Шанбе, 20.04.2024, 13:35
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Ваҳҳобият ва масъалаи сохтани бино бар қубур (5)
Ваҳҳобият ва масъалаи сохтани бино бар қубур (5)
01:31
Назари соҳиби китоби “Рад‒ул‒муҳтор”
дар мавзӯи сохтани бино бар қубур

Уламои уммат, бино бар он чи аз фуқаҳои ҳанафӣ нақл шудааст, иҷмои амалӣ бар ин амал доштанд, ки рўи қубури авлиё ва бузургон санг гузошта ва бар он исму насаби ононро мунаққаш созанд, то ному нишонаи онҳо аз байн наравад. Соҳиби китоби шарифи “Рад‒ул‒муҳтор” мегўяд:

 (قَوْلُهُ لَا بَأْسَ بِالْكِتَابَةِ إلَخْ) لِأَنَّ النَّهْيَ عَنْهَا وَإِنْ صَحَّ فَقَدْ وُجِدَ الْإِجْمَاعُ الْعَمَلِيُّ بِهَا، فَقَدْ أَخْرَجَ الْحَاكِمُ النَّهْيَ عَنْهَا مِنْ طُرُقٍ، ثُمَّ قَالَ: هَذِهِ الْأَسَانِيدُ صَحِيحَةٌ وَلَيْسَ الْعَمَلُ عَلَيْهَا، فَإِنَّ أَئِمَّةَ الْمُسْلِمِينَ مِنْ الْمَشْرِقِ إلَى الْمَغْرِبِ مَكْتُوبٌ عَلَى قُبُورِهِمْ، وَهُوَ عَمَلٌ أَخَذَ بِهِ الْخَلَفُ عَنْ السَّلَفِ ا هـ وَيَتَقَوَّى بِمَا أَخْرَجَهُ أَبُو دَاوُد بِإِسْنَادٍ جَيِّدٍ {أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ حَمَلَ حَجَرًا فَوَضَعَهَا عِنْدَ رَأْسِ عُثْمَانَ بْنِ مَظْعُونٍ وَقَالَ: أَتَعَلَّمُ بِهَا قَبْرَ أَخِي وَأَدْفِنُ إلَيْهِ مَنْ تَابَ مِنْ أَهْلِي} فَإِنَّ الْكِتَابَةَ طَرِيقٌ إلَى تَعَرُّفِ الْقَبْرِ بِهَا. نَعَمْ يَظْهَرُ أَنَّ مَحَلَّ هَذَا الْإِجْمَاعِ الْعَمَلِيِّ عَلَى الرُّخْصَةِ فِيهَا مَا إذَا كَانَتْ الْحَاجَةُ دَاعِيَةً إلَيْهِ فِي الْجُمْلَةِ كَمَا أَشَارَ إلَيْهِ فِي الْمُحِيطِ بِقَوْلِهِ وَإِنْ اُحْتِيجَ إلَى الْكِتَابَةِ، حَتَّى لَا يَذْهَبَ الْأَثَرُ وَلَا يُمْتَهَنَ فَلَا بَأْسَ بِهِ.

Ин ки мегўяд: “Боке надорад, ки рўи қубур навишта шавад” ба ин хотир аст, ки наҳй аз он (яъне наҳй аз гаҷкорӣ ва биносозӣ бар рўи қубур) агар онро саҳеҳ бидонем, вале иҷмои амалӣ бар хилофи он аст. Ҳоким ривояти наҳйро аз чанд тариқ нақл карда, сипас гуфтааст: Ин санадҳо ҳарчанд саҳеҳ ҳастанд, аммо мебинем амали уммат бар хилофи он аст. Зеро мебинем, ки бар рўи қубури пешвоёни исломӣ, аз шарқу ғарб, ному насабашон навишта шудааст ва ин, амалест, ки халаф аз салаф онро гирифта омадаанд... Ин иҷмои амалиро ривояте, ки Абўдовуд бо санади некў нақл мекунад низ таъйид менамояд. Он ривоят ин аст: “Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) сангеро бардоштанд ва бар сари қабри саҳобӣ Усмон ибни Мазъун ниҳода гуфтанд: “Бо ин санг қабри бародарамро аломат ва нишонагузорӣ мекунам ва ҳар он кас аз хонаводаамро низ, ки аҳли тавба ҳастанд, дар канори ў дафн менамоям”.
 Пас китобат ва навиштан, роҳест барои шинохта шудани қубур. Албатта зоҳир аст, ки маҳалли иҷмои амалии уммат дар иҷозати китобат (рўи қубур), дар ҷоест, ки ниёз ба он бошад, ҳамчунон ки соҳиби китоби “Ал‒муҳит” ба он ишора карда мегўяд: Агар ниёз ба китобат ва навиштан бошад, ба ин хотир аст, ки то осор ҳифз ва нигаҳдорӣ шавад...[1]


[1] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Рад‒ул‒муҳтор, ҷ.6, саҳ.380‒381).

Бахш: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Просмотров: 992 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1
15.05.2009
1. Abdullo inbi Abdurahmon (Mujrim) [Материал]
salom aleykum az shumo yak savol doram? va iltimos mekunam ki in javobro purra ba adresi maili man navised

zero ki shumo olimi zamonai tjk meboshed.
bisyoriho meguyand ki shia xub nest? oyo in hakikat dorad?
naxod ki onho bad boshand? zero ki onho dustdori ahli bayt meboshand?
lutfan bar man javobi purra dihed. man namexoham ki onhoro past zanam
salomat boshed


Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz