Ҷумъа, 29.03.2024, 17:28
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Бахшҳо
Мои статьи [6]
Аслӣ » Мақолаҳо » Мои статьи

Ифрот ва тафрит (3)

                 Ба фикри ислоҳ будан, дар ҳадди зот хуб аст

Дар баробари вазъи номатлуб ва ё ақоиди ифротӣ ё тафритии роиҷ дар ҷомеа, ба фикри ислоҳ баромадан, дар ҳадди зоти худ кори нописанде нест, балки аз назари Ислом як воҷиб ва вазифаи динӣ мебошад. Агар гузориши Ибни Асокир дар чигунагии пайдоиши мурҷиаро дуруст бидонем, аз ин назар иқдоме, ки мурҷиа дар оғоз мехостанд бардоранд, кори баде набуд. Мусулмонони боихлосе буданд ва тибқи он чи Ибни Асокир мегўяд, дар майдонҳои ҷиҳод машғули набард бо кофирон буданд. Дар он замонҳо чунин буд, ки вақте гурўҳе ба майдони набард мерафт, солҳо дар он ҷо мемонд ва ё аслан ба ватани аслии хеш барнамегашт, балки дар заминҳои фатҳшуда тавассути сипоҳи Ислом сукунат мегузид. Замоне ки ин гурўҳ ба майдони ҷиҳод рафта буданд, ё замони халифаи аввал буда ва ё халифаи дуюм ва ё ақаллан авоили хилофати халифаи сеюм. Дар муддати ин чанд сол хабаре ҳам надоштанд, ки дар маркази хилофат чӣ мегузарад. Васоили иртиботии он замон мисли имрўз набуд, ки ба роҳатӣ битавон дастрасӣ ба ахбор пайдо кард.

Ин ҷамоат баъд аз ин ҳама заҳмат, ки дар роҳи Худо кашида буданд, вақте бармегарданд ба Мадина, мебинанд аслан авзоъ дигаргун шуда ва мусулмонон бо ҳам дар низоу ҷанҷоланд. Яке мегўяд ин ҳақ аст ва дигаре мегўяд он ҳақ аст. Яке ба ин халифа лаън мефиристад ва дигаре ба он халифа. Ҷамоате ҳам пайдо шуда, ки ҷуз худаш яксара ҳамаро кофиру фосиқ медонад ва мўътақид аст, ки бояд ҳамаро аз теғи шамшер гузаронид. Бо як чунин вазъе мувоҷеҳ шуданд.

 

                       Эҳсоси дард, худ як неъмат аст

Ҳар мўъмин ва мусулмони бодарде вақте бо чунон вазъе, ки мурҷиа бо он мувоҷеҳ шуданд, рўбарў мешавад, қатъан ба фикри ислоҳ мебарояд ва аслан бояд ба андешаи ислоҳ барояд, ин як таклифи динист. Аслан эҳсоси дард доштан дар баробари як мушкили сиёсӣ ё иҷтимоӣ ва ё мушкили бархоста аз бадфаҳмии маорифи динӣ, худ як неъмати илоҳист, ки Худо чунин неъматеро барои ҳар касе намедиҳад. Ҳамон тавр ки эҳсоси дард дар баробари як беморие, ки дар ҷасади инсон пайдо мешавад, неъматест илоҳӣ, ҳамин тавр эҳсоси дард дар муқобили беморие, ки ба ҷасад ва пайкараи ҷомеа мерасад низ, худ неъмати илоҳӣ мебошад. Агар на ин буд, ки вақте ҷасади мо бо беморие мубтало мешавад, онро эҳсос карда ва дар натиҷа барои шифои он ба фикри даво биафтем, дар рўи замин инсоне боқӣ намемонд. Эҳсоси дард дар бадан инсонро водор мекунад, ки ба фикри даво биафтад.

Баъзеҳо ҳастанд, ки аслан барояшон мушкилоти ҷомеа муҳим нест. Муҳим барояшон фақат хўрдану хобидану сафо кардан аст. Дар баробари мушкилоти сиёсӣ ё иҷтимоӣ ҳеҷ дарде дар худ эҳсос намекунанд. Далел ҳам барои худ тарошидаанд. Мегўянд: “Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат шав”. Ин ҷамоате ҳам, ки дигаронро ташвиқ ба ҳамрангӣ ва ҳамоҳангӣ бо он мекунанд, мехоҳад ҳар ҷамоате бошад, ҳеҷ фарқе надорад. Ҳатто агар як ҷамоати динӣ ҳам бошад, мегўянд агар бихоҳӣ ҷойгоҳе дар ин ҷамоат дошта бошӣ, пас бояд гоҳ‒гоҳе ҳам ба масҷид биравӣ ва мисли онҳо рў ба қибла истода хаму рост шавӣ.

 

                Пас мушкили мурҷиа дар куҷо буд?

Гуфтем, ки мушкили мурҷиа дар ин ҷиҳат набуд, ки бо эҳсоси дард дар баробари бемории ифрот, ки дар он рўзгор баъзе аз мусулмонон ба он мубтало шуда буданд, ба фикри ислоҳ баромаданд. Пас мушкили онҳо дар чӣ буд, ки мегўем ақоидашон боиси ривоҷи фасод ва инҳитоти ахлоқ дар миёни ҷомеа гардид ва дар дини Худо ба тафрит роҳ доданд?

Ҳақиқат ин ки онҳо дардро хуб ташхис доданд, вале дар ташхиси даво иштибоҳ карданд, ки мусибати он агар нагўем бадтар, камтар аз бақои дард намебошад. Агар касе мубтало ба беморие шавад ва табиби бетаҷрибае барояш давоеро ташхис бидиҳад, ки аслан давои он дард нест, чи басо истеъмоли он даво барои мариз боиси нобудии ў шавад. Эй кош ин табиб чунин давое намедод, ки мунҷар ба ҳалокати бемор гардад. Агар истеъмол намекард ва мунтазири як табиби ҳозиқи дигаре мемонд, чи басо офият меёфт.

Вақте бо дарди ифрот мувоҷеҳ мешавӣ, давояш тафрит нест. Вақте мебинӣ дар ҷомеа бемории ифрот шуюъ пайдо кардааст, давояш ин нест, ки барои муолиҷаи он ба мардум давои тафритро тавсия кунӣ. Ин ки мебинӣ ҷамоате ҷамоати дигарро ба куфру фисқ нисбат медиҳанд, давояш ин нест, ки бигўӣ аслан мо кофиру фосиқ надорем ва яксара ҳама солеҳанд.

Аслан барои як нафар ислоҳгаро, ки мехоҳад ҷомеаро ислоҳ кунад, барои ислоҳ танҳо эҳсоси мушкилоти мавҷуд дар ҷомеа кофӣ нест, бояд барномае, ки мехоҳад ҷиҳати ислоҳ пиёда кунад низ, худ барномаи солеҳе бошад, хусусан агар он мушкилот, мушкилоти динӣ бошад. Дар соҳаҳои дигари зиндагӣ, шояд иштибоҳ дар ташхиси барнома, ҷубронпазир бошад, вале дар маҷоли дин аслан ҷубронпазир нест.

Ислоҳгароёни сиёсӣ ва ё иҷтимоӣ ва ё иқтисодӣ, агар дар ташхиси барномаи ислоҳии худ, хато карда бошанд, метавонанд ҷуброн кунанд. Аммо ислоҳгароёни динӣ ва ба истилоҳ эҳёгарони тафаккури динӣ, то замоне ки салоҳияти изҳори назар дар маорифи диниро касб накарда бошанд, аслан набояд қадаме дар маҷоли ислоҳ ва ё эҳё бардоранд. Ба сухани дигар: то замоне ки ба марҳалаи иҷтиҳод дар маорифи динӣ нарасида бошанд, ҳақ надоранд дар ин маҷол изҳори назар кунанд. Дар акси ҳол, бешак сукуташон беҳтар аз иқдомашон мебошад.

Аммо ин ки чӣ гуна метавон дорои салоҳияти изҳори назар дар маҷоли маорифи динӣ гардид ва роҳи ҳусули иҷтиҳод дар ин маҷол чӣ гуна аст, худ ниёз ба баҳси муфассале дорад.

 

       Қуръону суннатро тобеи ҳавои нафси худ сохтан

Гуфта гузаштем, ки авомил ва асбоби пайдоиши фирқаҳои ифротӣ ва ё тафритгаро дар ҷомеаи исломӣ дар оғоз иртиботи мустақиме бо мутуни динӣ (Қуръон ва суннат) надошт. Чунин набуд, ки онҳо аз ҳамон ибтидо, дар асари навъе бардошт аз мутуни динӣ, чунин ақоидеро пазируфта бошанд. Оре, дар мароҳили баъд, барои тавҷеҳи мавзеи худ мутавассил ба ояту ривоятҳо мешуданд. Масалан хавориҷи нахустин, ки кирдори Алиро дар масъалаи ҳакамият пеши худ нодуруст ангоштанд ‒ ҳоло ба ҳар далеле, ки буд, оё далелаш ҷаҳолат ва нодонӣ буд, ё адоват ва хусумати шахсӣ буд, хулоса ҳар чӣ буд, далеле буд ғайр аз далели динӣ ‒ рафтанд суроғи мутуни динӣ, ки бубинанд оё метавонанд дар тавҷеҳи амалкарди худ мутавассил ба оят ва ривояте шаванд? Ба иборати дигар: оё метавонанд далеле аз Қуръон ва ё суннат пайдо кунанд, ки кори онҳоро тавҷеҳ намояд? Диданд ояте ҳаст, ки метавонад тавҷеҳкунандаи мавзеи онҳо бошад. Оят мегўяд: “Ин ил‒ҳукму илло лиллоҳ”,[1] яъне ҳукм ҷуз барои Худо нест. Чӣ далел беҳтар аз ин ки ба Алӣ бигўянд ту хилофи дастури Худо рафтор мекунӣ, бояд тавба намоӣ.

Мурҷиа ҳам ҳамин тавр. Диданд вазъи ҷомеа баҳам рехтааст. Яке мегўяд ин ҳақ аст ва дигаре мегўяд он ҳақ. Яке ба ин халифа лаън мефиристад ва дигаре ба он халифа. Ҷамоате ҳам ҷуз худашон яксара ҳамаро кофиру фосиқ дониста ва мехоҳанд ҳамаро аз теғи шамшер гузаронанд. Пеши худ ба ин андеша афтоданд, ки биёем ин вазъро сомон бахшем. Аввалин чизе ҳам, ки ба назарашон расид бояд ба он бипардозанд, ин мубориза бо андешае буд, ки мегуфт муртакиби кабира кофир аст. Рафтанд суроғи Қуръону суннат, ки оё оят ва ё ривояте ҳаст, ки бигўяд муртакиби гуноҳони кабира мўъмин аст ва амали инсон таъсире дар имонаш надорад? Диданд иттифоқан ояте ҳаст, ки ба равшанӣ муроду матлуби онҳоро таъмин мекунад. Оят мегўяд:

إِنَّ اللّهَ لاَ يَغْفِرُ أَن يُشْرَكَ بِهِ وَيَغْفِرُ مَا دُونَ ذَلِكَ لِمَن يَشَاء...

Ба дурустӣ Худованд намебахшад, ки касе барои Ӯ шарик қоил шавад, вале ғайри онро ‒ ҳар чӣ бошад ‒ барои касе, ки бихоҳад мебахшад...[2]

Хулоса, ҳамин истидлолҳои хавориҷ ва мурҷиа ба Қуръону аҳодис буд, ки барояшон ансору ҳаводор пайдо мекард, вагарна аксари касоне, ки дар он замон ё ба хавориҷ пайвастанд ва ё ба мурҷиагарӣ гароиданд, одамони боғаразе набуданд. Душманӣ бо Алӣ ва ё шамшер бар ў кашидан дар он замон кори осоне набуд. Тақрибан ҳамаи хавориҷ Алиро мешинохтанд, ки чӣ касе буд ва чӣ ҷойгоҳе дар Ислом дошт ва аз чӣ мақоме дар пешгоҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бархўрдор буд. Аммо вақте пои ояти Қуръону ҳадиси Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар васат меомад, дигар на Алиро мешинохтанд ва на болотар аз ўро. Тўдаи хавориҷ ‒ на саркардаҳояшон ‒ одамоне буданд, ки дар ниҳояти зуҳду порсоӣ зиндагӣ доштанд. Дар бораи онҳо навиштаанд:

Вақте Алӣ Абдуллоҳ ибни Аббосро фиристод, ки хавориҷро панд диҳад, Ибни Аббос пас аз бозгаштан онҳоро чунин тавсиф кард: “Дувоздаҳ ҳазор нафар, ки аз зиёдии ибодат пешониҳояшон пина бастааст, дастҳоро аз бас рўи заминҳои хушку сўзони замин гузоштаанд ва дар муқобили Худои Таоло ба хок афтодаанд, ки ҳамчун поҳои шутур сифт шудааст, пероҳанҳои кўҳна ва порае ба тан кардаанд, аммо мардуми ботасмим ва қотеъ...”[3]

Воқеан хавориҷ инсонҳое буданд, ки ҷуз Қуръону ҳадис чизи дигаре наметавонист онҳоро водор кунад бар Алӣ шамшер кашанд.

Маъмулан касоне гўли фиребҳои баъзе аз шайёдонро мехўранд, ки ҳарчанд сода, вале одамони босафо, боихлос ва ботасмиме ҳастанд. Бархе аз ҳамин ҷавононе, ки имрўз мебинем ба маслаки салафигарӣ, (ки ба зудӣ перомуни ин маслак баҳс хоҳем намуд) гароидаанд ва иттифоқан афроди боихлос ва боиродае мебошанд, чаро якдафъа ба афроди хашин, ки ҷуз худашон ҳамаро кофиру мушрик меангоранд табдил шудаанд? Чун касе омада ва ба онҳо чанд то ояту ривоят хонда ва “истидлол” кардааст, ки ҳамаи касоне, ки то имрўз ту онҳоро афроди боимоне мепиндоштӣ, одамони кофиру фосиқу хориҷ аз миллати Ислом ҳастанд. Магар Худо нафармудааст, ки “Масоҷид фақат аз они Худо аст, пас ҷуз Ӯ касеро дуо макунед?”[4] Ин касоне, ки ту онҳоро барои худ пир гирифтаӣ, дар канори масоҷид барои авлиёи худашон қубур дуруст карда ва онҳоро мехонанд. Хондани ғайри Худо ҳам ширк аст, пас инҳо ҳама мушриканд. Магар Худо нафармудааст, ки “Мо пеш аз ту, (эй Муҳаммад) ҳеҷ паёмбаре нафиристодем, магар ин ки ба ў ваҳй кардем, ки маъбуде ҷуз Ман нест, пас танҳо Маро парастиш кунед”.[5]

Дар баробари чунин “истидлолҳо”, аз ин ҷавони ҳарчанд нопухта, вале иродатманд ба Қуръону суннати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), чӣ интизоре ғайр аз ин метавон дошт, ки тамоми ин суханонро бипазирад ва ҳамаро, ба ҷуз худашу он сухангў, мушрик бидонад?

Оре, коре, ки хавориҷу мурҷиаву амсоли онҳо кардаанд ва мекунанд, табаият ва пайравӣ аз ҳавои Қуръону суннат нест, балки тобеъ ва пайрави ҳавои худ сохтани Қуръону суннат аст. Яъне ибтидо фикр ва андешае дар зеҳнашон пайдо шудааст, сипас рафтаанд, ки аз Қуръон ва суннат таъйиде барои он пайдо кунанд.

 

                Оё баҳрагирӣ аз Қуръону суннат тибқи майл имкон дорад?

Дар ин ҷо шояд ин савол худнамоӣ кунад, ки магар Қуръону суннат чӣ гуна ҳастанд, ки ҳар инсоне ҳар чи дилаш ва ҳавояш хост битавонад аз он баҳрабардорӣ кунад? Магар чунин андеша ва фикре худ як навъ таҳқири Қуръону суннат нест? Магар Қуръон дар бораи худ чунин нафармудааст, ки “Оё дар (оятҳои) Қуръон тадаббур намекунанд? Агар Қуръон аз назди ғайри Худо мебуд, бешак ихтилофи фаровоне дар он пайдо мекарданд”?[6] Агар Қуръон чунин аст, ки худ мегўяд, пас маҳол аст, ки ду ҷараёни ба ҳам зидду нақизи хавориҷ ва мурҷиа ҳар ду битавонанд аз Қуръон далел барои ақоиди худ биёваранд ва Қуръон ҳар дуро таъйид кунад. Ё истидлоли ҳар ду ба Қуръон нодуруст аст, ё истидлоли яке дуруст ва истидлоли дигаре нодуруст?

Посух ин аст, ки ояти мавриди назар маҷмўи Қуръонро, аз аввал то ба охири он, дар назар дорад, яъне Қуръон дар маҷмўъ беш аз як андеша ва ақидаро баён намекунад. Дар маҷмўъ ҳеҷ ихтилофе байни оятҳои Қуръон пайдо намешавад. Муфассирони воқеии Қуръон ҳам, ки ба тафсири Қуръон мепардозанд, дар тафсири ҳар ояте аз оятҳои он, оятҳои дигарро мадди назар қарор дода тафсир мекунанд. Дар воқеъ ҳар ояте аз Қуръон муфассир ва баёнгари ояти дигар ҳам ҳаст. Аз Имом Алӣ ривоят ҳаст, ки мефармояд: "Қуръон чунин аст, ки порае аз он пораи дигареро баён мекунад ва баъзе аз он шоҳиди баъзеи дигар аст..."[7]

Хавориҷ он ҷо ки барои тавҷеҳи амалкарди худ ба ояте аз Қуръон тамассук ҷустанд, назар ба оятҳои дигари Қуръон надоштанд, аслан барояшон муҳим набуд оятҳои дигари Қуръон чӣ мегўяд. Мурҷиа ҳам вақте ояте пайдо карданд, ки метавонад ғараз ва матлуби онҳоро таъмин намояд, дигар коре ба соири оятҳои Қуръон надоштанд. Он ҷавони содалавҳи салифие ҳам, ки бо тамассук ба чанд ояти Қуръон, яксара ҳамаро мушрику кофир қаламдод мекунад, дар ҳақиқат таваҷҷўҳ ба соири оятҳои қуръонӣ надорад.

Оре, барои ҳар касе, агар бо як пешфарзи мушаххасе ба Қуръон муроҷиа кунад, муяссар аст, ки барои матлуби худ аз Қуръон далел пайдо кунад. Ҳатто як нафар мулҳид ва бехудо ҳам метавонад аз Қуръон далел барои муроди худ пайдо кунад. Мегўяд магар дар Қуръон нагуфтааст, ки “Ло илоҳа”, яъне Худое нест?

Ҳамон тавр ки ҳар булҳавасе метавонад аз ҳар матни адабие тибқи майлу ҳавои хеш баҳра ҷўяд, ҳамин тавр аз Қуръон ҳам метавонад тибқи ҳавои худ баҳра гирад. Магар дар замони Шўравии собиқ китобҳои дарсӣ пур аз “истидлол” аз ашъори шуарое чун Ҷомиву Мавлавиву Хайём ва соири шуарои классик бар ин матлаб, ки одамӣ аз маймун пайдо шудааст набуд? Ба суроғи мутуни адабӣ меомаданд ва он гоҳ дар ҳар ҷое аз он, ки камтарин ишорае ба бўзина ва иртиботи ў бо инсон шуда бошад, бо як такаллуфи аҷибе аз он чунин натиҷа мебароварданд, ки додо ва бобои ҳамаи башар бўзинагон будаанд.

Дар маҷоли аҳодиси набавӣ ҳам масъала аз ҳамин қарор аст. Касе, ки мехоҳад бо тамассук ба ҳадисе дар як мавзўи муайяне изҳори назар кунад, аввал бояд ҷамии аҳодисеро, ки дар он мавзўъ ворид шудааст, бо диққат аз назар гузаронад, санад ва ноқилонашро баррасӣ кунад, ки мабодо дурўғгў ва шайёдоне онро нақл накарда бошанд ва дар мазомин тааммуқ кунад ва он гоҳ бубинад, ки аҳодис дар маҷмўъ ‒ на ба танҳоӣ ‒ чӣ мегўянд.

 

Бахш: Мои статьи | Изофа кард: istaravshani (19.11.2008) | Автор: Сайидюнуси Истаравшанӣ
Просмотров: 1152 | Комментарии: 1 | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1
08.05.2012
1. loaweestado [Материал]
mishytkakrnnrt@gmail.com

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz