллаҳое, ки аз миёни боғ мегузашт, пойин рафт ва рӯи ҳар пилла рӯяшро ба тарафи ман мечархонд, бори дигар бо нигоҳҳоямон аз ҳам худоҳофизӣ кардем...”

То чанд рӯз баъд, аз марги Масъуд, ӯ низ мисли хелеҳо, аз марги шавҳараш бехабар будааст.

Баъд аз он воқеа, ҳамсари Масъуд ва фарзандонашро ба Тоҷикистон бурдаанд, бе он ки бидонад чӣ иттифоқе барои шавҳараш афтода.

Сиддиқа Масъуд ҳатто вақте хабари марги Масъудро аз телевизион дида ва шунида буд, боз ҳам касе асли моҷароро барои ӯ бозгӯ намекардааст.

Дар ҳоли ҳозир, ҳамсари Аҳмадшоҳи Масъуд ба иттифоқи фарзандони худ, дар шаҳри Машҳади Эрон зиндагӣ мекунанд ва Аҳмад танҳо писари Масъуд дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад машғул ба таҳсил аст.

Ҳамсари Масъуд дар муқобили фишори ҳаводорони Масъуд, ки орзу доранд, ки Аҳмад ҷонишини сиёсии падараш шавад, тарҷеҳ медиҳад, ки ӯ ҳам монанди панҷ хоҳари дигари худ дар Эрон идомаи таҳсил диҳад.

Поёни навиштор

Манбаъ: Хабаргузории Форс

Мақола дар ҳамин мавзӯъ: Фарозҳое аз зиндагии Шери Панҷшер

Бахш: Машоҳири исломӣ | Просмотров: 866 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Сентябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz