Панҷшанбе, 25.04.2024, 22:33
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Фаҳми салаф
Фаҳми салаф
18:32

Савол: Баъзеҳо иддао мекунанд, ки бояд мо мусулмонҳо дар фаҳми маорифи динӣ (ё худ фаҳми маорифи Қуръон ва суннат) пойбанди фаҳми салаф бошем. Ба дигар сухан, дар масоили исломӣ бояд бубинем назари салаф чӣ аст то аз он пайравӣ намоем ва ғайри он аз фаҳмҳо ҳеҷ эътиборе надорад. Оё чунин дидгоҳе дуруст аст?

 Ҷавоб: Дар посух ба ин пурсиш дар оғоз бояд мушаххас гардад, ки мурод аз салаф чӣ касоне ҳастанд ва сипас бубинем, ки оё фаҳми онҳо − аз дидгоҳи Ислом − ҳуҷҷат қарор дода шуда аст ё на? Ва бар фарзи он ҳам, ки фаҳми онҳоро ҳуҷҷат бидонем, оё салаф дар масоили исломӣ дорои фаҳми воҳиде буданд, ё ин ки фаҳмҳои мухталиф ва дар баъзе маворид фаҳмҳои зидду нақиз доштанд?

1−Салаф ба маънои пешиниён буда ва мурод аз онҳо (дар назди муддаиёнаш) саҳоба, тобеон ва муҳаддисони бузурги асри дуюм ва сеюми ҳиҷрии қамарӣ амсоли Бухорӣ ва Муслим мебошанд. Имрўз ваҳҳобиён[1] бо истифода аз калимаи “салафия” иддао мекунанд, ки пайрави равиш ва ақоиди салаф ҳастанд. Онҳо мегўянд мусулмонҳо дар фаҳми маорифи динӣ (ё худ фаҳми маорифи Қуръон ва суннат) бояд пойбанд ба фаҳми салаф бошанд. Ҳар чи салаф фаҳмидаанд ва изҳори назар кардаанд эътибор дорад ва ғайри он аз фаҳмҳо арзише надорад. Илова бар ин, иддао доранд, ки имрўз аз байни тамоми мазоҳиб ва макотиби исломӣ, танҳо мо (яъне ваҳҳобиён) пойбанд ба чунин равише ҳастем ва дигар мусулмонон низ вазифадор ҳастанд, ки мисли мо бияндешанд.

2−Агар манзури ваҳҳобиён аз ин иддао он мебуд, ки бояд дар ҳар масъалае аз масоили ақоидӣ, бо назари салаф ошно шуд, бешак чунин иддаое дуруст аст ва касе ҳам мункири чунин чизе нест. Вале манзури онҳо ин нест, балки иддао мекунанд, ки ҳар соҳибназаре − дар ҳар масъалае аз масоили ақоидӣ − ҳарчанд назараш ба ҷое расида ва ба он қаноат ҳосил намуда бошад ҳам, лекин чун назари салаф чизи дигаре аст, ў бояд назари худро раҳо карда ва аз назари салаф пайравӣ намояд.

Чунин дидгоҳе аслан қобили қабул нест. Зеро Қуръон ва суннат ҳар соҳибназареро − чӣ салаф бошад ва чӣ ғайри салаф − бевосита мавриди хитобҳои хеш қарор дода аст. На дар Қуръон ва на дар суннат далели қотее надорем, ки гуфта бошад, ки бояд пойбанд ба фаҳму назари салаф бошем.

Ва он далеле ҳам, ки ба он чанг мезананд, ки чун ҳазрати Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармудаанд, ки беҳтарини асрҳо, асри ман аст ва сипас ду асре, ки пушти сари ҳам баъд аз асри ман меояд ва аз сўе ҳам, чун салаф аз мо дида наздиктар ба замони Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мебошанд, беҳтар аз мо ба мазмуни Қуръон ва суннат ошноӣ доранд, бинобар ин фаҳми онҳо ҳуҷҷат хоҳад буд, дар посух ба ин иддао мегўем:

Аввалан, ин ҳадисе, ки ба он чанг мезананд, ҳарчанд дар китобҳои саҳеҳ ворид шуда бошад ҳам, вале дар баробараш, ҳадисҳои саҳеҳи дигаре низ дорем, ки бар хилофи мазмуни ин ҳадис гувоҳӣ медиҳанд. Масалан ривоят шуда аст, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармудаанд: “Мисоли уммати ман мисоли борон аст, ки маълум нест, ки оё аввалаш беҳтар аст ё охираш”.[2]

Ва сониян, ҳодисаҳо ва воқеаҳое, ки дар он асрҳо воқеъ шудаанд, худ нишон медиҳанд, ки ин ҳадис сохта шуда аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ сухани он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) намебошад. Ба ин далел, ки баъзе аз воқеаҳои иттифоқафтода дар ин асрҳо, ҳеҷ хубиеро барои ин асрҳо намегузорад. Зеро ҷанг миёни сипоҳи ҳазрати Алӣ ибни Абўтолиб аз як тараф ва сипоҳи Ҷамал ба саркардагии Уммул−муъминин Оиша, Талҳа ва Зубайр аз тарафи дигар ва низ ҷанг байни сипоҳи ҳазрати Алӣ ибни Абўтолиб ва сипоҳи Муовия ибни Абўсуфён (ҷанги Сиффин) ва низ ҷанг миёни сипоҳи Алӣ ибни Абўтолиб ва Хавориҷ ва низ ҳодисаи Карбало, ки дар он ҷигаргўшаи Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) Имом Ҳусайн ба дасти сипоҳиёни Язид ибни Муовия мазлумона ба шаҳодат расид ва низ ҳодисаи Ҳарра, ки сипоҳи Язид дар он ҷиноятҳои бузургеро анҷом доданд ва ғайра дар ҳамин асрҳо ба вуқўъ пайваста аст, ки дар ин ҷангҳо уммат ба ду даста тақсим шуданд ва садҳо ҳазор хунҳо рехта шуд.

Ва солисан, ин ки мегўянд, ки салаф чун ба асри ваҳй наздиктар буданд, бинобар ин аз мо дида ба мазмуни Қуръон ва суннат беҳтар ошно мебошанд, ин иддао − дар сурате, ки онро дуруст бидонем ҳам − ба ҳеҷ ваҷҳ ба маънои ҳуҷҷат будани фаҳми онҳо намебошад. Оре, мо барои фаҳми Қуръон ва суннат чорае надорем ҷуз ин ки ба суханони онҳо муроҷеа намоем ва бояд аз фаҳми онҳо истифода кунем ва бубинем, ки онҳо бо таваҷҷўҳ ба ошноияшон бо шароит ва асбоби нузули ваҳй ва низ фармудаҳои Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), чӣ бардоште доштанд. Аммо ин ба маънои ҳуҷҷат будани фаҳми онҳо нест. Зеро таваҷҷўҳ дошта бошем, ки ҳуҷҷат будани чизеро, фақат шореъ (Худо ва Паёмбар) қарор медиҳанд.

Ва робеан, бар фарзи он ҳам, ки фаҳми салафро ҳуҷҷат бидонем, мушкил ҳал нахоҳад шуд, балки печидатар хоҳад гардид. Зеро салаф (саҳоба, тобеон ва муҳаддисони қарни дуюм ва сеюми ҳиҷрии камарӣ) дар масоили исломӣ − ақоидӣ ва ғайри он − дорои як фаҳми воҳиде набуданд. Савол ин аст, ки фаҳми кадом як аз онҳо ҳуҷҷат аст то аз он пайравӣ ба амал ояд? Ақоиде, ки имрўз ваҳҳобиён ба унвони фаҳми салаф матраҳ мекунанд, фаҳми баъзе аз салаф аст, на ҳамаи онҳо.

Масалан Имом Аҳмад ибни Ҳанбал онгоҳ ки аз ў дар бораи масъалае пурсиданд ва ў дар он назари худро иброз дошт, ба ў арз карданд: Ибни Муборак назари дигаре дорад. Онгоҳ Имом Аҳмад посух дод: “Ибни Муборак аз осмон нозил нашуда аст”.[3] Яъне сухани Ибни Муборак ваҳйи осмонӣ нест, ки ба он пойбанд бошем. Ҳол он ки ҳама медонем, Ибни Муборак салаф барои Имом Аҳмад ба шумор меравад.

Инак, ба унвони мисол баъзе аз масъалаҳои ақоиде меоварем, ки салаф дар онҳо фаҳмҳои мухталиф иброз доштаанд:

1−Ихтилофи салаф дар масъалаи халқи Қуръон:

 Ҳофиз Ибни Абдулбар дар китоби “Ал−интиқо” (с. 106) дар бораи Имом Ҳофиз Каробисӣ чунин нақл мекунад: “Байни Каробисӣ ва Имом Аҳмад ибни Ҳанбал дўстии муҳкаме буд. Аммо вақте ки дар масъалаи халқи Қуръон (ки оё махлуқ аст ё на) бо ў мухолифат намуд, ин дўстӣ ба душманӣ табдил гардид. Ҳар яке аз онҳо бар дигарӣ таъна мезад. Ва ин ба он ҷиҳат буд, ки Аҳмад ибни Ҳанбал мегуфт: “Ҳар он касе, ки мўътақид бошад, ки Қуръон махлуқ аст, ў ҷуҳамӣ аст. Ва ҳар он касе, ки мўътақид бошад, ки Қуръон каломи Худо аст, вале дар ин бора (яъне махлуқ ё ғайри махлуқ будани Қуръон) ҳеҷ назаре надошта бошад, ў воқифӣ аст. Ва ҳар он касе, ки бигўяд, ки лафзи ман дар Қуръон махлуқ аст, ў бидъаткор ба шумор меравад”.

Сипас мегўяд: “Каробисӣ, Абдуллоҳ ибни Куллоб, Абўсавр, Довуд ибни Алӣ, Бухорӣ, Ҳорис ибни Асади Муҳосибӣ, Муҳаммад ибни Насри Марвазӣ ва ҳар он ки дар табақаи инҳо ҳастанд мўътақид буданд, ки Қуръоне, ки Худованд ба он такаллум намуда аст, сифате аз сифатҳои Худо буда ва халқ бар он ҷоиз намебошад (яъне аз сифатҳои қадимӣ Худо аст). Аммо тиловати тиловаткунанда ва такаллумаш ба Қуръон, касб ва феъли ў аст, ки махлуқ мебошад. Зеро ҳикояти каломи Худо мебошад, на он Қуръоне, ки Худо ба он такаллум намуда аст...”

Равшан аст, ки дар ин масъалаи ақоидӣ (яъне дар масъалаи махлуқ ва ё ғайри махлуқ будани Қуръон) салаф фаҳмҳои мухталиф дошта будаанд. Савол ин аст, ки агар фаҳми салафро ҳуҷҷат бидонем, фаҳми кадом яке аз онҳоро ҳуҷҷат бидонем?

2−Ихтилофи салаф дар ин масъала, ки оё Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар шаби меъроҷ Худоро дида аст ё на?

Бухорӣ (8/606) ва Муслим (1/159) аз Масруқ ва ў аз ҳазрати Оиша (Разияллоҳу анҳо) нақл кардаанд, ки Масруқ мегўяд: “Ба Оиша (Разияллоҳу анҳо) арз кардам: Эй модарам! Оё Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) парвардигори хешро дида аст? Оиша (Разияллоҳу анҳо) дар посух фармуд: “Ба дурустӣ мўйҳои сарам рост шуд аз он чӣ гуфтӣ. Ту куҷоӣ аз се сухане, ки ҳар ки онҳоро бароят бигўяд, бешак дурўғгўст: Ҳар он ки бароят бигўяд, ки Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) парвардигорашро дида аст, бешак дурўғ гуфта аст”... (то охири ҳадис).

3−Ихтилофи салаф дар масъалаи руъйати (дида шудани Худо) дар рўзи қиёмат:

Ҷумҳури аҳли суннат бар онанд, ки мўъминон рўзи қиёмат Худоро мебинанд. Аммо ҷамоате аз онҳо мисли Муҷоҳид, Абўсолеҳ,[4] Икрима, Имом Бишр ибни Сарии Афваҳ[5] ва ғайра ва низ мўътазила дар ин масъала бар хилофи ақидаи ҷумҳури аҳли суннат буда ва онро инкор кардаанд ва бар дидгоҳи худ ин фармудаи Худоро далел қарор додаанд:

 

لا تُدْرِكُهُ الأَبْصَارُ وَهُوَ يُدْرِكُ الأَبْصَارَ

 

“Чашмон Худоро дарк накунанд ва ҳол он ки Ў чашмонро дарк кунад”. (Сураи Анъом, ояти 103).

4−Ихтилофи салаф дар масъалаи мизон (тарозу) дар рўзи қиёмат:

Ҳофиз Абўҳайён дар тафсири “Ал−баҳрул муҳит” (с. 5/14) мегўяд: “Салаф дар ин масъала бо ҳам ихтилоф доштанд, ки оё дар он ҷо (ҷойгоҳи охират) воқеан мизон ва тарозуе ҳаст ё на? Мўътазила мизонро инкор мекарданд. Ва қабл аз онҳо касоне чун Муҷоҳид, Заҳҳок, Аъмаш ва ғайри инҳо низ онро инкор мекарданд...”

Ҳофиз Ибни Ҳаҷар дар “Фатҳул борӣ” (13/538) мегўяд: “Баъзе аз салаф бар ин буданд, ки мизон ба маънои адолат ва қазоват аст”.

5−Ихтилофи салаф дар масъалаи сифоти Худо:

Шаҳристонӣ дар китоби “Милал ва ниҳал” (ҷ. 4, с. 355−361) нақл мекунад, ки салаф дар бораи сифатҳои илоҳӣ бо якдигар ихтилоф доштанд. Гурўҳе аз онон тамоми сифатҳоеро, ки дар ҳадисҳо ворид шуда аст, бе ҳеҷ таъвил ва тафсире ба Худо нисбат медоданд ва ҳатто сифоти илоҳиро ба сифоти махлуқот ташбеҳ мекарданд. Гурўҳи дигар зимни исботи сифот, онҳоро ба гунае таъвил мекарданд, ки лозимааш ташбеҳ нагардад. Гурўҳи сеюм аз як сў ташбеҳро рад мекарданд ва аз тарафи дигар аз таъвили ҳадисҳо худдорӣ мекарданд.

Мо дар ин ҷо феълан дар мақоми ин нестем, ки бигўем назари кадом як аз онҳо дуруст аст ва кадом яке нодуруст (баъдҳо дар ин мавзўъ баҳс хоҳад шуд), балки мехоҳем фақат ин матлабро ёдоварӣ кунем, ки салаф дар ин масъала дорои фаҳми воҳиде набуданд.

Ваҳҳобиҳо, ки дар ин масъала мўътақид ба тафвиз[6] ҳастанд, (бар фарзи он ҳам, ки назарашонро дуруст ангорем, ҳол он ки дуруст нест ва баъдан роҷеъ ба он баҳс хоҳад шуд), ҳақ надоранд, ки иддао кунанд, ки назари салаф ин аст ва ҷуз он нест, балки назари баъзе аз онҳо аст.

6−Ихтилофи салаф дар масъалаи хуруҷ бар зидди волиёни амр (ҳокимон):

Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) − ки аз салаф ба шумор меравад − дар китоби “Ақидаи Таҳовия” мегўяд: “Назари мо чунин нест, ки бар алайҳи имомон ва волиёни амр ҳарчанд ҷавру ситам пеша кунанд ҳам, хуруҷ (ва исён) шавад”.

Аммо Ибни Ҳазм дар китоби “Ал−фисал” (4/171−172) мегўяд: “Гурўҳҳое аз аҳли суннат ва ҷамии хавориҷ ва зайдия бар онанд, ки шамшер бардоштан ба ҷиҳати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар лозим ва воҷиб аст агар ҷуз ба ин тариқа мункар ва аъмоли нописанд дафъ нагардад...” Баъд мегўяд: “Ва ин қавл (яъне қавл ба шамшер бардоштан ба хотири амр ба маъруф ва наҳй аз мункар) қавли Алӣ ибни Абўтолиб (Разияллоҳу анҳу) ва саҳобагоне, ки ўро ҳамроҳӣ мекарданд ва низ қавли Уммул−муъминин Оиша (Разияллоҳу анҳо) ва қавли Абдуллоҳ ибни Зубайр ва Муҳаммад ва Ҳусайн ибни Алӣ ва бақияи саҳобагоне аз муҳоҷиру ансор, ки дар воқеаи Ҳарра қиём карда буданд мебошад. Ва низ қавли ҳар як аз он касоне, ки алайҳи Ҳаҷҷоҷи фосиқ қиём намуданд мебошад...”

Сипас мегўяд: “Назари фақеҳоне чун Абўҳанифа, Ҳасан ибни Ҳай, Шарик, Молик, Шофеӣ, Довуд ва ёрони эшон низ бар ҳамин қавл (яъне қиём алайҳи волии фосиқ) далолат мекунад...”

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки имрўз худи ваҳҳобиҳо низ дар ин масъала бо ҳам ихтилоф доранд. Баъзе аз фақеҳони ваҳҳобӣ мисли муфтии имрўзи Саудӣ, хуруҷ ва қиём алайҳи волии Саудиро ҷоиз намедонанд. Аммо баъзе аз фақеҳоне, ки аз гурўҳи “Ал−қоида” тарафдорӣ мекунанд, хуруҷ ва қиём алайҳи волиёни Саудиро ба хотири фисқу фуҷурашон лозим ва воҷиб медонанд.

7−Ихтилофи салаф дар ин масъала, ки чӣ касе афзал ва бартарин саҳоба ба шумор меравад:

Гурўҳе аз салаф бар онанд, ки Абўбакри Сиддиқ (Разияллоҳу анҳу) афзал ва бартарини саҳобагон аст. Ва ин қавл, қавли машҳур байни аҳли суннат мебошад. Аммо гурўҳе аз саҳобагон ва тобеон бар ин назаранд, ки Алӣ (Разияллоҳу анҳу) афзали саҳобагон ба шумор меравад. Имом Ибни Абдулбар дар “Ал−истиоб” (3/52) мегўяд: “Салаф ҳамчунин дар ин масъала, ки чӣ касе афзал аст: Алӣ ё Абўбакр, бо ҳам ихтилоф доранд”.

Ў мегўяд: “Аз Салмон, Абўзар, Миқдод, Хаббоб, Ҷобир, Абўсаиди Худрӣ ва Зайд ибни Арқам чунин ривоят шуда аст, ки Алӣ ибни Абўтолиб (Разияллоҳу анҳу) нахустин касе аст, ки ислом оварда аст ва бинобар ин ўро бар дигар саҳобагон бартар донистаанд”.

Баъзе аз салаф ҳазрати Фотимаи Заҳро (Разияллоҳу анҳо)−ро бартарин шахсият баъд аз Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) муаррифӣ кардаанд. Имом Молик мегўяд: “Ман касеро бар пораи тани Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) (яъне ҳазрати Фотимаи Заҳро (Разияллоҳу анҳо)) бартар қарор намедиҳам”.[7]

Пас, бо таваҷҷўҳ ба он чи гуфтем, касе наметавонад иддао кунад, ки назари салаф дар масъалаи тафзил (бартар донистан) он аст, ки Абўбакри Сиддиқ (Разияллоҳу анҳу)−ро бартар ва афзали саҳобагон медонистанд.

Боз ҳам ёдовар мешавем, ки мо дар ин ҷо дар садади баёни ин нестем, ки бигўем кадом назар дуруст аст ва кадом яке нодуруст, балки фақат мехоҳем ин матлабро гўшзад намоем, ки салаф дар ин масъала, дорои назар ва фаҳми воҳиде набуданд чӣ хеле, ки ваҳҳобиҳо иддао мекунанд.

Натиҷаи дигаре, ки аз ин баҳс ба даст меояд он аст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ иддаои ваҳҳобиҳо, ки мегўянд фаҳми салаф ҳуҷҷат аст, аз дидгоҳи шариат ҳам дуруст нахоҳад буд. Зеро Худованд ба ҳеҷ ваҷҳ фаҳмҳои мухталиф ва зидду нақизро барои уммати исломӣ ҳуҷҷат қарор намедиҳад. Чаро ки чунин коре боиси парокандагӣ миёни уммат мегардад, ҳол он ки Худованд шадидан уммати исломиро аз парокандагӣ ва тафриқа наҳй карда аст:

 

وَأَنَّ هَذَا صِرَاطِي مُسْتَقِيمًا فَاتَّبِعُوهُ وَلاَ تَتَّبِعُواْ السُّبُلَ فَتَفَرَّقَ بِكُمْ عَن سَبِيلِهِ ذَلِكُمْ وَصَّاكُم بِهِ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ.

 

“Ва ин аст роҳи рости ман, пас онро пайравӣ кунед ва роҳҳои (гуногунеро) пайравӣ нанамоед, ки шуморо аз роҳи (рости) Худо пароканда хоҳад кард. Ин ҳамон чизе аст, ки Худо шуморо ба он тавсия карда аст, ки шояд парҳезгор гардед”. (Сураи Анъом, ояти 153).

 

وَأَطِيعُواْ اللّهَ وَرَسُولَهُ وَلاَ تَنَازَعُواْ فَتَفْشَلُواْ وَتَذْهَبَ رِيحُكُمْ.

 
“Ва Худо ва Расулашро итоат кунед ва (ҳаргиз) бо ҳам низоъ нанамоед, ки ноком шуда ва беарзиш хоҳед шуд”. (Сураи Анфол, ояти 46).


[1]−Ваҳҳобиён ба гурўҳе аз мусулмонон гуфта мешавад, ки дар ақоиди исломӣ пайрави назароти Аҳмад ибни Таймияи Ҳарронӣ (661−728 ҳ. қ.) ва шогирдони мадрасаи ў ва низ Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (1115−1206 ҳ. қ.) мебошанд. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ҳамон касе аст, ки ба якҷоягии аҷдоди Оли Сауд давлати кунунӣ дар Арабистони Саудиро таъсис намудаанд.

[2]−Аҳмад 3/130, Тирмизӣ 5/152 р. 2869. Тирмизӣ мегўяд: “Ин ҳадис аз ин тариқ ғариб аст”. Ҳофиз Аҳмади Ғуморӣ дар “Фатҳул−ваҳҳоб” (2/335) мегўяд: “Ҳофиз дар “Фатҳ” гуфта аст: “Ин ҳадис ҳасан (хуб) аст ва тариқаш то саҳоба меарасад”. (Фатҳ 7/6).

[3]−Ин хабарро Имом Ҳофиз Ибни Ҷавзӣ (р) дар китоби “Дафъу шубаҳит ташбеҳ” (с. 111) зикр намуда аст.

[4]−Руҷўъ шавад ба Тафсири Табарӣ, 14/20/192−193.

[5]−Руҷўъ шавад ба Таҳзиб, 1/394.

[6]−Тафвиз дар луғат ба маънои вогузорӣ аст ва манзур аз он дар ин ҷо ин аст, ки бояд ба ҳамаи сифатҳое, ки дар китоб ва суннат ворид шуда аст, ба ҳамон сурате, ки ворид шуда аст бе ҳеҷ таъвил ва тафсире имон дошта, вале кайфият ва тафсири онро ба Худо вогузор намоем.

[7]−”Ал−ҳовӣ”−и Имом Суютӣ, 2/294.

Бахш: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Просмотров: 960 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 2.0/1 |
Всего комментариев: 1
04.10.2009
1. umar [Материал]
АСАЛОМУ АЛАЙКУМ ВАРАХМАТУЛЛАХ БАРОДАРО. ХЕЧГОХ ДАР БОРАИ БАРОДАРОНАТАТОН ГУМОНИ БАД НАКНЕН ОЁ НАМЕДОНЕД ПАЁМАБАР ДАР ИНБОРА ЧИ МЕГУЯД ГУМОН БАД АЗ ДУРУГ БАДТАР АСТ ШУМО ДУШМАНИ ХУДА НАШИНОХТА БАРОДАРОИ АХЛИ САЛАФА БАДБИНИ НАКНЕН БАЧОИ ОНКИ ОНХОРО ХАМ ДАРДИ КУНЕН КИ ОНХО ДАР ИНТИХОНИ АЛЛОХ КАРОР ДОРАНД БАР АКС БЕ ИЛМ БАХОТИРИ ДУНЁ ШУДА БА ОНХО САНГ МЕЗАНЕД ДОНЕД КИ АЗОБИ САХТ ОМАДАНИЯАЙ ОЁ БАРОИ ШУМО ХАМОН ХУБ АСТ КИ САХОБАИ ПАЁМБАРИ ХУДОРО ЛАЪНАТ КУНАД Ё ОН КИ ОНХОРО ДУСТ ДОРАД ЭЙ БАРОДАРО ФИЬНА АЗ КАФО МЕОЯД ХОЗИ БАРОДАРОИ ШИАЯТОН БИОЯН ВАКТЕ КИ ДАР РУИ ШУМО АБУБАКРРО ЛАЪНАТ КУНАНД БАЪД МЕФАХМИ ОЁ АБУХАНИФА ШИАХОРО БАРОДАР МЕГУФТ НА ОНХОРО ШАЙТОНИ ТОК МЕГУФТ ) БАЪД ШАХСИЯТИ АБДУЛХАВОБ ЯКЕ АЗ ДУСТОНИ АЛЛОХ БУД КИ РЕШАИ ШТРКУ БИДЪАТА НОБУД СОХТ ВА ТАВХИДА ЗИНДА ГАРДОНИД ОЁ БАИН ДУСТИ ХУДО ТАЪНА МЕКУНЕД АЗ ХУДО ТАРСЕД ЧУН КИ АЛЛОХ ДАР ХАДИСИ КУТСИ МЕФАРМОЯД (ХАР КАСЕ БА ЯК ДУСТИ МАН ДУШМАНИ МЕКНАД ИАН БА У ЭЪЛОНИ ЧАНГ МЕКУНАМ ) ХАЙР ХАМИР КАДАР ГУФТАМ БАРОИ ОДАМИ МЕФАХМИДАГИ БАС БУДАГИСТ. САЛАМУАЛАЙКУМ ВА РАХМАТУЛЛАХ

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz