Панҷшанбе, 25.04.2024, 11:19
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Низоми ҳастӣ - далели равшан барои вуҷуди Худо
Низоми ҳастӣ - далели равшан барои вуҷуди Худо
18:52

Савол: Роҳи мутолеаи мавҷудот ба чӣ сурат мебошад?

Ҷавоб: Роҳи мутолеаи мавҷудотро метавон ба ду роҳ тақсим кард:

1−Аз тариқи ташкилот ва низомоте, ки дар сохтмони ҷаҳон ба кор рафта аст;

2−Аз тариқи ҳидоят ва роҳнамоии мармузе, ки мавҷудот дар масири хеш роҳнамоӣ мешаванд.

 

1−Ташкилот ва низомот:

Нигоҳ ба ҷаҳони ҳастӣ нишон медиҳад, ки сохтмони ҷаҳон ва сохтмони яко яки мавҷудоташ ҳисобшуда аст. Ҳар чизе ҷое дорад ва барои он ҷо қарор дода шуда аст ва ҳадафе аз ин қарор доданҳо дар кор буда аст.

Ҳар касе метавонад низомоти ҳакимона ва осор ва нишонаҳои ба кор рафтани тадбир ва иродаро дар кори хилқат равшан истинбот кунад, ҳарчанд дарснахонда ва бесавод бошад. Вале албатта агар касе бо улуми табиӣ ошноӣ дошта бошад, низомот ва осор ва нишонаҳои вуҷуд ва ҳикмат ва тадбирро дар кори хилқат бештар идрок мекунад.

Қуръони Карим афроди башарро ба мутолеа дар олами хилқат ва сохтмони мавҷудот ба манзури шинохтани Худованд мехонад:

 

 1. إِنَّ فِي خَلْقِ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ وَاخْتِلاَفِ اللَّيْلِ وَالنَّهَارِ وَالْفُلْكِ الَّتِي تَجْرِي فِي الْبَحْرِ بِمَا يَنفَعُ النَّاسَ وَمَا أَنزَلَ اللّهُ مِنَ السَّمَاء مِن مَّاء فَأَحْيَا بِهِ الأرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا وَبَثَّ فِيهَا مِن كُلِّ دَآبَّةٍ وَتَصْرِيفِ الرِّيَاحِ وَالسَّحَابِ الْمُسَخِّرِ بَيْنَ السَّمَاء وَالأَرْضِ لآيَاتٍ لِّقَوْمٍ يَعْقِلُونَ.

 

“Ҳамоно дар офариниши осмонҳо ва замин, аз паи ҳам омадани шабу рўз, киштиҳое, ки барои фоидаи башар дарёҳоро тай мекунанд, обе, ки Худо аз боло фуруд меоварад ва ба василаи он замини мурдаро аз нав ҷон медиҳад ва анвои ҷондорҳоро дар рўи замин мепароканад, чархиши бодҳо ва абр, ки миёни замин ва осмон ба кор гумошта шуда аст, (дар ҳамаи инҳо)  нишонаҳое бар вуҷуди Худованд барои мардуме, ки тааққул ва тафаккур мекунанд вуҷуд дорад”.[1]

 

2. قُلِ انظُرُواْ مَاذَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ.

 

“Бигў ба мардум: (Диққат ва мутолеа кунед), бубинед дар осмонҳо ва замин чӣ чизҳое ҳаст”.[2]

 

3. أَفَلَا يَنظُرُونَ إِلَى الْإِبِلِ كَيْفَ خُلِقَتْ. وَإِلَى السَّمَاء كَيْفَ رُفِعَتْ. وَإِلَى الْجِبَالِ كَيْفَ نُصِبَتْ. وَإِلَى الْأَرْضِ كَيْفَ سُطِحَتْ.

 

“Пас оё ба шутур наменигаранд, ки чигуна  офарида шуда ва ба осмон, ки чигуна барафрошта шуда ва ба кўҳҳо, ки чигуна ниҳода шуда ва устувор гашта ва ба замин, ки чигуна густаронида шуда?”[3]

Акнун мехоҳем бубинем, ки чигуна аст, ки ташкилот ва низомоти сохтмони мавҷудот, бар вуҷуди Худованди доно ва ҳаким[4] далолат мекунад.

Ҷавоби ин пурсиш равшан аст. Сифатҳо ва хусусиятҳои як асар, бешак оина ва нишондиҳандаи сифатҳои соҳиби асар мебошад. Мисоле меоварем:

Ҳар як аз мо, ки соҳиби китоби “Гулистон”−ро мешиносем, шак надорем, ки ў адиби бузурге буда аст ва ҳол он ки ўро надидаем. Ва китоби “Гулистон” далели қатъие аст бар ин ки муаллифи он адиби бузурге буда аст.

Ҳамин тавр ин ҷаҳони паҳновар, ки дар он зиндагӣ мекунем, бо ин ҳама танзимот ва ташкилоти дақиқ ва ҳисобшудааш, оё моро аз офаринандаи он, ки зоти доно ва ҳакиме мебошад огоҳ намесозад?

Агар бихоҳем мисолҳое барои низоми дақиқ ва ҳисобшудаи ҷаҳони ҳастӣ бизанем, хеле фаровон аст. Мо танҳо ба баъзе аз он низомҳои ҳисобшуда ишора мекунем. Масалан олами наботот ва ҳайвонот ба гунае бо ҳам дар доду ситаданд, ки ҳеҷ яке аз дигарӣ наметавонад бениёз монад ва ҳар яке бе дигарӣ наметавонад ба ҳаёти худ идома диҳад. Масалан ҳайвонот дар зиндагии худ ниёзманд ба оксиген мебошанд ва наботот ниёзманд ба карбон. Ҳайвонот оксигенро нафас мекашанд ва оксиди карбон берун медиҳанд ва наботот баръакс бо оксиди карбон танаффус мекунанд. Барги наботот дар ҳукми шуши инсонӣ аст, ки дар зери ҳарорати офтоб оксиди карбонро ба элементи карбон ва оксиген таҷзия мекунад ва оксигенро берун ва карбон дар танаи онҳо боқӣ мемонад.

Яке дигар аз аҷоиби олами ҷондорон ин аст, ки тақрибан аз аввалҳои пайдоиши ҳаёт, ҷинси нар ва мода, ки барои идомаи насл зарурат дорад ба вуҷуд омада аст. Дастгоҳҳои марбут ба таносул, чи дар олами ҳайвонӣ ва чи дар олами наботӣ, чи дар ҷинси нар ва чи дар ҷинси мода, он қадр ҳайратангез аст, ки ба ҳеҷ сурат наметавон гуфт ҳадафе дар эҷоди инҳо дар кор набуда аст ва дастгоҳи хилқат инҳоро барои идомаи насл ба вуҷуд наоварда аст.

Агар аз инҳо бигузарем ва андомҳои наботот ва ҳайвонотро мутолеа кунем, он чунон ғарқи ҳайрат ва шигифтангезӣ мешавем, ки мутолеаи як китоби чандин ҳазор сафҳаии пур аз нуктаҳои дақиқ ва зариф, ҳаргиз наметавонад моро ба ин андоза дучори ҳайрат ва эътироф ба қудрат ва ҳикмати ба вуҷуд оварандаи он бикунад, ба қавли Саъдӣ:

Офариниш ҳама танбеҳи Худованди дил аст

Дил надорад ки надорад ба Худованд иқрор

Ин ҳама нақши аҷаб бар дару девори вуҷуд

Ҳар ки фикрат накунад нақш бувад бар девор

 

2−Ҳидоят ва роҳёбӣ:

Ин далел бо далели пешин (ташкилот ва низомот) фарқ мекунад. Далели ташкилот ва низомот марбут ба сохтмони мавҷудот буд, яъне вазъи сохтмони мавҷудот ҳикоят мекард, ки созандаи онҳо зоти ҳаким ва ботадбир буда аст. Вале масъалаи ҳидоят ва роҳёбӣ аз он муҳимтар аст, зеро марбут ба кори мавҷудот аст, яъне мавҷудот пас аз сохта шудан, коре ки мекунанд аҷиб аст. Ин кор нишон медиҳад, ки як чизи мармузе вуҷуд дорад, ки онҳоро дар корашон ҳидоят ва раҳбарӣ мекунад. Ин як матлабе аст, ки Қуръони Карим рўи он ҷудогона такя карда аст. Қуръон миёни “ташкилот ва низомот” ва “роҳёбӣ” ҷудо карда, ба унвони ду далел зикр карда аст. Дар чанд оят аз оятҳои Қуръон ин ду (далел) паҳлўи якдигар, ба унвони ду амри ҷудогона қарор гирифтаанд. Яке он ояте аст, ки аз забони ҳазрати Мўсо (Алайҳис салом) омада аст, ки вақте Фиръавн аз ў савол кард:

 

قَالَ فَمَن رَّبُّكُمَا يَا مُوسَى؟

 

“Кист парвардигори шумо, эй Мўсо!”

Мўсо (Алайҳис салом) ҷавоб дод:

 

قَالَ رَبُّنَا الَّذِي أَعْطَى كُلَّ شَيْءٍ خَلْقَهُ ...

 

 “Парвардигори мо он касе аст, ки ҳар чизеро он чунон ки шоиста аст халқ карда аст”.  Яъне дар офариниш он чиро, ки эҳтиёҷ дошта аст, ба ў дода аст. Ин ҳамон далели ташкилот ва низомотро баён мекунад, яъне назми сохтмонияшро баён менамояд. Сипас дар идома мефармояд:

 

... ثُمَّ هَدَى.

 

“...сипас ўро дар роҳе, ки бояд биравад, роҳнамоӣ карда аст”.[5] Дар сураи “Аъло”, оятҳои 1 то 3 ҳам ба ин иборат мехонем:

 

سَبِّحِ اسْمَ رَبِّكَ الْأَعْلَى. الَّذِي خَلَقَ فَسَوَّى. وَالَّذِي قَدَّرَ فَهَدَى.

 

“Тасбеҳ кун номи парвардигори воломақоматро; он зоте, ки офарид ва сомон дод ва он ки андозагирӣ намуд ва сипас роҳнамоӣ кард”.

Аз забони Иброҳим (Алайҳис салом) нақл мекунад:

 

الَّذِي خَلَقَنِي فَهُوَ يَهْدِينِ.

 

“Худои ман он аст, ки маро офарида аст ва маро роҳнамоӣ мекунад”.[6]

Ин ҳидоят ва роҳнамоӣ дар ҷамодот, дар наботот, дар ҳайвонот ва ҳам дар инсон ёфт мешавад. Роҷеъ ба ҳидоятҳои мармузе, ки дар ҳайвонот аст китобҳо навиштаанд. Яке аз аҷоиби олам он чизҳое аст, ки дар ҳайвонот вуҷуд дорад ва исми онҳоро “ғариза” мегўянд, махсусан дар ҳашарот ғаризаҳои бисёр ҳайратоваре вуҷуд дорад, дар занбўри асал, мўрча, анкабут, мўриёна... Қуръони Карим мефармояд:

 

وَأَوْحَى رَبُّكَ إِلَى النَّحْلِ أَنِ اتَّخِذِي مِنَ الْجِبَالِ بُيُوتًا وَمِنَ الشَّجَرِ وَمِمَّا يَعْرِشُونَ. ثُمَّ كُلِي مِن كُلِّ الثَّمَرَاتِ فَاسْلُكِي سُبُلَ رَبِّكِ ذُلُلاً يَخْرُجُ مِن بُطُونِهَا شَرَابٌ مُّخْتَلِفٌ أَلْوَانُهُ فِيهِ شِفَاء لِلنَّاسِ إِنَّ فِي ذَلِكَ لآيَةً لِّقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ.

 

“Ва парвардигори ту ба занбўри асал ваҳй (илҳоми ғаризӣ) кард, ки аз кўҳҳо ва дарахтон ва аз он чи бармеафрозанд, (барои худ) хонае бисоз. Сипас аз ҳамаи меваҳо бихўр ва роҳи парвардигоратро фармонбардорона бипаймо. Он гоҳ аз даруни шикамаш шаҳде, ки ба рангҳои гуногун аст берун меояд. Дар он барои мардум дармонест. Ростӣ дар ин (зиндагии занбўрҳо) барои мардуме, ки тафаккур мекунанд нишонаи (қудрати илоҳӣ) аст”.[7]
Ҳашараеро ном мебаранд ба номи “Амофил”, ки мегўянд аз занбўр кучактар ва аз магас бузургтар аст. Дар китоби “Рози офариниши инсон” перомуни ин ҳашараи аҷиб ба ин мазмун омада аст, ки ҳар вақт мавқеи тухмгузории ин ҳайвон бирасад, як кирме ҳаст, ки ин ҳашара дунболи он меравад ва пайдо мекунад ва рўи пушт ва мўҳраи камари он кирм менишинад. Баъд неши худро мисли як сўзани пизишкӣ дар як нуқтаи муайяне аз пушти ў мезанад, аммо на ба он андоза, ки кирм бимирад, балки он андоза, ки беҳис шавад. Зеро агар бимирад мегандад ва фосид мешавад. Баъд ҳамон ҷо тухмгузорӣ мекунад. Баъд аз тухмгузорӣ ҳам билофосила ин ҳашара худ мемирад. Сипас тухмҳои ў ба вуҷуд меоянд ва аз бадани ҳамин кирм ғизо мехўранд то вақте ки бузург мешаванд, пар пайдо мекунанд ва ба зиндагии хеш идома медиҳанд. Баъд ҳар як аз онҳо мавқеи тухмгузорияш, ки мерасад, айнан ҳамон кори модарро такрор мекунанд, яъне мераванд ҳамон кирмро пайдо мекунанд ва дар ҳамон нуқтаи ҳассоси дақиқ неш мезананд ва ҳамон ҷо тухмгузорӣ мекунанд ва худ мемиранд.


[1]−Сураи Бақара, ояти 164.

[2]Сураи Юнус, ояти 101.

[3]Сураи Ғошия, ояти 17 то 20.

[4]Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ин роҳ (роҳи ҳис ва илм) бевосита дар садади исботи ду сифат ва сифатҳои Худованди Субҳон, яъне сифати илм ва ҳикмат мебошад, вале метавон аз боби “далолати асар бар вуҷуди муассир” ба худи вуҷуди Худо низ аз он истифода намуд.

[5]−Сураи Тоҳо, ояти 50.

[6]−Сураи Шуаро, ояти 78.

[7]−Сураи Наҳл, ояти 68 ва 69.

Бахш: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Просмотров: 934 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz