Панҷшанбе, 25.04.2024, 03:37
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Тавҳид ва ширк дар луғат ва истилоҳ (2)
Тавҳид ва ширк дар луғат ва истилоҳ (2)
19:38

3. Тавҳид дар холиқият:

Тавҳид дар холиқият ва ё тавҳид дар офариниш ин аст, ки холиқ ва офаридгори тамоми ҳастиро танҳо Худо бидонем. Албатта вуҷуди асбоб ва авомил дар ин ҷаҳони паҳновар, ки дар ҳамдигар таъсир мегузоранд, шакбардор нест, вале тамоми ин асбоб ва авомил ба Худованд бастагӣ дорад ва тамоми ин таъсиру таъсирпазириҳо аз Худованд сарчашма мегиранд ва бидуни ирода ва иҷозати Ӯ ҳеҷ чиз вуҷуд намеёбад. Агар оташ месўзонад, агар дарахт мева медиҳад, агар ҳайвон ва ё инсон ҳаракат мекунанд, ҳама ба ирода ва иҷозати Худованд анҷом мегиранд. Худованди Мутаол мефармояд:

Ӯст холиқ ва офаридгори ҳама чиз...”[1]

Яъне ҳар чизе холиқаш Худованд аст, ҳатто ҳамин ҳаракоте, ки мо анҷом медиҳем, ин ҳам холиқ ва падидоварандааш Худост. Ҳарчанд мо ин ҳаракотро бо иродаи худ анҷом медиҳем, вале ҳам асли вуҷуди мо аз Ӯст ва ҳам ирода ва асаре, ки аз мо сар мезанад аз Ӯст. Ҳастибахши ҳар чизе Ӯст ва ба вуҷуд оварандаи ҳар падидае Ӯст.

Дар баробари ин қисм аз тавҳид, ки тавҳид дар холиқият аст, ширк дар холиқият мебошад. Агар касе мўътақид бошад, ки дар ин олами ҳастӣ, ба ғайр аз Худо як фоили мустақили дигаре вуҷуд дорад, ки дар ҳастӣ ва кори худ ҳеҷ ниёзе ба Худо надорад, ин ширк дар холиқият мешавад, яъне барои Худо дар холиқият шарик қоил шудааст.

Ҷамии мусулмонон дар ин маврид, яъне дар тавҳид дар холиқият иттифоқ доранд ва ҳеҷ мусулмоне ёфт намешавад, ки мўътақид бошад, ки ба ғайр аз Худо дар ин олам як фоили мустақили дигаре вуҷуд дорад. Ҳатто баъзе аз мушрикони замони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) (на ҳамаашон) мўътақид ба тавҳид дар холиқият буданд. Худо мефармояд:

Агар аз онон (мушрикон) бипурсӣ, ки чӣ касе осмонҳо ва заминро офарид? Албатта мегўянд: Худованд офарид”.[2]

 

4. Тавҳид дар рубубият:

Барои як муваҳҳид ва яктопараст кофӣ нест фақат мўътақид ба тавҳид дар холиқият бошад, балки бояд дар тадбир ва рубубият низ Худоро ягона донад. Тадбир ва рубуият ба маънои идора ва гардонандагист ва тавҳид дар тадбир ва рубубият ба ин маъност, ки инсон тадбир ва идораи умури ҳастиро аз Худо бидонад. Дар баробари тавҳид дар рубубият, ширк дар рубубият қарор дорад. Ҳар кӣ мўътақид бошад, ки дар олами ҳастӣ ба ғайр аз Худо мудаббир ва гардонандаи мустақили дигаре ҳаст, ки бе ирода ва иҷозати Худо дар олам тасарруф мекунад, мушрик ба лиҳози тавҳид дар рубубият ба ҳисоб меравад.

Аксари мушрикон, ки мушрик дониста шуданд, на ба ин аст, ки мўътақид ба тавҳид дар холиқият набуданд, балки онҳо бо ин ки қоил ба тавҳид дар холиқият буданд (ва ояте ҳам, ки гузашт бар ин матлаб далолат мекунад) вале мегуфтанд, ки Худованд вақте олами ҳастиро офарид, худ канор рафта ва тадбир ва коргардонии онро ба малоика ва ё арвоҳи пок вогузор намудааст ва онон ҳастанд, ки дунёро идора мекунанд.[3] Бутпарастон, ки ҳамакнун низ дар гўша ва канори дунё ёфт мешаванд, на ин аст, ки мўътақид бошанд холиқе ба ғайр аз Худо вуҷуд дорад ва ё бутони худро офаридгор донанд, балки онҳо мўътақиданд, ки мо ба ин лиҳоз бутони худро мепарастем, ки Худо тадбиру идораи олами ҳастиро ба дасти онҳо вогузошта. Аз ин рў дар Қуръони Карим дар бораи тавҳид дар рубубият оятҳои зиёде ворид шуда, чунон ки мефармояд:

أَأَرْبَابٌ مُّتَفَرِّقُونَ خَيْرٌ أَمِ اللّهُ الْوَاحِدُ الْقَهَّارُ.

Оё раббҳо ва тадбиркунандагони пароканда беҳтар аст, ё Худованди ягонаи қаҳҳор?[4]

Албатта қаблан низ дар баҳси тавҳид дар холиқият ишора гардид, ки мумкин аст баъзе аз умур дар дунё дар якдигар таъсир дошта бошанд ва баъзе аз умур ба воситаи баъзеи дигар анҷом гиранд, аммо бояд гуфт, ки инҳо дар таъсир ва тасарруф мустақил нестанд, балки ҳамагӣ ба ирода ва иҷозати Худо анҷом мегиранд. Яъне ин Худо аст, ки ирода кардааст баъзе аз ашё дар баъзеи дигар таъсиргузор бошанд ва ё баъзе дар баъзеи дигар тасарруф намоянд. Аз ин рўст, ки Қуръони Карим баъзе аз корҳоро дар айни ин ки ба Худо нисбат медиҳад, ба баъзе аз махлуқоти худ низ нисбат медиҳад. Масалан дар як оят мирондани ҷонҳоро ба худ нисбат дода мегўяд:

اللَّهُ يَتَوَفَّى الْأَنفُسَ حِينَ مَوْتِهَا...

Ин Худо аст, ки ҷонҳоро ҳангоми марг меситонад...[5]

Вале дар ҷои дигар ҳамин корро ба фариштагони марг нисбат медиҳад:

 ... حَتَّىَ إِذَا جَاء أَحَدَكُمُ الْمَوْتُ تَوَفَّتْهُ رُسُلُنَا ...

Вақте яке аз шуморо марг фаро мерасад, фиристодагони мо ҷонашро меситонанд...[6]

Ҳаргоҳ кореро Худованд дар ҷое ба худ ва дар ҷои дигар ба дигарон нисбат диҳад, қоидаи куллӣ ин аст, ки он ҷо ки ба худ нисбат додааст, ба гунаи мустақил ва бидуни ниёз аст, вале он ҷо ки ба яке аз махлуқоти худ нисбат медиҳад, бо ирода ва иҷозати Ӯст.

 

5. Тавҳид дар ибодат:

Тавҳид дар ибодат он аст, ки ибодат бояд фақат барои Худо анҷом гирад. Тавҳид дар ибодат, аз муҳимтарин таълимоти осмонист, ки дар рисолати паёмбарон ба он таваҷҷўҳи хоссе шудааст ва ба унвони ҳадаф аз фиристодани паёмбарон аз он ёд шудааст:

وَمَا أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ مِن رَّسُولٍ إِلَّا نُوحِي إِلَيْهِ أَنَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنَا فَاعْبُدُونِ.

Мо пеш аз ту (эй Муҳаммад) ҳеҷ паёмбаре нафиристодем, магар ин ки ба ў ваҳй кардем, ки маъбуде ҷуз Ман нест, пас танҳо Маро парастиш кунед.[7]

قُلْ يَا أَهْلَ الْكِتَابِ تَعَالَوْاْ إِلَى كَلَمَةٍ سَوَاء بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمْ أَلاَّ نَعْبُدَ إِلاَّ اللّهَ وَلاَ نُشْرِكَ بِهِ شَيْئًا...

Бигў: Эй аҳли китоб! Биёед ба сўи сухане, ки миёни мо ва шумо яксон аст; ҷуз Худованди якто ва ягонаро напарастем ва чизеро ҳамтои Ӯ қарор надиҳем...[8]

Дар муқобили тавҳид дар ибодат, ширк дар ибодат қарор дорад. Ҳар кӣ ҷуз Худоро парастиш кунад, мушрик ба ҳисоб меравад. Мавзўи ширк дар ибодат беш аз ақсоми дигари ширк мавриди таваҷҷўҳи Қуръон қарор гирифтааст ва бештари оятҳои мубориза бо мушрикин марбут ба ҳамин қисм аз ширк аст.

Аз ин рўст, ки бар ин асл ҳамаи мусулмонон иттифоқ доранд ва ҳеҷ мусулмоне нест, ки мўътақид бошад касе ва ё чизе ба ғайр аз Худо метавонад мавриди ибодат ва парастиш қарор гирад.
Ин буд тавзеҳе ба гунаи мухтасар дар бораи тавҳид ва ширк ва ақсом ва маротиби онҳо. Албатта уламо барои тавҳид маротиби дигаре ҳам ёдовар мешаванд, мисли тавҳид дар ташреъ ва қонунгузорӣ, тавҳид дар истионат ва кўмак хостан, тавҳид дар ҳокимият, тавҳид дар итоат ва ғайра, ки ин ҷо дигар маҷоле барои ёдоварии яко‒яки онҳо нест ва барои ошноӣ бояд ба китобҳои каломӣ ва ақоидӣ муроҷиа шавад.


[1]‒ Сураи Анъом, ояти 102.

[2]‒ Сураи Луқмон, ояти 25.

[3] ‒ Албатта на ҳамаи мушрикон чунин буданд, зеро аз баъзе оятҳо истифода мешавад, ки мушриконе ҳам буданд, ки мўътақид ба тавҳид дар рубубият буданд. Масалан Худо мефармояд: “Бигў: Чӣ касе аз осмон ва замин шуморо ризқу рўзӣ медиҳад ва чӣ касе молики гўш ва чашмон аст ва чӣ касе зиндаро аз мурда ва мурдаро аз зинда берун меоварад ва чӣ касе тадбири амр мекунад? Он гоҳ онҳо (мушрикон) хоҳанд гуфт: Аллоҳ. Пас (ба онҳо) бигў: (Агар чунин аст) пас чаро парвои Ӯ надоред?..” (Сураи Юнус, ояти 31).

[4]‒ Сураи Юсуф, ояти 39.

[5]‒ Сураи Зумар, ояти 42.

[6]‒ Сураи Анъом, ояти 61.

[7]‒ Сураи Анбиё, ояти 25.

[8]‒ Сураи Оли Имрон, ояти 64.

Бахш: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Просмотров: 701 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz