Чоршанбе, 24.04.2024, 19:53
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 16 » Урдуғон: “Уммати исломӣ бояд бо ваҳдати худ оташи фитнаҳоро хомӯш кунад”
Урдуғон: “Уммати исломӣ бояд бо ваҳдати худ оташи фитнаҳоро хомӯш кунад”
18:25

Раҷаб Тайиб Урдуғон нахуствазири Туркия имрӯз панҷшанбе (16.12.2010) дар маросими азодории даҳҳо ҳазор нафар аз мусалмонони Истанбул, бо маҳкум кардани ҳодисаи террористии Чобаҳор дар Эрон гуфт: "Уммати исломӣ бояд бо ваҳдати худ оташи фитнаҳоро хомӯш кунад”.

Ба гузориши Irna, Урдуғон дар ин маросим, ки бо ҳузури Алиакбари Вилоятӣ мушовири сиёсии раҳбари Эрон, уламои Туркия ва ҳазорон тан аз дӯстдорони Имом Ҳусайн баргузор шуд, хотирнишон кард: "Ҳар ҳодисаи дардноке, ки дар ҷаҳони ислом ба вуқӯъ мепайвандад, моро ба ёди ҳодисаи Карбало меандозад ва мо дарди ҳар мусалмонеро дар ҳар минтақаи ҷаҳон дар қалби худ эҳсос мекунем”.

Нахуствазири Туркия бо бузургдошти ёду хотираи Имом Ҳусайн афзуд: "Шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусайн дар рӯзи Ошуро ба маънои видоъ нест, балки дарси зиндагӣ аст. Он ҳазрат бо хуни поки худ ба мо дарси парҳез аз ҳирсу тамаъу зулму ситамро дод”.

Урдуғон афзуд: "Мо дигар дар ҳеҷ нуқта аз ҷаҳон намехоҳем шоҳиди такрори ҳодисаи ҷонсӯзи Карбало ва кушту куштори мазлумон бошем”.

Вай таъкид кард: "Мусалмонони минтақа сарнавишти муштарак доранд ва бояд бо канор гузоштани тафовутҳо ва тақвияти ваҳдат дар миёни худ оташи фитнаҳоро хомӯш ва бародарӣ байни худро мустаҳкамтар кунем”.

Салоҳуддин Узгундуз раҳбари шиаёни Туркия дар ин бора гуфт: "Ҳузури Раҷаб Тайиб Урдуғон дар маросими Ошуро, фитнагарони хориҷиро ноумед кард”.

Кимиёи саодат

Бахш: Ваҳдати исломӣ | Просмотров: 534 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz