Ҷумъа, 26.04.2024, 02:18
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Оё тавҳиди мавриди назари Ислом, фақат дар тавҳиди ибодӣ маҳдуд аст?
Оё тавҳиди мавриди назари Ислом, фақат дар тавҳиди ибодӣ маҳдуд аст?
19:40
Оё тавҳиди мавриди назари Ислом,
фақат дар тавҳиди ибодӣ маҳдуд аст?

Ҳамон тавре ки дар оғози баҳс ишора шуд, Ибни Абдулваҳҳоб ширки мушрикони арабро танҳо дар адами эътиқод ба тавҳид дар ибодат (ва ё тавҳиди улуҳият) маҳдуд мекунад ва иддао дорад, ки мушрикони араб фақат гирифтори ширк дар ибодат буданд. Ба ҳамин ҷиҳат ҳам, лафзи “илоҳ” дар Ло илоҳа иллаллоҳ ба назари ў, танҳо ба маънои “маъбуд” аст.

Вале бар хилофи иддаои ў, мушрикони араб танҳо гирифтори ширк дар ибодат набуданд ва ба таъбири дигар: “илоҳ” дар ҳама ҷо ба маънои “маъбуд” нест, балки гоҳ ба маънои “холиқ” аст. Қуръони Карим мефармояд:

أَمِ اتَّخَذُوا آلِهَةً مِّنَ الْأَرْضِ هُمْ يُنشِرُونَ. لَوْ كَانَ فِيهِمَا آلِهَةٌ إِلَّا اللَّهُ لَفَسَدَتَا فَسُبْحَانَ اللَّهِ رَبِّ الْعَرْشِ عَمَّا يَصِفُونَ.

Оё онҳо (мушрикон) илоҳҳое аз замин баргузиданд, ки (халқ мекунанд ва) мунташир месозанд? Агар дар осмон ва замин ҷуз Аллоҳ илоҳҳои дигаре буд, (осмону замин) ба ҳам мехўрд. Муназзаҳ аст Аллоҳ Парвардигори Арш аз васфе, ки онҳо мекунанд.[1]

Дар ин ду оят ба равшанӣ “олиҳа” (ки ҷамъи “илоҳ” аст) ба маънои “холиқ” аст ва сухан дар ин ду оят дар бораи тавҳид дар холиқият аст, на тавҳид дар ибодат.

Дар ояти дигаре, ҳамин маъно бо равшании бештаре дида мешавад:

مَا اتَّخَذَ اللَّهُ مِن وَلَدٍ وَمَا كَانَ مَعَهُ مِنْ إِلَهٍ إِذًا لَّذَهَبَ كُلُّ إِلَهٍ بِمَا خَلَقَ وَلَعَلَا بَعْضُهُمْ عَلَى بَعْضٍ سُبْحَانَ اللَّهِ عَمَّا يَصِفُونَ. عَالِمِ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ فَتَعَالَى عَمَّا يُشْرِكُونَ.

Худо ҳаргиз фарзанде барои худ нагирифта ва илоҳи дигаре бо Ӯ нест, ки агар чунин мешуд, ҳар як аз илоҳ махлуқоти худро тадбир ва ирода мекарданд ва баъзе бар баъзеи дигар бартарӣ меҷустанд (ва ҷаҳони ҳастӣ ба табоҳӣ мекашид). Муназзаҳ аст Аллоҳ аз он чи онон васф мекунанд. Ӯ донои ниҳон ва ошкор аст. Пас бартар аст аз он чи барои Ӯ ҳамто қарор медиҳанд.[2]

Дар ин ду оят вуҷуди холиқ ва офаридгори дигаре ҷуз Худованди ягона нафй шуда (он ҳам бо лафзи “илоҳ”), ки агар холиқи дигаре ғайр аз Ӯ буд, назми ҷаҳон ба ҳам мехўрд. Ин ду оят эътиқоди мушрикони арабро ба тааддуди холиқ равшан месозад, чун мефармояд: “Худо бартар аст аз он чи барои Ӯ ҳамто қарор медиҳанд”.

Ба ин тартиб, маҳдуд сохтани даъвати Ислом ба тавҳид дар ибодат ва таваҷҷўҳ накардан ба шохаҳои дигари тавҳид, иштибоҳи бузург ва мухолифи оятҳои қуръонист.

Ҳамчунин аз оятҳои дигаре истифода мешавад, ки ҷамъе аз мушрикон эътиқод ба рубубияти бутҳо, яъне таъсиргузорӣ дар сарнавишти худ доштанд. Ба унвони мисол, мушрикони замони Ҳуд мегуфтанд:

إِن نَّقُولُ إِلاَّ اعْتَرَاكَ بَعْضُ آلِهَتِنَا بِسُوَءٍ قَالَ إِنِّي أُشْهِدُ اللّهِ وَاشْهَدُواْ أَنِّي بَرِيءٌ مِّمَّا تُشْرِكُونَ.

Мо (дар бораи ту) фақат мегўем: Баъзе аз илоҳҳои мо ба ту зиён расонда (ва ақлатро рабуда). Ҳуд гуфт: Ман Худоро ба шаҳодат металабам, шумо низ гувоҳ бошед, ки ман безорам аз он чи шарики (Худо) қарор медиҳед.[3]

Онҳо чунин мепиндоштанд, ки бутҳо гоҳ хашм мегиранд ва зиён мерасонанд ва гоҳ хушнуд мешаванд ва баракат медиҳанд, яъне бутпарастон бутҳоро дар сарнавишти худ таъсиргузор медонистанд ва навъе рубубият барои онҳо қоил буданд ва ин ақидаи гурўҳи зиёде буд.

Натиҷа ин ки “илоҳ” фақат ба маънои “маъбуд” нест, балки гоҳ ба маънои “холиқ” ва гоҳ ба маънои “раб” (Парвардигор) истеъмол мешавад ва мушрикон фақат дар ибодат гирифтори ширк набуданд, балки дар амри холиқият ва рубубият низ мушрик буданд.

Албатта равшан аст, ки мо мункири истеъмоли “илоҳ” ба маънои “маъбуд” дар Қуръон нестем, балки мўътақид ҳастем истеъмоли лафзи “илоҳ” ба маънои “маъбуд” дар Қуръон, беш аз истеъмоли он ба маънои “холиқ” ва ё “раб” дар Қуръон аст. Сухани мо танҳо ин аст, ки корбурди ин лафз ‒ ҳамон тавр ки Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб иддао мекунад ‒ маҳдуд дар маънои “маъбуд” нест.

 

Таъини маҳалли хилоф

Лозим аст ёдовар шавем, ки ихтилофи мухолифони салафият бо онҳо бар сари ин нест, ки мухолифон, мункири тавҳид дар ибодат бошанд. Яъне чунин нест, ки мухолифон мўътақид бошанд, ки ғайри Худо метавонад мавриди ибодат ва парастиш қарор бигирад. Ҳар касе чунин эътиқоде дошта бошад, бешак аз доираи тавҳид ва Ислом хориҷ мешавад. Тавҳид дар ибодат чизе нест, ки фақат гурўҳи хоссе (мисли салафиҳо) онро ба худ ихтисос диҳанд, балки тамоми яктопарастон, хусусан мусулмонон дар ин маврид назари воҳиде доранд. Ҳар кӣ, чи мусулмон ва чи ғайри мусулмон, ғайри Худоро ибодат кунад, бешак мушрик аст. Дар ин матлаб ҳеҷ шакке нест.

Ҳамчунин мункири ин ҳақиқат ҳам нестанд, ки баъзе аз мушрикони замони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба хотири ибодати бутҳо ва парастиши муҷассамаҳое аз гузаштагони солеҳашон, мушрик дониста шудаанд. Дар ин ҳақиқат ҳам ҳеҷ шакке нест.

Сухани мухолифон танҳо дар ин аст, ки Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ва пайравонаш, ба чӣ далел порае аз аъмоли мусулмононро (аз қабили нидо ва хондани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва авлиёи Худо, тавассул ба онҳо, талаби шафоат аз онон дар пешгоҳи Худо ва ғайраро) ибодат ва парастиши ғайри Худо ва дар натиҷа ширк дар ибодати Худо дониста ва ҳамаи онҳоро мулҳақ ба мушрикон сохта ва рехтани хуни онҳоро, ба унвони мушрик ва кофир, мубоҳ қарор медиҳанд?

Ба баёни возеҳтар: Салафиҳо мегўянд, ки як силсила аъмоле ҳаст мисли нидо (хондан), талаби шафоат, истиғоса (кўмак хостан), назр ва ғайра, ки ҳамагӣ аз мисдоқҳои “ибодат” ба шумор меоянд. Аз он ҷо ки ибодат ҷуз барои Худои ягона анҷом намегирад, он аъмол низ набояд ҷуз аз барои Худои ягона анҷом дода шаванд.

Ин ҷост, ки мухолифон мегўянд: Шумо (салафиҳо) аз куҷо мегўед, ки ин аъмол ибодат ва парастиши ғайри Худо ҳастанд? Нидо ва хондани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба ин ки масалан бигўем: Ё Муҳаммад! Ё ин ки аз он ҷаноб (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) талаби шафоат кунем, ё кўмак бихоҳем, чаро ибодат ва парастиши ғайри Худо бошад, то тўҳмати ширк бар мо занед ва рехтани хуну молҳоямонро мубоҳ донед?
Акнун бояд дид, оё воқеан чунин аъмоле ибодати ғайри Худо ба шумор меравад ва анҷомдиҳандагони он мушрик хоҳанд буд? Назари Қуръон, суннат ва бузургони дини Ислом дар ин замина чист? Бояд мафҳуми “ибодат” ва ҳамчунин мафҳуми “дуо” аз назари Ислом ба диққат мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирад.


[1] ‒ Сураи Анбиё, оятҳои 21 ва 22.

[2] ‒ Сураи Мўъминун, оятҳои 91 ва 92.

[3] ‒ Сураи Ҳуд, ояти 54.

Бахш: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Просмотров: 811 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz