Панҷшанбе, 18.04.2024, 05:34
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб » Шиори бозгашт ба ҳувияти аслӣ (1)
Шиори бозгашт ба ҳувияти аслӣ (1)
AkbarТаърих: Шанбе, 22.11.2008, 14:31 | Паём # 1
Сержант
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 25
Репутация: 0
Статус: Offline
Барои як нафар ислоҳгаро, ки мехоҳад ҷомеаро ислоҳ кунад, барои ислоҳ танҳо ташхиси дард дар ҷомеа кофӣ нест, бояд давое, ки мехоҳад бо он дардро муолиҷа кунад низ, худ давои солеҳе бошад, хусусан агар он дард, як дарди динӣ бошад. Дар мавриди Ибни Таймия ва Ибни Абдулваҳҳоб фарзро бар ин мегирем, ки ин ду шахсият, дар пайкараи ҷомеаи исломии он рўз, як силсила дардҳоеро ташхис доданд ва ҳамчунон ки худ мегўянд, ҷомеаашон ба як силсила ифроту тафритҳое дар дини Худо мубтало будааст.
Фарз кунед ташхисашон дуруст ва ба ҷо буд. Аммо ин кофӣ нест, бояд бубинем роҳи ҳалро чӣ донистанд? Тези ислоҳие, ки хостанд бо он ҷомеаи исломиро ислоҳ кунанд чӣ гуна аст?
Гуфтанд: Роҳи ҳал ин аст, ки ҷомеаи исломӣ бояд ба асли хеш, ба Исломи нахустин, ба сираи салафи солеҳ бозгардад. Мушкили ҷомеаи исломӣ дар ин аст, ки аз ин асл дур афтода ва ақоид ва аъмолаш бо чизҳои бегона олуда ва омехта шудааст.
Ин ташхис ҳам дуруст ва ба ҷост. Аслан ҳар ислоҳгарои динӣ, чи ислоҳгароёни воқеӣ амсоли Сайидҷамолу Иқбол ва чи муддаиёни ислоҳ амсоли мурҷиа, магар ҷуз инро мегуфтанд, ки бояд ҷомеаи исломӣ ба асли хеш, ба Исломи нахустин бозгардад? Магар мурҷиа, ки дар ниҳоят корашон ба тафрит анҷомид, чӣ мегуфтанд? Онҳо мегуфтанд: Мо бояд ба сираи шайхайн (Абўбакри Сиддиқ ва Умари Форуқ (разияллоҳу анҳумо)) бозгардем. Чун мусулмонон дар рўзгори шайхайн бо ҳам дар ухувват ва ҳамдилӣ, бе он ки яке дигареро ба куфру фисқ муттаҳам кунад мезистанд. Бояд басоти такфиру тафсиқи якдигарро барчинем.
Ин шиор, ки бояд мусулмон ба асли худ бозгардад ва басоти бидъатро барчинад, махсуси Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб нест. Шиори ҳар муддаии ислоҳ дар дин ‒ ҳар дине ‒ ҷуз ин намебошад.
Пас ин ҳам кофӣ нест ва набояд фиреби шиори холиро хўрд.
Балки муҳим он аст, ки бояд бубинем муддаии ислоҳи динӣ, аслро чӣ медонад? Ӯ аслро чӣ ташхис медиҳад? Оё худи ў қабл аз дигарон, дар ташхиси асл ба иштибоҳ роҳ надодааст? Дар ташхиси Исломи нахустин ва сираи салафи солеҳ, таҳти таъсири афкор ва ақоиди муайяне қарор нагирифтааст?
Хелеҳо буданд ва ҳастанд, ки бо ин ки шиори бозгашт ба ҳувияти аслӣ сар доданд ва медиҳанд, вале дар ташхиси асл, ба хато рафта ва мераванд. Дар бораи Мартин Лютер, ки парчамдори ислоҳи динӣ дар ҷаҳони масеҳият дар рўзгори реннесанс ба шумор меравад, нақл мекунанд, ки ў низ роҳи ҳалро дар баробари ифроти дастгоҳи калисо, бозгашт ба ҳувияти аслии дини Исои Масеҳ ташхис дода буд, аммо дар ташхиси ин ки ҳувияти аслии дини масеҳият чӣ мебошад, муртакиби хато ва иштибоҳ шуда ва ифроти калисоро, ба навъе тафрит ҷойгузин сохт. То он замон, ки масеҳият ба ду фирқаи бузурги католик ва ортодокс тақсим буд, баъд аз иқдоми Мартин Лютер, на ин ки он ду яке шуданд, балки як фирқаи дигаре ҳам ба номи протестант дар канори онҳо изофа шуд.
Ҳоло, бояд тези ислоҳии Ибни Таймия ва Ибни Абдулваҳҳобро аз ин дидгоҳ мавриди баррасӣ қарор бидиҳем.
 
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб » Шиори бозгашт ба ҳувияти аслӣ (1)
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz