Ҷумъа, 29.03.2024, 09:16
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Форум » Одоб ва ахлоқи исломӣ » Ахлоқи бад » Ғайбат
Ғайбат
istaravshaniТаърих: Панҷшанбе, 20.11.2008, 23:41 | Паём # 1
Admin
Гурӯҳ: Администраторы
Паёмҳо: 7
Репутация: 0
Статус: Offline
Яке аз офатҳои забони инсон ғайбат аст. Имом Ғазолӣ (раҳматуллоҳи алайҳи) дар маънои ғайбат мегӯяд: Ғайбат он аст, ки бародари динии худро ба сифате ёд кунӣ, ки агар ба гӯшаш бирасад, мояи нороҳатии вай гардад.
Шариат ғайбатро бадтарин гуноҳон медонад. Худои Таоло ғайбаткунандаро касе медонад, ки гӯшти ҷасади мурдаи он касеро, ки ғайбат мекунад мехӯрад:

وَلَا يَغْتَب بَّعْضُكُم بَعْضًا أَيُحِبُّ أَحَدُكُمْ أَن يَأْكُلَ لَحْمَ أَخِيهِ مَيْتًا

Баъзеи шумо баъзеи дигарро ғайбат накунад. Оё яке аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти ҷасади мурдаи бародарашро бихӯрад?
Ғайбат кардани касе, яъне номуси ӯро поймол кардан аст, ҳол он ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуда:

كُلُّ الْمُسْلِمِ عَلَى الْمُسْلِمِ حَرَامٌ دَمُهُ وَمَالُهُ وَعِرْضُهُ

Ҳар мусулмоне бар мусулмони дигар ҳурмат дорад: хунаш, молаш ва номусаш.
Яъне ҳеҷ мусулмоне ҳақ надорад хуни бародари мусулмони дигарашро бирезад, моли ӯро ба ноҳақ соҳибӣ кунад ва номусашро поймол созад. Зеро аз гуноҳони бузург аст ва оқибати анҷомдиҳандаи он ҷуз оташи ҷаҳаннам нест.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд:

إِيَّاكُمْ وَالْغِيْبَةَ فَإِنَّ الْغِيْبَةَ أَشَدُّ مِنَ الزِّنَى، فَإِنَّ الرَّجُلَ قَدْ يَزْنِي وَيَتُوبُ فَيَتُوبُ اللهَ سُبْحَانَهُ عَلَيْهِ وَإِنَّ صَاحِبَ الْغِيْبَةِ لا يُغْفَرُ لَهُ حَتَّى يَغْفِرَ لَهُ صَاحِبُهُ.

Барҳазар бошед аз ғайбат кардан, зеро ғайбат бадтар аз зиност. Чаро ки мард, ки зино мекунад, метавонад тавба кунад ва Худо тавбаашро бипазирад, аммо ғайбаткунанда то замоне ки он кас, ки ӯро ғайбат кардааст набахшад, Худо ӯро нахоҳад бахшид.
Бидон, ки ғайбат тамоми некиҳои туро, ки кардаӣ, дар як лаҳза аз байн мебарад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд:

مَا النَّارُ فِي الْيَبَسِ بِأَسْرَعَ مِنَ الْغِيْبَةِ فِي حَسَنَاتِ الْعَبْدِ

Суръати оташ дар нобуд кардани ҳезуми хушк, тезтар аз суръати ғайбат дар сӯзондани амалҳои неки банда намебошад.
Бидон, ки беҳтарин роҳи парҳез ва дурӣ кардан аз ғайбат, ин аст, ки худро ба айбҳои худат машғул кунӣ ва дар андешаи бартараф кардани он айбҳо бошӣ, он гоҳ дигар вақте бароят боқӣ намемонад, ки худро ба айбҳои дигарон машғул созӣ. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд:

طُوبَى لِمَنْ شَغَلَهُ عَيْبُهُ عَنْ عُيُوبِ النَّاسِ

Хушо ба ҳоли он кас, ки айбҳояш ӯро аз айбҳои дигарон андармон кунад.

 
SolehaТаърих: Якшанбе, 27.09.2009, 21:29 | Паём # 2
Рядовой
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 3
Репутация: 0
Статус: Offline
Бехтарин суханони воло!

Бояад аз Гайбад бипархезем хамеша.


Ислом ба зоти худ надорад, айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Паёмро виросторӣ кард Soleha - Якшанбе, 27.09.2009, 21:46
 
Форум » Одоб ва ахлоқи исломӣ » Ахлоқи бад » Ғайбат
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz