Шанбе, 20.04.2024, 08:31
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Роҳҳои исботи вуҷуди Худо - Роҳи ақл
Роҳҳои исботи вуҷуди Худо - Роҳи ақл
07:07

Роҳи ақл (ё худ роҳи истидлол ва фалсафа)

Ин роҳ ҳарчанд душвортарини роҳҳост, аммо аз як назар комилтарини онҳост. Ҳар як аз роҳҳои сегона (қалбӣ, илмӣ ва ақлӣ) имтиёзҳои махсус ба худро доранд. Роҳи дил ва фитрат аз назари шахсӣ комилтарин роҳ аст, яъне барои ҳар фард беҳтар ва лаззатбахштар ва муассиртар ин аст, ки аз роҳи дил ба Худованд роҳ биёбад, вале шахсист, яъне наметавон онро ба сурати як илми қобили таълиму омўзиш, барои омма пешкаш кард. Ҳар касе, ки аз ин роҳ ба дунболи Худо меравад, худ бохабар мешавад, аммо наметавонад дигаронро он тавр ки худ хабардор шудааст бохабар кунад, ба хилофи илм ва фалсафа, ки аз тариқи таълиму омўзиш, тамоми дарёфтҳои афрод метавонад ба якдигар мунтақил гардад.

Қоидаҳо ва масоили фалсафиро метавон аз як назар ба қоидаҳо ва масоили риёзӣ (арифметика) ташбеҳ намуд. Чунон ки қоидаҳо ва формулаҳои арифметикӣ қобили таълиму омўзиш буда ва метавон онҳоро ба дигарон мунтақил сохт, қоидаҳо ва масоили фалсафӣ ҳам чунин мебошанд. Вале дарёфтҳои ирфонӣ (қалбӣ) фақат барои худи дарёфткунанда далел ҳастанд ва наметавон онҳоро ба дигарон мунтақил сохт.

Роҳи мутолеаи ҳиссӣ ва илмии хилқат (роҳи дуюм) аз назари содагӣ ва равшанӣ ва умумӣ будан беҳтарини роҳҳост. Аммо ин роҳ фақат моро ба манзили аввал мерасонад ва бас, яъне ҳамин қадр ба мо мефаҳмонад, ки табиат таҳти нерўи моварои табиист ва албатта барои шинохти Худо ин андоза кофӣ нест.

Тавзеҳ ин ки мутолеа дар осори хилқат, ҳадди аксар ин аст, ки моро ба вуҷуди қудрати огоҳ, доно, ҳаким ва тадбиркунандае, ки табиатро мегардонад ва идора мекунад мўътақид месозад, аммо оё он қудрат Худост ва худ зоида ва сохташудаи созандаи дигаре нест, улуми ҳиссӣ ва таҷрибаҳои табиии башар, аз нафй ва исботи ин матлаб оҷиз аст. Фаразан қувваи тадбиркунандаи олам худ сохташудаи созандаи дигаре бошад, дар ниҳояти амр бояд поён ёбад ба созандае, ки худ сохташуда нест ва ин худ истидлоли фалсафист, ки онро бояд исбот намояд ё нафй кунад. Мутолеаи табиат қодир ба ҷавобгўӣ ба ин пурсиш нест.

Худошиносӣ ва масоили марбут ба он, танҳо аз тариқи ақл ва фалсафа аст, ки ба сурати як илм монанди равоншиносӣ, гиёҳшиносӣ ва ғайра медарояд. Чӣ қадр иштибоҳ аст, ки мегўянд роҳи мутолеа дар хилқат, моро аз паймудани роҳҳои душвор ва пурпечу хами фалсафӣ бениёз мекунад. Ва барои ин ки сухани худро маъқул ҷилва диҳанд, мегўянд Қуръони Карим ҳам фақат аз роҳи ташвиқ ба мутолеаи махлуқот мардумро ба худошиносӣ даъват кардааст, ғофил аз ин ки Қуръони Карим мутолеа дар осори хилқатро ба унвони яке аз роҳҳо муаррифӣ кардааст ва онро барои оммаи мардум беҳтарин васила барои ин ки бифаҳманд ва бидонанд қудрати огоҳ ва тадбиркунандае бар олам ҳукумат мекунад, донистааст. Аз назари оммаи мардум, ба воситаи кўтоҳии фаҳм, шак дар ин ки худи он қудрати тадбиркунанда чӣ ҳолате дорад, оё худ сохташуда аст ё нест, агар нест ў чӣ навъ мавҷудест, ки бо ҳамаи мавҷудоти дигар чунин тафовуте пайдо кардааст матраҳ нест. Вале ин ки фаҳми оммаи мардум ба масъалае нарасад, далел нест, ки чунин масъалае вуҷуд надорад. ҳангоме, ки ин масъала матраҳ шавад, ҷуз фалсафа ҷавобгўи он нахоҳад буд.

Мо фақат яке аз далелҳои фалсафии вуҷуди Худоро дар ин ҷо тарҳ хоҳем кард.

 

Худо, воқеъияти мутлақ ва мабдаи ҳастӣ

Чизҳое ки инсон аз роҳи ҳоссаҳои худ дарк мекунад, ки маҷмўи онҳоро ҷаҳон меномем, умуре ҳастанд, ки хусусиятҳои зерин аз онҳо ҷудоношуданист:

 

1. Маҳдудият:

Мавҷудоте, ки мо онҳоро эҳсос мекунем (мебинем, ё мешунавем, ё мебўем, ё мечашем, ё меламсем), “маҳдуд” ҳастанд, яъне ба як қитъа макони хоссе ва ба як фосилаи замонии хоссе ихтисос доранд (Масалан вуҷуди ин дарахт, макони хоссеро ишғол кардааст ва дар замони хоссе зиндагӣ мекунад) ва дар хориҷ аз он вуҷуд надоранд.

 

2. Тағйир:

Мавҷудоти ҷаҳон тағйирёбанда, таҳаввулшаванда ва нопойдоранд. Ҳеҷ мавҷуде дар ҷаҳони маҳсус (ҷаҳоне, ки ба эҳсоси мо медарояд) ба як ҳол боқӣ намемонад; ё дар ҳоли рушд ва такомул аст ва ё дар ҳоли фарсудагӣ ва поёнёбӣ.

 

3. Вобастагӣ:

Аз ҷумлаи хусусиятҳои ин мавҷудот, вобастагист. Ба ҳар мавҷуде, ки менигарем, онро “вобаста” меёбем, яъне вуҷудаш вобаста ба вуҷуди як ё чанд чизи дигар аст, ба тавре ки агар он мавҷудоти дигар набошанд, ин мавҷуд ҳам нахоҳад буд. Ҳаргоҳ дар матни воқеъияти ин мавҷудот диққат кунем, онҳоро ҳамроҳ бо “агар” ё “агарҳо”−и зиёде мебинем. (Масалан агар падару модари ман набуданд, агар ғизои мавриди ниёзи ман набуд, агар ҳавое, ки онро нафас мекашам набуд ва агар... ман вуҷуд намешудам). Дар миёни маҳсусот наметавонем мавҷудеро пайдо кунем, ки ба таври мутлақ (яъне раҳо аз қайди вуҷудоти дигар, ки буду набуди соири мавҷудот барояш яксон бошад) битавонад мавҷуд бошад.

 

4. Ниёзмандӣ:

Мавҷудоти маҳсус ва машҳуди мо ба далели вобастагӣ, ниёзманданд. Ниёзманд ба чӣ? Ба ҳамаи шароити бешуморе, ки ба он шароит вобаста ҳастанд. Ва ҳамчунин ҳар як аз он шароит низ ба навбати худ ниёзманд ба як силсила шароити дигар мебошад.

 

5. Нисбият:

Мавҷудоти маҳсус ва машҳуд, чӣ аз назари асли ҳастӣ (яъне аз назари вуҷуд доштанашон) ва чӣ аз назари камолоти ҳастӣ (сифатҳое, ки ба онҳо васф мешаванд), мавҷудоте нисбӣ мебошанд, яъне агар масалан онҳоро ба бузургӣ ва азамат, ё ба тавоноӣ ва қудрат ва ё ба ҷамол ва зебоӣ ва ё ба собиқа ва қидмат тавсиф кунем, аз ҷанбаи муқоиса бо чизҳои дигар аст, ҳатто ҳастӣ ва буди як чиз, нисбат ба ҳастӣ ва буди дигар “намуд” аст. Ҳар ҳастӣ, ҳар камол, ҳар доноӣ, ҳар зебоӣ, ҳар қудрат ва азамат ва ҳар ҷалолеро, ки дар назар бигирем, нисбат ба поинтар аз худ чунин аст. Аммо болотар аз он ҳам метавон фарз кард ва нисбат ба он болотар, ҳамаи ин сифатҳо табдил ба зидди худ мешавад, яъне нисбат ба болотар, буд ба намуд, камол ба нақс, доноӣ ба ҷаҳл, ҷамол ба зиштӣ ва азамат ба ночизӣ табдил мешавад.

 

Натиҷа:

Ҳоло, бо таваҷҷўҳ ба он чи гуфта шуд, гўем: Нерўи ақл ва андешаи инсон, ки бар хилофи ҳоссаҳо, танҳо ба зоҳири чизҳо қаноат намекунад ва шуои хешро то даруни саропардаи ҳастӣ нуфуз медиҳад, ҳукм мекунад, ки ҳастӣ наметавонад фақат маҳдуд ба ин умури тағйирёбанда, нисбӣ, вобаста ва ниёзманд буда бошад.

Ин саропардаи ҳастӣ, ки дар муқобили хеш мебинем, дар маҷмўъ, такя бар хештан дорад (яъне чунин нест, ки маҷмўи ҳастӣ иборат аз мавҷудоти маҳдуд, тағйирёбанда, нисбӣ, вобаста ва ниёзманд бошад). Ночор ҳақиқати номаҳдуд, пойдор, мутлақ, ғайри вобаста ва бениёз, ки такягоҳи ҳамаи ҳастиҳо мебошад ва дар ҳамаи шароит ва ҳамаи замонҳо ҳузур дорад мавҷуд аст, вагарна саропардаи ҳастӣ наметавонист рўи пои худ биистад, яъне асосан саропардаи ҳастӣ дар кор набуд, балки адам ва нестии маҳз дар кор буд.

 

Ишороти Қуръон ба далели ёдшуда

Қуръони Карим Худовандро бо сифатҳое аз қабили “қайюм” (яъне такягоҳ ва нигаҳдорандаи ҳамаи чизҳои маҳдуди нисбӣ), “ғанӣ” (яъне бениёзи мутлақ) ва “самад” (пур ва комил) ёд мекунад ва ба ин васила ёдоварӣ мекунад, ки саропардаи ҳастӣ ниёзманд ва такя бар як ҳақиқат дорад. Он ҳақиқат, такягоҳ ва нигаҳдорандаи ҳамаи чизҳои маҳдуди нисбӣ ва вобаста аст. Ў бениёз аст, зеро ҳама чизи дигар ниёзманд аст. Ў “пур” ва комил (самад) аст, зеро ҳама чизи дигар ғайр аз ў, аз дарун холист ва ниёзманд ба ҳақиқатест, ки даруни ўро аз ҳастӣ “пур” кунад.
 Қуръони Карим мавҷудоти маҳсус ва машҳудро “оятҳо” (нишонаҳо) меномад, яъне ҳар мавҷуде ба навбати худ нишонае аз ҳастии номаҳдуд ва аз илм, қудрат, ҳаёт ва машиати илоҳӣ мебошад. Аз назари Қуръони Маҷид саросари табиат монанди китобест, ки аз тарафи муаллифи доно ва ҳакиме таълиф шудааст ва ҳар сатр, балки ҳар калимааш нишонае аз доноӣ ва ҳикмати бепоёни муаллифи худ дорад. Аз назари Қуръон ҳар андоза башар бо нерўи илм ба шинохти чизҳо ноил гардад, беш аз пеш ба осори қудрат, ҳикмат, иноят ва раҳмати илоҳӣ огоҳ мегардад.

 

Бахш: Худошиносӣ | Просмотров: 1176 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 4.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz