Чоршанбе, 24.04.2024, 11:42
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 20 » Вазифаи мусулмон дар ақоид
Вазифаи мусулмон дар ақоид
03:44

Савол: Вазифаи мусулмон дар ақоид чист ва чигуна бояд онҳоро ҳосил намояд? Оё метавонад дар ақоид аз сухани касе пайравӣ намояд, ё ин ки бояд худаш онро ба даст оварад?

Ҷавоб: Ислом дар ақоид (усули дин) тақлид ва пайравии чашмбаста аз дигаронро кофӣ намедонад, балки лозим медонад, ки ҳар касе бояд худаш мустақилона он ақоидро ба даст оварад.

Далел бар ин матлаб аз Қуръони Карим он аст, ки Худованди Мутаол касонеро, ки далели пойбандӣ ба ақоиди худро, пайравӣ аз падарону бобоёнашон донистаанд сарзаниш ва мазаммат карда ва меъёри қабули ақидаеро ақли инсонӣ муаррифӣ мекунад:

 

وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ اتَّبِعُوا مَا أَنزَلَ اللّهُ قَالُواْ بَلْ نَتَّبِعُ مَا أَلْفَيْنَا عَلَيْهِ آبَاءنَا أَوَلَوْ كَانَ آبَاؤُهُمْ لاَ يَعْقِلُونَ شَيْئاً وَلاَ يَهْتَدُونَ.

 

“Ва онгоҳ ки ба онҳо гуфта шуд, ки аз он чи Худо нозил карда аст пайравӣ кунед, гуфтанд: “Аз он (ақидае) ки падарони худро бар он ёфтаем пайравӣ мекунем”. (Онгоҳ Худо мефармояд:) “Оё (боз ҳам аз падарони худ пайравӣ мекунанд) гарчӣ падаронашон чизе бо ақли худ намефаҳмиданд ва роҳ ёфта набуданд?” (Сураи Бақара, ояти 170).

Ва дар ояти дигаре чунин омада аст, ки вақте ситамкорон ба паёмбари замонашон − онгоҳ ки эшонро ба оини ростин даъват кард − посух доданд, ки мо аз оини падарони худ пайравӣ мекунем, паёмбар онҳоро мазаммат карда ва эшонро дар таъйини оини дуруст аз нодуруст, ба ақлашон ҳавола намуд:

 

وَكَذَلِكَ مَا أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ فِي قَرْيَةٍ مِّن نَّذِيرٍ إِلَّا قَالَ مُتْرَفُوهَا إِنَّا وَجَدْنَا آبَاءنَا عَلَى أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَى آثَارِهِم مُّقْتَدُونَ. قَالَ أَوَلَوْ جِئْتُكُم بِأَهْدَى مِمَّا وَجَدتُّمْ عَلَيْهِ آبَاءكُمْ ...

 

“Ва ҳамчунин қабл аз ту (эй Муҳаммад!) дар ҳеҷ қаряе бимдиҳандае (паёмбаре) нафиристодем, магар он ки ситамкорони он қаря гуфтанд: “Мо падарони худро бар оине ёфтем ва мо пайравони роҳи ононем”. (Паёмбар) гуфт: “Оё ман оине ҳидояткунандатар аз он чи падарони худро бар он ёфтед наовардам?” (Сураи Зухруф, оятҳои 23 ва 24).

Хеле равшан аст, ки паёмбар дар таъйини оини ростин аз ғайри он, ақли эшонро ҳоким қарор дода аст, яъне мегўяд шумо ба ақли худ муроҷеа карда ва аз ў пурсед, ки кадом як аз ин ду оин дуруст аст ва кадоме нодуруст: оине, ки ман ба сўи он даъват мекунам, ё оине, ки падаронатон доштанд.

Дар ҷои дигар Қуръон касонеро, ки ба суханони мухталиф гўш супурда ва онгоҳ беҳтарини онро бармегузинанд, бандагони ҳидоятшудаи Худо ва соҳибхирадон муаррифӣ карда аст:

 

فَبَشِّرْ عِبَادِ الَّذِينَ يَسْتَمِعُونَ الْقَوْلَ فَيَتَّبِعُونَ أَحْسَنَهُ أُوْلَئِكَ الَّذِينَ هَدَاهُمُ اللَّهُ وَأُوْلَئِكَ هُمْ أُوْلُوا الْأَلْبَابِ.

 

“Мужда деҳ он бандагони маро, ки ба суханон гўш месупуранд ва онгоҳ беҳтарин ва некўтарини онро бармегузинанд. Онҳо касоне ҳастанд, ки Худо ҳидояташон карда аст ва онҳоянд соҳибхирадон”. (Сураи Зумар, оятҳои 17 ва 18).

Аз оятҳои ёдшуда ин нукта ҳам ба даст меояд, ки Худованд ақлро ба унвони як ҳуҷҷат муаррифӣ карда аст. Зеро агар ақл ҳуҷҷат намебуд, маъно надошт, ки мардумро дар таъйини дуруст аз нодуруст, ба ақлашон ҳавола созад. Илова бар ин, Қуръон кофиронро ба гунгҳо, карҳо ва кўрҳое, ки ақли худро ба кор намегиранд мураррифӣ карда аст:

 

وَمَثَلُ الَّذِينَ كَفَرُواْ كَمَثَلِ الَّذِي يَنْعِقُ بِمَا لاَ يَسْمَعُ إِلاَّ دُعَاء وَنِدَاء صُمٌّ بُكْمٌ عُمْيٌ فَهُمْ لاَ يَعْقِلُونَ.

 

“Ва мисоли кофирон чун мисоли касе аст, ки ба чизе бонг мезанад, ки намешунавад, магар бонге ва овое. (Онҳо) карҳо, гунгҳо ва кўронанд ва ақли худ ба кор намегиранд”. (Сураи Бақара, ояти 171).

Дар ҷои дигар касонеро, ки ақли худ ба кор намегиранд, бадтарин чорпоён муаррифӣ мекунад:

 

إِنَّ شَرَّ الدَّوَابِّ عِندَ اللّهِ الصُّمُّ الْبُكْمُ الَّذِينَ لاَ يَعْقِلُونَ.

 

“Ҳамоно бадтарини чорпоён дар назди Худо карҳо ва гунгҳое ҳастанд, ки ақли хеш ба кор намегиранд”. (Сураи Анфол, ояти 22).

Бо ин ҳол тааҷҷубовар аст, ки касоне ёфт мешаванд (ва иддао ҳам доранд, ки пайрави “салаф” мебошанд) ки ҳуҷҷат будани ақл дар Исломро рад карда ва барои ақл ҳеҷ ҷойгоҳе қоил нестанд.
Пас, натиҷа ин шуд, ки мо ба унвони мусулмон вазифа дорем, ки ақоидро худ ба даст оварем ва дар он, пайравӣ ва тақлид аз дигарон ҷоиз намебошад. Яъне дар масоиле чун эътиқод ба Худо, эътиқод ба зарурати фиристода шудани паёмбарон аз сўи Худо барои ҳидояти башар, эътиқод ба рўзи охират ва монанди инҳо худамон бо ақли худододӣ ва бо такя бар Қуръону суннат (ки ҳаққонияти ин ду ҳам ба воситаи ақл бароямон собит шуда аст) таҳқиқу баррасӣ намоем.
Бахш: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Просмотров: 817 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz