Ҷумъа, 19.04.2024, 06:03
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Октябр » 14 » Аҳмадинажод аз зуҳури ҷабҳаи ҷадиде дар баробари ҷабҳаи зургӯён дар минтақа хабар дод
Аҳмадинажод аз зуҳури ҷабҳаи ҷадиде дар баробари ҷабҳаи зургӯён дар минтақа хабар дод
18:22

Аҳмадинажод раиси ҷумҳури Эрон, бо ишора ба шикасти паёпайи ҷабҳаи зургӯён ва ишғолгарон дар минтақаи Ховари Миёна, эълон кард: "Дар муқобили он ҷабҳа, ҷабҳаи муқовимати миллатҳо дар Фаластин, Лубнон, Сурия, Туркия, Ироқ ва Эрон шакл гирифтааст”.

Ба гузориши сайти раиси ҷумҳури Эрон, Аҳмадинажод ин хабарро зимни суханронӣ дар ҷашни бошукӯҳе, ки лубнониҳо дар Бейрут пойтахти Лубнон барои истиқбол аз ӯ тартиб дода буданд, эълон кард.

Вай ҳамчунин дар бахши дигаре аз суханронии хеш, бо таъкид бар ин ки шиносоии ҳақиқати 11 сентябр ва бозгушоии ҷаъбаи сиёҳи он, метавонад бисёре аз мушкилотро ҳал кунад, тасреҳ кард: "Ташкили гурӯҳи ҳақиқатёби мустақил ва бетараф барои решаёбии моҳият ва авомили ҳодисаи таассуфбори 11 сентябр хости ҳамаи миллатҳои минтақа ва ҷаҳон аст ва давлатмардони амрикоӣ ва муттаҳидони онон таваҷҷӯҳ дошта бошанд, ки тан додан ба ин кор як фурсати бурунрафти обрӯмандона барои онон низ хоҳад буд, аммо ҳар навъ муқовимат дар баробари ин хости қонунӣ ва инсонӣ ба манзилаи он аст, ки ҳодисаи 11 сентябр бо барномарезии қаблӣ ва барои аҳдофи ишғолгарӣ ва муқобила бо миллатҳо будааст”.

Вай афзуд: "Беҳтарин ҳолат барои ишғолгарони Афғонистон ва Ироқ, тарки минтақа, узрхоҳӣ аз мардум ва ҷуброни хасорат аст. Агар ба ин насиҳати мушфиқона таваҷҷӯҳ нашавад, дасти қудрати миллатҳои минтақа, ки таҷаллии қудрати Худост, ононро бо зиллат аз минтақа берун хоҳад кард ва ҷинояткоронро ба додгоҳи адолат хоҳад супурд”.

Майкл Малуф: Сафари Аҳмадинажод, нишондиҳандаи шикасти Амрико дар минтақа

Ва ин дар ҳолест, ки яке аз мақомоти пешини Пентагон мегӯяд, истиқболи бошукӯҳи лубнониҳо аз раиси ҷумҳури Эрон, ба маънои шикасти сиёсатҳои Амрико ва камранг шудани нуфузи Вашингтон дар минтақа аст.

Ба гузориши PressTV, Майкл Малуф ин сафарро нишондиҳандаи ваҳдати беш аз пеши Теҳрон ва Бейрут донист ва гуфт: "Беҳбуд ва тақвияти равобит миёни ду кишвар, ба давлати Лубнон ҷиҳати дастёбӣ ба муваффақиятҳои бештар кӯмак хоҳад кард”.

Малуф дар идома афзуд: "Аз дидгоҳи геостратегӣ, ин сафар ба чашми амрикоиҳо ба манзилаи шикасти сиёсатҳои Кохи Сафед дар назар гирифта мешавад, чаро ки адами тавоноии давлати Амрико барои музокира бо Эрон ва дигар кишварҳои минтақа аз ҷумла Сурия ба манзури эҷоди ҳамкорӣ барои кӯмак ба Лубнон-ро, нишон медиҳад”.

Вай ҳамчунин ин сафарро нуқтаи атфи муҳимме дар заминаи равобити Эрон ва Лубнон ва яке аз авомили таъсиргузор дар камранг шудани нақш ва нуфузи Амрико дар минтақа донист.

Малуф дар ин бора тасреҳ кард: "Амрико дигар он нуфузеро, ки солҳо пеш дошт надорад. Вашингтон замоне метавонист таъсироти мусбате бар Лубнон бигузорад, вале ин корро накард ва акнун ҳосили он сиёсатҳои иштибоҳиро мушоҳида мекунем”.

Вай ҳамчунин ба ихтилофоти гурӯҳҳо ва ҷаноҳҳои мухталифи Лубнон ва халаи қудрат дар ин кишвар ишора кард ва гуфт: "Эрон вориди ҷараён шуда ва Туркия низ шояд ба думболи Эрон вориди саҳна шавад ва Сурия низ аз ин ҳаракот ҳимоят кунад. Ин меҳвари бисёр нерӯмандест, ки метавонад ба нафъи Лубнон бошад. Ин меҳвар ҳузури Амрикоро камранг кардааст ва аз сӯи дигар, "Исроил” ҳам аз ин ҷараён хушҳол нест”.

Тасовире аз ҳузури Аҳмадинажод дар байни мардуми Лубнон

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 438 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Октябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz