Шанбе, 20.04.2024, 13:59
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Ислом - дини иҷтимоӣ
Ислом - дини иҷтимоӣ
19:21
Муқаррарот ва “боядҳо” ва “набоядҳо”-и исломӣ, моҳияти иҷтимоӣ дорад. Монанди баъзе аз динҳо чунин нест, ки нисбат ба иҷтимоъ ва умури иҷтимоӣ комилан бетафовут бошад.Ислом ба ҳамон андоза, ки ба саодати фардӣ андешида, ба саодати иҷтимоӣ низ андешидааст. Аслан саодати фардро, дар саодати ҷомеа мебинад.
 Муқаррароти фаровони иҷтимоии исломӣ аз қабили дастур ба вафои ба аҳду паймонҳо[1], муқаррароти сиёсӣ[2], муқаррароти иқтисодӣ аз қабили дастур ба пардохтани закот[3] ва хумс[4] аз ҷониби дороён ба нодорон[5], муқаррароти ҳуқуқӣ (ҳуқуқи мутақобили мусулмонон бар якдигар[6], ҳаққи шавҳар бар ҳамсар[7], ҳаққи ҳамсар бар шавҳар[8], ҳаққи фарзандон бар волидайн[9], ҳаққи волидайн бар фарзандон[10], ҳуқуқи ғайри мусулмонон бар мусулмонон дар ҷомеаи исломӣ[11] ва садҳо ҳуқуқи дигар) ва муқаррароти фаровони ҷазоӣ[12] ҳамагӣ аз ин хислат аст, яъне ҳамагӣ нишондиҳандаи иҷтимоӣ будани муқаррароти исломист.

Ҳамчуноне, ки муқаррароте аз қабили ҷиҳод ва амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар[13], аз масъулияти иҷтимоии исломӣ сарчашма мегирад.

Гузашта аз инҳо, ҳатто дар фардитарин муқаррарот аз қабили намоз ва рўза низ чошнии иҷтимоӣ дар онҳо зада шудааст. Намоз ба ҷамоат гузоридан, савобаш бештар аз намоз ба танҳоӣ хондан аст, ҳатто аз расули акрам(с) дар мавриди мардуме аз мусулмонон, ки ҳузур дар ҷамоатро тарк кардаанд, ривоят шудааст, ки мефармояд: “Наздик аст, ки мардуме, ки намоз дар масҷид гузориданро тарк мекунанд, мусулмононро дастур бидиҳам ҳезум ҷамъ карда ва бар дарҳои манзилҳояшон гузошта ва оташ зананд ва манзилҳояшон ба оташ кашида шавад.[14] Воҷиб аст бар мусулмонон ҳафтае як рўз дар намози ҷумъа гирди ҳам оянд ва намози ҷумъа барпо доранд ва дар хутбаҳои он, имоми ҷамоат онҳоро ба тақво ва парҳезгорӣ даъват намуда ва аз вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии мусулмонон огоҳ намояд. Моҳи рамазон, ки ба поён расид, бар ҳамаи мусулмонон воҷиб аст намози ид барпо доранд ва садақаи фитр бар ниёзмандон бипардозанд.
Алломаи Таботабоӣ (р) дар ҷилди чаҳоруми тафсири “Ал-мизон” таҳти унвони “Ислом ба тамоми ҷиҳоташ иҷтимоист” (с. 126 то с. 31) баҳси муфассалеро дар ин замина матраҳ намуда ва ба исбот мерасонанд, ки ислом илова бар муқаррароти фиқҳияш, ҳатто дар асоситарин ва усулитарин маорифаш низ ҷанбаи иҷтимоӣ дорад.


[1] - Мисли ояти 1 сураи Моида “Эй касоне, ки имон овардаед, ба қарордодҳои худ вафо кунед.”, ва ояти 34 сураи Исро “...ва ба аҳду паймони худ вафо кунед, зеро аз аҳду паймон пурсиш хоҳад шуд.”

[2] - Перомуни дидгоҳҳои сиёсии Ислом дар поёни китоб ба тафсил баҳс хоҳем намуд.

[3] - Мисли ояти 110 сураи Бақара Намоз бигузоред ва закот бидиҳед...”.

[4] - “...ҳаргоҳ чизе ба ғанимат гирифтед, хумси он, аз они Худо, паёмбар, хешовандон, ятимон, мискинон ва дар роҳ мондагон аст…” (Сураи Анфол, ояти 41).

[5] - “Садақот барои фақирон аст ва мискинон ва коргузорони чамъоварии он ва низ барои ба даст овардани дили мухолифон ва озод кардани бандагон ва қарздорон ва инфоқ дар роҳи Худо ва мусофирони ниёзманд…” (Сураи Тавба, ояти 60).

[6] - Дар ривоят аст, ки “Мўъминро бар мўъмин ҳафт ҳақ аст, ки Худои мутаол онҳоро бар ў вочиб кардааст ва Худо дар бораи онҳо, аз ў бозхост мекунад: ўро дар чашми худ бузург шуморад, дар дил дўсташ бидорад, бо молу дороии худ ёриаш расонад, бар ў ҳамон писандад, ки бар худ меписандад, ғайбати ўро ҳаром бидонад, дар беморй ба аёдаташ биравад, дар чанозааш ширкат кунад ва баъд аз марг ўро ба чуз хубй ёд накунад.” (Мизонул-ҳикмат, боби ҳуқуқи мутақобили мардум бар якдигар).

[7] - Мисли ин ривоят, ки дар он омадааст: “Вой бар ҳоли он зан, ки шавҳарашро ба ғазаб оварад, ва хушо ба ҳоли он зан, ки шавҳараш аз ў розй бошад.” (Мизонул-ҳикмат, ҳ. 7865).

[8] - Дар ривоят аст, ки “Ҳаққи ҳамсар бар шавҳараш ин аст, ки ғизои ўро таъмин намояд, номусашро пинҳон дорад ва рўй бар ў турш накунад.” (Мизонул-ҳикмат, ҳ. 7870) ва садҳо ривоёти дигар, ки барои иттилои бештар ба китоби арзишманди “Мизонул-ҳикмат” боби заношўй мурочеа шавад.

[9] - Расули акрам мефармоянд: “Ҳаққи фарзанд бар падараш ин аст, ки ўро (хондан ва) навиштан ёд бидиҳад, оббозй кардан омўзад ва чуз покиза ўро рўзй надиҳад.” (Мизонул-ҳикмат, ҳ. 22734). Барои иттилои бештар руҷўъ шавад ба китоби “Мизонул-ҳикмат” боби ҳуқуқи мутақобили волидайн ва фарзандон.

[10] - Дар ҳадис аст, ки мефармояд: “...ҳаққи падар бар фарзанд он аст, ки ўро дар ҳар чизе, ки мефармояд, итоат кунад ба чуз маъсияти Худо.” (Мизонул-ҳикмат, ҳ. 22724).

[11] - “Худо шуморо аз некй кардан ва адолат варзидан бо онон, ки бо шумо дар дин начангидаанд ва аз сарзаминатон нарондаанд, боз намедорад. Худо касонеро, ки ба адолат рафтор мекунанд дўст дорад.” (Сураи Мумтаҳина, ояти 8).

[12] - Монанди ояти 38 сураи Моида дар ҳадди дуздон: Дасти марди дузд ва зани дуздро ба кайфари коре, ки кардаанд, бибуред. Ин уқубатест аз чониби Худо, ки ў пирўз ва ҳаким аст.ва ё ояти 2 сураи Нур дар мавриди ҳадди зинокорон: Занон ва мардони зинокорро ҳар як сад зарба бизанед, ва агар ба Худо ва рўзи қиёмат имон доред, мабод, ки дар ҳукми Худо нисбат ба он ду дастхуши тараҳҳум гардед, ва бояд, ки ба ҳангоми шиканча гурўҳе аз мўъминон ҳозир бошанд.

[13] -  Ва бояд аз миёни шумо гурўҳе (мардумро) ба некй даъват кунанд ва ба кори шоиста водоранд ва аз зиштй боздоранд, ва онон ҳамон растгоронанд.” (Сураи Оли Имрон, ояти 104).

[14] - Нақл аз тафсири “Ал-мизон”-и аллома Таботабой, ҷ. 4, с. 127.

Бахш: Симои идеологии Ислом | Просмотров: 1090 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz