Душанбе, 12.04.2021, 03:13
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 20 » Масҳ бар масҳӣ
Масҳ бар масҳӣ
03:36

Гуфт: Касоне, ки бар пойҳояшон мӯза ва ё масҳӣ мепӯшанд, онҳо дар вузӯ чӣ кор мекунанд? Оё дар ҳангоми вузӯ бояд мӯза ва ё масҳияшонро аз по бароварда онро бишӯянд?

Гуфтам: На, чунин нест, балки метавонанд бар болои мӯза ва ё масҳияшон масҳ бикашанд.

Гуфт: Масҳ кашидан чӣ гуна анҷом дода мешавад?

Гуфтам: Аввал бояд ангуштони худро бо об тар намуда, сипас ба миқдори се ангушт бар мӯза ва ё масҳии худ аз ҷое, ки сари ангуштони по дар он қарор дорад, то поинтар аз соқ масҳ кашанд.

Аммо инро ҳам бидон, ки шахсе, ки муқим аст (яъне шахсе, ки мусофир нест, балки дар шаҳри худаш аст ва ё дар дигар шаҳр бошад ҳам, нияти иқомат дар он ҷо кардааст), фақат то як шабонарӯз метавонад бар мӯза ва ё масҳии худ масҳ бикашад. Лекин шахси мусофир то се шабонарӯз иҷозат дорад бар он масҳ намояд.

Инро ҳам бидон, ки масҳ бар он чи ки бо он захм баста мешавад низ ҷоиз аст, ҳарчанд дар ҳоли бевузӯӣ баста шуда бошад.

Бидон, ки масҳ, бо берун овардани мӯза ва ё масҳӣ, аз байн меравад. Агар дар ҳоли вузӯ доштан мӯзаашро аз по берун оварад, шарт нест, ки вузӯро аз сар гирад, балки кофист танҳо пойҳояшро бишӯяд.

Гуфт: Оё масҳ бар ҷавраб ҳам ҷоиз аст?
Гуфтам: Бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, фақат мӯза ва ё масҳиро барои масҳ кашидан зикр кардаанд. Аммо агар касе аз мазҳабе тақлид кунад, ки дар он мазҳаб масҳ бар ҷаврабро ҷоиз бидонанд, боке надорад, ки бар ҷавраб ҳам масҳ кашад.
Бахш: Омӯзиши намоз | Просмотров: 946 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2021
Бесплатный хостинг uCoz