Ваҳҳобиҳ ё худ ҳамон пайравони Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб шиаёнро на танҳо кофир, балки ҳар касеро ҳам, ки дар кофир будани шиаён шак кунад кофир ба ҳисоб меоваранд. Онҳо сабаби кофир донистани шиаёнро ин медонанд, ки шиаён ақоид ва аъмоле доранд, ки ҳар кӣ чунон ақоид ва рафтор дошта бошад, аз миллати исломӣ хориҷ хоҳад шуд. Муҳимтарини ин ақоид ба назари ваҳҳобиҳо аз инҳо иборат ҳастанд: 1. Шиаён мўътақид ба таҳрифи Қуръон ҳастанд;
2. Шиаён роҷеъ ба саҳоба дидгоҳи манфӣ доранд;
3. Шиаён мўътақид ба “тақия” мебошанд;
4. Шиаён мўътақид ба “никоҳи мутъа” ҳастанд.
Беҳтарин роҳи доварӣ ва қазоват дар ин замина он аст, ки бубинем худи уламо ва донишмандони шиа роҷеъ ба ин мавзўъҳо чӣ дидгоҳе доранд? Оё воқеан мўътақид ба таҳриф ва дигаргунӣ дар Қуръон мебошанд? Дидгоҳи онҳо дар бораи саҳоба чист? Дар бораи “тақия” чӣ мегўянд? Назарашон дар бораи “никоҳи мутъа” чӣ мебошад? Дар баҳсҳои оянда роҷеъ ба яко яки ин мавзӯъҳо баҳс мекунем.