Панҷшанбе, 28.03.2024, 11:09
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Пешвоёни ваҳдат
Пешвоёни ваҳдат
04:48

Муҳаммадсаид Тантовӣ - Раиси Алазҳар

Савол: Оё ҷоиз аст, ки мазоҳиберо, ки ҷузъи аҳли суннат нестанд, ҷузъе аз Исломи ҳақиқӣ бидонем? Ба дигар сухан, оё ҷоиз аст касеро, ки аз яке аз мазоҳиби исломӣ, яъне мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат, мазҳаби зоҳирӣ, мазҳаби ҷаъфарӣ, мазҳаби зайдӣ ва мазҳаби ибозӣ пайравӣ мекунад, мусулмон бидонем?

Ҷавоб: Исломи воқеиро Расули мукаррами Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба мо шиносондааст. Ислом ‒ ҳамон тавр ки дар Саҳеҳайн аз Ҷабраил (алайҳис‒салом) омада ‒ “Ин аст, ки шаҳодат диҳӣ, ки ҷуз Худованди Мутаол худое нест ва Муҳаммад расули Ӯст ва ин ки намозро барпо дорӣ ва закотро бипардозӣ ва дар моҳи Рамазон рўза бигирӣ ва ҳаҷҷи хонаи Худоро баҷо оварӣ, албатта агар тавоноии онро дошта бошӣ”,[1]

Дар Саҳеҳайн низ аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳу) ривоят шудааст, ки гуфт: “Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуданд: “Ислом бар панҷ чиз бино ниҳода шудааст: гувоҳӣ бар ин ки ҳеҷ худое ҷуз Худованди Мутаол нест ва Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) расули Ӯст ва бапо доштани намоз ва пардохтани закот ва баҷо овардани ҳаҷ ва рўзаи моҳи мубораки Рамазон”.[2]

Ҳар инсоне (чи зан бошад ва чи мард), ки шаҳодат диҳад ҷуз Худованди Мутаол маъбуде нест ва Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) расули Худо аст ва ин арконро баҷо оварад ва ҳар чизеро аз дин, ки ба он огоҳӣ дорад инкор накунад, мусулмон аст. Соҳибони мазоҳиб, ки дар савол зикр шуда, ҳамон тавр ки аз зоҳири аҳволи онҳо бохабарем, ҳамаи онҳо ба ваҳдонияти Худованди Мутаол гувоҳӣ медиҳанд ва ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)‒ро расули Худо медонанд ва аркони панҷгонаро эътироф доранд ва онҳоро анҷом медиҳанд. Агар ихтилофе дар адои ин аркон байни онҳо вуҷуд дорад, он ихтилоф, ихтилоф дар фурўъ аст, на ихтилоф дар аркон ва усул. Мо наметавонем бигўем, ки соҳибони ин мазоҳиб мусулмон нестанд.

Шариати исломӣ ба пайравонаш амр мекунад, ки бар мардум бар асоси зоҳирашон ҳукм кунанд ва ботинашонро фақат Худованди Мутаол медонад...

Бояд изофа кунам, ки дар Донишкадаҳои шариат дар Донишгоҳи Ал‒азҳар ин мазоҳиб тадрис мешаванд ва ихтилоф байни онҳо тавзеҳ дода мешавад, бо илм ба ин ки ихтилоф, ҳамон тавр ки ишора кардем, ихтилофи машрўъ ва баҳаққест. Зеро ки ихтилоф дар фурўъ аст, на усул.

Савол: Такфир чист?

Ҷавоб: Такфир ба маънои ин аст, ки инсон ба шахсе ғайр аз худаш нисбати куфр диҳад. Ин ҷоиз нест, магар ин ки он чиро шариати Ислом ба армуғон оварда, монанди воҷиб будани ихлос дар ибодати Худованд, имон ба малоика, китобҳои осмонӣ, паёмбарон ва маод, инкор кунад...
Ҷоиз нест ба касоне аз мўъминон, ки пайрави ҳар як аз мазоҳиби исломӣ ҳастанд ва он мазоҳиб ҳамагӣ бар воҷиб будани ихлос дар бандагии Худованд ва воҷиб будани имон ба фариштагон, китобҳои осмонӣ, паёмбарон ва маод ва ҳамчунин бар воҷиб будани баҷо овардани таколифе, ки Худованди Мутаол ба мо дастур додааст, аз ҷумла намоз, закот, рўза ва ҳаҷ (албатта агар тавоноии анҷоми ҳаҷро дошта бошад) ва бар воҷиб будани ороста шудан ба макорими ахлоқ монанди ростгўӣ, амонатдорӣ, иффат ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар иттифоқи назар доранд, нисбати куфр дод...[3]


[1]‒ Намафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Саҳеҳи Муслим, ҷ.1, саҳ.87).

[2] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ.1, саҳ.11).

[3]‒ Манбаъ: http://taghrib.ir/persian/?pgid=7&scid=15&dcid=32526Ба ҷиҳати риояти ихтисор ҳамаи гуфтори Шайхро наовардем, ҳар ки хост метавонад бо муроҷиа ба пойгоҳи мазкур бо он ошно гардад.

Бахш: Ваҳдати исломӣ | Просмотров: 677 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz