Панҷшанбе, 18.04.2024, 18:27
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 7 » Зани соҳибирода, метавонад бар ҳар рақибе дар сиёсат пирӯз ояд
Зани соҳибирода, метавонад бар ҳар рақибе дар сиёсат пирӯз ояд
13:37

Ишора: Ҳуриннисо Ғаффорзода мулаққаб ба Мӯътабари Раштӣ, аз барҷастарин бонувони сиёсатмадори тоҷик аст, ки рӯзгоре нақши басазое дар барқарорӣ ва таҳкими cулҳу оштӣ миёни фарзандони миллати тоҷик дошт. Ин бонуи сарбаланди тоҷик, имрӯзҳо ба ҳайси роҳбари як маркази омӯзишӣ ва таҳлилӣ-таҳқиқотӣ мавсум ба «Оштии Миллӣ» адои вазифа мекунад. Ӯро на танҳо дар дохили Тоҷикистон, балки дар сатҳи байналмилал низ, ба унвони як фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик мешиносанд. Хонум Раштӣ дар аксари конфронсҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ ширкат ва Тоҷикистонро дар берун аз марзҳояш бо сарбаландӣ муаррифӣ мекунад.

Мӯътабар на танҳо як сиёсатмадор ва фаъоли иҷтимоист, балки аз завқи шоирии волое бархӯрдор буда ва шеърҳои нағзи ӯ, ҳикоят аз миҳандӯстӣ, маънавият, имон ва ихлоси бепоёни вай ба "худ” ва Худои худ дорад. "Лолоиҳои Бухоро”, охирин  маҷмӯаи ашъори ин бонуи некӯсалиқа аст, ки бетардид ҳар хонандаро бедору ҳушёр месозад.

Дар зайл, ҷиҳати ошноии беҳтару бештар бо дидгоҳҳои ин бонуи сарбаланд, гуфтугӯеро, ки яке аз хабарнигорони хориҷӣ бо ӯ анҷом додааст, пешкаши хонандаи азизи пойгоҳи Кимиёи саодат мекунем:

- Хонум Ҳуринисо, шумо имрӯз дар сиёсати кишвар бо як ҷасорати хоссе ворид шудаед, ки барои тафаккури осиёии як зумра сиёсатмадорон, хусусан мардон на он қадар қобили қабул аст.

- Ба номи Эзиди Пок, ташаккур барои саволатон. Аммо набояд чунин бошад, зани мусалмон ҳама вақт дар сиёсат ворид буд, биёед аз нигоҳи дин бингарем. Занони пайғамбар (с), Бибӣ Хадиҷа аввалин бонуи ислом, бо тиҷорат ва сиёсат сару кор дошт, ӯ нубуввати паёмбар (с)-ро пазируфт ва дар паи кӯмак ба корҳои шоёни ӯ шуд.

Бибӣ Оиша як муддат баъди фавти паёмбарамон (с) хилофатро роҳбалад ва роҳнамо буд, то ин ки ихтилофҳоро пешгирӣ кунад. Духтари пайғамбарамон (с) Бибӣ Фотима яке аз бонувони арзишманде ҳаст, ки бо устуворию матонати худ, ақлу заковати худ, дар ҷаҳони сиёсии ислом мақоми шоёне дошт...

Аз Авасто то Шоҳномаи бузург, Наниманча, Таҳмина, Гурдофарид ва дар ҷаҳони фарҳангу сухан, суханвароне чун Зебуннисо, Робияи Балхӣ, Тоҷуддавлаи Раштӣ, Маҳастии Хуҷандӣ ва садҳо дигар бонувони арзандаи таърих дар суханони худ ҷаҳони сиёсии замони хешро боҷуръат арзёбӣ кардаанд.

Ҳоло ки мо дар асри бисту як қадам мезанем, чаро натавонем тафаккури он шахсонеро, ки занро дар ҳарамсарои хеш чун луъбатак дидан мехоҳанд, нашиканем?

Ман эҳсос мекунам ҷасорати ман иҷозаи худовандист ва бояд он рисолатеро, ки бароям парвардигорам эҳдо кардааст битавонам ба гӯши қурғошимбастаи зумрае бирасонам ва онҳоро аз хобҳои харгушӣ бедор созам.

- Зан ва сиёсат. Ин ду маҳфум метавонанд бо ҳам тавъам бошанд?

- Чӣ дар Ғарб ва чӣ дар Шарқ занон ҷиҳати он баробарие, ки дар китобҳои осмонӣ – Куръон ва Инҷилу Таврот, барояшон ато шудааст, хеле талошҳо кардаанд. Бонувони Ғарб то андозае ба ин ҳам ноил шудаанд. Вале дар Шарк ва Осиё ҳоло ҳам зан мақоми шоистаи хешро то он ҷое ки сазовор аст, нагирифтааст.

Барои мисол, дар давлатҳои Мисру араб қонунҳое барои ҳимоя ва баробарии зан вуҷуд надорад. Дар Миср зан наметавонад, ҳатто талоқи хешро ба осонӣ ба даст биёрад, то соли 2004 як миллион зан дар ҳолати беҳимоятӣ аз ҳуқуқи хеш буд, агарчи ҳатто мардонашон хоҳони ин ҷудоӣ ҳастанд.

Вале дар аксар кишварҳои мусалмон қонунҳои ҷадиди ба ҷаҳони муосир мувофиқро таҳия намесозанд. То ин ки аз нигоҳи Қуръон ва қонунҳои умумибашарӣ ба манфиати занон таҳия шаванд. Масалан нуқтаи назари баъзе уламои олами Ислом ҳуқуқи занро на он гуна шарҳ медиҳанд, ки дар сура ва оятҳои Қуръон омадааст. Пас тамоми уламои исломро зарур аст, ки ин ҷоддаро танзим созанд

Дар кишварҳои осиёӣ, хусусан, давлатҳои шӯравии собиқ, барои занон хеле шароити «муносиб» фароҳам оварда буданд. Моро ба «озодӣ» роҳбалад шуданд.

Зани тоҷикро дар миёни пахтазорон, дар сараш борони заҳрогини дору мепошиданд. Бонуи тоҷик тӯли 70 сол дар хона ғуломи рӯзгори хеш буд, дар саҳро қомати хамида ва лабони парсингбастаи хомӯш дошт. Суруди мо "Ленин бародар раҳнамо” буд. Зебоӣ, хушҷамолӣ ва маърифтнокии мо ҳама ранги сурхи шӯравӣ дошт.

Дар шаҳр зумрае бонувони мо, ки имрӯз боз ҳамон симоҳои «демократҳои сурх», ки аксарашон котибҳои иделогии мо буданд, садои азонро баланд шудан намемонданд. Маҳз бо хатои ислоҳнопазири онҳо, мо аз ҳаққи худ бенасиб гардидем. Таърих, фарҳанг ва ҳатто, марзу бумамонро таҳрир карда аз ҳаққамон маҳрум сохтаанд.

Замоне бар мо гузашта буд, ки агар забони русиро намедонистӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ ба сӯи пешравӣ надоштӣ. Мутаасифона, имрӯз боз чунинҳо дар сари қудрат ҳастанд ва чун миллат ташшакулёбии моро муайян мекунанд. Ва ҳатто ба хориҷиён имрӯзу фардои моро «пешгӯӣ месозанд».

Пас барои бонуе чун ман, ки пуштибонӣ аз таммадуни миллӣ, аз таффакури динӣ ва ҳифозати забони давлатӣ бо пешравӣ дар баробарии ҷаҳони муосир дорам, магар осон аст сиёсат варзидан дар пешорӯи таззодҳои сангин.

Вале он ки имони қавии рукнҳои миллиро дорад, метавонад дар сиёсат устувор бошад. Зани тоҷик бояд аз нигоҳи ислом ҳуқуқҳои худ ва он қавонине, ки ҷомеаи башар ва дар доираи ин сарқонуни кишварамон барои мо таҳия кардааст, бархӯрдор бошад. Зан ва сиёсат дар як ҷодда қадам мегузоранд. Чун ки сиёсат аз остонаи дар оғоз мешавад. Беҳтарин бонувони сиёсатмадори мо дар рустову устонҳои мо зиндагӣ доранд. Дар баробари бори сангини рӯзгор, барои тифлони худ забон, фарҳанг ва устувориро меомузонанд. Сано бар онҳо бигӯем.

Зан бояд донишманд ва дар ақоиди худ устувор бошад. Зани соҳибирода метавонад дар сиёсат бо ҳар рақибе, ки бошад пирӯз гардад.

- Чун шумо муддате муовини раиси ҳизби ҲСДТ будед, дар ин муддат хуб дарк кардаед, ки зан ва сиёсат то чӣ андоза бо ҳам робита доранд?

- Ҳангоми аъзои ҳизб буданам, ман фикр мекардам, ки мо фарзандони гуногуни гӯшаҳои Тоҷикистон, дар асл як мақсад ва як маром дорем, дур аз ҳама гуна маҳаллу қавмгароӣ. Ва то андозае кӯшидам, ки инро ҳамагӣ эҳсос кунем, чун мутаассифона маҳалгароӣ ва қавмгароӣ, ин дарди бади кишварҳои осиёӣ аст ва хусусан дар Тоҷикистон ривоҷёфта. Ва ин имконият намедиҳад, ки мо ба пешравӣ ноил шавем. Вале мутаасифона ин ҳизб аз ин дард берун нест. Ҳадафҳои ниҳоии ин ҳизб ба манфиати Тоҷикистон нестанд.

Агар чун зан бигӯед, рафтани ман аз ин ҳизб гувоҳӣ он аст, ки ман дар сиёсат устуворам ва соҳиби сухани худ ҳастам. Ман худ як ҷаҳон сиёсат ҳастам, пас чаро он чизе, ки аз арзишҳои ман поинтар аст дунболаш равам?

- Пас зан метавонад сиёсатмадор бошад?

- Бале, зан беҳтарин сиёсатмадор аст, дар рӯзгор, дар коргоҳ, дар сарварӣ дар зиндагӣ.

- Ба хотири шомили майдони сиёсат гаштан, зан бояд ҳатман аъзои ҳизбе бошад?

- Фикр мекунам, шарт нест шомили ягон ҳизб будан. Ин андеша ғалат аст. Вақте ки сиёсатмадор ё шахсе аз сиёсат ҳарф занад, баъзеҳо чунин изҳор мекунанд, ки  гуё сиёсат варзидан бар зарари ҷомеа бошад. Вале бояд мо ҳамагӣ эҳсос кунем, ки то фарҳанги сиёсии мардум боло наравад, мо наметавонем он ҷомеаеро, ки орзуяш мекунем, барпо созем. Сиёсат ва гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, пояи ҷомеаи устувори шаҳрвандист. Сиёсати бомаърифат ангезиши мусбатро тавлид мекунад. Раванди бозсозии кишварро метезонад. Пас дар он кишваре, ки мардумаш майли фаҳмиши сиёсӣ дорад, хатоҳо камтар мешавад, шафофият рӯшан мегардад, давлат масъулияти бештаре эҳсос мекунад дар иҷрои барномаҳои худ, порлумон ҷиддиятро эҳсос мекунад дар қабули қонунҳои худ. Миллати босавод метавонад аз болои ҳар беадолатии бар сараш омада, бо тафаккури бедор эътирозашро баён созад.

Чӣ қадар, ки мардум аз худогоҳии миллӣ, фарҳанги сиёсӣ ва забони худ дур монад, ҳамон андоза пойгоҳи зулму хушунат зиёд мешавад. Пас ҳадиси Пайгамбар (с)-ро бояд истифода кард: «Аз гаҳвора то гӯр дониш бояд омӯхт».

Шахсиятҳои сазоворе дорем, ки метавонанд ҳазорон одамон дунболи онҳо раванд беягон ҳизб. Беҳтарин шахсони арзандаи беолоиш дар деҳоти кишварамон ҳаст, ҷавонони поктинати донишгоҳҳои мо ҳастанд, аз сад ҳизбиён дида сиёсати моро хуб дарк мекунанд ва ман ба ин қабил мардуми шариф такя мекунам.

- Шумо худро сиёсатмадор мешуморед, шоир, рӯзноманигор ё…?

- Имрӯз мутаассифона дар кишвари мо, шоир бояд шеъре бигуяд, касеро васф кунад, баъд аъзои иттифоқи нависандагон бошад. Вай ба сиёсат камтар машғул аст. Аммо ин тавр набояд бошад. Шоир оинаи миллат аст, чаро аз сиёсат нагӯяд? Устод Рӯдакӣ кӣ буд?: «Бӯи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме», Ҳофиз чӣ гуфтааст: «Воизон, ки ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд», Устод Бозор Собир кист? Оинаи миллат чунин касонанд, ман як қатра шабнами саҳаргоҳон дар сабзазорони ин бузургони миллатам. Пас шоир бояд аввалин гоми бедории афкорро бояд занад. Ман сиёсатро пазирам, шоириро дуст дорам.

- Зани фаъоле, ки чун мавриди рашку ҳасади афроди кинаварзе қарор гирад, дар ин ҳолат чӣ бояд кард?

- Агар аз тариқи зан бошад, ман аслан бонувонро рақиб намешуморам ва дар рақобат баҳрашон нахоҳам кушид. Чун ки бо тамоми бадхоҳиашон барои ман онҳо ҳамшира ҳастанд.

Вале агар марде бар зани рӯшанфикру сазоворе тӯҳмат ва ғалатгӯӣ кунад, аз рӯи қонуни ҷиноӣ ва қонуни шариат бар маҳкама бояд кашид ӯро. Вале ман эҳтироми рақибамро ба ҷо меорам.

Барои он ки манро ба устуворӣ ва матонат водор мекунад. Ман рақобати солимро хуш дорам.

- Оё андешаи онро надоред, ки ҳизби наве таъсис диҳед?

- Ман агарчи аз ҳизб рафтаам, вале аз сиёсат берун нагаштаам, бештар ба он тавваҷҷӯҳ дорам, ки як шабакаи умумиҷумҳуриявӣ ташкил кунем хубтар аст. Дар он ҳар як шахс новобаста аз вобастагии ҳизбӣ, миллат, қавмият, диният метавонад шомил бошад.

- Андешаи онро дар сар надоред, ки дар интихоботи президентӣ номзадии худро пешниҳод намоед?

- Зиёда аз 52% аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил мекунанд. Пас агар воқеъбинона нигарем, имрӯз мо бонувон ҳақ дорем номзадии худро ба ин чорабинӣ пешниҳод созем. Вале ман як пешниҳоди дигар дорам, ки ба воситаи рӯзномаи шумо изҳор месозам. Ман мехоҳам бо муҳтарам раиси ҷумҳур як мулоқот дошта бошам. Фикр мекунам, мулоқоти мо агар доир гардад, ба манфиати кулли бонувони Тоҷикистон ва ба манфиати кулли аҳзоби сиёсии Тоҷикистон хоҳад буд. Ба хотири он ки имрӯз бонуи тоҷик ба он қудрат дорад, ки ба ҳайси як сарвазир ва ё намояндагии корпуси дипломатӣ ноил бошад.

Дар тӯли 19-соли Истиқлол мо бар он поя расидаем, ки на танҳо аз қабили мардон, балки бонувони арзандае дар ҷаҳони сиёсат ва моил бо тамоюлоти тамаддуни пешрафта тарбия намудаем. Пас чаро аз ин кор канорагирӣ намоем?

Хуб мешуд, ба ҳайси раисони вилоёту шаҳрҳо бонувони шоистаро интихоб кунанд. Ман фикр мекунам Раиси Ҷумҳур дар ин ҷодда бояд андешаи ҷиддӣ дошта бошад. Новобаста аз узвияти ҳизбӣ ё ғайри ҳизбӣ шахсони сазовор кам нестанд. Агар аз мардон 50-60 нафар даъвои пешвоӣ дошта бошанд, ман шод мешудам, вале ба назар чунин аст, ки бонувон дар тамоми ҷоддаҳои зиндагӣ хусусан сарварӣ, боҷуръаттар ва шаффофтар ҳастанд ва на камтар аз садҳо нафаранд. Ва дар ҷомеа кам нестанд. Танҳо бо чашми ҳақбин бояд нигарист. Замон ва вақт як гурӯҳ бонувони навандеши сиёсии тоҷикро чун гулҳои худруй бар ҷаҳони имрӯз пешкаш намудааст. Чаро инро эътроф намекунанд.

- Ҳизби Наҳзати Исломӣ аз нигоҳи шумо.

- Беҳтарин ҳизбе, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ худро як ҳизби динии бо раванди демократӣ ҳамқадам муаррифӣ намудааст. Дигар кишварҳои ҳамсоя метавонанд аз таҷрибаи ҳамгароии мо биомӯзанд ва ин ҳизб намунаи беҳтарин ва тозатарин қадамҳои модернизм аст. Вале ба назари ман вақти он расидааст, ки ба ҳайси муовини раиси ҳизб, шӯрои сиёсии ҳизб аз қабили бонувон ҷой дошта бошанд. Имрӯзҳо, ки реформаи дохилии ҳизб рафта истодааст то ҷое, ки мешиносам чанд бонуе метавонанд шомили сарраёсат бошанд.

- Кадом сиёсатмадорони ҷаҳон тавваҷӯҳи шуморо ҷалб месозанд?

- Дар ин ҷодда барои ман сиёсати таҳамулпазиронаи Устод Нурӣ ва Сайдамир Зуҳуров аз Тоҷикистон, ва аз хорич Ҷорҷ Вашингтон, Рузвелт, Андрей Сахаров, Мадлен Олбрайт, Беназир Бҳутто, Аҳмадшоҳи Масъуд писандида аст.

- Мӯътабар аз назари Мӯътабар. Фақат хоҳиш, ки ҷанбаҳои манфии худро изҳор доред?

- Агар ман ба Мӯътабар баҳо диҳам, баъзан аз ғурури ноҷои хеш дар хиҷолат мемонам. Баъзан розҳое ҳастанд, ки бояд изҳор кунам, вале як умр дар қалбам ниҳон гардидаанд, ки ин бар манфиати ман нест…

Боре суолам карданд:

- Киро бипазирӣ?

- Гуфтам: «Худованд, Ватан ва Ӯро!»

- Амалу сухане, ки ҳамеша навмедӣ аз қалби шумо дур месозад ва шуморо мутмаин месозад, ки "Поёни шаби сиёҳ сафед аст”?

- Як мисраъ шеъри Муҳаммад Иқбол:

«Меъмори ҳарам боз ба таъмири ҷаҳон хез!!!»

Поёни гуфтугӯ

Бахш: Ислом ва занон | Просмотров: 1712 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/2 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz