Панҷшанбе, 25.04.2024, 04:53
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2009 » Март » 9 » “Бояд”-ҳо ва “набояд”-ҳи исломхоҳони тоҷик дар арсаи ҷомеа
“Бояд”-ҳо ва “набояд”-ҳи исломхоҳони тоҷик дар арсаи ҷомеа
22:48

(Қисмати аввал)

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ

Ахиран мақолае дар пойгоҳи http://www.centrasia.ru таҳти унвони “Исламизация Таджикистана: прошлое, настоящее, будущее” тавассути таҳлилгаре ба номи Харитон Щербаков (pavlodar-55@mail.ru) мундариҷ гардида буд, ки ин ҷониб онро мутолеа кардам, ва шояд мавриди мутолеаи бисёре аз ҳамандешон ҳам қарор гирифта бошад. Таҳлили нависандаи мўҳтарам аз вазъи ислом ва исломгароён дар ҷомеаи мо, ҳарчанд дар мавориде ба дур аз воқеият аст, аммо қисматҳое аз он қобили таваҷҷўҳ аст, хусусан бо дар назар гирифтани ин ки чунин таҳлиле, намоёнгари дидгоҳи бисёре аз таҳлилгароёни иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Осиёи Миёна ва ҳатто дар Русия мебошад. Ба назар мерасад бештари онон як ҳамчунин таҳлиле, ва дар пайи он, нигарониҳое аз ин вазъ ба сар дошта бошанд.

Мутолеаи ин таҳлил баҳонае гардид то камина ба навбати худ матолиберо – аввалан ба унвони як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҷомеаашро беҳтар аз дигарон мешиносад, ва сониян, ҳамчун як исломгаро, ки бештар аз бегонагон дағдағаҳое дар ин замина ба сар дорад – барои хонандагони гиромии тоҷик матраҳ намоям. Дар ин мақола, ки танҳо дидгоҳи шахсии роқими ин сатрҳост, як силсила “бояд”-ҳо ва “набояд”-ҳое барои исломгароёни тоҷик, ки агар ба андешаи ояндаи ҷомеаи Тоҷикистон ва пешрафти ҳамаҷонибаи он ҳастанд матраҳ мегардад.

Албатта пеш аз тарҳи ин бояду набоядҳо, лозим медонам миқдоре андак перомуни касоне, ки имрўз ба унвони исломхоҳон дар ҷомеаи мо матраҳ ҳастанд ва ҷаноби Харитон Щербаков дар таҳлили хеш дар ин замина ба андозае ба иштибоҳ рафтаанд сухан ба миён оварам.

  1. Руҳонияти суннатӣ, ва ё ба истилоҳи имрўза, муллоҳои муҳофизакор. Ин гурўҳ аз руҳоният, ҳанўз миёни ҷомеаи мо, ва ба вижа дар байни мардумони деҳот, аз нуфузи чашмгире бархўрдоранд. Фаолияти эшон танҳо дар масоҷиду ширкат дар маросими динӣ маҳдуд аст, ва аслан ба ҳамин ҷиҳат миёни тўдаи мардум нуфуз доранд. Шўрои уламои Тоҷикистон, ки идораи расмии динӣ маҳсуб мегардад, бештар аз чунин афрод ташкил ёфтааст. Инон дидгоҳи сиёсии ба хусусе надоранд, ва метавон гуфт, ки дар ин ҷиҳат тобеи сиёсатҳои давлат ҳастанд, ба ҷуз теъдоде андак аз эшон, ки гаҳ-гоҳе аз дидгоҳҳои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон пуштибонии хешро изҳор медоранд, ва он ҳам эҳтиёткорона;
  2. Ҳаводорони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон. Ин гурўҳ, бар хилофи гурўҳи аввал, дорои дидгоҳҳои сиёсии ба хусусе ҳастанд, ки ҳамон андешаҳои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мебошад, ки дар Асосномаи ин Ҳизб мундараҷ аст. Инон, ҳарчанд аз назари заминаи мардумӣ доштан, баъд аз руҳонияти суннатӣ қарор доранд, аммо ба хотири доштани афкори сиёсии ба хусусе, дар сурати пирўзии сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳарчанд нисбӣ – чи дар Маҷлис ва ё ҳатто дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ – метавонанд маҳори ҳаракати динӣ дар ҷомеаамонро ба даст гиранд. Қобили тазаккур аст, ки руҳонияти вобаста ба ин Ҳизб, афроди махсусе нестанд, балки бар хилофи пиндори Харитон Щербаков, руҳонияте, ки ҳатто дидгоҳҳои салафӣ доранд ва ё ҳатто касоне, ки дар кишварҳои исломии муайяне таҳсили динӣ намуда ва то андозае мутаассир аз андешаҳои мазҳабии ҳоким дар он кишварҳо ҳастанд низ дар қатори аъзоёни ин Ҳизб ёфт мешаванд. Нуктаи қобили таваҷҷўҳи дигаре, ки дар бораи Ҳизби Наҳзат бояд матраҳ кард, ин аст, ки ин Ҳизб бар хилофи пиндори нодурусти ҷаноби Щербаков, дар дохили худ ҳеҷ ду дастагӣ ва ихтилофе надорад. Имрўз тамоми масъулон ва аъзоёни ин Ҳизб дар атрофи шахсияти ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ, раиси Ҳизб гирд ва бо тамоми ҳамбастагӣ, дар пешбурди аҳдофи ин Ҳизб гом мениҳанд. Дар мавқеи кунунӣ, ҳатто шахсиятҳое чун Ҳоҷӣ Акбар Тўраҷонзода ва бародаронашро низ наметавон ба дур аз Ҳизби Наҳзат ва ё дар ихтилоф бо он пиндошт. Лоақалл бардошти роқими сутур ҳамин аст;
  3. Касоне ки хештанро ҳамчун пайрави “салаф” матраҳ мекунанд, ва дар Тоҷикистон ба унвони “ваҳҳобиҳо” маъруф ҳастанд. Ин гурўҳ, ки бештар аз ҷавонони таҳсилкарда дар донишгоҳҳои динии Арабистони Саудӣ ва ё Покистон ташкил ёфтаанд, бар хилофи пиндори Харитон Щербаков, як гурўҳи мунсаҷим ва бо дидгоҳҳои сиёсии ба хусусе нестанд, балки ҳамон тавре ки дар боло ишора шуд, касоне аз эшон (хусусан афроде, ки аз шимоли Тоҷикистон ҳастанд) тобеи Ҳизби Наҳзати Исломӣ буда, ва тамоми фаолиятҳои худро бо ҳамоҳангии комили ин Ҳизб анҷом медиҳанд. Оре, касоне ҳам аз онон ҳастанд, ки хештанро як гурўҳи ҳамоҳанг ва бо аҳдофе мушаххас матраҳ мекунанд, ва гаҳ-гоҳе мавозее мазҳабӣ алайҳи руҳонияте чун Эшон Нуриддин Тураҷонзода бармегиранд, вале бо ин вуҷуд, аз назари сиёсӣ-иҷтимоӣ наметавон ононро гурўҳе мунсаҷим, ки дар ояндаи Тоҷикистон барои худ дору дастгоҳе дуруст кунад, ва битавонад маҳори ҳаракати динӣ дар Тоҷикистонро ба даст гирад қаламдод намуд. Хусусан, бо таваҷҷўҳ ба ин ки ин ҷавонон қобили контрол ё аз ҷониби руҳонияти суннатӣ ва ё аз ҷониби руҳонияти вобаста ба Ҳизби Наҳзати Исломӣ мебошанд. Албатта агар Худой нокарда бозичаи дасти бегонагон гарданд, ки ба зудӣ ба ин матлаб низ ишора хоҳад гардид;
  4. Касоне ки дар мадорис ва донишгоҳҳои динии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳсил кардаанд. Ин афрод, бар хилофи пиндори беасоси Харитон Щербаков ва амсоли ў, ба унвони як гурўҳи мустақил бо андешаҳои мазҳабии муайян (масалан афкори мазҳаби шиа) ва аҳдофи сиёсии мушаххас, ва дар арзи гурўҳҳои номбурда, қаламдод намешаванд, балки бисёре аз онон аввалан дар мадорисе таҳсил кардаанд ва мекунанд, ки вобаста ба мазҳаби ҳанафӣ аст (мисли Зоҳидон ва Гургон). Ва ин таҳсилкардаҳо, дар андеша ва афкори динӣ, ё вобаста ба ҳамон руҳонияти суннатии Тоҷикистонанд ва бо баргашт ба Тоҷикистон мулҳақ ба эшон мешаванд, ва ё ҳатто аҳёнан андешаҳои салафӣ баргузида ва дар Тоҷикистон ба қатори ҳамон бародарони салафии худ мепайванданд, ки шарҳи ҳоли онон гузашт. Ва сониян, касоне аз эшон ҳам, ки дар мадорис ва донишгоҳҳои вобаста ба шиаён (Қум) таҳсил мекунанд, ҳарчанд ададе андак нестанд, аммо чун аз ибтидо, ё аз тариқи Ҳизби Наҳзат барои таҳсил муаррифӣ шудаанд, ва ё ҳатто агар набошанд, қобили контрол аз ҷониби ин Ҳизб мебошанд, наметавонанд ҳаргиз фаолияте бар хилофи манофеи кишвари Тоҷикистон – чи мазҳабӣ ва чи сиёсӣ – намоянд. Оре, теъдоди ангуштшуморе аз эшон буданд, ки ба ҷиҳати гароиш ба андешаҳои мазҳабии муайян, фаолиятҳое бар хилофи он чи матлуб дар Тоҷикистон аст аз худ нишон доданд, аммо онон бо ташаббуси Ҳизби Наҳзат ва эътирози ин Ҳизб ба масъулони ин донишгоҳҳо, зуд таҳти контрол қарор гирифтанд;
  5. Ҳаводорони Ҳизбут-таҳрир. Ин гурўҳ замоне сару садое дар Тоҷикистон эҷод кард, вале зуд аз ҷониби давлат мавриди таъқиб қарор гирифт, ва ё ҳатто бисёре аз онон (ки ҷавон ҳам буданд) бо иршоди руҳонияти Тоҷикистон даст аз тобеияти ин Ҳизб бардоштанд. Ва бо камоли итминон метавон гуфт, ки шояд имрўз ҷуз ададе ангуштшумор ба унвони пайравони Ҳизбут-таҳрир дар Тоҷикистон пайдо накунем;
  6. Касоне ки ҷаноби Харитон Щербаков ба унвони “Такфириҳо” матраҳ кардааст. Ин афрод низ, ҳарчанд “такфирӣ” ба маънои дурусти он (ки ҷуз хештан ҳамагонро кофир меҳисобанд) ба шумор намераванд, вале бо вуҷуди он, ҷуз теъдоди андак нестанд, ва танҳо дар як минтақае муайяе сокинанд.

Ҳамон тавре ки рўшан шуд, аз гурўҳҳои номбурда, фақат руҳонияти суннатӣ ва ҳаводорони Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳастанд, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон матраҳ, ва аз заминаи мардумӣ бархўрдоранд, ва аммо бақияи номбурдаҳо ё аслан ба унвони гурўҳе муайян ва мустақил матраҳ нестанд, ва ё агар ҳам бошанд, ҳеҷ таъсире дар раванди исломисозии Тоҷикистон, ва ба иборати дигар: дар рақам задани сарнавишти ояндаи ҷомеаи мо аз назари динӣ надоранд. Амсоли Харитон Щербаков, ё ба гунае лозим аз вазъи дину динмадорон дар ҷомеаи мо огоҳ нестанд, ва ё ба ҷиҳати пиёдасозии сиёсате муайян ва бар хилофи манофеи кишвари азизамон Тоҷикистон, чунин воҳимаҳоеро пароканда месозанд.

Идома...

 

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 772 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 4.5/2 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Март 2009  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz